Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ

Аз wikishia
Сайид Муҳаммадкозим Табатабоии Яздӣ

Барои корбурдҳои дигар, Таботабоӣ (ибҳомзудоӣ)-ро бибинед.

Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ (1248-1337ҳ.қ.) фақеҳи шиа ва нависандаи китоби «Ал-Урват-ул-вусқо» аст, ки баъд аз вафоти Сайид Муҳаммадҳасани Шерозӣ ба марҷаъият расид.

Ӯ мухолифи Наҳзати Машрута буд. Сайиди Яздӣ дар муқобили ҳамлаи Итолиё ба Либӣ, ҳамлаи Англия ба Эроқ ва ҳамлаи Русия ба Эрон фатвое содир кард, ки бар мусулмонон фарз аст, ки аз ватан дифоъ кунанд.

Муҳаммадбоқир Наҷафӣ ва Мирзо Муҳаммадҳасани Шерозӣ аз устодони Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ буданд ва бархе аз шогирдони ӯ иборатанд аз: Муҳаммадҳусейни Кошифулғито, Оғо Зиё Ироқӣ, Сайид Абдулҳусайн Шарафуддин, Ҳасаналӣ Нахудакии Исфаҳонӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ Хонсорӣ, Сайидмуҳсини Амин ва Оқобузурги Теҳронӣ.

Китоби «Урва-ул-вусқо»-и Сайиди Яздӣ аз маъруфтарин китобҳои ҳавзаи илмия аст ва барои он шарҳҳо ва ҳошияҳои фаровоне навишта шудааст. Дар бораи зиндагии ӯ китобҳои “Фаротар аз равиши озмуну хато” ва “Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ, фақеҳи дурандеш” навишта шудаанд.

Зиндагинома

Сайиди Яздӣ дар канори фарзандонаш

Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ дар рустои Киснавайҳи Язд ба дунё омад.[1] Падараш Сайид Абдулазим кишоварз буд. Насаби вай ба содоти Таботабоӣ ва Имом Ҳасани Муҷтабо (а) мерасад.[2] Дар бораи соли таваллуди Сайид Муҳаммадкозим ихтилофоте вуҷуд дорад: дар Аъён-уш-шиъа, соли 1247ҳ.қ., зикр шудааст[3] ва Алии Давонӣ дар китоби «Наҳзати рӯҳониюни Эрон», ба нақл аз хонаводаи ӯ, соли 1248 ҳиҷрии қамариро баён кардааст.[4]

Мақбараи Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ ва писараш Сайид Муҳаммад дар ҳарами Имом Алӣ (а)

Сайид Муҳаммадкозим, дар 28 раҷаби 1337ҳ.қ., бар асари зотуррия, вафот кард ва дар масҷиди Имрон ибни Шоҳин дар ҳарами Имом Алӣ (а) дафн шуд.[5] Дар реҳлаташ, дар Ироқ, шиаю суннӣ мотам гирифтанд ва дар Эрон, Аҳмадшоҳ низ дар маҷлиси хатмаш ҳозир шуд.[6] Сайид Абдулазиз Таботабоии Яздӣ (1308 - 1374ҳ.ш.) китобшинос ва нусхашинос, набераи ӯ аст.[7]

Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ дар Наҷаф издивоҷ кард. Фарзандонаш иборатанд аз: Сайидалӣ, Сайида Заҳро, Сайидҳасан, Сайидмаҳмуд,[8] Сайид Асадуллоҳ[9] ва Сайид Муҳаммад, ки нависандаи китобҳои «Саҳоиф-ул-аброр бивазоиф-ил-асҳор» ва «Рисолатун фи фазл-ил-кутуб ва иқтиноиҳо» аст[10] ва дар Аҳвоз, дар муборизаи ашоир барзидди қувои англисӣ, нақши раҳбарӣ дошт.[11] Бархе аз коршиносон марги Сайид Муҳаммад фарзанди соҳби Урваро ба сурати шаҳодат дониста ва бархе монанди Оқобузурги Теҳронӣ, нависандаи «ал-Зариъа» марги ӯро табиӣ навиштаанд. Ва торихашро 13 ҷамодиалаввали 1334ҳ.қ., зикр кардаанд.[12] Сайидалӣ Хоманаӣ низ бар ин бовар аст, ки Сайид Муҳаммад аз сӯи падараш ба ҷанги барзидди англисиҳо рафт ва дар ҷанг ҳам дар мобайни дигар уламои ҳозир дар ҷабҳа ба унвони меҳвари аслӣ буд, вале дар ҷанг ба шаҳодат нарасид ва баъдҳо аз дунё рафт.[13]

