Ояти 62 сураи Намл

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояти 62 Намл)
Ояти 62 сураи Намл

Ояти 62-и сураи Намл, Худовандро марҷаъи истиҷобати дуо ва рафъи гирифториҳои инсони «музтарр» муаррифӣ мекунад ва аз хилофат дар замин сухан мегӯяд.

Дар фарҳанги умумӣ, аз бахши аввали ин оят, ки бо номи «ояти амман юҷиб» шинохта мешавад, бо унвони «дуо» ёд мешавад ва ба хондани он ҳангоми гирифторӣ тавсия шудааст.

Бархе олимони шиа, бо истинод ба ривоёте аз Аҳли Байт, шаъни нузули оятро Имом Маҳдӣ (аҷ) дониста мегӯянд, дар ривоёт, ӯ музтарри воқеӣ дониста шудааст, ки Худованд дуояшро мустаҷоб мекунад ва ӯро дар замин халифа қарор медиҳад. Аллома Таботабоӣ - муфассири шиа, ин шаъни нузулро аз боби мисдоқ дониста ва гуфтааст, вожаи «музтарр»-и мавҷуд дар оят ҳамаи дармондагонро шомил мешавад.

Дар бораи иборати «хулафоал-арз» (ҷонишинони замин) ҳам баҳс байни муфассирон бисёр аст. Бештари муфассирони шиа ва суннӣ мурод аз ин иборатро он медонанд, ки Худованд дар ҳар асре, гуруҳе аз мардумро ҷонишини гуруҳи дигаре дар замин мекунад, аммо касоне низ бар ин боваранд, ки манзур, хилофати ҳамаи инсонҳо дар замин аст; яъне инки Худо ба инсон қудрати тасарруф дар замин ва ҳарчӣ рӯи он астро додааст.

Ҷойгоҳи оят дар фарҳанги умумӣ

Ҳамчунин бибинед: Ояти амман юҷиб

Ояти 62-и сураи Намл бо иборати «амман юҷибул-музтарра изо даоҳу ва якшифус-суъа/اَمَّن یُّجیبُ المُضطَرَّ اِذا دَعاهُ وَ یَکشِفُ السُّوءَ; ё [кист] онки дармондаро ҳангоме ки ӯро мехонд, иҷобат мекунад ва гирифториро бартараф мегардонад?» оғоз мешавад. Дар забони умуми мардум, аз ин иборат ба дуо таъбир мешавад ва маросиме бо унвони «хатми амман юҷиб» марсум аст.[1] Албатта худи оят дар сиёқи дуоӣ нест ва ҳангоми дуо ва истифода аз он, ба сурати «ё ман юҷибул-музтарра изо даоҳу/ یا مَنْ یجیبُ الْمُضْطَرَّ إِذا دَعاهُ»[2] ё «ё ман юҷибу дуъоал-музтарр/ يَا مَنْ يُجِيبُ دُعَاءَ الْمُضْطَرِّ» тавсия шудааст.[3]

Мирзоҷавод Малакии Табрезӣ, барои шахсе ки моҳи Рамазонро бидуни тағйире дар ҳолоташ гузарондааст, тавсия кардааст, ки барои рафъи сахтиҳо ва ислоҳи худ, аз Худованд кумак талаб кунад ва бо забони ҳол, ояти амман юҷибро бихонад.[4]

Матн ва тарҷума

Дар ояти 62-и сураи Намл, сеюмин савол аз саволҳои панҷгонаи Худованд аз мушрикон матраҳ мешавад, ки дар ин оят ва оёти қаблу баъди он омадааст. Худо дар ин оят аз мушрикон мепурсад, оё касе ки дуои дармондаро истиҷобат мекунад беҳтар аст, ё худоёни шумо, ки коре анҷом намедиҳанд?[5]

اَمَّن یُّجیبُ المُضطَرَّ اِذا دَعاهُ وَ یَکشِفُ السُّوءَ وَ یَجعَلُکُم خُلَفاءَ الاَرضِ ءَاِلهٌ مَّعَ اللهِ قَلیلاً مَا تَذَکَّرُونَ

Ё [кист] он кас ки дармондаро чун ӯро бихонад, иҷобат мекунад ва гирифториро бартараф мегардонад ва шуморо ҷонишинони ин замин қарор медиҳад? Оё маъбуде бо Худост? чӣ кам панд мепазиред!.

