Сайид Муҳаммадҳасани Шерозӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сайидмуҷаддиди Шерозӣ)

Ин мақола дар бораи «Сайид Муҳаммадҳасани Шерозӣ» машҳур ба Мирзои бузург аст. Барои ошноӣ бо Мирзои дувум Муҳаммадтақии Шерозиро бибинед.


Тасвири Мирзои Шерозӣ

Сайид Муҳаммадҳасани Ҳусайнӣ (1230 - 1312ҳ.қ.) (1194-1273ҳ.ш.) машҳур ба Мирзои Шерозӣ, Мирзои бузург ва Мирзои муҷаддид, аз мароҷеъи тақлиди шиа дар қарни чаҳордаҳум буд, ки фатвои таҳрими танбокуро содир кард.

Мирзои Шерозӣ пас аз даргузашти шайх Муртазо Ансорӣ дар соли 1243ҳ.ш., ба марҷаъият расид ва то поёни умр ба муддати сӣ сол марҷаъи воҳиди шиаён буд. Ӯ шогирди хос ва мавриди алоқаи шайхи Ансорӣ буд. Шайх Абдукарими Ҳоирӣ, муассиси ҳавзаи илмияи Қум, Охунди Хуросонӣ, Шайх Фазлуллоҳи Нурӣ, Мирзои Ноинӣ ва Муҳаммадтақии Шерозӣ машҳур ба Мирзои дувум аз шогирдони ӯ буданд. Мирзо рисолаҳои фиқҳӣ ва усулии мутааддиде таълиф кард ва бар китобҳои фиқҳӣ ва усулӣ ба вижаи таълиқаҳои Шайхи Ансорӣ барои муқаллидонаш, ҳошия зада аст. Ҳамчунин фатовои гирдоваришудаи ӯ ва низ тақрироти дарсҳои фиқҳ ва усулаш низ чоп шудааст.

Мирзои Шерозӣ муассиси ҳавзаи илмия ва мактаби Сомирро шинохта мешавад. Гуфта шудааст, ӯ бо ҳадафи тақриби байни шиа ва суннӣ ба Сомирро муҳоҷират кард ва дар ин шаҳр иқомат гузид. Сохти мадраса, Ҳусайния, пул, бозор ва ҳаммом аз хадамоти умумӣ ва оммулманфиъати вай дар Сомирро буд.

Ӯ дар 82 солагӣ дар Сомирро даргузашт ва дар ҳарами Имом Алӣ (а) дар Наҷаф дафн шуд. Дар бораи ӯ осоре ба забони арабӣ ва форсӣ навишта шудааст. Аз ҷумла, «Ҳадят-ур-Розӣ ило-л-имом-ил-муҷаддид-иш-Шерозӣ», асари Оқобузурги Теҳронӣ ва «Ҳаёт-ул-имом-ил-муҷаддид-иш-Шерозӣ» асари Муҳаммадалии Урдубодӣ дар шарҳи ҳоли Мирзо ва шогирдонаш навишта шудааст.

Зиндагӣ

Сайид Муҳаммадҳасани Ҳусайнӣ, 15 ҷамодилаввали 1230 қамарӣ, баробар бо 4 урдибиҳишти 1194 шамсӣ, дар Шероз таваллуд шуд.[1] Падараш, Мирзомаҳмуд аз олимони дин буд.[2] Мирзомуҳаммадҳасан, падарашро дар кӯдакӣ аз даст дод ва таҳти сарпарастии тағояш, Мирзоҳусайни Мусавӣ, маъруф ба Маҷдулашроф, қарор гирифт.[3]

Мирзои Шерозӣ дар солҳои иқомат дар Исфаҳон, дар 17 то 20 солагӣ бо духтарамакаш издивоҷ кард ва соҳиби як духтару як писар ба номи Алӣ шуд. Ҳамсари аввалаш дар соли 1303 қамарӣ даргузашт. Ӯ аз ҳамсари дигараш соҳиби писаре ба номи Муҳаммад ва ҳамчунин як духтар шуд.[4]

