Азодории Тувайриҷ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ракзаи Тувайриҷ)
Азодории Тувайриҷ дар рузи Ошуро

Мотам ва азодории Тувайриҷ сӯгвории солонаи мардуми Тувайриҷ, аз шаҳри худ то ҳарами Имом Ҳусайн (а) дар рузи Ошуро аст. Ин маросим аксари вақт ба шакли ҳарвала (давидани миёна) анҷом мегирад.

Мотамдорону азодорон дар масири 20- километрии Тувайриҷ то Карбало шиорҳое ҳамчун «во Ҳусайно», «лаббайка ё Ҳусайн» ва «во вайл алал-л-Аббос» сар медиҳанд.

Гуфта шуда аст, Аллома Баҳрулъулум (ваф.1212ҳ.қ.) дар дастаи Тувайриҷ даромадааст ва далели онро мушоҳидаи Имом Маҳдӣ (аҷ) дар ин даста зикр кардааст, вале аз сӯи дигар шакку шабҳае дар вуқуъи ин достон зикр шудааст.

Бархе нахустин баргузоркунандаи маросими мотами Тувайриҷ ба шакли ҳарваларо Сайидсолеҳ Қазвинӣ (ваф.1304ҳ.қ.) донистаанд, аммо иддаи дигаре решаи ҳарвала дар азодории Тувайриҷро ба беш аз 300 сол пеш бармегардонанд ва онро рамзи ҳаракати ҳарвалакунони мардони Банӣ Асад аз шаҳри Тувайриҷ дар соли 61-и қамарӣ барои дафни Имом Ҳусайн (а) зикр кардаанд.

Дар соли 1991 ҳизби Баъси Ироқ барпоии онро манъ кард, аммо мардум барои баргузории ин чорабинӣ пофишорӣ карданд ва ин сабаби боздошт ва эъдоми ширкаткунандагон шуд. Барпоии ин чорабинӣ баъд аз суқути ҳукумати Саддом дар соли 2003 аз сар гирифта шуд.

Маросими мотами Тувайриҷ бузургтарин маросими мотами Ҳусайнии рузи Ошуро дар ҷаҳон дониста шудааст, ки як ҷамъияти чандсадҳазорнафарӣ аз Ироқ ва берун аз он, ки бахши қобили таваҷҷуҳе эронӣ ҳастанд, дар он иштирок мекунанд.

Дастаи Тувайриҷ

Маросими дастаи Тувайриҷ, бузургтарин маросими азои Ҳусайнӣ дар рузи Ошуро дар ҷаҳон хонда шуда[1] ва ҳамчунин гуфта шудааст, ки ин оин аз бузургтарин таҷаммуъоти башарӣ дар ҷаҳон аст.[2] Пас аз суқути ҳукумати Саддом як ҷамъияти чандмилионӣ аз Ироқ ва берун аз он, ки бахши қобили таваҷҷуҳе эронӣ ҳастанд, дар маросими азои Тувайриҷ ширкат мекунанд.[3]

Дастаи азодории Тувайриҷ, субҳи рузи Ошуро аз шаҳри Тувайриҷ дар 20-километрии Карбало, ба самти ҳарами Имом Ҳусайн (а) ҳаракат мекунад ва пеш аз зуҳр дар минтақае ба номи Қантаратус-саломи воқеъ дар дукилометрии шаҳри Карбало барои адои намози пешин ва аср ист мекунад. Дар тӯли масир, афрод ва корвонҳое, ки қасди вуруд ба Карбало доранд, бо ин даста ҳамроҳ мешаванд. Дастаи азо баъд аз вуруд ба Карбало, ибтидо ба хаймагоҳ ворид шуда ва сипас вориди ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва ҳарами ҳазрати Аббос (а) мешавад.[4]

Ин маросим ҳар сол то нисфирӯзӣ ба давом мекунад ва охирин гуруҳе ки дар он ширкат мекунанд, неруҳои амниятӣ ва занони ироқӣ ҳастанд.[5]