Ҳаёти илмӣ

Таҳсилот

Сайид Муҳаммадкозим то муддате деҳқонӣ мекард, аммо баъдҳо ба таҳсили илм рӯй овард.[14] Ӯ омухтани муқаддамоти дарсҳои ҳавзавиро аз соли 1256 ҳиҷрии қамарӣ, дар мадрасаи Муҳсиния ё Думнори Язд оғоз кард.[15] Чаҳор сол баъд барои идомаи таҳсил, ба Машҳад рафт ва дарсҳои «сатҳи» ҳавза ва низ ҳайъату нуҷум ва риёзиро фарогирифт. Дар соли 1265 қамарӣ ҳам ба Исфаҳон муҳоҷират кард[16] ва дар мадрасаи Садр иқомат намуд ва дар дарси Шайх Муҳаммадбоқири Наҷафӣ ҳозир шуд, то аз ӯ иҷозати иҷтиҳод гирифт.[17]

Дар соли 1281 қамарӣ, бо иҷозат ва муаррифии Муҳаммадбоқир Наҷафии Исфаҳонӣ ба Наҷаф рафт[18] ва дар мадрасаи Садри Наҷаф сокин шуд. Вуруди Сайид ба Наҷаф бо вафоти Шайх Муртазо Ансорӣ ва интиқоли марҷаъият ба Мирзои Шерозӣ мусодиф буд. Ӯ баъд аз муддате, имоми ҷамоати Саҳни Алавӣ шуд.[19]

Сайидкозим баъд аз рафтани Мирзои Шерозӣ ба Сомирро, дар Наҷаф монд ва ба тадриси улуми ҳавзавӣ пардохт то инки ба марҷаъият расид.[20]

Ҷойгоҳи илмӣ

Ба гузориши «Аъён-уш-шиъа», дар ҳалқаи дарсии Сайиди Яздӣ, ҳудуди дусад нафар менишастанд.[21] Муҳсини Амин ӯро фақеҳи луғатдону адиб муаррифӣ карда гуфтааст, китоби Урват-ул-вусқои ӯ чунон аҳамият дошт, ки ҳаркасе ки мехост дар мансаби марҷаъият қарор гирад, бар он таълиқа менавишт.[22] Муҳаммади Ғаравӣ дар китоби «Маъа уламо-ин-Наҷаф-ил-ашраф», Сайидкозими Яздиро дарёи илму таҳқиқ ва мутабаҳҳир дар маъқулу манқул муаррифӣ карда навиштааст, вай бар ҳамаи фуруъоти фиқҳӣ ва мутуни аҳодис, ҳузури зеҳн дошт.[23]

Сайид Мусо Шубайрӣ бо восита аз Оқозиё Ироқӣ нақл мекунад, ки Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ аз Охунди Хуросонӣ, аълам буда ва иллати он талош ва диққати назари бештари Сайиди Яздӣ дар фиқҳ будааст.[24]


Оятуллоҳ Хоманаӣ:

Дар марҳуми Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ се ҷиҳат вуҷуд дорад, ки ин се ҷиҳат дар камтар муллое дар ин сатҳ бо ҳамдигар дида мешавад. Яке тасаллут, табаҳҳур ва маҳорати фиқҳии ӯст; дувум ҷиҳати тақвоӣ ва мулоҳизоти фардӣ, шахсӣ ва ҷиҳоти маънавист; ҷанбаи сеюм ҳам ҷанбаи омодагӣ барои ҷиҳод аст. Қазоёи мубориза бо англисиҳои ишғолгар ва ҷанге, ки дар Ироқ иттифоқ афтод, бар меҳвари марҳум Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ мегардад.