Вай дар соли 1287 қамарӣ, барои анҷоми аъмоли ҳаҷ ба Макка рафт. Дар ин сафар, шарифи Макка ба дидори Мирзо омад ва ӯро ба хонаи худ бурд. Мирзоҳасан дар ин сафар қасди иқомати доимӣ дар Мадина дошт ва замоне, ки ин амр мумкин нашуд, тасмим ба муҷовират дар Машҳад гирифт, аммо дар ниҳоят ба Сомирро рафт ва то поёни умр дар онҷо сукунат дошт.[5]

Мирзои Бузург, 24 шаъбони 1312 қамарӣ, баробар бо 1 исфанди 1273 ҳиҷрии шамсӣ, дар 82- солагӣ дар Сомирро даргузашт ва дар яке аз ҳуҷраҳои саҳни ҳарами Имом Алӣ (а) дар Наҷаф дафн шуд.[6] Бархе далели марги ӯро бемории сил[7] ё бронхит донистаанд. Бархеи дигар, даргузашти ӯро ҳосили масмум шудан ба дасти муздурони давлати Англия медонанд.[8]

Таҳсилот

Мирзоҳасан аз чаҳорсолагӣ ба мактаб рафт ва хондани Қуръон ва китобҳои маъмули адабиёти форсиро дар ду сол ба поён расонд ва аз шашсолагӣ, ба омухтани сарфу наҳви арабӣ пардохт ва дар ҳаштсолагӣ таҳсили муқаддамотро ба поён расонд.[9] Аз он пас, Мирзо Иброҳими Шерозӣ, оёту ривоёт ва ваъзу хитобаро ба ӯ меомухт.[10]

Мирзомуҳаммадҳасани ҳаштсола, ба хости устодаш, як бор баъд аз намози пешину аср, дар масҷиди Вакили Шероз, аз минбар боло рафта, порае аз китоби ахлоқии Абвоб-ул-ҷанонро азёд барои мардум хонд.[11]

Ӯ сипас ба ёд гирифтани фиқҳу усул машғул шуд ва дар 12- солагӣ пои дарси Шайх Муҳаммадтақии Шерозӣ, бузургтарин мударриси шарҳи Лумъа дар Шероз нишаст. Вай дар 18 - солагӣ ба тавсияи устодаш барои идомаи таҳсил ба Исфаҳон рафт.[12] Мирзо Муҳаммадҳасан пеш аз ҳиҷрат ба Исфаҳон, муддате дар ҷойгоҳи падараш ба нивисандагии девон пардохт.[13] Ҳамчунин дар понздаҳсолагӣ, китоби Шарҳи Лумъаро дар ҳавзаи илмияи Шероз тадрис мекард.[14]

Таҳсил дар Исфаҳон

Мирзои Шерозӣ, 17 сафари 1248 қамарӣ (1211ҳ.ш.) вориди Исфаҳон шуд[15] ва дар мадрасаи Садр сокин шуд.[16] Дар ин муддат, дар дарси хусусии Муҳаммадтақии Исфаҳонӣ нависандаи китоби «Ҳидоят-ул-мустаршидин» ҳозир мешуд. Пас аз вафоти устодаш дар авохири 1248ҳ.қ., Сайидҳасани Бедободӣ, маъруф ба Мийр Сайидҳасани Мударрисро ба устодӣ баргузид ва пеш аз оғози 20- солагӣ, аз вай иҷозати иҷтиҳод дарёфт кард.[17] Ӯ 10 сол дар Исфаҳон иқомат дошт ва илова бар Бедободӣ, дар дарси Муҳаммадиброҳими Калбосӣ ҳам иштирок мекард.[18]

