Айнул-варда

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Раъсул-айн)
Айнул-варда

Айнул-варда (арабӣ:عَینُ الوَردَه) минтақае дар Ҷазира (минтақае байни Диҷла ва Фурот) аст,[1] ки қиёми Таввобин дар онҷо рух додааст.[2]

Таввобин гуруҳе аз аҳолии Куфа буданд, ки ба фармондеҳии Сулаймон ибни Суради Хузоъӣ ба хунхоҳии Имом Ҳусайн (а) ва барои ҷуброни кӯтоҳии худ дар ёрӣ расондан ба Имом, алайҳи ҳукумати Банӣ Умайя қиём карданд ва дар ин макон ба шаҳодат расиданд.[3]

Гуфта шудааст, ки Айнул-варда аз манзилгоҳҳои байни Куфа ва Димишқ низ будааст.[4] Ин минтақа ба Раъсул-айн низ шинохта мешавад.[5] Раъсул-айн дар вилояти Ҳиска дар шимоли шарқии Сурия воқеъ шудааст.[6]

Эзоҳ

  1. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1399ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.180.
  2. Ниг.: Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1421ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.148.
  3. Ниг.: Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1421ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.148.
  4. Шовӣ, Маъа ракб-ил-Ҳусайнӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.185.
  5. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1399ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.180.
  6. Мақолаи Раъс-ул-айн, пойгоҳи интерентии Ибруд.

Сарчашма

  • Ибни Саъд, Муҳаммад Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Алӣ Муҳаммад Умар, Мактабатул-Хонҷӣ, Қоҳира, 1421ҳ.қ./2001м.
  • Мақолаи Раъс-ул-айн, пойгоҳи интерентии Ибруд, боздид: 18 обони 1402ҳ.ш.
  • Ҳамавӣ, Ёқут, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1399ҳ.қ.
  • Шовӣ, Алӣ, Маъа-р-ракб-ил-Ҳусайнӣ мин-ал-мадинати ила-л-мадина, Қум, Марказул-диросотил-исломийяти лимумассилийят-ил-валии-л-фақиҳ фи ҳарасил-савратил-исломийя, 1386ҳ.ш./1426қ.