  • Манба: https: //farsi. khamenei. ir/speech - content? id=22185

Марҷаъият

Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ дар соли 1312 қамарӣ, баъд аз вафоти Мирзои Шерозӣ, ба марҷаъият расид. Дар он рӯзҳо Охунди Хуросонӣ ва Шайх Муҳаммадтоҳо Наҷаф низ аз мароҷеъи зиндаи шиаён буданд, ки баъд аз вафоти он ду, Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ танҳо марҷаъи замони худ шуд.[25] Баъд аз вафоти ӯ марҷаъият ба Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ ва Сайид Исмоили Садр расид.[26]

Устодон

  • Муҳаммадбоқир Наҷафӣ;[27]
  • Сайид Муҳаммадбоқир Хонсорӣ, нависандаи Равзот-ул-ҷаннот;[28]
  • Сайид Муҳаммадҳошими Хонсорӣ;[29]
  • Мулломуҳаммади ҶаъФарободӣ;[30]
  • Мавлоҳасан ибни Муҳаммади Ардаконӣ, устоди улуми адабии ӯ;[31]
  • Мирзо Муҳаммадҳасани Шерозӣ;[32]
  • Шайх Маҳдии Ҷаъфарӣ;[33]
  • Шайх Розии Наҷафӣ, фарзанди Шайх Муҳаммади Ҷаъфарӣ;[34]
  • Шайх Маҳдӣ Оли Кошифулғито.[35]

Шогирдон

Теъдоди шогирдони Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ, чунонки дар мақолоти конгресси бузургдошташ омадааст, 350 тан зикр шудааст,[36] аммо бинобар пажӯҳиши дигаре, шогирдони ӯ дастикам 750 нафар будаанд.[37] Бархе аз шогирдонаш иборатанд аз:

  1. Муҳаммадҳусайн Кошифулғито;
  2. Муҳаммадтақии Бофқӣ;
  3. Оқозиё Ироқӣ;
  4. Сайид Абдулҳусайни Шарафуддин;
  5. Сайидҳусайн Таботабоии Қумӣ;
  6. Сайид Муҳаммад Ҳусайнии Ҳамадонӣ;
  7. Шайх Муҳаммадҳасан Невисӣ;
  8. Сайидҳасан Мударрис;
  9. Ҳасанъалӣ Нахудакии Исфаҳонӣ;
  10. Сайид Муҳаммадтақии Хонсорӣ;
  11. Шайх Алиакбари Наҳовандӣ;
  12. Сайидҷамолиддин Гулпойгонӣ;
  13. Мустафо Муҷтаҳид Табрезӣ;
  14. Сайид Муҳсини Амин;
  15. Сайид Муҳаммадҳуҷҷати Кӯҳкамарӣ;
  16. Оқобузурги Теҳронӣ.[38]

Бархе Шайх Абдукарим Ҳоирӣ ва Сайидҳусайни Буруҷердиро аз шогирдони Сайидкозими Яздӣ шуморидаанд, аммо ба ақидаи Сайид Мусо Шубайрӣ ин матлаб иштибоҳ аст ва ин ду аз шогирдони Охунди Хуросонӣ буданд.[39]

Осор

Мақолаҳои аслӣ: Феҳристи осори Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ ва ал-Урват-ул-вусқо (китоб)

