Дустур-ул-Мадина

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Паймони Мадина)

Дустур-ул-Мадина (арабӣ:دُستورُ المَدینة) ё Саҳифатун-Набӣ (арабӣ:صحیفة النبی) ё Паймони Мадина, аҳдномае аст дар бораи равобити мусалмонон ва яҳудиён, ки дар аввалин соли вуруди Паёмбар (с) ба Мадина баста шуд.

Тибқи Паймони Мадина, Пайғамбар (с) марҷаъи эъломи ҷангу сулҳ ва ягона марҷаъи ҳалли ихтилофот дар Мадина мебошад. Нақши паймони номбурда дар муттаҳидсозии мусалмонон бар зидди душманонашон мавриди таъкид қарор гирифтааст.

Матни Паймони Мадина, аввалин бор дар китоби Сираи Ибни Ҳишом, ба ривоят аз Ибни Исҳоқ нақл шудааст. Вақти дақиқи таҳияи Паймони Мадина маълум нест, аммо аксари манобеъи таърихӣ замони навиштани паймонро моҳи панҷум ё ҳаштум; яъне дар соли аввали ҳиҷрати Пайғамбар (с) ба Мадина медонанд. Бархе муҳаққиқон, аз тадвини Дустур-ул-Мадина пас аз ҷанги Бадр; яъне дар соли дувуми ҳиҷрат сухан гуфтаанд.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Дустурул-Мадина[1] ки бо номҳои дигаре, аз ҷумла: Саҳифатун-набӣ,[2] Саҳифатул-Мадина,[3] Паймони Мадина,[4] ё қонуни асосии Мадина[5] низ шинохта мешавад, аз муҳимтарин иқдомоти Пайғамбар (с) дониста шудааст,[6] ки аз як сӯ муносиботи мусулмонон бо ғайримусулмонони Мадинаро танзим мекард ва аз сӯи дигар, қавоиди асосӣ барои муносиботи миёни мусулмонҳо вазъ кардааст;[7] аз ин рӯ, паймонномаи Мадина, дастуруламал барои табйини усули муносиботи дарунӣ ва берунӣ дар давлати навпои исломӣ дониста мешавад.[8] Ин паймон ҳамчунин ба манзалаи яке аз пешрафтатарин шеваҳои ҳалли ихтилоф бо баҳрагирӣ аз таълимоти исломӣ дониста шудааст, ки мунҷар ба сулҳи мондагор дар ҷомеъа шудааст.[9]

Бархе пажуҳишгарон ва таърихнигорони муосир, Дастурул-Мадинаро санаде бисёр муҳим ва содиршуда аз ҷониби Пайғамбар (с) дониста[10] ва муътақиданд, метавонад манбаъе барои шинохти муносиботи ҷомеъа дар оғози таърихи Ислом дар Мадина бошад.[11] Бар асоси паймони Мадина, Пайғамбар, марҷаъи эъломи ҷанг ё сулҳ, ва ҳамчунин танҳо марҷаъи ҳаллу фасли ихтилофот дар Мадина аст.[12] Ин паймон ҳамчунин илова бар муттаҳид кардани мусулмонон, монеъи ҳамкории яҳудиён бо Қурайш ва дигар душманони Ислом шуд.[13]

Муҳтаво

Бархе аз мавориди Дустурул-Мадина ки бахше аз он дар бораи равобити мусулмонон бо якдигар ва бахшеи дигар дар бораи равобити мусулмонон ва яҳудиён аст[14], иборат аст аз:

  1. Ин, навишта ва паймонномае аст аз Муҳаммади Пайғамбар, то дар миёни муъминон ва мусулмонони қабилаи Қурайш ва [мардуми] Ясриб ва касоне ки пайрави мусулмонон шаванд ва ба онон бипайванданд ва бо эшон дар роҳи Худо ҷиҳод кунанд [ба иҷро дарояд].[15]
  2. Онон дар баробари дигар мардум, як умматанд.[16]
  3. Муҳоҷирони Қурайш ҳамонанди пеш аз Ислом, хунбаҳо мепардозанд ва бо риояти некӣ ва додгарӣ дар миёни муъминон, асири худро раҳо месозанд. Қабилаи Банӣ Авф, Банӣ Ҳорис, Банӣ Соида, Банӣ Ҷашм, Банӣ Наҷҷор, Банӣ Умар ибни Авф, Банӣ Набайт, ва Банӣ Авс, ҳамчун гузашта хунбаҳо мепардозанд ва ҳар гуруҳе ба шеваи муъминон, бо некию додгарӣ, асири худро озод месозад.[17]
  4. Пайравони Ислом набояд мусулмонеро дар пардохти хунбаҳо ё фидяи сангин танҳо гузоранд.[18]
  5. Ҳамаи муъминони парҳезгор бояд дар баробари ҳар мусулмоне, ки ситам кунад, ё аз роҳи ситамгарӣ чизе аз эшон бихоҳад ва ё оҳанги душманию табоҳии миёни муъминонро дар сар бипарваронад, ҳамдостон ба ситез бархезанд, ҳарчанд вай фарзанди яке аз эшон бошад.[19]
  6. Паноҳи Худо барои ҳамагон яксон аст ва фурудасттарин мусулмонон, кофиронро паноҳ тавонад дод, аммо ҳеҷкас набояд ба Қурайш ва ёрони эшон паноҳ диҳад. Муъминон дар баробари дигарон ёвари якдигаранд.[20]
  7. Ҳаргоҳ аз рӯи далел собит гардад, ки касе муъминеро бегуноҳ куштааст, бояд ӯро ба қисос кушт, магар онки соҳиби хун ба ситондани хунбаҳо розӣ шавад; ва ҳамаи муъминон бояд зидди қотил бошанд ва бояд алайҳи ӯ ба по хезанд.[21]
  8. То онгоҳ, ки муъминон бо душман дар пайкоранд, яҳуд низ бояд дар пардохти ҳазинаи ҷанг бо муъминон ҳамроҳ бошанд.[22]
  9. Яҳуди Банӣ Авф, худ ва бастагонашон уммате ҳамроҳ бо мусулмонон ҳастанд; дини яҳуд аз они эшон ва дини мусулмонон аз он мусулмонон аст; магар касе ки бо паймоншиканӣ ситам кунад ва роҳи гуноҳ дар пеш гирад, ки чунин касе ҷуз худ ва хонаводаашро табоҳ нахоҳад сохт.[23] Яҳуди Банӣ Наҷҷор, Банӣ Ҳорис, Банӣ Соида, Банӣ Ҷашм, Банӣ Авс, Банӣ Саълаба, ва Банӣ Шатиба, ҳамсон бо қабилаи Банӣ Авфанд. Равшан аст, ки ростӣ ва устуворӣ бар паймон, бо паймоншиканӣ яксон нест. Ҳеҷ як аз онон ҷуз ба иҷозати Муҳаммад (с), набояд берун равад.[24]
  10. Дар пайкор бо душманон, ҳазинаи яҳуд бар уҳдаи худи онон ва ҳазинаи мусулмонон бар уҳдаи худи эшон хоҳад буд; ва бар ҳар ду гуруҳ аст, ки дар баробари касе ки бо ширкаткунандагон дар ин паймоннома ба ситез бархезад, бо ҳамёрии якдигар пайкор кунанд. Низ бояд ростӣ, некхоҳӣ ва некӣ, бе ҳеҷ паймоншикание миёни эшон устувор бошад.[25]
  11. Пайдост ки ин навишта, ситамгар ё паймоншиканеро аз кайфар боз нахоҳад дошт. Низ равшан аст, ки ҳар кас аз Мадина берун равад ва ҳар кас дар Мадина бимонад дар амон хоҳад буд, магар касе ки ситам кунад ва паймон шиканд. Худо ва Пайғамбар Муҳаммад (с) паноҳгоҳи парҳезгорон ва устуворони бар паймонанд.[26]

Санад ва манобеъ

Матни комили Дустурул-Мадинаро нахустин бор Ибни Ҳишом[27] ба ривоят аз Ибни Исҳоқ (ваф.151ҳ.қ.), бо ҳазфи санад нақл карда ва сипас касоне ҳамчун Суҳайлӣ,[28] Ибни Сайидуннос[29] ва Ибни Касир[30] онро нақл кардаанд.

