Ояти Набаъ
Ояти Набаъ (арабӣ: آیه نَبَأ) шашумин ояти сураи Ҳуҷурот аст, ки дар усули фиқҳ ҳамчун далеле бар ҳуҷҷияти хабари воҳид баррасӣ мешавад.
Аксари муфассирон шаъни нузули ин оятро дар бораи хабари Валид ибни Уқба роҷеъ ба худдорӣ ва сарпечии қабилаи Банӣ Мусталақ аз додани закот донистаанд. Баъд аз овоза шудани ин хабар, ояти Набаъ нозил шуд ва мусулмонон хабари Валидро таҳқиқ карда, нодурустии онро фаҳмиданд.
Дар усули фиқҳ, дар баррасии ҳуҷҷияти хабари воҳид аз ояти Набаъ ҳам баҳс мешавад.
Матн ва тарҷумаи оят
“ | Эй касоне ки имон овардаед, агар фосиқе бароятон хабаре оварад, хуб баррасӣ кунед, мабодо ба нодонӣ гурӯҳеро осеб бирасонед ва [баъд,] аз он чи кардаед, пушаймон шавед![1] |
” |
Шаъни нузул
Муфассирон ду шаъни нузул барои ин оят зикр кардаанд: бештарашон навиштаанд, оят дар хусуси Валид ибни Уқба нозил шудааст, ки Пайғамбари Ислом (с) ӯро барои ҷамъоварии закот, ба назди қабилаи Банӣ Мусталақ фиристода буд.[2]
Ба гуфтаи Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ дар Маҷмаъ-ул-баён, ҳангоме ки қабилаи Банӣ Мусталақ бохабар шуданд, ки намояндаи Пайғамбар (с) ба тарафи онон меояд, ба истиқболи ӯ омаданд, аммо Валид ба хотири душмание, ки дар ҷоҳилият бо онон дошт, тасаввур кард онҳо ба қасди куштанаш омадаанд. Аз ин рӯ, назди Пайғамбар (с) баргашту гуфт, онҳо аз закот додан худдорӣ кардаанд. Пайғамбар (с) тасмим гирифт бо онҳо биҷангад, ки ин оят нозил шуд ва ба мусулмонон фармон дод, ҳар гоҳ фосиқе, хабаре оварад, дар борааш таҳқиқ кунанд.[3]
Бархе низ гуфтаанд, оят дар бораи моҷарои тӯҳмат ба Мория ҳамсари Пайғамбар (с) нозил шудааст. Дар ин достон, Имом Алӣ (а) ки маъмури муҷозоти хатокор буд, аз Пайғамбар (с) пурсид, ки оё метавонад дар сурате ки дидагиҳояш бархилофи гуфтаҳои дигарон буд, ба овозаҳо бовар накунад. Пайғамбар (с) ҳам ба ӯ чунин иҷозате дод. Дар поён маълум шуд, ки гуноҳе анҷом нашудааст ва овозаҳо дурӯғ будааст.[4]
Ояти Набаъ ва ҳуҷҷияти хабари воҳид
Дар усули фиқҳ аз ояти Набаъ, барои исботи ҳуҷҷияти хабари воҳид баҳс шудааст. Албатта, усулиҳо дар исботи ҳуҷҷияти хабари воҳид аз тариқи ин оят, иттифоқи назар надоранд. Аз ҷумла, Муҳаммадҳусайни Ноинӣ истинод ба онро барои исботи ҳуҷҷияти хабари воҳид, саҳеҳ донистааст,[5] аммо Шайх Ансорӣ бар ин бовар аст, ки оят, бар ҳуҷҷияти хабари воҳид далолат надорад.[6]
Эзоҳ
Сарчашма
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Ноинӣ, Муҳаммадҳусайн, Фавоид-ул-усул, Қум, ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Фароид-ул-усул, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, чопи панҷум, 1416ҳ.қ.