Руҳулқудус

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Рӯҳул-қудус)

Руҳулқудус (форсӣ: رُوح‌ُ القُدُس) ба маънои рӯҳи пок, мавҷуде муназзаҳ аз камбудиву нуқсон аст. Мавҷудоте чун Ҷабраил, мавҷуде аз олами амр, неруи ғайбӣ, ақли фаъол, рӯҳул-арвоҳ ва калони фариштагон яке аз мисдоқҳо ва намунаи Рӯҳул-қудус муаррифӣ шудаанд.

Дар сарчашмаҳои исломӣ вазифаҳое ҳамчун расонидани ваҳй ба пайғамбарон, ёрдам кардан ба муъминон, пайдоиши илми пайғамбарон, сарчашмаи илқои ҳукму илм ба Аҳли Байт (а) ва шафоъат дар рӯзи қиёмат ба Рӯҳулқудус нисбат дода шудааст.

Дар адабиёти масеҳӣ, Рӯҳулқудус уқнуми сеюм аз уқнумҳои сегонаи (Падар, Писар ва Рӯҳулқудус) мебошад; албатта, баъзе мутакаллимони масеҳӣ, улуҳияти ӯро қабул накардаанд.

Калимаи Рӯҳулқудус дар Қуръон, Китобҳои Муқаддас ва дар адабиёти форсӣ ва арабӣ истифода шудааст.

Дар китоби "Таҳлили фалсафӣ ва ирфонии Рӯҳул-қудус дар мутуни динӣ"-и Фотимаи Алипур, ҷойгоҳи Рӯҳулқудус дар зардуштӣ, яҳудӣ, насронӣ ва Ислом шарҳ дода шудааст.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Рӯҳулқудус ба маънои рӯҳи пок, мавҷуде аст, ки аз айбҳову нақсҳо муназзаҳ аст.[1] Дар қомуси Китоби Муқаддас омадааст, руҳулқудсро муқаддас мегӯянд; чароки аз корҳояш тақдиси қалбҳои муъминон аст ва ба воситаи алоқае, ки ба Худо ва Масеҳ дорад, ӯро рӯҳуллоҳ ва рӯҳи Масеҳ низ меноманд.[2]

Ин калима дар Қуръон ва Китоби Муқаддас ба кор рафтааст; Қуръон аз нозил шудани Қуръон ба василаи рӯҳулқудус[3] ва таъйиди ҳазрати Исо тавассути ӯ[4] сухан гуфтааст. Ин калима дар адабиёти форсӣ низ истифода мешавад монанди:

Файзи рӯҳулқудус ар боз мадад фармояд

Дигарон ҳам бикунанд ончӣ Масеҳо мекард[5]

Руҳулқудус кист?

Дар бораи ҳақиқати руҳулқудус эҳтимолоти мухталифе зикр шудааст:

  • Ҷабраил: теъдоде аз муфассирон руҳулқудусро Ҷабраил донистаанд.[6] Номидани Ҷабраил ба руҳулқудус ба рӯҳоният ва қадосати ӯ ва низ нақшаш дар зинда нигаҳ доштани дин ишора дорад.[7]
  • Мавҷуде аз олами амр: Аллома Таботабоӣ руҳулқудусро мавҷуде аз олами амр ва ғайр аз малоика медонад, ки ононро дар расондани ваҳй ба анбиё ҳамроҳӣ мекардааст.[8]
  • Бузурги фариштагон: дар ривояте аз Имом Содиқ (а), руҳулқудус фириштае бузургтар аз Ҷабраилу Микоил муаррифӣ шудааст, ки ҳамроҳи Пайғамбари Ислом (с) буда ва пас аз Пайғамбар (с), ҳамроҳи Имомони шиа аст.[9] Дар бархе аз ривоёт руҳулқудус, ҳамон рӯҳ дониста шудааст, ки дар Қуръон[10] аз нузули ӯ ҳамроҳи малоика дар шаби Қадр сухан гуфта шудааст.[11]
  • Неруи ғайбӣ: руҳулқудус исми аъзам[12] ё неруи ғайбие[13] ки Исои Масеҳ бо он, мурдагонро зинда мекард. Ин неру ба сурати заъифтар дар вуҷуди ҳамаи муъминон қарор дорад ва онҳоро ёрӣ мекунад ва аз гуноҳ бозмедорад.[14]
  • Содири нахустин: ба гуфтаи Сайидҳайдар Омулӣ, ҳукамо иттифоқи назар доранд, ки содири нахустини ақл аст; албатта онро бо номҳои мухталифе аз ҷумлаи руҳулқудус ва ақли фаъол хондаанд.[15]
  • Руҳ-ул-арвоҳ дар бархе аз осори урафо, аз руҳулқудус ба унвони рӯҳул-арвоҳ ёд шудааст, ки махлуқи Худо нест,балки ваҷҳе аз вуҷуҳи Худо аст, ки рӯҳи махлуқот ба он қоим аст.[16]