Шаъни нузул

Олимони шиа, аз ҷумлаи Шарафиддини Астарободӣ[6] (ваф.965ҳ.қ.), Шарифи Лоҳиҷӣ[7] ва Нуъмонӣ[8] (ваф.360ҳ.қ.) бо истинод ба ривоёте аз Аҳли Байт, шаъни нузули ояти 62-и сураи Намлро Имом Маҳдӣ медонанд. Дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а) ки дар китоби Тафсири Қумӣ омадааст, ояти 62-и сураи Намл дар шаъни Қоими Оли Муҳаммад (с) нозил шуда ва ӯ музтарри воқеӣ аст, ки баъд аз намоз дар мақоми Иброҳим ва дуо, Худованд низ дуои ӯро мустаҷоб ва пас аз «кашфи сӯъ» (рафъи гирифторӣ), ӯро дар замин халифа қарор медиҳад.[9]

Нуъмонӣ ҳам дар ал-Ғайба, дар тафсири ояти амман юҷиб, ба ривояти Муҳаммад ибни Муслим аз Имом Боқир (а) ҳадисе овардааст, ки мегӯяд, ояти 62-и сураи Намл, дар бораи Имом Маҳдӣ (аҷ) нозил шудааст, ки баъд аз зуҳур дар Каъба, Ҷабраил ва 313 нафар аз ёронаш бо ӯ байъат хоҳанд кард.[10]

Аллома Таботабоӣ (ваф.1360ҳ.ш.) ва Макорими Шерозӣ навиштаанд, зикри шаъни нузул дар ин ривоётро аз боби баён яке аз мисдоқҳост ва оят ҳамаи афроди музтарро шомил мешавад.[11] Алӣ ибни Иброҳим низ баёни мисдоқ дар ривоётро таъвили оят, яъне ботини Қуръон донистааст.[12]

Иртиботи изтирор ва истиҷобати дуо

Ҳамчунин бибинед: Ояти амман юҷиб

Муфассирон дар хусуси иборати «اَمَّن یُّجیبُ المُضطَرَّ اِذا دَعاهُ وَ یَکشِفُ السُّوءَ; ё [кист] он кас ки дармондаро ҳангоме ки Ӯро мехонад, иҷобат мекунад ва гирифториро бартараф мегардонад?» аз иллати иртиботи изтирор ва истиҷобати дуо сухан гуфтаанд. Музтарр, аз назари муфассирон, шахсе аст, ки ба сабаби шиддати чизе ба Худо паноҳ оварда ва аз ғайри Ӯ қатъи умед кардааст.[13]

Ба гуфтаи муфассироне чун Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ (ваф. 548ҳ.қ.), Фатҳуллоҳи Кошонӣ (ваф. 988ҳ.қ.) ва Макорими Шерозӣ, Худованд дуои ҳамаро мустаҷоб мекунад, аммо ба иллати инки хости инсони музтарр қавитару хозеъонатар аст, изтирори шарти истиҷобати дуо қарор дода шудааст.[14] Муҳаммад Сабзаворӣ (ваф.1368ҳ.ш.) ва Аллома Таботабоӣ низ изтирор дар оятро нишонаи хости ҳақиқӣ зикр кардаанд.[15]

Бардоштҳо дар бораи ҷонишинони замин

Муфассирон дар бораи инки манзур аз иборати «خُلَفاءَ الاَرض» (ҷонишиниёни замин) чист, дидгоҳҳои мутафовите баён кардаанд. Бисёре аз муфассирони шиа ва суннӣ гуфтаанд, мурод ин аст, ки Худованд дар ҳар даврае, гуруҳе аз мардумони заминро ҷонишини гуруҳ қабл аз онҳо мекунад, то дар замин сукунат кунанд ва идораи онро ба уҳда бигиранд. Шайхи Тусӣ,[16] Табарсӣ,[17] Абулфутуҳи Розӣ,[18] Файзи Кошонӣ,[19] Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ,[20] Ибни Касир,[21] Саълабӣ,[22] Замахшарӣ,[23] ва Фахри Розӣ[24] аз ин гуруҳанд.