Абулҳасанӣ дар китоби «Фаротар аз равиши озмун ва хато», 25 асари фиқҳӣ ва усулӣ барои Муҳаммадкозими Яздӣ ном бурдааст.[40] Муҳимтарин ва маъруфтарин китоби ӯ «ал-Урват-ул-вусқо» аст.[41] Ин китоб дар мабоҳиси истидлолии фиқҳӣ, ҷойгоҳи меҳварӣ барои олимон, мароҷеъ ва фақеҳон пайдо кард ва даҳҳо шарҳу ҳошия бар он навишта шуд.[42] Аҳамияти он ба ҳадде аст, ки нависандаи китобро бо номи «Соҳиби Урва» мехонанд.[43]

Мавзеъҳои сиёсӣ

Мегӯянд, Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ, нисбат дар муқоиса бо дигар мароҷеъи ҳамасраш, ҳамчун Охунди Хуросонӣ куниши сиёсии камтаре дошт ва фаъолияти сиёсии ӯ ғолибан дар қолаби судури телегроф ва навиштани баёния буд, аммо ба хотири ҷойгоҳаш ба унвони марҷаъи барҷаста, ҳамин миқдор фаъолият, бисёр пураҳамият буд.[44]

Бархе аз фаъолиятҳои сиёсии Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ ба шарҳи зер аст:

Ҳимоят аз ширкати исломия

Дар соли 1316 қамарӣ, бархе аз диндорон барои мубориза бо нуфузи иқтисодии бегонагон, ширкати исломияро дар Исфаҳон таъсис карданд.[45] Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ ҳамроҳ бо дигар уламо чун Охунди Хуросонӣ, Мирзоҳусайни Нурӣ, Шариати Исфаҳонӣ ва Сайид Исмоили Садр бо навиштани тақриз бар китоби «Либос-ут-тақво», ки дар ҳимоят аз ин ширкат ва тарғиби мардум ба хариди маҳсулоти дохилӣ навишта шуда буд, онро таъйид карданд.[46]

Фатво алайҳи истеъмори Италия, Рус ва Англия

Дар пайи ишғоли кишвари Либия ба дасти сарбозони Италиёӣ ва низ ҳуҷуми сарбозони Русу Англис ба Эрон, Сайидкозими Яздӣ дар соли 1329 қамарӣ, фатвое содир кард ва дар он омодагии ҳамаи мусулмонон «аз арабу эронӣ»-ро барои «ақиб рондани куффор аз мамлакатҳои исломӣ» фарз донист.[47]

Эълони ҷиҳод барзидди Англия

Рӯҳониёни Наҷаф дар рӯбарӯ шудан бо артиши Англия

Дар ҷанги ҷаҳонии аввал ва бо ишғоли Ироқ ба дасти неруҳои англисӣ, Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ, ҳамроҳи олимоне чун Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ ва Шайх аш-Шариъат Исфаҳонӣ барзидди Англия ҷиҳод эълон кард.[48] Дар ин ҷиҳод бар зидди англисиҳо, фарзандаш Сайид Муҳаммад ба шаҳодат расид.[49]

Машрута

Сайиди Яздӣ дар Наҳзати Машрута, бо Шайх Фазлуллоҳи Нурӣ ҳамсӯ буд ва ҳимоят аз маҷлисро машрут ба интибоқи комили мусавваботи он бо мавозини шаръӣ мешуморид. Вақте Шайх Фазлуллоҳ дар ҳарами ҳазрати Абдулазим гуруснанишинӣ кард, ба шиддат аз ӯ ҳимоят кард.[50]

Баъд аз ҳамла бо пушка ба маҷлис ва замоне, ки Охунди Хуросонӣ барои баргашти машрута бисёр мекӯшид, Сайиди Яздӣ барои пешгирӣ аз баргаштани Машрута, фатвои ҳаром будани Машрутаро содир кард.[51]