Абуубайд ва Ибни Занҷуяҳ низ матни комили паймони Мадинаро ба ҳамроҳи санади он, ба нақл аз Ибни Шаҳоби Зуҳрӣ (ваф.124ҳ.қ.) нақл кардаанд.[31]

Эҳтимоли сохтагӣ будани матни Дустурул-Мадина рад шудааст; чароки аз назари сабк, бисёр шабеҳ ба номаҳо ва паёмҳои дигари Пайғамбар (с) арзёбӣ шудааст.[32]

Таърихи нигориш

Дар бораи таърихи нигориши Дустурул-Мадина, назароти гуногуне вуҷуд дорад; дар бисёре аз манобеъ, оғози вуруди Пайғамбар ба Мадина, замони нигориши он дониста шудааст, Диёрбакрӣ, дар китоби Таърих-ул-хамис, таърихи навишта шудани аҳдномаи Пайғамбар бо яҳудиёни Мадинаро моҳи панҷуми ҳиҷрат навиштааст.[33] Ибни Ҳишом, Дустурул-Мадинаро пеш аз ақди ухуввати байни муҳоҷирону ансор зикр кардааст;[34] бинобар ин, аз онҷо ки ақди ухувват, дар моҳи панҷум[35] ё ҳаштуми ҳиҷрати анҷом шудааст,[36] метавон таърихи тақрибии Паймони Мадинаро ба даст овард.

Бинобар бисёре аз манобеи таърихӣ, аз ҷумла: Таърихи Табарӣ, ал-Мағозӣ ва Ансоб-ул-ашроф, Пайғамбари Акрам дар оғози вуруд ба Мадина қарори сулҳе бо яҳуд навишт ва бо онон аҳднома баст.[37] Балозурӣ ин амрро пеш аз нузули фармони Илоҳӣ мабнӣ бар ҷиҳод ва қабл аз иқдоми Пайғамбар ба ҳаргуна ҷанг донистааст.[38]

Бо ин ҳол, бархе аз муҳаққиқони муосир, Дустурул-Мадинаро марбут ба пас аз ҷанги Бадр донистаанд, ки Пайғамбару ёронаш ба воситаи пирӯзӣ дар ҷанги мазкур, пойгоҳе бартар дар Мадина доштаанд. Муҳаққиқони мазкур ҳамчунин судури Дустурул-Мадина дар чунин замонеро бо ҳадафи муқобила бо талошҳои рӯзафзуни яҳудиён алайҳи мусулмонон дар Мадина қаламдод кардаанд.[39]