Дар муқобил, Сайид Муҳаммадҳусайн Таботабоӣ манзур аз хилофат дар оятро қудрати тасарруфи инсон дар замин ва ҳарчӣ рӯи он аст донистааст. Тибқи ин назар, агар мушкилоту гирифториҳо боиси изтирори инсон шуд, аз Худо дархости бартараф шудани гирифторӣ мекунад ва агар Худованд дуояшро мустаҷоб кунад, дар ҳақиқат хилофатеро, ки ба инсон додааст такмил кард кардааст. Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, маъноҳои дигар бо сиёқи оят муносиб нестанд.[25]

Табарсӣ дар эҳтимоли дигаре ки онро заъиф шуморидааст, ривояте аз Ибни Аббос зикр кардааст, ки дар он манзур аз хилофат ин аст, ки Худованд, шуморо ҷонишини куффор мекунад ва дар сарзамину билодашон ҷой медиҳад то ба ҷои куфр, аз Худованд итоат кунед.[26] Аллома Таботабоӣ ин эҳтимоли дувумро низ рад мекунад; бо ин истидлол, ки мухотаби оят, инҷо кофирон аст, дар ҳоле ки бино бар ин эҳтимол, бояд ба муъминон хитоб мешуд.[27]

Оё бар асоси оят, итоат аз ҳоким воҷиб аст?

Дар хусуси ин бахш аз оят, ки мегӯяд, «وَ یَجعَلُکُم خُلَفاءَ الاَرضِ; ва [кист ки] шуморо ҷонишинони ин замин қарор медиҳад?» Суютӣ (849 - 911ҳ.қ.) - муфассири аҳли суннат, ривояте аз Пайғамбари Ислом (с) зикр кардааст, ки тибқи он бар асоси дастури Худо, итоат аз халифа (ҳоким) воҷиби мутлақ аст. Агар хайр буд, ки дуруст аст, вале агар шар буд, Худо ӯро муохиза мекунад.[28]

Аллома Таботабоӣ дар ҷавоб ба Суютӣ ривоятро ҷаълӣ дониста гуфтааст, манзур аз хилофат дар ин оят ҳукумат нест, балки ҷонишинии инсон бар замин ва тасаллути ӯ бар чизҳое аст, ки рӯи замин вуҷуд дорад. Гузашта аз ин, агар сирфи додани хилофату ҳукумат ба касе боиси вуҷуби итоати мутлақ аз ӯ бошад, дигар даъвати динӣ маъно надорад; чун Худованд дар Қуръон, подшоҳии Намруду Фиръавнро низ ба худ нисбат додааст. Пас бояд бипазирем, ки итоат аз онҳо низ воҷиб будааст.[29]

Эзоҳ

  1. “Мусоҳиба бо ҳазрати Оятуллоҳ Юсуфи Сонеъӣ”, саҳ.153.
  2. Ниг.: Сайид ибни Товус, Муҳаҷ-уд-даъавот, 1411ҳ.қ., саҳ.342 ва 346; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.92, саҳ.103.
  3. Ниг.: Сайид ибни Товус, Муҳаҷ-уд-даъавот, 1411ҳ.қ., саҳ.151.
  4. Малакии Табрезӣ, ал-Муроқибот, 1388ҳ.ш., саҳ.261.
  5. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 - 1374ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.517.
  6. Шарафиддини Астарободӣ, Таъвил-ул-оёт, 1409ҳ.қ., саҳ.399.
  7. Шарифи Лоҳиҷӣ, Тафсири Шарифи Лоҳиҷӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.435 - 436.
  8. Ан-Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1379ҳ.қ., саҳ.314.
  9. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.129.
  10. Ан-Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1379ҳ.қ., саҳ.314.
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1350 - 1353ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.391; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 - 1374ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.521 - 522.
  12. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.129.
  13. Ниг.: Абулфутуҳ Розӣ, Равз-ул-ҷанон, 1366 - 1378ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.65; Кошонӣ, Зубдат-ут-тафосир, 1381ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.116; Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-софӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.71; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371 - 1374ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.520 - 521.
  14. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.358; Кошонӣ, Зубдат-ут-тафосир, 1381ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.116; Макорими Шерозӣ, Пайдоиши мазоҳиб, 1384ҳ.ш., саҳ.96.
  15. Сабзаворӣ, Иршод-ул-азҳон, 1419ҳ.қ., саҳ.387; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1350 - 1353ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.381.
  16. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.8, саҳ.110.
  17. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.358 - 359.
  18. Абулфутуҳ Розӣ, Равз-ул-ҷанон, 1366 - 1378ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.65.
  19. Файзи Кошонӣ, Сайр-ус-софӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.71.
  20. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.4.
  21. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1419ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.185 - 186.
  22. Саълабӣ, Кашф-ул-баён ан тафсир-ил-Қуръон, 1422ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.219.
  23. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407 - 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.376 - 377.
  24. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.565.
  25. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1350 - 1353ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.383.
  26. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.358 - 359.
  27. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1350 - 1353ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.384.
  28. Суютӣ, тафсири ад-Дурр-ул-мансур, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.372.
  29. Суютӣ, тафсири ад-Дурр-ул-мансур, 1414ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.391 - 392.