Таҳсил дар Ироқ

Мирзоҳасан дар 29 - солагӣ, дар соли 1259 қамарӣ, баробар бо 1221 шамсӣ ба Ироқ рафт ва дар дарси олимоне ҳамчун Муҳаммадҳасани Наҷафӣ (соҳиби Ҷавоҳир) ва Ҳасани Кошифулғито (писари Ҷаъфари Кошифулғито)[19] ва Шайхи Ансорӣ ҳузур ёфт.[20]

Ӯ аз шогирдони хосси Шайхи Ансорӣ буд ва робитаи хоссе бо устодаш дошт.[21] Шайхи Ансорӣ, тасҳеҳи китоби Фароид-ул-усули худро ба ӯ супурд.[22] Маъруф аст, ки Шайхи Ансорӣ борҳо мегуфт, ман дарсамро барои се нафар мегӯям: Муҳаммадҳасани Шерозӣ, Мирзо Ҳабибуллоҳи Раштӣ ва Ҳасани Наҷмободӣ.[23] Ӯ дар дарси Шайхи Ансорӣ кам сухан мегуфт ва маъруф аст, ки ҳангоми сухан гуфтан, овозаш ба қадре ором буд, ки Шайх барои шунидани он ночор ба самти ӯ хам мешуд ва шогирдонро амр ба сукут карда, мегуфт: «ҷаноби Мирзо сухан мегӯяд!».[24]

Марҷаъият

Фатвои таҳрими танбоку

«Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Алявм истеъмоли тутун ва танбоку биайи наҳвин кон дар ҳукми муҳориба бо Имоми Замони алайҳиссалом аст!». Таърихи бойгонӣ, Исфаҳонии Карбалоӣ, Таъриху духония, 1377ҳ.ш., саҳ.118.

Пас аз даргузашти Шайхи Ансорӣ дар соли 1281 қамарӣ, Мирзои Шерозӣ ба марҷаъият расид. Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ пас аз даргузашти Шайхи Ансорӣ, шогирдони барҷастаи ӯ бар марҷаъияти Мирзо иттифоқи назар доштанд, ба ҷуз гурӯҳе аз уламои Озарбойҷон, ки марҷаъияти Сайидҳусайни Кӯҳкамараӣ, дигар шогирди Шайхи Ансориро барои минтақа ва қавми худ матраҳ карданд. Пас аз даргузашти Кӯҳкамараӣ дар соли 1299ҳ.қ., Мирзои Шерозӣ марҷаъи воҳиди шиаён шуд.[25]

Фақеҳон ва усулиён, ҷойгоҳи илмии Мирзои Шерозиро бо устодаш Шайхи Ансорӣ муқоиса карда ва бархе вайро бартар аз Шайх донистаанд.[26]

Таъсиси ҳавзаи илмияи Сомирро

Мақолаи аслӣ: Ҳавзаи илмияи Сомирро

Дар соли 1291ҳ.қ., бо иқомати Мирзои Шерозӣ дар Сомирро ва ҳузури шогирдони ӯ дар ин шаҳр, ҳавзаи илмияи Сомирро ва мактаби Сомирро шакл гирифт.[27] Ин ҳавза ҳудуди 20 сол фаъол буд ва бо даргузашти Мирзоӣ Шерозӣ дар соли 1312 қамарӣ, ва ҳиҷрати олимон ба Карбало ва Наҷаф, аз равнақ афтод. Сайидҳасани Садр, Сайидмуҳсини Амин, Шарафиддини Омилӣ, Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Шайх Муҳсин Шарора, Оқобузурги Теҳронӣ, Аллома Аминӣ ва Муҳаммадризо Музаффар аз бузургони ҳавзаи Сомирро буданд.[28] Сабк ва шеваи Мирзои Шерозӣ ва шогирдони ӯ дар тадрис ва нигориши фиқҳу усул ба мактаби Сомирро шинохта мешавад.[29] Сайидразии Шерозӣ аз наводагони Мирзо муҳимтарин ҳадафи вай аз иқомат дар Сомирроро тақриби шиаю суннӣ арзёбӣ кардааст.[30] Аз ин рӯй, парҳез аз тафриқагароӣ ва таъомул бо аҳли суннат аз вижагиҳои мактаби Сомирро дониста шудааст.[31]

