Сидонати Каъба

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Пардадории Каъба)
Қуфл ва калиди Каъба

Сидонати Каъба ба маънои хидмат ва идора кардани корҳои Каъба аст, ки мавридҳое, монанди калиддорӣ (нигоҳ доштани калид), кушодан ва бастани дари Каъба, истиқбол аз ҳоҷиёну зоирон, тоза кардан ва иваз кардани пардаҳои Каъбаро дарбар мегирад.

Калиддории Каъба пеш аз Ислом, дар ихтиёри Банӣ Шайба буд. Пайғамбари Ислом баъд аз Фатҳи Макка калиди Каъбаро дар ихтиёри Усмон ибни Талҳа - калиддори вақт боқӣ гузошт ва ба дастури Пайғамбар, ин масъулият дар дасти ин хонадон боқӣ монд.

Бар асоси манобеъ, Аббос - амаки Пайғамбар, худро ба хотири масъулияти сиқоятул-ҳоҷҷ бартар аз дигарон донист. Шайба ки сидонати Каъбаро бар уҳда дошт низ худро бартар хонд. Аммо Имом Алӣ (а) худро ба хотири имон овардан пеш аз дигарон ва сипас ҳиҷрату ҷиҳод, бартар аз онон донист.

Ба гуфтаи пажӯҳишгарони исломӣ, пас аз ин моҷаро, ояти 19-и сураи Тавба нозил шуд ва имону ҷиҳод дар роҳи Худоро бартар аз масъулиятҳои марбут ба Каъба донист.

Ба гуфтаи Табарӣ - муфассири аҳли суннат, Худованд дар Қуръон, касонеро ки ба сиқояти ҳоҷиён ва сидонати Каъба фахр мефурухтанд, сарзаниш карда, имон ва ҷиҳодро бартар аз масъулиятҳои Каъба донистааст.

Муаррифӣ

Сидонати Каъбаро ба маънои хидмат ба Каъба[1] ва тавлияти умури он, аз ҷумла: бозу баста кардани дари Каъба,[2] истиқбол аз зоирон, шустан, тамиз кардан, пӯшондан ва иваз кардани пардаи Каъба донистаанд.[3] Калиддории Каъба низ бар уҳдаи касоне аст, ки масъулияти сидонати Каъбаро бар уҳда доранд.[4] Пешинаи масъулияти сидонат ва тавлияти Каъбаро аз қадим донистаанд ва ҳатто бархе онро ба даврони ҳазрати Исмоил баргашт додаанд.[5] Баъд аз Фатҳи Макка, ҳазрати Муҳаммад (с) фақат ду масъулиятро таъид кард ва онҳоро боқӣ гузошт; 1- сидонати Каъба, 2- сиқояти ҳоҷиён.[6]

Калиддории Каъба масъулияте дар хонадони Банӣ Шайба

Қуфл ва калиди Каъба

Калиддории Каъба пеш аз Ислом, дар дасти Банӣ Шайба буд.[7] Пайғамбари Ислом баъд аз Фатҳи Макка калиди Каъбаро аз Усмон ибни Талҳа - калиддори вақти Каъба гирифт ва вориди Каъба шуд. Сипас калидро ба ӯ бозгардонда гуфт, калиди Каъба дар дасти ин хонадон боқӣ бимонад ва ғайр аз золимон, ҳеҷ калидро аз инҳо намегирад.[8] Ба ҳамин хотир масъулияти баъд аз он ва калиддории Каъба дар дасти касоне аз ин хонадон будааст.[9]

Дар бархе нақлҳо омадааст, ки Пайғамбар баъд аз онки калидро аз Усмон ибни Талҳа гирифт, хост онро ба амакаш - Аббос диҳад, ки ояти «Худо ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибонашон баргардонед[10]» нозил шуд ва Пайғамбар калидро ба Усмон ибни Талҳа баргардонд.[11]

Дар соли 1392ҳ.ш., афроде аз Банӣ Шайба, ба ҳукумати Саудӣ эътироз карда, эълон доштанд, аз бисёре аз мазиятҳое ки дар тӯли таърих ба хотири пардадории Каъба барои ин хонадон будааст, маҳрум гаштаанд.[12]

