Ҳасан ибни Фазли Табарсӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Разийюддини Табарсӣ)
Барои дигар корбурдҳо Табарсӣ (ибҳомзудоӣ)-ро бубинед.
Ҳасан ибни Фазли Табарсӣ
Номи комилҲасан ибни Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ
КунияАбунаср
МазҳабИмомӣ
ХешовандонАминулислом Табарсӣ, Алӣ ибни Ҳасани Табарсӣ
УстодонШайх Табарсӣ
Мазҳаби фиқҳӣҶаъфарӣ
ТаълифотМакорим-ул-ахлоқ
Шинохташуда бароиТаълифи китоби гаронсанги Макорим-ул-ахлоқ


Ҳасан ибни Фазли Табарсӣ (арабӣ: الحسن بن الفضل الطَبرِسي), аз муҳаддисони имомия дар қарни шашуми ҳиҷрии қамарӣ ва фарзанди Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ. Ӯ аз олимони хонадон Табарсӣ аст. Китоби “Макорим-ул-ахлоқ”, аз машҳуртарин осори ахлоқии шиа, навиштаи ӯст.

Зиндагинома

Ҳасан ибни Фазл, бо кунияи Абунаср, аз хонадони Табарсӣ[1] ва фарзанди Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ (ваф. 548ҳ.қ.), нависандаи тафсири Маҷмаъ-ул-баён аст. Алӣ ибни Ҳасани Табарсӣ, нависандаи китоби Мишкот-ул-анвор, фарзанди Ҳасан ибни Фазл аст.[2]

Аз ҷузъиёти зиндагӣ ва ҳамчунин санаи таваллуд ва даргузашти Ҳасан ибни Фазли Табарсӣ, иттилооте дар даст нест.[3] Ӯ аз шогирдони падараш дониста шуда[4] ва гуфтаанд, ки падараш тафсири “Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ”-ро ба дархости вай навиштааст.[5] Дар бораи далели нисбат додани вожаи Табарсӣ ба ин хонадон, ихтилоф аст. Бархе Табарсиро ба Табрис (тағйирёфтаи арабии Тафриш)[6] ва бархе дигар ба Табаристон[7] мансуб кардаанд.

Осор

Машҳуртарин асари Ҳасан ибни Фазл, китоби “Макорим-ул-ахлоқ” аст ки яке аз муҳимтарин осори ахлоқӣ дар миёни шиаён маҳсуб мешавад.[8] Ҳамчунин китоби Ҷомеъ-ул-ахбор, ба вай нисбат дода шудааст.[9] Бо ин ҳол, Сайид Муҳсини Амин ва Ҷаъфари Субҳонӣ, интисоби Ҷомеъ-ул-ахбор ба вайро рад кардаанд.[10] Абулқосими Гурҷӣ дар муқаддамаи “Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ”, аз интисоби китоби “Асрор-ул-имомат” ба ӯ сухан гуфтааст.[11] Ҳасан ибни Фазли Табарсӣ, чунонки аз фарзандаш Алӣ нақл шуда, навиштани китоб «Ҷомеъун ли соир-ил-ақвол ва ҳовиюн ли маҳосин-ил-афъол »ро пас аз истиқболи мардум аз “Макорим-ул-ахлоқ” оғоз кард, вале ҳануз онро тамом накарда буд ки аз дунё рафт.[12]

Табарсӣ аз падараш ривоёте нақл карда ва Муҳаззабуддин Ҳусайн ибни Абулфараҷ, аз ӯ ривоят кардааст.[13]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Табарсӣ, Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1377ҳ.ш., ҷ.1, муқаддамаи Гурҷӣ, саҳ.2
  2. Субҳонӣ, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.77; Ҳусайнии Ҷалолӣ, Феҳрас-ут-турос, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.566
  3. Табарсӣ, Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1377ҳ.ш., ҷ.1, муқаддамаи Гурҷӣ, саҳ.9
  4. Табарсӣ, Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1377ҳ.ш., ҷ.1, муқаддамаи Гурҷӣ, саҳ.2
  5. Табарсӣ, Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.2
  6. Табарсӣ, Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1377ҳ.ш., ҷ.1, муқаддамаи Гурҷӣ, саҳ.2; Амин, Аъён-уш-шиа, 1406ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.29
  7. Мударриси Табрезӣ, Райҳонат-ул-адаб, 1369ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.33 - 32
  8. Амин, Аъён-уш-шиа, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.158
  9. Ҳурри Омилӣ, Амал-ул-омол, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.75
  10. Амин, Аъён-уш-шиа, 1406ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.225 - 226; Субҳонӣ, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.77
  11. Табарсӣ, Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1377ҳ.ш., ҷ.1, муқаддамаи Гурҷӣ, саҳ.9
  12. Табарсӣ, Мишкот-ул-анвор, 1385ҳ.қ., саҳ.1
  13. Ҳурри Омилӣ, Амал-ул-омол, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.93; Субҳонӣ, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, 1418ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.76

Сарчашма

  • Амин, Сайиди Муҳсин, Аъён-уш-шиа,, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1406ҳ.қ.
  • Ҳури Омилӣ, Муҳамад ибни Ҳасан, Амал-ул-омол, Бағдод, Мактабат-ул-Андалус, 1385ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Феҳрас-ут-турос, Қум, интишороти Далели мо, 1422ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Мавсуату табақот-ил-фуқаҳо, Қум, Муассисаи Имом Содиқ, 1418ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Тафсири ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, тасҳеҳи Абулқосими Гурҷӣ, Қум ва Теҳрон, Маркази мудирияти ҳавзаи илмияи Қум ва интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1377ҳ.ш.
  • Мударриси Табрезӣ, Муҳаммадалӣ, Райҳонат-ул-адаб, Теҳрон, Китобфурӯшии Хайём, 1369ҳ.ш.