Хадамоти иҷтимоӣ

Намое аз мадрасаи Сайиди Яздӣ дар Наҷаф

Гуфтаанд, Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ, ба обод кардани шаҳрҳою рӯстоҳо тавваҷуҳ дошта, масоҷид, ҳаммомҳо ва корвонсароҳое бино кардааст. Ӯ ҳамчунин ба сохти сохтмонҳои илмӣ аҳамият медод. Машҳуртарин мадрасаи илмияи Наҷаф, ки акнун ба номи мадрасаи Сайид шинохта мешавад, ба ҳиммати ӯ сохта шудааст.[52]

Вай ҳамчунин дар хиёбони ал-Имораи Наҷаф маконе барои искони зоирон таъсис кард ба номи «Хон-уз-зоирин» ки дар соли 1384ҳ.қ., ба мадраса табдил шуд.[53]

Хусусиёти ахлоқӣ

Сайид Мусо Шубайрӣ, марҷаъи тақлиди шиа нақл мекунад, Сайид Аҳмади Хонсорӣ, ки худ дар зуҳду тақво забонзад буд, ба тақвои Сайиди Яздӣ эътиқод дошт.[54] Ҳамчунин мегӯяд, Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ, бисёр аҳли эҳтиёт буд; ба андозае, ки вақте аз дунё рафт, шаш ҳазор намоз ва рӯзаи ниёбӣ наздаш монда буд; зеро нисбат ба ашхос итминон пайдо намекард.[55]

Бузургдошт

Дар 24 исфандмоҳи 1391ҳ.ш., ба манзури бузургдошти шахсияти Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ, ҳамоише бо унвони «конгресси байналмилалии Соҳиби Урва» дар Қум баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш, бархе аз уламо ва шахсиятҳо аз Эрону Ироқ ва дигар кишварҳо иштирок карданд.[56]

Такнигорӣ

  • Китоби Фаротар аз равиши «озмун ва хато», навиштаи Алӣ Абулҳасанӣ;[57]
  • Китоби ас-Сайид Муҳаммадкозим-ил-Яздӣ, таълифи Комил Салмони ал-Ҷабурӣ, нависандаи ироқӣ. Дар ин китоб ба фаъолиятҳои иҷтимоии Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ дар Ироқ тавваҷуҳ шудааст;[58]
  • Китоби Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ, фақеҳи дурандеш, асари Муртазо Базрафшон;[59]
  • Шикваи порсоӣ ва пойдорӣ. Ин китобро фармондории Язд дар бораи муборизот ва осори Сайиди Яздӣ нашр додааст.[60]

