Ояти Шуро
- Ин мақола дар бораи ояти Шуро аст. Барои огоҳӣ аз ояте, ки дар бораи машварат аст, ояти Машваратро бубинед.
Ояти Шуро (Шуро: 38) баъзе аз хислатҳои мусбати мусалмононро, аз ҷумла қабули даъвати Парвардигор, инфоқу садақа, иқомаи намоз ва машварат карданро баён мекунад.
Ба гуфтаи муфассирон, дар ин оят бо зикри машварат дар канори масоиле чун имон ба Худо ва намоз бар аҳамияти машварат таъкид шудааст.
Ҳамчунин мегӯянд, дар ояти Шӯро муҳимтарин хусусияти мӯъминон истиҷобат ё қабули даъвати Парвардигорашон баён шуда аст, ки дар он ҳамаи некиҳою хубиҳо ҷамъ аст.
Дар нигоҳи муфассирон, «истиҷобат» дар ин оят ба маънои анҷом додани тамоми корҳои хайре аст, ки Худованд аз инсон хостааст ва инки дар ҳеҷ амру наҳйе бо Худо мухолифат накунанд.
Муаррифӣ, матн ва тарҷума
Ояти 38-и сураи Шуро дар давоми оёти гузашта, ки дар мақоми баёни сифоти аҳли имон аст, ба чанд хислати дигари онҳо ҳам мепардозад; аз ҷумла қабули даъвати Парвардигор, иқомаи намоз, инфоқ ва инки корҳояшонро бар асоси шӯру машварату маслиҳат анҷом медиҳанд.[1] Аллома Таботабоӣ, ин оятро далел бар аҳамияти шуру машварат дар ҷомеъаи исломӣ ва машваратро нишонаи рушди инсонҳо донистааст. Ба гуфтаи ӯ, муъминон қасди анҷоми ҳар кореро дошта бошанд, шӯрое ташкил медиҳанд ва барои расидан ба назари дуруст, бо инсонҳои боақл машварат мекунанд.[2]
Пажуҳишгарони динӣ муътақиданд, ояти 38-и сураи Шуро ҳамроҳ бо ояти 159-и сураи Оли Имрон боиси басти машварат дар ҷомеъа шуд ва ҳамаи мардум дар фароянди тасмимгириҳо саҳим шуданд.[3] Табарсӣ дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён зимни нақли ривояте аз Пайғамбар (с) дар бораи пайдо кардани роҳи дуруст дар партави машварат, ин оятро далел бар фазилати мушовира донистааст.[4]
وَالَّذِينَ اسْتَجَابُوا لِرَبِّهِمْ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَأَمْرُهُمْ شُورَى بَيْنَهُمْ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ
Ва касоне ки [нидои] Парвардигорашонро ҷавоби [мусбат] дода, намоз барпо кардаанд ва корашон байнашон машварат аст ва аз ончӣ ризқашон додаем, инфоқ мекунанд.Сураи Шуро, ояти 38.
Шаъни нузул
Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ - муфассири Қуръон дар қарни панҷум ва шашуми қамарӣ, ояти 38-и сураи Шуроро дар бораи ансор донистааст, ки ҳатто қабл аз Ислом ва пеш аз омадани Пайғамбар (с) ба Мадина, корҳояшонро бар асоси машварат анҷом медоданд. Ӯ мегӯяд, Худо дар ин оят ононро мадҳ кардааст. Ҳамчунин аз Заҳҳок ибни Музоҳими Ҳилолӣ (ваф.102 ё 105ҳ.қ.) ки муфассир ва аз тобеъон буд,[5] нақл мекунад, ин оят ба гуруҳе аз ансор ишора мекунад, ки вақте шуниданд Пайғамбари Ислом (с) зуҳур карда, барои машварат бо якдигар, дар хонаи Абуайюби Ансорӣ ҷамъ шуданд ва қабл аз ҳиҷрати Пайғамбар (с) ба Мадина ба ӯ имон овараданд ва дар Ақаба бо ӯ байъат карданд.[6] Ба бовари Макорими Шерозӣ, агарчӣ асбобе барои нузули ин оят вуҷуд дорад, вале оят махсуси шаъни нузулаш нест ва барномае умумию ҳамагониро баён мекунад.[7]
Истиҷобати даъвати Парвардигор ба чӣ маъност?
Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, дар ояти Шуро, муҳимтарин хислати муъминон, қабул кардани даъвати Парвардигорашон баён шудааст, ки ҳамаи некиҳо ва хубиҳо дар он ҷамъ аст.[8] Дар нигоҳи муфассирон, истиҷобат дар ин оят ба маънои анҷом додани тамоми аъмоли неке аст, ки Худо аз инсон хоста ва инки дар ҳеҷ амру наҳйе бо Худо мухолифат накунанд.[9] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, ишора ба намоз дар миёни аъмоли нек ба хотири фазилат ва шарофати он аст.[10]
Аҳамияти машварату маслиҳат дар зиндагӣ
Баёни машварат дар миёни сифоти муъминон[11] ва дар радифи имон ба Худо ва намоз, нишонаи аҳамияти фавқулодаи он дониста шудааст.[12] Ба бовари Макорими Шерозӣ, таъкиди Қуръон бар анҷоми корҳо бо машварат ба ин далел аст, ки ҳарчӣ инсон аз назари фикрӣ қавӣ бошад, боз дар масоили мухталиф, танҳо ба як ё чанд буъд нигоҳ мекунад ва аз дигар буъдҳо ғофил мешавад.[13]
Воҷиб будани машварат
Сайид Муҳаммадтақии Мударрисӣ дар тафсири Мин ҳуда-л-Қуръон, зери ояти Шуро гуфтааст: бархе аз муҳаққиқон машваратро воҷиб донистаанд ва муътақиданд, ки ҳокими шаръ агарчӣ фақеҳи одил ҳам бошад, набояд дар идораи умури ҷомеъа фақат бар асоси салоҳдиди худ амал кунад, балки воҷиб аст бо мушовара аз илм ва фаҳми дигарон дар пешбурди корҳо истифода кунад. Ҳамчунин ба бовари ӯ, насиҳат кардани ҳоким тавассути мардум аз мисдоқҳои шӯро хоҳад буд. Мударрисӣ муътақид аст, шӯро боиси тазмини озодии раъй ва ҳаққи интихоб хоҳад шуд.[14]
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.461.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.63
- ↑ Мубаллиғӣ, “Нақши машварату мушорикат дар фароянди тасмимсозӣ бо нигоҳе таърихӣ ва татбиқӣ”, мундараҷ дар портали имом Ҳумайнӣ.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.57.
- ↑ Маърифат, Тафсир ва муфассирон, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.259.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.50 - 51.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.463.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.461.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.63; Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.529.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.63.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.87 - 88.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.88.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.462 - 463.
- ↑ Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, ҷ.12, саҳ.371 - 372.
Сарчашма
- Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Қум, мадрасаи Амирулмуъминин, 1368ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
- Маърифат, Муҳамадҳодӣ, Тафсир ва муфассирон, Қум, муассисаи ат-Тамҳид, 1379ҳ.ш.
- Мубаллиғӣ, Аҳмад, “Нақши машварату мушорикат дар фароянди тасмимсозӣ бо нигоҳе таърихӣ ва татбиқӣ”, мундараҷ дар портали имом Ҳумайнӣ, таърихи дарҷ: 2 урдибиҳишти 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 6 баҳмани 1401ҳ.ш.
- Муғния, ал-Кошиф фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дорул-китобил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
- Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дору муҳиббил-Ҳусайн, 1419ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1390ҳ.қ.