Эзоҳ

  1. Солеҳ, “Диросот: ас-Саҳифа ав Дустур-ул-Мадина”; “Нусус сиёсия: ас-Саҳифа ав Дустур-ул-Мадина”.
  2. Шокир, “Саҳифат-ун-набӣ; намоди қонунгароӣ дар ҳукумати набавӣ”.
  3. Нидоун ом: юваҷҷиҳуҳ мактаб-уд-диъоя лил-ҳаҷҷ (ан Саҳифат-ил-Мадинатил-ғарроъ)»; ад-Дағмӣ, “ал-Аҳком-ул-фиқҳийят-ил-мутаъаллиқа би-д-даавлати ва-л-мувотина мин хилоли Саҳифат-ил-Мадинат-ил-мунаввара”.
  4. Поянда, “Паймони Мадина”; Бахтиёрӣ, “Паймонномаи Мадина, намунаи таърихӣ дар заминаи ҳалли ихтилоф”.
  5. Шокир, “Саҳифат-ун-набӣ; намоди қонунгароӣ дар ҳукумати набавӣ”; Восеъӣ, “Пешрафти маданӣ дар ҷомеъаи аҳди набавӣ”.
  6. Аҳмадии Миёнаҷӣ, Макотиб-ур-Расул, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.52.
  7. Бахтиёрӣ, “Паймонномаи Мадина, намунае таърихӣ дар заминаи ҳалли ихтилоф”, саҳ.55.
  8. Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набӣ, ҷ.5, саҳ.127 , 136.
  9. Бахтиёрӣ, “Паймонномаи Мадина, намунае таърихӣ дар заминаи ҳалли ихтилоф”, саҳ.55 - 56.
  10. Ал-Ҳасанӣ, Сират-ул-Мустафо, 1975м., саҳ.280.
  11. Алӣ, Давлат-ур-Расул (с) фи-л-Мадина, 2001м., саҳ.109; Маллоҳ, Ҳукумат-ур-Расул (с), 1423ҳ.қ., саҳ.57.
  12. Ибни Ҳамид, Мавсуъату назрат-ин-наъим, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.272.
  13. Аҳмадии Миёнаҷӣ, Макотиб-ур-Расул, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.53.
  14. Аҳмадии Миёнаҷӣ, Макотиб-ур-Расул, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.9; ҳамчунин ниг.: Ҳамидуллоҳ, Номаҳо ва паймонҳои сиёсии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.106 - 111.
  15. Ҳамидуллоҳ, Номаҳо ва паймонҳои сиёсии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.106 - 107.
  16. Ҳамидуллоҳ, Номаҳо ва паймонҳои сиёсии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.107.
  17. Ҳамидуллоҳ, Номаҳо ва паймонҳои сиёсии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.107.
  18. Ҳамидуллоҳ, Номаҳо ва паймонҳои сиёсии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.107.
  19. Ҳамидуллоҳ, Номаҳо ва паймонҳои сиёсии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.107.
  20. Ҳамидуллоҳ, Номаҳо ва паймонҳои сиёсии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.109.
  21. Ҳамидуллоҳ, Номаҳо ва паймонҳои сиёсии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.108.
  22. Ҳамидуллоҳ, Номаҳо ва паймонҳои сиёсии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.108.
  23. Ҳамидуллоҳ, Номаҳо ва паймонҳои сиёсии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.108.
  24. Ҳамидуллоҳ, Номаҳо ва паймонҳои сиёсии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.108 - 109.
  25. Ҳамидуллоҳ, Номаҳо ва паймонҳои сиёсии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.108 - 109.
  26. Ҳамидуллоҳ, Номаҳо ва паймонҳои сиёсии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.110.
  27. Баёт, “Васоқати паймонномаи Мадина”, саҳ.88 - 89; ҳамчунин ниг.: Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, ҷ.2, саҳ.147 - 150.
  28. Суҳайлӣ, ар-Равз-ул-унуф, 1387 - 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.240 - 243.
  29. Ибни Сайидуннос, Уюн-ул-асар, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.318 - 320.
  30. Ибни Касир, ас-Сират-ун-набавийя, 1383 - 1386ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.320 - 323.
  31. Абуубайд, Китоб-ул-амвол, 1408ҳ.қ., саҳ.260 - 264; Ибни Занҷуяҳ, Китоб-ул-амвол, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.466 - 470.
  32. Умрӣ, ас-Сират-ун-набавийят-ус-саҳиҳа, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.275; Маъруф ал-Ҳасанӣ, Сират-ул-Мустафо, 1975м., саҳ.280.
  33. Диёрбакрӣ, Таърих-ул-хамис, 1283ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.353.
  34. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, ҷ.2, саҳ.150.
  35. Ибни Қутайбаи Динаварӣ, ал-Маъориф, 1960м., саҳ.152.
  36. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, Қоҳира, ҷ.1, саҳ.49.
  37. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1966м, ҷ.1, саҳ.176; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996 - 2000м., ҷ.1, саҳ.334; Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1413ҳ.қ., саҳ.17; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.479.
  38. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996 - 2000м., ҷ.1, саҳ.334.
  39. Даврӣ, ан-Назм-ул-исломийя, 2008м., саҳ.21 - 22; Алӣ, “Танзимот-ур-Расул-ал-идорийя фи-л-Мадина”, саҳ.53,62.