Эзоҳ

  1. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.43.
  2. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.43.
  3. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.43.
  4. Базрафшон, Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ: фақеҳи дурандеш, 1376ҳ.ш., саҳ.23.
  5. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.48.
  6. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.43.
  7. Шарифи Розӣ, Ганҷинаи донишмандон, 1370ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.231.
  8. Мусавии Дурудӣ, “Зиндагиномаи мухтасар ва солшумори фаъолиятҳои илмӣ…”, саҳ.198.
  9. Шарафиддин, Маъа мавсуъоти риҷол-иш-шиъа, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.360.
  10. Оқобузурги Теҳронӣ, ал-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.8.
  11. Шарафиддин, Маъа мавсуъоти риҷол-иш-шиъа, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.360.
  12. Оқобузурги Теҳронӣ, ал-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.8.
  13. https://farsi.khamenei.ir/speech-content?id=22185
  14. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.43.
  15. Мусавии Дурудӣ, “Зиндагиномаи мухтасар ва солшумори фаъолиятҳои илмӣ…”, 1396ҳ.ш., саҳ.197.
  16. Мусавии Дурудӣ, “Зиндагиномаи мухтасар ва солшумори фаъолиятҳои илмӣ…”, 1396ҳ.ш., саҳ.197.
  17. Садр, Такмилату амал-ил-омил, 1429ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.474
  18. Мусавии Дурудӣ, “Зиндагиномаи мухтасар ва солшумори фаъолиятҳои илмӣ…”, 1396ҳ.ш., саҳ.197.
  19. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.43.
  20. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, 1430ҳ.қ./2009м., ҷ.17, саҳ.71.
  21. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.43.
  22. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.43.
  23. Ғаравӣ, Маъа уламо-ин-Наҷаф-ил-ашраф, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.458.
  24. Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.455.
  25. Мусавии Дурудӣ, “Зиндагиномаи мухтасар ва солшумори фаъолиятҳои илмӣ…”, 1396ҳ.ш., саҳ.193.
  26. Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.386.
  27. Садр, Такмилату амал-ил-омил, 1429ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.474.
  28. Ҳабибободӣ, Макорим-ул-осор, 1351ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.804–806.
  29. Табрезии Хиёбонӣ, Уламои муосир, 1366ҳ.ш., саҳ.68–69.
  30. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.43.
  31. Оқобузурги Теҳронӣ, ал-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.10.
  32. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.43.
  33. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.43.
  34. Садр, Такмилату амал-ил-омил, 1429ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.474.
  35. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.154.
  36. Сулаймонии Буруҷердӣ, “Феҳристе аз шогирдони Соҳиби Урва”, саҳ.241.
  37. Нигоҳ кунед ба Сулаймонии Буруҷердӣ, “Феҳристе аз шогирдони Соҳиби Урва”, саҳ.241.
  38. Сулаймонии Буруҷердӣ, “Феҳристе аз шогирдони Соҳиби Урва”, саҳ.243 - 264.
  39. Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.387.
  40. Абулҳасанӣ, Фаротар аз равиши “озмун ва хато”, 1389ҳ.ш., 95 - 96.
  41. Абулҳасанӣ, Фаротар аз равиши “озмун ва хато”, 1389ҳ.ш., 102.
  42. Нигоҳ кунед ба Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо фи мо таъумму биҳ-ил-балво (ал-Муҳашшо), 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.3 - 4.
  43. Абулҳасанӣ, Фаротар аз равиши “озмун ва хато”, 1389ҳ.ш., 105.
  44. Ҳотамӣ ва Биҳиштисиришт, “Тақобул ва таъомули охунд Мулло Муҳаммадкозими Хуросонӣ ва Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ дар ҷараёни инқилоби Машрута”, саҳ.7.
  45. Ҳоирӣ, Ташайюъ ва машрутият дар Эрон, 1364ҳ.ш., саҳ.131.
  46. Ҳоирӣ, Ташайюъ ва машрутият дар Эрон, 1364ҳ.ш., саҳ.131.
  47. Ҳотамӣ ва Биҳиштисиришт, “Тақобул ва таъомули охунд Мулло Муҳаммадкозими Хуросонӣ ва Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ дар ҷараёни инқилоби Машрута”, саҳ.15 - 16.
  48. Абулҳасанӣ, Фаротар аз равиши “озмун ва хато”, 1389ҳ.ш., саҳ.627.
  49. Ҳотамӣ ва Биҳиштисиришт, “Тақобул ва таъомули охунд Мулло Муҳаммадкозими Хуросонӣ ва Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ дар ҷараёни инқилоби Машрута”, саҳ.18.
  50. Ҳоирӣ, Ташайюъ ва машрутият дар Эрон, 1364ҳ.ш., саҳ.201.
  51. Ҳотамӣ ва Биҳиштисиришт, “Тақобул ва таъомули охунд Мулло Муҳаммадкозими Хуросонӣ ва Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ дар ҷараёни инқилоби Машрута”, саҳ.13.
  52. Базрафшон, Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ, фақеҳи дурандеш, 1376ҳ.ш., саҳ.130 - 131.
  53. Ғаравӣ, Маъа уламо-ин-Наҷаф-ил-ашраф, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.52.
  54. Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, ҷ.2, саҳ.455.
  55. Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.385.
  56. «Конгресси байналмилалии Соҳиби Урва таҷлил аз мақоми шомихи оятуллоҳилъузмо Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ (қудс)», уфуқи ҳавза, 22 фарвардини 1392ҳ.ш., шумораи 361.
  57. Садумин солгарди Соҳиби Урват-ул-вусқо, вебгоҳи Муҳаққиқи Таботабоӣ.
  58. Садумин солгарди Соҳиби Урват-ул-вусқо, вебгоҳи Муҳаққиқи Таботабоӣ.
  59. Садумин солгарди Соҳиби Урват-ул-вусқо, вебгоҳи Муҳаққиқи Таботабоӣ.
  60. Садумин солгарди Соҳиби Урват-ул-вусқо, вебгоҳи Муҳаққиқи Таботабоӣ.