Маросими ракза

«Ракзат-ут-Тувайриҷ/رَکضَة الطُوَیریج» ишора ба навъи сӯгвории ин даста дорад; ба ин шакл, ки азодорон бо сару пои бараҳна, ҳарвалакунон (давон-давон) ба сӯи ҳарами Имом Ҳусайн (а) ҳаракат мекунанд.[6] Маросими ракза ҳудуди 150 сол қидмат дорад.[7]

Шиорҳо

Азодорон дар байни роҳ ва низ ҳангоми вуруд ба ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва ҳарами Абулфазл (а) шиорҳое ҳамчун во-Ҳусайн, лаббайка ё Ҳусайн, ё ласоротил-Ҳусайн, лаббайк ё доъияллоҳ, абад валлоҳ мо нансо Ҳусайно (ба Худо қасам то абад Имом Ҳусайн (а)-ро фаромӯш намекунем), ё Аббос, ҷи би-л-мой ли-Скине (эй Аббос (а), барои Сакина об биовар), алявм алявм нуъаззӣ Фотима (имрӯз ба Фотима (с) таслият арз мекунем), вовайло ала-л-Аббосро сар медиҳанд.[8]

Пешинаи маросими Тувайриҷ

Бино бар нақли бархе манобеъ, шаклгирии мавкиби Тувайриҷ ва ҳаракати даста ба шакли ҳарвала тавассути Сайидсолеҳ Қазвинӣ будааст. Ӯ ду сол дар даҳаи муҳаррам хонаашро дар Тувайриҷ, макони азодории Имом Ҳусайн (а) карда буд. Сайидсолеҳ субҳи рӯзи Ошуро, мақтали Сайид ибни Товусро мехонд, дар ҳоле ки даҳҳо ҳазор нафар ҳузур доштанд ва пас аз хӯрдани субҳона, пиёда ба сӯи Карбало ба роҳ афтоданд.[9] Вақте ба минтақаи Бобул-Тувайриҷ (яке аз дарвозаҳои даромади шаҳри Карбало) расиданд, намози пешин хонданд ва сипас маросими ракзаи Тувайриҷро ба самти ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва ҳазрати Аббос (а) дар пеш гирифтанд.[10] Соате баъд пас аз нисфирӯзӣ ки вақти шаҳодати Имом Ҳусайн (а) аст, зоирон пиёда вориди Карбало шуданд, аммо Сайидсолеҳ аспсавор, дар байни ҳазорони зоир ҳаракат кард. Ин равиш, баъд аз вафоти Сайидсолеҳ дар соли 1304-и қамарӣ, дар байни фарзандонаш анҷом шуд. Аз он пас то даҳаи охири қарни чаҳордаҳум, мавкиби Тувайриҷро бозмондагоне аз насли Сайидсолеҳ раҳбарӣ мекунанд.[11]

Ин маросим то соли 1990 давом дошт. Дар соли 1991 ҳизби Баъси Ироқ барпоии онро манъ кард, аммо мардум барои баргузории ин маросим пофишорӣ карданд ва ин амр мӯҷиби боздошт ва эъдоми ширкаткунандагон шуд. Барпоии ин маросим баъд аз суқути ҳукумати Саддом дар соли 2003 аз сар гирифта шуд.[12]

Иддаои қидмати беш аз 300-сола

Сайидсолеҳ Шаҳристонӣ (ваф.1395ҳ.қ.) дар китоби Таърих-ун-ниёҳа муътақид аст, ки ҳарвалаи Тувайриҷ беш аз се аср аст, ки барқарор аст ва ширкаткунандагон муътақиданд, ки намоде аз ҳаракати Банӣ Асад дар Ошурои соли 61-и қамариро иҷро мекунанд.[13]