Таҳрими танбоку

Посухи Мирзои Шерозӣ дар мавриди масрафи танбоку пас аз қарордоди Режӣ
Китоби Ҳадят-ур-Розӣ ило-л-имом-ил-муҷаддид-иш-Шерозӣ асари Оқобузурги Теҳронӣ

Мақолаи аслӣ: Наҳзати танбоку

Яке аз ҳаводисе, ки дар айёми заомати Мирзои Шерозӣ рух дод, наҳзати таҳрими танбоку буд. Пас аз эътои имтиёзи инҳисори тутуну танбоку ба фирмаи Режӣ дар чаҳор шаҳри Эрон, мардум бо пештозии чаҳор тан аз шогирдони Мирзои Шерозӣ, даст ба эътирозот заданд. Шайх Фазлуллоҳи Нурӣ дар Теҳрон, Оқонаҷафии Исфаҳонӣ дар Исфаҳон, Сайидалиакбари Фоласирӣ дар Шероз ва Мирзоҷаводи Муҷтаҳиди Табрезӣ дар Табрез, раҳбарони ин қиём буданд.[32] Ҳукми торихии ӯ дар бораи инҳисори танбоку, чунон мардумро ба саҳна кашонд, ки Носириддиншоҳи Қоҷор, маҷбур ба фасхи қарордоди танбоку шуд.[33]

Шогирдон

Мирзои Шерозӣ шогирдони бисёре дошт. Оқобузурги Теҳронӣ дар китоби Ҳадят-ур-Розӣ ило-л-имом-ил-муҷаддид-иш-Шерозӣ, ҳудуди 500 тан аз шогирдони ӯро ном бурдааст.[34] Бархе аз онҳо иборатанд аз:

  1. Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ, машҳур ба Мирзои Шерозии дувум ё Мирзои Шерозии Кучак
  2. Сайидмуҳаммади Фишоракӣ
  3. Абдукарим Ҳоирии Яздӣ, бунёнгузори ҳавзаи илмияи Қум
  4. Мирзоҳусайни Ноинӣ[35]
  5. Шайх Фазлуллоҳи Нурӣ
  6. Сайид Абдулҳусайни Лорӣ
  7. Мирзо Ҳасанъалии Теҳронӣ[36]
  8. Муҳаммадҳодии Теҳронӣ
  9. Сайид Абулқосими Деҳкурдӣ
  10. Аббосалии Кайвони Қазвинӣ
  11. Маҳдии Холисӣ[37]
  12. Муҳаммадбоқири Қоинии Бирҷандӣ[38]
  13. Сайидмуҳаммади Ҳусайнӣ Лавосонии Теҳронӣ
  14. Ҳабиби Хуросонӣ
  15. Муҳаммадбоқири Баҳории Ҳамадонӣ
  16. Муҳаммадкозими Хуросонӣ, нависандаи Кифоят-ул-усул
  17. Сайидмуҳаммадкозими Яздӣ[39]
  18. Мирзомуҳаммад Арбоб Қумӣ[40]
  19. Мирзоҳусайни Нурӣ[41]
  20. Сайид Исмоили Садр[42]

Иқдомоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ

Мирзои Шерозӣ, илова бар таҳрими танбоку, иқдомоти сиёсӣ ва иҷтимоии дигаре ҳам анҷом додааст:

  • Ирсоли телеграф ба малакаи Англия барои ҷилавгирӣ аз идомаи қатли омми шиаёни ҳазораи Афғонистон тавассути Абдурраҳмон (ҳукумат: 1259-1280ҳ.ш.) дар соли 1309ҳ.қ./1271ҳ.ш.[43]
  • Талош барои таҳкими ваҳдати шиа ва суннӣ аз тариқи тақвияти ҳавзаи илмияи ташайюъ дар шаҳри суннинишини Сомирро, пардохти мустамаррӣ ва кумакҳои моддӣ ба туллоб ва уламои суннӣ ва бархӯрд бо ихтилофафканон байни шиа ва суннӣ.[44]
  • Тарбият ва эъзоми мубаллиғони вижа барои манотиқи ҳассосу зери султа монанди Ҳинд, Кашмир, Афғонистон, Қафқоз ва Ироқ[45]
  • Сохтани ду мадрасаи илмия дар Сомирро[46]
  • Эҳдоси пул барои васл кардани савоҳили Диҷла ба якдигар[47]
  • Эҳдоси бозор[48]
  • Эҳдоси корвонсаро барои зоирону мусофирон
  • Эҳдоси Ҳусайния
  • Эҳдоси ҳаммом барои занону мардон.[49]

Таълифот

Мирзои Шерозӣ таълифоте дар заминаи фиқҳ ва усул доштааст. Оқобузурги Теҳронӣ дар китоби Табақоту аълом-иш-шиъа, осори зерро барои ӯ баршумурдааст:

  • Рисолае дар боби иҷтимои амру наҳй
  • Китобе дар фиқҳ аз аввали макосиб то поёни муомилот
  • Рисолае дар боби ризоъ
  • Ҳошия бар ан-Нухба
  • Ҳошия бар Наҷот-ул-ибоди соҳиби Ҷавоҳир
  • Тақрироти дарси Шайхи Ансорӣ
  • Ҳошия бар ҳар китобе, ки Шайхи Ансорӣ дар он, барои муқаллидонаш таълиқа навиштааст.[50]

Китоб-ус-салот, таълиқа бар китоби муомилоти Ваҳиди Беҳбаҳонӣ, таълиқа бар китоби шарҳи Лумъа ва таълиқот бар Фароид-ул-усули Шайхи Ансорӣ аз осори ӯ шуморида шудааст.[51]

Ҳамчунин тақрироти мухталифе аз дарсҳои фиқҳ ва усули Мирзои Шерозӣ вуҷуд дорад. Носириддини Ансорӣ ҳудуди 20 тан аз шогирдони Мирзо, аз ҷумла Сайид Иброҳими Домғонии Хуросонӣ (даргузашт 1291ҳ.қ.) ва Мирзо Иброҳими Маҳаллотии Шерозӣ (даргузашти 1336ҳ.қ.)-ро ном бурда аст, ки дарсҳои фиқҳ ва усули ӯро тақрир кардаанд.[52] Бархе аз фатвоҳо ва назариёти Мирзо дар ҳошияи китобҳои дигар, ё дар осори мустақилле низ мунташир шудааст, аз ҷумла:

  • Минҳоҷ-ун-наҷот; рисолаи амалия, баргирифта аз фатвоҳои Мирзои Шерозӣ тавассути Шайх Алӣ Наҷафии Исфаҳонӣ дар соли 1304 қамарӣ тадвин шудааст. Дар ин китоб, ки ба сурати пурсишу посух ва ба забони форсӣ навишта шудааст, ба зикри посухҳое, ки ба хат ё имзои Мирзо буда басанда шудааст.[53]
  • Маҷмаъ-ул-масоил: ин китоб ба дастури Мирзои Шерозӣ ва тавассути Сайидасадуллоҳи Қазвинӣ навишта шудааст. Дар он, ҳавошии Мирзо бар китобҳои Сурур-ул-ибод, Наҷот-ул-ибод, Сирот-ун-наҷот, Тариқ-ун-наҷот, суолу ҷавоб ва ан-Нухба гирдоварӣ шудааст.[54]
  • Рисолаи суолу ҷавоб: дар ин рисола 236 суол аз тарафи Шайх Фазлуллоҳи Нурӣ ба ҳамроҳи посухи Мирзои Шерозӣ гирдоварӣ шудааст. Ин китоб дар соли 1305 қамарӣ, дар Теҳрон чоп шудааст.[55]
  • Маҷмаъ-ул-масоил: ин китоби тавассути Муҳаммадҳасан ибни Муҳаммадиброҳим Ҷузӣ Исфаҳонӣ бар асоси фатвоҳои Мирзои Шерозӣ дар соли 1310 қамарӣ, тадвин шудааст. Ин китоб ба забони форсӣ аст ва ҳамаи абвоби фиқҳро дарбар дорад. Охунди Хуросонӣ, Сайидмуҳаммадкозими Яздӣ ва Сайид Исмоили Садр бар он ҳошия навиштаанд.[56]