Сарчашма

  • Абулҳасанӣ, Алӣ, Фаротар аз равиши “озмун ва хато”; замона ва корномаи Оятуллоҳилъузмо оқо Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ, «Соҳиби Урва», Теҳрон, муассисаи мутолиоти таърихи муосири Эрон, 1389ҳ.ш.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф лилматбуъот, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Базрафшон, Муртазо, Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ, фақеҳи дурандеш, Қум, маркази интишороти дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Ғаравӣ, Муҳаммад, Маъа уламо-ин-Наҷаф-ил-ашраф, Бейрут, Дорул-сақалайн, ҷ.1, 1420ҳ.қ.
  • “Конгресси байналмилалии Соҳиби Урва; таҷлил аз мақоми шомихи оятуллоҳилъузмо Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ (қудс)”, уфуқи ҳавза, 22 фарвардини 1392ҳ.ш., шумораи 361.
  • Мударриси Табрезӣ, Муҳаммадалӣ, Райҳонат-ул-адаб, Теҳрон, китобфурушии Хайём, 1369ҳ.ш.
  • Мусавии Дурудӣ, Заҳросодот, «Зиндагиномаи мухтасар ва солшумори фаъолиятҳои илмии оятуллоҳилъузмо Таботабоии Яздӣ, Соҳиби Урват-ул-вусқо», дар маҷаллаи Нақди китоби фиқҳ ва ҳуқуқ, шумораи 9 ва 10, баҳор ва тобистони 1396ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, ал-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, Табақоту аълом-иш-шиъа, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1430ҳ.қ./2009м.
  • Садр, Ҳасан, Такмилату амал-ил-омил, Бейрут, Дорул-муаррихил-арабӣ, ҷ.1, 1429ҳ.қ.
  • Сулаймонии Буруҷердӣ, Мирзоалӣ, “Феҳристе аз шогирдони Соҳиби Урва”, дар нақди китоби Фиқҳ ва ҳуқуқ, шумораи 9 ва 10, баҳор ва тобистони 1396ҳ.ш.
  • Табрезии Хиёбонӣ, Алӣ, Уламои муосир, Теҳрон, чопи сангӣ, 1366ҳ.ш.
  • Ҳабибободӣ, Муҳаммадалӣ, Макорим-ул-осор, Исфаҳон, 1351ҳ.ш.
  • Ҳоирӣ, Абдулҳодӣ, Ташайюъ ва машрутият дар Эрон, Теҳрон, Амир Кабир, 1364ҳ.ш.
  • Ҳотамӣ, Ҳусайн ва Ҳасани Биҳиштисиришт, «Тақобул ва таъомули охунд Мулло Муҳаммадкозими Хуросонӣ ва Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ дар ҷараёни инқилоби Машрута», дар фаслномаи илмии Пажӯҳиши улуми инсонии донишгоҳи Аззаҳро (с), 1387ҳ.ш., № 71.
  • Шарафиддин, Абдуллоҳ, Маъа мавсуъоти риҷол-иш-шиъа, Лондон, ал-Иршод, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Шарифи Розӣ, Муҳаммад, Ганҷинаи донишмандон, Қум, 1370ҳ.ш.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Сайид Мусо, Ҷуръае аз дарё, Қум, муассисаи китобшиносӣ, 1389ҳ.ш.
  • Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо (Муҳашшо), Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, интишороти Исломӣ, 1421ҳ.қ.