Вазоиф

Дар Қуръони Карим ва аҳодис, вазоифе ба руҳулқудус нисбат дода шудааст.

  • Иблоғи ваҳй ба пайғамбарон: бино бар инки руҳулқудус Ҷабраил бошад, интиқол ва иблоғи паёми Худо ба пайғамбарон аз вазоифи ӯ аст.
  • таъйидкунанда ва кумаккунандаи пайғамбарон ва авлиёи Илоҳӣ: дар оёте аз Қуръон, ки сухан аз таъйиди Исои Масеҳ ба василаи руҳулқудус ба миён омадааст, бинобар назари муфассирон таъйид ба маънои тақвият ва кумак аст.[17] Бархе низ дар инҷо Инҷилро мисдоқи руҳулқудус донистаанд.[18]
  • Мабдаи илми анбиё: дар бархе аз ривоёт аз вуҷуди панҷ руҳ дар вуҷуди анбиё ва авсиё ном бурда шудааст, ки руҳулқудус аз ҷумлаи онҳост ва ба василаи он пайғамбарон ашёъро мешиносанд.[19]
  • Илқои ҳукми Илоҳӣ ба Аҳли Байт (а): бар пояи ривоёт, Аҳли Байт бар асоси ҳукми Худо, Довуди набӣ ва чизе ки руҳулқудус бар қалбашон илқо мекунад, қазоват мекунанд.[20]
  • Шафоат дар қиёмат: бар пояи ҳадисе аз Пайғамбари Ислом (с) нахустин шафоаткунанда дар рӯзи қиёмат руҳулқудус аст.[21]
  • Ёрирасонӣ ба муъминон: бар асоси ривоёт руҳулқудус то замоне ки муъминон, Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт (а)-ро ҳимоят кунанд, ононро ёрӣ мекунад.[22] Ба гузориши Ибни Асир, таърихнигори исломӣ, Пайғамбар (с) аз Худо хост Ҳисон ибни Собит, шоири араб дар давраи ҷоҳилият, ки дар дифоъ аз Пайғамбар (с) ва ҳаҷви душманони Ислом шеър месурудро то замоне, ки аз Пайғамбар (с) пуштибонӣ мекунад, мавриди таъйиди руҳулқудус қарор диҳад.[23]

Улуҳият

Дар адабиёти масеҳӣ руҳулқудус, уқнуми сеюм аз ақнумҳои сегонаи (падар, писар ва руҳулқудус) аст.[24] Дар Китоби Муқаддас ҳаёт ба ӯ нисбат дода шудааст.[25] Бар асоси Китоби Муқаддас, муъминон дар ҳангоми тавба руҳулқудусро дармеёбанд ва ӯ онҳоро аз олудагиҳои гуноҳ пок мекунад;[26] албатта, мутакаллимони масеҳӣ дар бораи улуҳияти руҳулқудус ихтилофи назар доранд. Баъзе аз онон шахсияти Илоҳӣ руҳулқудусро инкор карда ва ӯро фиришта медонанд.[27] Бархеи дигар бар ин боваранд, ки руҳулқудус мавҷуди мустақиле нест, балки таҷаллии Худованд аст ва ба улуҳияташ муътақиданд.[28]

Такнигорӣ

Китоби «Таҳлили фалсафӣ ва ирфонии руҳулқудус дар мутуни динӣ» асари Фотима Алипур ба табйини ҷойгоҳи руҳулқудус дар оини зартушт, яҳуд, масеҳият ва Ислом пардохтааст. Ҳамчунин дар ин китоб назариёти фалсафӣ ва ирфонии андешмандони мусулмон таҳлил ва арзёбӣ шудааст.[29]

