Явмулҳадм

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Рӯзи ҷаҳонии Бақиъ)

Ин мақола дар бораи рӯзи тахриби Бақиъ аст. Барои итилоъ аз воқеаи тахриб, мадхали тахриби Бақиъро бибинед.

Явмулҳадм (арабӣ:یَومُ‌الهَدْم) (рӯзи тахриб) солрӯзи тахриби Бақиъ аст. Дар ҳаштуми шаволи 1344ҳ.қ. Ваҳҳобиҳо ба Мадина ҳамла карданд ва бархе аз амокини исломӣ аз ҷумла, буқъаҳои Бақиъро тахриб карданд.[1]

Намое аз қабристони Бақиъ қабл аз тахриби он тавассути ваҳҳобиҳо
Намое аз қубрҳои аиммаи Бақиъ пас аз тахриби буқъаҳои Бақиъ тавассути ваҳҳобиҳо

Ваҳҳобиён дар моҳи сафари 1344 қамарӣ ба Мадина ҳамла карданд.[2] Дар ин ҳамла, зарарҳое ба ҳарами Набавӣ ва амокини мазҳабӣ ворид шуд.[3] Ҳафт моҳ баъд, дар Рамазони 1344 қамарӣ, шайх Абдуллоҳ ибни Булайҳид (1284 - 1359ҳ.қ.) ки аз соли 1343 то 1345ҳ.қ., қозиюлқузоти Макка буд,[4] вориди Мадина шуд ва бо истифтое аз муфтиёни Мадина, ҳукми тахриби қабрҳоро дарёфт кард.[5] Ба ин тартиб дар ҳаштуми шаволи 1344 қамарӣ, буқъаҳои Бақиъ тахриб шуд.[6] Бар асоси асноди мавҷуд, пас аз тахриб, Малик Абдулъазиз, подшоҳи Арабистон, рӯзи 12 шаволи 1344 қамарӣ, дар номае хитоб ба Абдуллоҳ ибни Булайҳид, иқдомоти ӯ дар ин бораро таҳсин кард.[7]

Насби банери азо дар ҳарами Имом Ҳусайн (а) ба муносибати явмулҳадм (урдибиҳишти 1400ҳ.ш.)[8]

Назди шиаён, 8 шавол, явмулҳадм (рӯзи тахриб) ном гирифт.[9] Шиаён, дар солгарди ин воқеа маҷлис баргузор мекунанд ва ба марсияхонӣ ва ёдоварии ҳодисаи тахриби Бақиъ мепардозанд.[10] Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, аз мароҷеъи тақлид, ин рӯзро ба номи рӯзи ҷаҳонии Бақиъ хонд ва аз ҳамаи мусулмонон хост, ки тахриби Бақиъ ва дигар амокини муқаддаси исломӣ ба дасти ваҳҳобиёнро маҳкум карда, бозсозии онро мутолиба кунанд.[11]

Ваҳҳобиён дар соли 1220 қамарӣ низ ба дастури Саъуд ибни Абдулъазиз, боргоҳи имомони чаҳоргона ва гунбади ҳазрати Фотима (а) мавсум ба Байтул-аҳзонро тахриб карда, ё хасорати ҷиддие ба онҳо ворид карданд.[12] Ба гузориши Абдурраҳмони Ҷабартӣ, неруҳои ваҳобӣ ғайр аз марқади Набавӣ дигар боргоҳҳоро аз байн бурданд.[13] Бархе аз боргоҳҳо дар соли 1234 қамарӣ, ба дастури Султон Маҳмуди Сонӣ (ҳукумат: 1223 - 1255ҳ.қ.) бозсозӣ шуда буд.[14]