Такнигорӣ

Дар бораи Мирзои Шерозӣ осоре навишта шудааст:

  • Китоби Ҳадят-ур-Розӣ ило-л-имом-ил-муҷаддид-иш-Шерозӣ асари Оқобузурги Теҳронӣ дар бораи зиндагии Мирзои Шерозӣ ва шогирдонаш.[57] Ба гуфтаи Носириддини Ансорӣ ин китоб комилтарин асар дар бораи Мирзоӣ Шерозӣ аст.[58] Тарҷумаи форсии он дар соли 1362 шамсӣ, ба қалами Муҳаммади Дезфулӣ мунташир шудааст.
  • Ҳаёт-ул-имом-ил-муҷаддид-иш-Шерозӣ асари Муҳаммадалӣ Урдубодӣ (даргузашти 1380ҳ.қ.) дар бораи шарҳи ҳоли Мирзои Шерозӣ ва бархе аз шогирдон ва муосиронаш.[59]
  • Китоби «Сабоик-ут-табр фимо қила фи-л-имом-иш-Шерозӣ мин-аш-шеър» асари Муҳаммадалӣ Урдубодӣ дар бораи Мирзоӣ Шерозӣ аст, ки дар он шоирони муосири Мирзо ва бархе аз шогирдони саршиноси ӯро ба ҳамроҳи зикри ашъор дар 600 саҳифа муаррифӣ кардааст.[60] Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ ин асар ҷилди дувуми китоби Ҳаёатул-имомил-муҷаддиди Шерозӣ аст.[61]
  • Мирзои Шерозӣ эҳёгари қудрати фатво, асари Сайидмаҳмуди Маданӣ. Ин китоб дар соли 1371 дар Қум мунташир шудааст.[62]