Моҷарои ширкати Имом Маҳдӣ (аҷ) дар дастаи Тувайриҷ

Яке аз достонҳои машҳури ҳузури Имом Маҳдӣ (аҷ) дар ҳайати азои Тувайриҷ, бар асос гуфтаи Сайидмаҳдии Баҳрулъулум (ваф.1212ҳ.қ.) аст. Бар асоси ончӣ дар китоби «Имоми Замон ва Сайидбаҳрулъулум» омадааст, дар соли 1333-и қамарӣ, яке аз олимони шиаи Наҷаф, далели ҳузури худ дар азодории Тувайриҷро ҳузур ёфтани Аллома Баҳрулъулум дар ин маросим дониста гуфтааст, ки вай мисли соири синазанҳо бараҳна шуда, сина мезадааст ва пас аз итмоми синазанӣ мавриди суол қарор гирифтааст, ки чаро чунин коре кардааст, ва дар ҷавоби ин суол, мушоҳидаи Имоми дувоздаҳуми шиаён дар ин маросимро далели кори худ баён кардааст.[14] Ин моҷаро дар манобеи мутааддиде нақл шудааст.[15]

Муаллифи китоби Таърих-ун-ниёҳа (навишташуда дар қарни чаҳордаҳуми қамарӣ) муътақид аст, руъяти Имом Маҳдӣ (аҷ) дар дастаи Тувайриҷ тавассути Баҳрулъулум дар хоб будааст.[16]

Тардидҳо дар моҷарои азодории Имом Маҳдӣ (аҷ) дар Тувайриҷ

Гуфта шудааст, ки ҳузури Имоми Замон дар маросими Тувайриҷ дар ҳеҷ манбаи мактубе, ки дар бораи Имом Маҳдӣ (аҷ) ва Сайид Баҳрулъулум бошад наёмадааст.[17] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки бо тавваҷуҳ ба таърихи оғози азодории Тувайриҷ аз соли 1303-и қамарӣ ва вафоти Сайидмаҳдии Баҳрулъулум дар соли 1212-и қамарӣ, ин моҷаро наметавонад воқеӣ бошад ва агар битавон асли моҷароро собит кард, шахсе ки дар достон будааст эҳтимолан яке аз наберагони Сайид Баҳрулъулум будааст.[18]

Муҳаммадкозими Ҳазорҷарибӣ (ваф.1259ҳ.қ.) шогирди Баҳрулъулум[19] ки рисолае дар бораи фазоил ва каромоти ӯ нигоштааст, мегӯяд, инки мегӯянд, Сайиди Баҳрулъулум, Имом (аҷ)-ро дидааст, барои ман собит нашудааст.[20]