Ҳамчунин бибинед: Тахриби Бақиъ

Эзоҳ

  1. Наҷмӣ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ ва осори дигар дар Мадинаи Мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.51.
  2. Ҳоҷарӣ, ал-Бақиъ қиссат-ут-тадмир, 1411ҳ.қ., саҳ.113 - 139; Аминӣ, Бақиъ-ул-ғарқад, 1386ҳ.ш., саҳ.49.
  3. Ҳоҷарӣ, ал-Бақиъ қиссат-ут-тадмир, 1411ҳ.қ., саҳ.113 - 139; Аминӣ, Бақиъ-ул-ғарқад, 1386ҳ.ш., саҳ.49.
  4. Зириклӣ, ал-Аълом, 2002м., ҷ.4, саҳ.91.
  5. Ал-Балоғӣ, ар-Радду ала-л-ваҳҳобия, 1419ҳ.қ., саҳ.39 - 41; Ҳоҷарӣ, ал-Бақиъ қиссат-ут-тадмир, 1411ҳ.қ., саҳ.113 - 139; Аминӣ, Бақиъ-ул-ғарқад, 1386ҳ.ш., саҳ.49.
  6. Наҷмӣ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ ва осори дигар дар Мадинаи Мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.51.
  7. العساف، «عبدالله بن سلیمان البلیهد.. القاضی والمستشار فی زمن التأسیس».
  8. «تصاویر مراسم عزاداری سالروز تخریب قبور ائمه بقیع در حرم امام حسین(ع)» хабаргузории Ҳавза
  9. «به مناسبت ۸ شوال "یوم‌الهدم"/ حادثه دردناک تخریب بقیع زخمی بر قلب شیعیان» сайти Шафақно
  10. «آیین بزرگداشت یوم‌الهدم در مسجد زیارت قدمگاه برگزار می‌شود», хабаргузории Шабистон
  11. «تخریب قبور ائمه بقیع(ع) خیانت بزرگ به اسلام است», пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза
  12. Ҷабартӣ, Аҷоиб-ул-осор, Дорулҷил, ҷ.3, саҳ.91.
  13. Ҷабартӣ, Аҷоиб-ул-осор, Дорулҷил, ҷ.3, саҳ.91.
  14. Ҷаъфариён, Панҷоҳ сафарнома, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.196.

Сарчашма

  • «Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ: Тахриби қубури аиммаи Бақиъ (а) хиёнати бузург ба Ислом аст!», хабаргузории Ҳавза, дарҷи матлаб: 21 хурдоди 1398ҳ.ш., мушоҳида: 22 хурдоди 1398ҳ.ш.
  • «Оини бузургдошти явмулҳадм дар масҷиди Зиёрати қадамгоҳ баргузор мешавад», хабаргузории Шабистон, дарҷи матлаб: 11 тири 1396ҳ.ш., мушоҳида: 19 хурдоди 1398ҳ.ш.
  • «Ба муносибати 8 шавол " явмулҳадм"/ ҳодисаи дардноки тахриби Бақиъ, захме, бар қалби шиаён», Шафақно, дарҷи матлаб: 14 мурдоди 1393ҳ.ш., мушоҳида: 18 мурдоди 1398ҳ.ш.
  • Ал-Балоғӣ, Муҳаммадҷавод, ар-Радду ала-л-ваҳҳобия, таҳқиқи Сайид Муҳаммадалӣ ал-Ҳаким, Бейрут, муассисаи Аҳлилбайт лиэҳёилтурос, 1419ҳ.қ./1998м.
  • «Тасовир/ маросими азодории солрӯзи тахриби қубури аиммаи Бақиъ дар ҳарами Имом Ҳусайн (а)», хабаргузории расмии Ҳавза, дарҷи матлаб, 30 урдибиҳишти 1400ҳ.ш., мушоҳида 20 урдибиҳишти 1401ҳ.ш.
  • Алъассоф, Мансур, «Абдуллоҳ ибни Сулаймон ал-Булайҳид.. ал-қозӣ ва-л-мусташор фи зимниттаъсис», дар сайти ар-Риёз, дарҷи матлаб: 3 зилқаъдаи 1435ҳ.қ., мушоҳида: 6 мурдоди 1397ҳ.ш.
  • Аминӣ, Муҳаммадамин, Бақиъ-ул-ғарқад фи диросатин шомила, Теҳрон, Машъар, 1386ҳ.ш.
  • Ҷабартӣ, Абдураҳмон, Аҷоиб-ул-осор, Бейрут, Дорулҷил.
  • Ҷаъфариён, Расул, Панҷоҳ сафарномаи Ҳаҷҷи Қоҷорӣ, Теҳрон, нашри илм, 1389ҳ.ш.
  • Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом, Бейрут, Дорулъилм лилмалоин, 2002м.
  • Сибоъӣ, Аҳмад, Таъриху Макка, Маккатул-мукаррама, Матобиъ-ус-сафо, чопи дувум, 1420ҳ.қ.
  • Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон ибни Солеҳ, Хазонат-ут-таворих-ин-наҷдия, Олисабом, 1419ҳ.қ.
  • Ҳоҷарӣ, Юсуф, ал-Бақиъ қиссат-ут-тадмир, Бейрут, муассисаи Бақиъ лиэҳёилтурос, 1411ҳ.қ.
  • Наҷмӣ, Муҳаммадсодиқ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ ва осори дигар дар Мадинаи Мунаввара, нашри Машъар, Теҳрон, 1386ҳ.ш.