Ҷусторҳои вобаста

Рӯҳ

Ҷабраил

Ақли фаъол

Эзоҳ

  1. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.162.
  2. Ҳокс, Қомуси Китоби Муқаддас, 1394ҳ.ш., саҳ.424.
  3. Сураи Наҳл, ояти 102.
  4. Сураи Бақара, оёти 87, 253; сураи Моида, ояти 110.
  5. Девони Ҳофиз, ғазалиёти Ҳофиз, ғазали 143.
  6. Нигоҳ кунед ба: Тусӣ, ал-Тибён, Бейрут, ҷ.1, саҳ.340; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.339.
  7. Нигоҳ кунед ба: Абуҳаёни Анделусӣ, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.481; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.339.
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.13, саҳ.196 - 198.
  9. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.279.
  10. Сураи Қадр, ояти 4.
  11. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.94, саҳ.14.
  12. Абуҳаёни Анделусӣ, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.481.
  13. Нигоҳ кунед ба: Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.339.
  14. Нигоҳ кунед ба: Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.339.
  15. Омулӣ, Ҷомеъ-ул-асрор, 1347ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.688.
  16. Ҷилӣ, ал-Инсон-ул-комил фи маърифат-ил-авохири ва-л-авоил, 1418ҳ.қ., саҳ.150.
  17. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.596; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.207.
  18. Нигоҳ кунед ба: Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.339; Тусӣ, ал-Тибён, Бейрут, ҷ.1, саҳ.340.
  19. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.272.
  20. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.398.
  21. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, Бейрут, ҷ.4, саҳ.496 - 498.
  22. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.102.
  23. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.482.
  24. Ҳокс, Қомуси Китоби Муқаддас, 1394ҳ.ш., саҳ.424.
  25. Ҳокс, Қомуси Китоби Муқаддас, 1394ҳ.ш., саҳ.424.
  26. Ҳокс, Қомуси Китоби Муқаддас, 1394ҳ.ш., саҳ.424.
  27. Мак Герос, Даромаде бар илоҳиёти масеҳӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.309 - 310.
  28. Сулаймонии Ардистонӣ, Даромад бар илоҳиёти татбиқии Ислом ва масеҳият, 1382ҳ.ш., саҳ.126 - 127.
  29. «Таҳлили фалсафӣ ва ирфонии руҳулқудус дар мутуни динӣ, мунташир шуд», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.

Сарчашма

  • Абуҳаёни Анделусӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, ал-Баҳр-ул-муҳит фи-т-тафсир, таҳқиқи Сидқӣ Муҳаммад Ҷамил, Бейрут, Дорул-фикр, 1420ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, 1390ҳ.қ.
  • Девони ғазалиёти Ҳофиз.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1989м./1409ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, тасҳеҳи Тайиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорул-китоб, 1404ҳ.қ.
  • Қуръон.
  • Мак Грос, Алистр, Даромаде бар илоҳиёти масеҳӣ, тарҷумаи Исо Дибоҷ, Теҳрон, китоби Равшан, 1385ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Омулӣ, Сайидҳайдар ибни Алӣ, Ҷомеъ-ул-асрор ва манбаъ-ун-нур, таҳқиқи Ҳанрӣ Курбон ва Усмон Исмоил Яҳё, Теҳрон, 1347ҳ.ш.
  • Сулаймонии Ардистонӣ, Абдураҳим, Даромаде бар илоҳиёти татбиқии Ислому масеҳият, Қум, китоби Тоҳо, 1382ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • «Таҳлили фалсафӣ ва ирфонии руҳулқудус дар мутуни динӣ, мунташир шуд», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Ҳокс, Ҷеймс, Қомуси Китоби Муқаддас, Теҳрон, интишороти Асотир, 1394ҳ.ш.
  • Ҷилӣ, Абдукарим ибни Иброҳим, ал-Инсон-ул-комил фи маърифат-ил-авохири ва-л-авоил, таҳқиқи Салоҳ Муҳаммади Увайза, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия/маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, 1418ҳ.қ./1977м.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.