Сарчашма

  • Абулфутуҳ Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷанон ва рӯҳ-ул-ҷинон фи тафсир-ил-Қуръон, гирдоваранда: Муҳаммадмаҳдии Носеҳ ва Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, Машҳад, Бунёди пажуҳишҳои исломии Остони Қудси Разавӣ, 1366 - 1378ҳ.ш.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф, гирдоваранда: Мустафо Ҳусайн Аҳмад, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1407 - 1416ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, ба тасҳеҳи Муҳаммадҳусайни Шамсиддин, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1419ҳ.қ.
  • Кошонӣ, Фатҳуллоҳ, Зубдат-ут-тафосир, Қум, муассисатул-маъорифил-исломийя, 1381ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, ба тасҳеҳи Тайиб Ҷазоирӣ, Қум, Дорул-китоб, 1404ҳ.қ.
  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дорул-Қуръонил-Карим, 1376ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1371 - 1374ҳ.ш.
  • Малакии Табрезӣ, Ҷавод, ал-Муроқибот, тарҷумаи Карим Файзӣ, Қум, интишороти Қоими Оли Муҳаммад (с), 1388ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Мусоҳиба бо ҳазрати Оятуллоҳ Юсуфи Сонеъӣ”, дар маҷаллаи Ҳавза, № 32, хурдод ва тири 1368ҳ.ш.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайба ли-н-Нуъмонӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
  • Сабзаворӣ, Муҳаммад, Иршод-ул-азҳон, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1419ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Муҳаҷ-уд-даъавот ва манҳаҷ-ул-ибодот, Қум, Дорул-захоир, 1411ҳ.қ.
  • Саълабӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Кашф-ул-баён ан тафсир-ил-Қуръон, ба тасҳеҳи Абумуҳаммад ибни Ошур, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, тафсири ад-Дурр-ул-мансур, Бейрут, Дорул-фикр, 1414ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён, Бейрут, Дорул-маърифат, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, ба тасҳеҳи Ҳошим Расулӣ ва дигарон, Бейрут, Дорул-маърифат, 1408ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1350 - 1353ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳ Муртазо, Тафсир-ус-софӣ, ба тасҳеҳи Ҳусайн Аъламӣ, Теҳрон, мактабатул-Садр, 1373ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён, гирдоваранда: Аҳмад Ҳабиб Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Шарафиддини Астарободӣ, Алӣ, Таъвил-ул-оёт, муҳаққиқ: Ҳусайни Устодвалӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-иисломӣ, чопи аввал, 1409ҳ.қ. * Шарифи Лоҳиҷӣ, Тафсири Шарифи Лоҳиҷӣ, гирдоваранда: Ҷалолиддин Муҳаддис, Теҳрон, Дафтари нашр дод, 1373ҳ.ш.
  • Шуббар, Абдуллоҳ, Тафсир-ул-Ққуръон-ил-Карим, гирдоваранда: Ҳомид Ҳафнии Довуд, Қум, муассисаи Дорул-ҳиҷраҳ, бе то.