Аъёди шаъбония

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Рӯзҳои шодии моҳи шаъбон)

Аъёди шаъбония (форсӣ: اعیاد شعبانیه) солрӯзи таваллуди чанд тан аз имомони шиа ва имомзодагон дар моҳи шаъбон аст.

Ҷашни нимаи шаъбон дар масҷиди Ҷамкарон

Бинобар нақли сарчашмаҳо, Имом Ҳусайн (а) дар сеюми шаъбон[1] ва ба қавле 5 шаъбони соли севвуми қамарӣ,[2] Имом Саҷҷод (а) дар 5[3] ё 9 шаъбон[4] ва Имом Маҳдӣ (аҷ) дар 15 шаъбон[5] таваллуд ёфтаанд. Ҳамчунин бархе манобеъ таваллуди ҳазрати Аббос (а)-ро дар 4 шаъбон[6] ва таваллуди ҳазрати Алиакбарро дар 11-уми ин моҳ[7] медонанд. Албата дар бархе манобеъ барои таваллуди Имом Саҷҷод[8] ва Имом Маҳдӣ (аҷ)[9] санаи дигаре низ сабт шудааст. Ҳамчунин дар сарчашмаҳои мутақаддим рӯзи таваллуди ҳазрати Аббос[10] ва Алиакбар[11] низ сабт нашудааст.

Бархе аз шиаён дар ин рӯзҳо бо озинбандии хиёбонҳову масҷидҳо ва ҳарамҳои Аҳли Байт (а) ва суруду мадҳи имомон (а) ҷашн баргузор мекунанд ва назрӣ медиҳанд. Дар Эрон бузургтарини ин ҷашнҳо дар нимаи шаъбон дар масҷиди Ҷамкарон баргузор мешавад.[12] Дар Ироқ низ шиаён зимни баргузарии ҷашни нимаи шаъбон, бо пои пиёда ба зиёрати Имом Ҳусайн (а) мераванд. Ҷашнҳои нимаи шаъбон аз ҷониби шиаён дар кишварҳои исломӣ ҳамчун Баҳрайн, Миср ва шаҳрҳои мусулмоннишини Ҳинд низ баргузор мешавад.[13]

Дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон, сеюм шаъбони солрӯзи таваллуди Имом Ҳусайн ба Рӯзи посдор, чоруми шаъбон солрӯзи таваллуди ҳазрати Аббос ба Рӯзи ҷонбоз, панҷуми шаъбони солрӯзи вилодати Имом Саҷҷод ба Рӯзи Саҳифаи саҷҷодия, рӯзи 11 шаъбон ба унвони солрӯзи таваллуди Алиакбар Рӯзи ҷавон ва 15 шаъбон солрӯзи таваллуди Имом Маҳдӣ ( аҷ ) ба Рӯзи ҷаҳонии мустазъафон номгузорӣ шудаанд.[14]

Эзоҳ

  1. Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор, 1419ҳ.қ., саҳ.397; Шайхи Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., саҳ.826, 828; Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1367ҳ.ш., саҳ.689 - 690
  2. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.27
  3. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.73
  4. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.256; Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.175
  5. Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.514; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.339; Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.424
  6. Урдубодӣ, Ҳаёту Абилфазл ал-Аббос, 1436ҳ.қ., саҳ.64
  7. Муқаррам, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), 1426ҳ.қ., саҳ.267
  8. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.256; Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.175
  9. Ниг.: Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.437
  10. Урдубодӣ, Ҳаёту Абилфазл ал-Аббос, 1436ҳ.қ., саҳ.64
  11. Мир, «Алӣ ибни Ҳусайн»
  12. Ниг.: «مروری بر جشن‌های مردمی اعیاد شعبانیه در سراسر کشور», хабаргузории ИСНА
  13. «سنت جشن نیمه شعبان در کشورهای جهان اسلام», Қумниюз
  14. «Тақвими расмии 1402 шамсӣ», саҳ.14 - 15

Сарчашма

  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб, тасҳеҳ: Муҳаммадҳусайни Оштиёнӣ ва Сайид Ҳошими Расулӣ, Қум, нашри Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор, таҳқиқ: Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Арблӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғуммати фи маърифат-ил-аимма (а), тасҳеҳи Сайид Ҳошими Расулии Маҳаллотӣ, Табрез, Банӣ Ҳошимӣ, чопи аввал, 1381ҳ.қ.
  • Урдубодӣ, Муҳаммадалӣ, Ҳаёату Абилфазли ал-Аббос, Карбало, Дор-ул-кафил, 1436ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1367ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, Муассисаи фиқҳ-уш-шиа, 1411ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ъибод, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, аввал, 1413ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дини ва тамом-ун-неъмат, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Исломия, чопи дувум, 1395ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варои биаълом-ил-ҳудо, Теҳрон, Исломия, чопи сеюм, 1390 қ
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Ёқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
  • Муқаррам, Абдурразоқ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), Бейрут, 1426ҳ.қ.
  • «تقویم رسمی ۱۴۰۲ شمسی», Пойгоҳи итилоърасонии маркази тақвими Муассисаи жеофизики Донишгоҳи Теҳрон, санаи боздид: 24 баҳмани 1402ҳ.ш.
  • «سنت جشن نیمه شعبان در کشورهای جهان اسلام», Қумниюз, санаи дарҷи матлаб, 11 хурдоди 1394 ш, санаи боздид: 24 баҳмани 1402ҳ.ш.
  • Мир, Муҳаммадалӣ, علی بن حسین, Донишномаи ҷаҳони Ислом, Бунёди доиратулмаорифи бузурги исломӣ
  • «مروری بر جشن‌های مردمی اعیاد شعبانیه در سراسر کشور», хабаргузории ИСНА, санаи дарҷи матлаб: 16 Исфанди 1401ҳ.ш., санаи боздид: 3 исфанди 1402ҳ.ш.