Эзоҳ

  1. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.440.
  2. Маданӣ Биҷистонӣ, “Мирзои Шерозӣ”, саҳ.385.
  3. Матлабӣ, “Нуҷуми уммат: ҳазрати Оятуллоҳилъузмо ҳоҷӣ Мирзо Сайид Муҳаммадҳасани Шерозӣ”, саҳ.66.
  4. Маданӣ, Мирзои Шерозӣ: эҳёгари қудрати фатво, 1371ҳ.ш., саҳ.38.
  5. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.439.
  6. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.440.
  7. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.440.
  8. Нигоҳ кунед ба Маданӣ Биҷистонӣ, “Мирзои Шерозӣ”, саҳ.392.
  9. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437.
  10. Маданӣ, Мирзои Шерозӣ: эҳёгари қудрати фатво, 1371ҳ.ш., саҳ.27.
  11. Маданӣ, Мирзои Шерозӣ: эҳёгари қудрати фатво, 1371ҳ.ш., саҳ.28.
  12. Матлабӣ, “Нуҷуми уммат: ҳазрати Оятуллоҳилъузмо ҳоҷӣ Мирзо Сайид Муҳаммадҳасани Шерозӣ”, саҳ.67.
  13. Маданӣ, Мирзои Шерозӣ: эҳёгари қудрати фатво, 1371ҳ.ш., саҳ.30 ва 31.
  14. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437.
  15. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437.
  16. Матлабӣ, “Нуҷуми уммат: ҳазрати Оятуллоҳилъузмо ҳоҷӣ Мирзо Сайид Муҳаммадҳасани Шерозӣ”, саҳ.67.
  17. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437.
  18. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437.
  19. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.438.
  20. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.438.
  21. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.438.
  22. Маданӣ Биҷистонӣ, “Мирзои Шерозӣ”, саҳ.387.
  23. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.438.
  24. Матлабӣ, “Нуҷуми уммат: ҳазрати Оятуллоҳилъузмо ҳоҷӣ Мирзо Сайид Муҳаммадҳасани Шерозӣ”, саҳ.70.
  25. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.438.
  26. Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.111.
  27. Доробӣ, “Ҳавзаи илмияи тақрибгарои Сомирро ва нақши Мирзои Шерозӣ”, саҳ.41.
  28. Нигоҳ кунед ба Сиҳҳатии Сардрудӣ, Гузидаи симои Сомирро Синои се Мусо, 1388ҳ.ш., саҳ.148-144.
  29. Ҳусайнӣ, “Нигоҳе ба мадрасаи қӯи Наҷаф”, саҳ.42.
  30. Доробӣ, “Ҳавзаи илмияи тақрибгарои Сомирро ва нақши Мирзои Шерозӣ”, саҳ.41.
  31. Доробӣ, “Ҳавзаи илмияи тақрибгарои Сомирро ва нақши Мирзои Шерозӣ”, саҳ.42.
  32. Исфаҳонии Карбалоӣ, Таъриху духониия, 1377ҳ.ш., саҳ.104 - 108.
  33. Бомдод, Шарҳи ҳоли риҷоли Эрон, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.338; Исфаҳонии Карбалоӣ, Таъриху духониия, 1377ҳ.ш., саҳ.172 - 173.
  34. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437, понўисаҳ.1.
  35. Маданӣ, Мирзои Шерозӣ: эҳёгари қудрати фатво, 1371ҳ.ш., саҳ.79.
  36. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, ҷ.4, саҳ.379.
  37. Ҳирзуддин, ҷ.3, саҳ.147; Мусавии Исфаҳонӣ, ҷ.2, саҳ.123-124; Кафоӣ, саҳ.139.
  38. Раҳмони Ситоиш, Мақолаи муаррифии китоби «ал-Фавоид-ур-риҷолия».
  39. Маданӣ Биҷистонӣ, “Мирзои Шерозӣ”, саҳ.387.
  40. Арбоби Қумӣ, Арбаини Ҳусайния, 1379ҳ.ш., саҳ.9.
  41. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.144.
  42. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.404.
  43. Маданӣ Биҷистонӣ, “Мирзои Шерозӣ”, саҳ.388.
  44. Муассисаи фарҳангӣ ҳунарии қадри вилоят, дар машрута чӣ гузашт?, 1389ҳ.ш., саҳ.638; Маданӣ Биҷистонӣ, “Мирзои Шерозӣ”, саҳ.389.
  45. Маданӣ Биҷистонӣ, “Мирзои Шерозӣ”, саҳ.389.
  46. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.440.
  47. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.440.
  48. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту эълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.440.
  49. Вардӣ, Ламаҳотун иҷтимоия мин таърих-ил-Ироқ-ил-ҳадис, ҷ.3, саҳ.90.
  50. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.441.
  51. Ансорӣ, “Осор ва таълифоти Мирзои Шерозӣ”, саҳ.386.
  52. Ансорӣ, “Осор ва таълифоти Мирзои Шерозӣ”, саҳ.386 - 391.
  53. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.199.
  54. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.43.
  55. Ансорӣ, “Осор ва таълифоти Мирзои Шерозӣ”, саҳ.391 - 394.
  56. Ансорӣ, “Осор ва таълифоти Мирзои Шерозӣ”, саҳ.391 - 394.
  57. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437, понависи 1.
  58. Ансорӣ, “Осор ва таълифоти Мирзои Шерозӣ”, саҳ.385.
  59. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.116.
  60. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.124 - 125.
  61. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.124 - 125.
  62. “Мирзои Шерозӣ, эҳёгари қудрати фатво”, бунёди муҳаққиқи Таботабоӣ.