Эзоҳ

  1. “Нигоҳе ба азои Тувайриҷ - бузургтарин азои Ҳусайнӣ”, ал-Аатабатул-Ҳусайниятул-муқаддаса.
  2. “Баргузории бузургтарин маросими азодории ҷаҳон дар рузи шаҳодати ҳазрати Сайидуш-шуҳадо (а) дар Карбалои муъалло”, ал-Аатабатул-Ҳусайниятул-муқаддаса.
  3. “Оини Тувайриҷ дар Карбало баргузор шуд”, хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ.
  4. “Нигоҳе ба азои Тувайриҷ - бузургтарин азои Ҳусайнӣ”, ал-Аатабатул-Ҳусайниятул-муқаддаса.
  5. “Азодории ҳарвалаи Тувайриҷ дар байнулҳарамайни Карбало оғоз шуд”, хабаргузории Садо ва симо.
  6. “Достони дастаи Тувайриҷ чист?”, сайти Машриқ.
  7. “Оини Тувайриҷ дар Карбало баргузор шуд”, хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ.
  8. Ансорӣ, “Дастаи Тувайриҷ, дастае ба баландои чаҳордаҳ қарн”, Хабаронлайн.
  9. Қазвинӣ ва Ризоӣ, “Мавкиби азодории Тувайриҷ ва нақши Сайидсолеҳ Ҳусайнии Қазвинӣ дар эҳё ва тадовуми он”, саҳ.2 - 3.
  10. “Оини Тувайриҷ дар Карбало баргузор шуд”, сайти хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ.
  11. Қазвинӣ ва Ризоӣ, “Мавкиби азодории Тувайриҷ ва нақши Сайидсолеҳ Ҳусайнии Қазвинӣ дар эҳё ва тадовуми он”, саҳ.2 - 3.
  12. “Баргузории бузургтарин маросими азодории ҷаҳон дар рузи шаҳодати ҳазрати Сайидуш-шуҳадо (а) дар Карбалои муъалло”, сайти ал-Аатабатул-Ҳусайниятул-муқаддаса.
  13. Шаҳристонӣ, Таърих-ун-ниёҳа, бе то, ҷ.2, саҳ.45.
  14. Рафиъӣ, Имоми Замон (аҷ) ва Сайиди Баҳрулъулум, 1386ҳ.ш., саҳ.194 - 197.
  15. “Нигоҳе ба азои Тувайриҷ - бузургтарин азои Ҳусайнӣ”, сайти ал-Аатабатул-Ҳусайниятул-муқаддаса.
  16. Шаҳристонӣ, Таърих-ун-ниёҳа, бе то, ҷ.2, саҳ.45.
  17. “Дар китобе хондаам Имоми Замон (аҷ) ҳамроҳи иддае бар сари занон ба...”, пойгоҳи Андешаи Қум.
  18. “Сайиди Баҳрулъулум ва азодории Имоми Замон алайҳис-салом баррасии як достони сохтагӣ”, сайти Ходимул-маволӣ.
  19. Ҳазорҷарибӣ, Фазоил ва каромати Аллома Сайид Муҳаммадмаҳдии Баҳрулъулум, 1397ҳ.ш., саҳ.33.
  20. Ҳазорҷарибӣ, Фазоил ва каромати Аллома Сайид Муҳаммадмаҳдии Баҳрулъулум, 1397ҳ.ш., саҳ.50.

Сарчашма

  • “Азодории ҳарвалаи Тувайриҷ дар байналҳарамайни Карбало оғоз шуд”, сайти хабаргузории Садо ва симо, таърихи дарҷи матлаб: 18 мурдоди 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 6 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • Ансорӣ, Ҳодӣ, «Дастаи Тувайриҷ, дастае ба баландои чаҳордаҳ қарн», Хабаронлайн, таърихи дарҷи матлаб: 7 шаҳривари 1399ҳ.ш., таърихи боздид: 6 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • Достони дастаи Тувайриҷ чист?, Машриқнюз, таърихи дарҷи матлаб: 27 обони 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 6 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • Қазвинӣ, Ҷавдат, Ризоӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, «Мавкиби азодории Тувайриҷ ва нақши Сайидсолеҳ Ҳусайнии Қазвинӣ дар эҳё ва тадовуми он», дар маҷаллаи Фарҳанги зиёрат, № 43, тобистони 1399ҳ.ш.
  • “Нигоҳе ба азои Тувайриҷ - бузургтарин азои Ҳусайнӣ”, сайти ал-Атабатул-Ҳусайниятул-муқаддаса, таърихи боздид: 31 мурдоди 1401ҳ.ш.
  • “Оини Тувайриҷ дар Карбало баргузор шуд”, хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, таърихи дарҷи матлаб: 9 шаҳривари 1399ҳ.ш., таърихи боздид: 6 шаҳривари 1401ҳ.ш.
  • Рафиъӣ, Сайидҷаъфар, Имоми Замон ва Сайиди Баҳрулъулум, интишороти Ёрони Қоим, Қум, 1386ҳ.ш.
  • Шаҳристонӣ, Сайидсолеҳ, Таърих-ун-ниёҳа ала-л-Имом аш-шаҳид ал-Ҳусайн ибни Алӣ алайҳимас-салом, Бейрут, Дорул-Заҳро, бе то.