Сарчашма

  • Абуубайд, Қосим ибни Салом, Китоб-ул-амвол, таҳқиқи Муҳаммад Халил Ҳарос, Бейрут, 1408ҳ.қ./1988м.
  • Ад-Дағмӣ, Муҳаммад Ракон, «ал-Аҳком-ул-фиқҳийят-ил-мутаъаллиқа би-д-давлати ва-л-мувотина мин хилоли Саҳифат-ил-Мадинат-ил-мунаввара», дар маҷаллаи Диросот, № 30, соли 2003м.
  • Алӣ, Солеҳ Аҳмад, “Танзимот-ур-Расул-ал-идорийя фи-л-Мадина”, дар маҷаллаи ал-Маҷмаъул-илми-ил-ароқӣ, ҷ.17, 1388ҳ.қ./1969м.
  • Алӣ, Солеҳ Аҳмад, Давлат-ур-Расул (с) фи-л-Мадина: диросатун фи такаввуниҳо ва танзимиҳо, Бейрут, 2001м.
  • Ал-Ҳасанӣ, Ҳошим Маъруф, Сират-ул-Мустафо, Қум, 1975м.
  • Аҳмадии Миёнаҷӣ, Алӣ, Макотиб-ур-Расул (с): мусаҳҳеҳу ва мунақиҳаҳу Мазида, ҷ.3, Теҳрон, Дорул-ҳадис, 1419ҳ.қ.
  • Баёт, Алӣ, ва Қадрия Тоҷбахш, “Васоқати паймонномаи Мадина”, дар маҷаллаи Пажуҳиши динӣ, № 15, поизи 1386ҳ.ш.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Маҳмуд Фирдавс Азм, Димишқ, 1996 - 2000м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, таҳқиқи Дехуя, Лиден, 1866м., офсети Франкфурт, 1413ҳ.қ./1993м.
  • Бахтиёрӣ, Шаҳло ва Заҳро Назарзода, «Паймонномаи Мадина: намунае таърихӣ дар заминаи ҳалли ихтилоф», дар маҷаллаи Таърихи Ислом, № 49, соли сездаҳум, баҳори 1391ҳ.ш.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқи Морсиден Ҷонс, Лондон, 1966.
  • Восеъӣ, Сайид Алиризо, “Пешрафти маданӣ дар ҷомеъаи аҳди набавӣ”, дар маҷаллаи Пажуҳишномаи таърихи ислом, № 12, зимистони 1392ҳ.ш.
  • Даврӣ, Абдулазиз, ан-Назм-ул-исломийя, Бейрут, 2008м.
  • Диёрбакрӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Таърих-ул-хамис фи аҳволи анфуси нафис, Қоҳира, 1283ҳ.қ./1866м., офсети Бейрут, бе то.
  • Ибни Занҷуяҳ, Ҳамид ибни Мухаллад, Китоб-ул-амвол, таҳқиқи Шокир Зайб Файёз, Риёз, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқи Мустафо Абдулвоҳид, Қоҳира, 1383 - 1386ҳ.қ./1964 - 1966м., чоп офсет, Бейрут, бе то.
  • Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маъориф, таҳқиқи Сарват Аккоша, Қоҳира, 1960м.
  • Ибни Сайидуннос, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Уюн-ул-асар фи фунун-ил-мағозӣ ва-ш-шамоили ва-с-сияр, таҳқиқи Муҳаммад Ид Хатровӣ ва Муҳйиддин Масту, Мадина, 1413ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Ҳамид, Солеҳ ибни Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Малуҳ, Мавсуъату назрат-ин-наъим фи макорими ахлоқ-ир-Расул-ил-Карим, Ҷадда, Дорул-васила, 1426ҳ.қ./2006м.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя ли Ибни Ҳишом, таҳқиқи Мустафо Саққо ва Иброҳим Абёрӣ ва Абдулҳафизи Шаблӣ, ҷ.2, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, ҷ.1, таҳқиқи Маҳмуд Муҳаммад Шокир, Қоҳира, Луҷнатут-таълифи ват-тарҷимати ван-нашр, бе то.
  • Маллоҳ, Ҳошим Яҳё, Ҳукумат-ур-Расул (с), Бағдод, 1423ҳ.қ./2002м.
  • "Нидоун ом: юваҷҷиҳуҳ мактаб-уд-диъоя лил-ҳаҷҷ (ан Саҳифат-ил-Мадинатил-ғарроъ)”, дар маҷаллаи ал-Басоир, № 21, 144, шавволи 1357ҳ.қ.
  • "Нусус сиёсия: ас-Саҳифа ав Дустур-ул-Мадина”, дар маҷаллаи Қазоё исломийя муосира, № 2, 1418ҳ.қ.
  • Омилӣ, Ҷаъфар Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Наби-ил-Аъзам (с), Қум, 1385ҳ.ш.
  • Поянда, Абулқосим, «Паймони Мадина», дар маҷаллаи Маорифи исломӣ, № 29, шаҳривари 1357ҳ.ш.
  • Солеҳ, Алӣ, «Диросот: ас-Саҳифату ав Дустурул-Мадина: ат-Тасис ли-л-алоқа маъа-л-охар», дар маҷаллаи Минҳоҷ, № 53, баҳори 1430ҳ.ш.
  • Суҳайлӣ, Абдураҳмон ибни Абдуллоҳ, ар-Равз-ул-унуф фи шарҳ-ис-сират-ин-набавийя ли Ибни Ҳишом, таҳқиқи Абдураҳмон Вакил, Қоҳира, 1387 - 1390ҳ.қ./1967 - 1970м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, 1967м./1387ҳ.қ.
  • Умрӣ, Акрам, ас-Сират-ун-набавийят-ус-саҳиҳа, Давҳа, 1411ҳ.қ./1991м.
  • Ҳамидуллоҳ, Муҳаммад, Маҷмуъат-ул-васоиқис-сиёсия ли-л-аҳдин-набавийя вал-хилофатир-рошида, Бейрути 1407ҳ.қ./1987м.
  • Шокир, Муҳаммадкозим ва Муҳаммадҳусайни Лутфӣ, «Саҳифат-ун-Набӣ (с); намоди қонунгароӣ дар ҳукумати набавӣ», дар маҷаллаи Китоби қайим, № 1, баҳори 1390ҳ.ш.