Сарчашма

  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, гирдоваранда: Аҳмад ибни Муҳаммади Ҳусайнӣ, Бейрут, Дорулазвоъ, 1403ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, Табақоту аълом-иш-шиъа ва нуқабоъ-ил-башар фи-л-қарн-ир-робеъ ашар, таҳқиқи Абдулъазиз Таботабоӣ ва Муҳаммади Таботабоӣ, Машҳад, Дорул-Муртазо ли-н-нашр, алтбъатуссония, 1404ҳ.қ.
  • Арбоб, Муҳаммад, Арбаину Ҳусайния, интишороти Усва, 1379ҳ.ш.
  • Исфаҳонии Карбалоӣ, Ҳасан, Таърихи духония: ё таърихи вақоеъи таҳрими танбоку, ба кӯшиши Расули Ҷаъфариён, Қум, Дафтари нашри ал-Ҳодӣ, 1377ҳ.ш.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқи Ҳасан Амин, Бейрут, Дорултаъоруф лилматбуъот, 1403ҳ.қ.
  • Ансорӣ, Носириддин, “Осор ва таълифоти Мирзои Шерозӣ”, Ҳавза, давраи нуҳуми шумораи 50 ва 51, хурдод, тир ва мурдоди 1371ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ, Сайидалӣ, «Нигоҳи татбиқӣ ба мадрасаи Қум ва Наҷаф», раҳномаи пажӯҳиш, шумораи 7, баҳори 1390ҳ.ш.
  • Доробӣ, Беҳном, Ҳавзаи илмияи тақрибгарои Сомирро ва нақши Мирзои Шерозӣ, мутолиоти тақрибии мазоҳиби исломӣ, шумораи 31, баҳори 1392ҳ.ш.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Сайидмусо, Ҷуръае аз дарё, Қум: муассисаи китобшносии шиа, 1389ҳ.ш.
  • Сиҳҳатии Сардрудӣ, Муҳаммад, Гузидаи симои Сомирро Синои се Мусо, Теҳрон, машъар, 1388ҳ.ш.
  • Муассисаи фарҳангӣ-ҳунарии қадри вилоят, дар машрута чӣ гузашт?, Теҳрон, қадри вилоят, 1389ҳ.ш.
  • Маданӣ Биҷистонӣ, Сайидмаҳмуд, «Мирзои Шерозӣ: эҳёгари қудрати фатво», дар гулшани Аброр (ҷ.1), таҳия ва тадвини ҷамъе аз пажӯҳишгарони ҳавзаи илмияи Қум, зери назари пажӯҳишкадаи Боқирулъулум вобаста ба созмони таблиғоти исломӣ, Қум, нашри Маъруф, 1385ҳ.ш.
  • Маданӣ, Сайидмаҳмуд, Мирзои Шерозӣ; эҳёгари қудрати фатво, Қум, маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, чопи аввал, зимистони 1371ҳ.ш.
  • Матлабӣ, Сайид Абулҳасан, “Нуҷуми уммат: ҳазрати Оятуллоҳилъузмо ҳоҷӣ Мирзо Сайид Муҳаммадҳасани Шерозӣ”, дар маҷаллаи Нури илм: нашрияи ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, баҳмани 1370 - урдибиҳишти 1371ҳ.ш., шумораи 43 - 44.