Риёзат

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Риёзатҳои шаръӣ)
Макорими ахлоқ

Риёзат (форсӣ: ریاضت) ё риёзати нафс (арабӣ: رياضة النفس) сабр кардан ба сахтиҳо, тарки ғариза ва анҷоми ибодат барои поксозии рӯҳ ва нафс аст, ки дар бархе аз матнҳои ирфонӣ ба унвони ҷиҳоди акбар номбар шудааст ва Ислом ба он тавсия кардааст. Кам хӯрдан, шабзиндадорӣ, кам сухан гуфтан ва хилват кардан аз рукнҳои риёзат ба ҳисоб меравад.

Бахшиш, шуҷоат, ғайрат ва фурутанӣ дар баробари ҳақ аз натоиҷи риёзат шуморида шудааст. Дар Ислом аз шеваҳои номашруъи риёзат, монанди руҳбоният манъ шудааст.

Муллосадро шурӯи риёзат пеш аз комил кардани маърифат ва амали комил ба ибодоти шаръиро гумроҳкунанда донистааст.

Мафҳумшиносӣ

Риёзат ё риёзати нафс, ба маънои таҳаммули сахтиҳо, тарки ғариза ва анҷоми ибодот барои тазкия ва пок кардани рӯҳ аст,[1] ки дар оёти Қуръони Карим ва ривоёти маъсумон ба он супориш шудааст.[2]

Риёзат, дар осори ирфонӣ, ба маъони гуногун омадааст;[3] аз ҷумла: тамрин додани нафс барои он ки гуфтор, кирдор ва нияти худро барои Худо холис кунад.[4] Риёзат ҳамчунин ҷиҳоди акбар дониста шуда, ва рукнҳои он, камхӯрӣ, шабзиндадорӣ, камгӯӣ ва хилват муаррифӣ шудааст.[5]

Таъсир ва натиҷа

Аз байн рафтани бухл, ҳасад, такаббур ва ҳирс ба дунё натиҷаи риёзат дониста шудааст;[6] ҳамчунин дастёбӣ ба сифоти писандидае монанди бахшиш, шуҷоат, ғайрат, хузуъ дар баробари ҳақ ва фурӯтанӣ.[7]

Бархе аз оёти Қуръони Карим нозир ба маънои риёзат дониста шудааст;[8] аз ҷумлаи ояти 40 ва 41 сураи Нозиъот, ки бар асоси он, касе ки аз мақоми Парвардигор битарсад ва худро аз ҳавои нафс боз дорад, биҳишт ҷойгоҳи ӯст.[9] Аз Имом Алӣ (а) ҳам нақл шудааст, ки ҳар кас нафси худро пайваста риёзат диҳад, суд мебарад.[10]

Мавориди манъшуда

Риёзат бо шеваҳои ғайримашруъ, мавриди наҳй қарор гирифта[11] ва аз ҳамин рӯй руҳбоният, ба маънои тарки дунё[12] манъ шудааст.[13]

Муллосадро, шурӯи риёзат пеш аз комил кардани маърифат ва амали комил ба ибодоти шаръиро гумроҳкунанда дониста,[14] бар ҳамин асос, муътақид аст, ки то вақте дар ибодоти шаръӣ кӯтоҳӣ шавад, ҷое барои ибодоти ҳакимона ва риёзатҳои сулукӣ нест; зеро боиси ҳалокати худ ва ҳалок кардани дигарон мешавад.[15]

Эзоҳ

  1. Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, 1390ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.3767.
  2. Маҷмӯъаи нависандагон, Фарҳанги фиқҳ, 1389ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.213.
  3. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Хотамӣ, Оинаи макорим, 1368ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.140; Гавҳарин, Шарҳи истилоҳоти тасаввуф, 1380ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.142 - 143.
  4. Алқосонӣ, Шарҳи манозил-ус-соирин, 1385ҳ.ш., саҳ.218.
  5. Мусавии Табрезӣ, Муқаддимае бар ирфони амалӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.247.
  6. Маҷмӯъаи нависандагон, Фарҳанги фиқҳ, 1389ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.213.
  7. Маҷмӯъаи нависандагон, Фарҳанги фиқҳ, 1389ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.213.
  8. Насируддини Тӯсӣ, Авсоф-ул-ашроф, 1369ҳ.ш., саҳ.35.
  9. Сураи Нозиъот, ояти 40 ва 41; бар асоси тарҷумаи Макорими Шерозӣ.
  10. من استدامَ ریاضةَ نفسه انتفعَ (Омадӣ, Ғурар-ул-ҳикам, 1410ҳ.қ., саҳ.608, ҳадиси 660).
  11. Гулпойгонӣ, Иршод-ус-соил, 1413ҳ.қ., саҳ.197.
  12. Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, 1390ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.3760.
  13. Маҷмӯъаи нависандагон,, Фарҳанги фиқҳ, 1389ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.213.
  14. Садриддини Шерозӣ, Касру асном-ил-ҷоҳилия, 1381ҳ.ш., саҳ.35.
  15. Садриддини Шерозӣ, Касру асном-ил-ҷоҳилия, 1381ҳ.ш., саҳ.38.

Сарчашма

  • Алқосонӣ, Абдурразоқ, Шарҳи манозил-ус-соирини Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, таҳқиқи Муҳсини Бедорфар, Қум, Бедор, 1385ҳ.ш./1427ҳ.қ.
  • Анварӣ, Ҳасан, Фарҳанги бузурги сухан, Теҳрон, сухан, 1390ҳ.ш.
  • Гавҳарин, Содиқ, Шарҳи истилоҳоти тасаввуф, Теҳрон, зуввор, 1380ҳ.ш.
  • Гулпойгонӣ, Муҳаммадризо, Иршод-ур-расоил, Бейрут, Дор-ус-сафва, 1413ҳ.қ./1993м.
  • Маҷмӯъаи нависандагон, Фарҳанги фиқҳ: мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, зери назари Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, ҷ.4, Қум, муассисаи доиратулмаъорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1389ҳ.ш.
  • Мусавии Табрезӣ, Муҳсин, Муқаддимае бар ирфони амалӣ ва таҳорати нафс ва шинохти инсони комил, Теҳрон, муассисаи фарҳангии Нурун ала нур, 1387ҳ.ш.
  • Насируддини Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Авсоф-ул-ашроф, тасҳеҳ ва танзим ва таҳқиқи Маҳдии Шамсуддин, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1369ҳ.ш.
  • Омадӣ, Абдулвоҳид ибни Муҳаммад, Ғурар-ул-ҳикам ва дурар-ул-калим, тасҳеҳи Маҳдии Раҷоӣ, Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Садриддини Шерозӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, Касру асном-ил-ҷоҳилия, тасҳеҳ ва таҳқиқ ва муқаддимаи Муҳсини Ҷаҳонгирӣ, бо ишрофи Сайидмуҳаммади Хоманаӣ, Теҳрон, бунёди ҳикмати исломии Садро, 1381ҳ.ш.
  • Хотамӣ, Рӯҳуллоҳ, Оинаи макорим: шарҳи дуои макоримул-ахлоқи Имом Саҷҷод (а), Теҳрон, Зулол, 1368ҳ.ш.