Имон ва ҷиҳод бартар аз масъулиятҳои Каъба

Ба гуфтаи Табарӣ - муфассири аҳли суннат, Худованд дар Қуръон, афроде ки ба сиқояти ҳоҷиён ва сидонати Каъба фахр мефурухтандро тавбих карда, имону ҷиҳодро бартар аз масъулиятҳои Каъба донистааст.[13]

Бино бар нақли манобеъ, рӯзе Аббос - амаки Пайғамбар, худро ба хотири масъулияти сиқоятул-ҳоҷҷ бартар аз дигарон донист. Шайба ки ҳиҷобати Каъба (сидонати Каъба[14])-ро бар уҳда дошт, худро бартар донист. Ҳамза худро ба хотири масъулияти иморати Каъба бартар донист ва Алӣ (а) низ худро ба хотири имон овардан пеш аз дигарон ва сипас ҳиҷрату ҷиҳод, бартар аз онон донист. Ояти Сиқоятул-ҳоҷҷ «оё сероб кардани ҳоҷиён ва обод сохтани Масҷидулҳаромро, ҳамонанди (амали) касе қарор додед, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда, ва дар роҳи Ӯ ҷиҳод кардааст?! (ин ду,) назди Худо баробар нестанд! Ва Худованд гуруҳи золимонро ҳидоят намекунад!»[15] нозил шуд[16] ва имону ҷиҳод дар роҳи Худоро бартар аз масъулиятҳои роҷеъ ба Каъба донист.[17]

Дар бархе нақлҳо Алӣ (а), Ҳамза ва Ҷаъфар - бародари Имом Алӣ (а) аз касоне дониста шудаанд, ки имон ва ҷиҳодашонро бартар аз масъулиятҳои марбут бо Каъба донистаанд.[18]

Эзоҳ

  1. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.207.
  2. Воситии Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арус, 1414ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.276.
  3. Шувобака, “Мо ҳия сидонат-ул-Каъба”, сайти Мавзуъ.
  4. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.298.
  5. Шувобака, “Мо ҳия сидонат-ул-Каъба”, сайти Мавзуъ.
  6. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, ҷ.2, саҳ.412.
  7. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.383.
  8. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.394.
  9. Шувобака, “Мо ҳия сидонат-ул-Каъба”, сайти Мавзуъ.
  10. Сураи Нисо, ояти 58.
  11. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.3, саҳ.97.
  12. Эътирози қабилаи пардадори Каъба ба зулми режими Оли Сауд, хабаргузории байналмилалии Қуръон.
  13. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.67.
  14. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.580.
  15. Сураи Тавба, ояти 19.
  16. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.284.
  17. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.323.
  18. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.204.

Сарчашма

  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Бунёди беъсат, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Воситии Зубайдӣ, Сайид Муҳаммад Муртазо, Тоҷ-ул-арус мин ҷавоҳир-ил-қомус, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алии Ширӣ, Бейрут, Дорул-фикр, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Дорул-фикр, Бейрут, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Мирдомодӣ, Ҷамолиддин, Дорул-фикр лил-табоъати вал-нашри вал-тавзиъ, Бейрут, Дорусодир, чопи сеюм, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқ: Мустафо ал-Саққо, Иброҳим ал-Абёрӣ, Абдулҳафизи Шилбӣ, Бейрут, Дорул-маърифат, чопи аввал, бе то.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбар Ғаффорӣ, Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Сайид Тайиб, Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Мақризӣ, Тақиюддин, Имтоъ-ул-асмоъ, таҳқиқ: Муҳаммад Абдулҳамид Намисӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-маърифат, 1412ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, бо муқаддимаи: Шайх Оқобузурги Теҳронӣ, таҳқиқ: Аҳмад Қусайр Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Шувобака, Мурод, “Мо ҳия сидонат-ул-Каъба”, сайти Мавзуъ, таърихи дарҷи матлаб: 17 ноябри 2019м., таърихи боздид: 7 хурдоди 1401ҳ.ш.
  • "Эътирози қабилаи пардадори Каъба ба зулми режими Оли Сауд", хабаргузории байналмилалии Қуръон, таърихи дарҷи матлаб: 29 обони 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 7 хурдоди 1401ҳ.ш.