Ояти Вузуъ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояи 6 сураи Моида)
Ин мақола дар бораи ояти Вузуъ (таҳорат) аст. Барои ошноӣ бо аҳкоми фиқҳии вузуъ мадхали вузуъро бибинед.

Ояти Вузуъ (ояти таҳорат) шашумин ояти сураи Моида ва аз оётул-аҳкоми Қуръон аст, ки фақеҳони мусулмон бо тавваҷуҳ ба он, чигунагии вузуъро баён ва ҳукми вуҷуби вузуъ барои намозро исбот мекунанд.

Дар ин оят ба мусалмонон дастур дода шудааст, ҳар гоҳ ки мехоҳанд намоз бихонанд, аввал рӯи худро бишӯянд, баъд то оринҷ дастҳояшонро бишӯянд ва баъд аз он аввал сар ва пасон пойҳои худро масҳ кунанд.

Байни фақеҳони шиа ва суннӣ, дар чигунагии таҳорат кардан ихтилофи назар вуҷуд дорад, ки бахше аз он, бархоста аз бардоштҳои мухталифашон аз ин оят ва бахшеи дигар бархоста аз ривоёте аст, ки ҳар гуруҳ ба он чанг задаанд. Масалан, фақеҳони шиа бо истинод ба оят ва суннати Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а) бар ин назаранд, ки шустани дастҳо дар таҳорат бояд аз оринҷ ба тарафи нуки ангуштон бошад, вале бештари фуқаҳои аҳли суннат бо истинод ба оят ва суннати Пайғамбару саҳоба мегӯянд, шустани дастҳо бояд аз нуки ангуштон ба сӯи оринҷ бошад.

Ҳамчунин имомия мегӯянд, тибқи оят, фарз аст пойҳо масҳ шавад ва шустани онҳо ба ҷои масҳ, таҳоратро ботил мекунад, дар ҳоле, ки аҳли суннат, фарз медонанд, ки пойҳо шуста шавад.

Матн ва тарҷумаи оят

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا قُمْتُمْ إِلَى الصَّلَاةِ فَاغْسِلُوا وُجُوهَكُمْ وَأَيْدِيَكُمْ إِلَى الْمَرَافِقِ وَامْسَحُوا بِرُءُوسِكُمْ وَأَرْجُلَكُمْ إِلَى الْكَعْبَيْنِ

Эй касоне ки имон овардаед, чун ба [нияти ] намоз бархезед, рӯй ва дастҳоятонро то оринҷ бишӯед, ва сару пойҳои худатонро то қузаки пой масҳ кунед.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Ояти Вузуъ шашумин ояти сураи Моида аст, ки фуқаҳои мусулмон барои исботи вуҷуби вузуъ барои хондани намоз[1] ва чигунагии анҷоми вузуъ, ба он истинод кардаанд.[2] Ҳамчунин ба ин оят барои исботи ин масъала истинод кардаанд, ки об сабаби покӣ аз ҳадаси асғар мешавад.[3] Ин оят яке аз оётул-аҳком аст, ки илова бар муфассирон,[4] фақеҳон ҳам дар китобҳои марбут ба оётул-аҳком аз он баҳс мекунанд.[5]

Далолати оят бар фарз будани вузуъ ва таҳорат барои намоз

Дар оят, ҷумлаи «إِذَا قُمْتُمْ إِلَى الصَّلَاةِ، فَاغْسِلُوا ...», «ҳаргоҳ хостед намоз хонед, бишуед... » ба анҷоми таҳорат амр кардааст, ки аз назари фақеҳон, бар фарз будани вузуъ ва таҳорат барои намоз далолат мекунад.[6]

Ҳамчунин аз дидгоҳи фақеҳон, ин оят ба таври равшан, бар шарт будани таҳорат барои дуруст будани намоз далолат мекунад[7] ва аз он чунин бардошт мешавад, ки фарз будани таҳорат ё вузуъ, фарзи мустақиле нест, балки фарзи табаъӣ аст;[8] яъне вузуъ барои касе ки намехоҳад намоз ба ҷо оварад, фарз нест, барои ҳамин вақте ки онро тарк кунад, иқоб намешавад.[9]

Шустани рӯй ва дастҳо

Тибқи фатвои фақеҳони шиаю суннӣ, бино бар оят, рӯй аввалин узве аст, ки дар вузуъ, фарз аст шуста шавад; чун ибтидо омадааст: «فَاغْسِلُوا وُجوهَکُم.»[10] калимаи «вуҷуҳ» ҷамъи «ваҷҳ» ва ба маънои чеҳра ва рӯй аст.[11] Ҳамчунин бино ба иҷмоъи фуқаҳои мусулмон, бо тавваҷуҳ ба ончӣ дар оят омадааст «فَاغْسِلُوا وُجُوهَكُمْ وَأَيْدِيَكُمْ إِلَى الْمَرَافِقِ; рӯй ва дастҳоятонро то оринҷ бишуед!», шустани дастҳо дар вузуъ фарз аст.[12] Албатта дар инки чӣ миқдоре аз даст фарз аст шуста шавад ва ҷиҳати шустушуи дастҳо чӣ тавр аст, байни фуқаҳои имомия ва аҳли суннат ихтилофи назар вуҷуд дорад:[13]

Фақеҳони имомия иҷмоъ доранд бар инки фарз аст дар вузуъ оринҷ низ шуста шавад ва ҳамчунин фарз аст, ки ҷиҳати шустани дастҳо аз оринҷ ба самти нуки ангуштон бошад;[14] чароки аввалан бино ба назари бархе, калимаи «ило» дар «ила-л-марофиқ» ба маънои «маъа», яъне ҳамроҳӣ аст ва ба ин маъност, ки дар вузуъ, шустани оринҷ низ лозим аст.[15] Сониян чӣ дар вузуъ ва чӣ дар ғайри вузуъ, шустани даст ба таври табиъӣ аз боло ба поин аст.[16] Солисан аз суннати Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а), вуҷуби шустани дастҳо аз оринҷ ба самти нуки ангуштон ва ҳамчунин шустани худ оринҷ фаҳмида мешавад.[17]

Аз назари бештари фуқаҳои аҳли суннат шустани оринҷ дар вузуъ воҷиб аст.[18] Бархе фақеҳони аҳли суннат гуфтаанд, аз оят чунин бардошт мешавад, ки ҷиҳати шустани дастҳо бояд аз нуки ангуштон ба самти оринҷ бошад.[19] Ба гуфтаи Фахри Розӣ, аз назари бештари фуқаҳои аҳли суннат, шустани дастҳо аз оринҷ ба самти нуки ангуштон, халале дар сиҳҳати вузуъ ворид намекунад, вале беҳтар он аст, ки аз нуки ангуштон ба самти оринҷ шуста шавад.[20]

Масҳ

Аз назари ҳамаи фуқаҳои мусулмон бо тавваҷуҳ ба ин бахш аз оят: «وَامْسَحُوا بِرُءُوسِكُمْ وَأَرْجُلَكُمْ إِلَى الْكَعْبَيْنِ ; ва сару пойҳои худатонро то баромадагии [ҳар ду по] масҳ кунед!», масҳи сару пой дар вузуъ фарз аст,[21] аммо дар чигунагии анҷоми масҳ ва маҳдудаи он, байни фуқаҳои имомия ва аҳли суннат, ихтилофи назар ҳаст.[22]

Масҳи сар

Имомия ва шофеия муътақиданд, масҳи қисмате аз сар, ба андозае ки ба он масҳ гуфта шавад, кофӣ аст.[23] Аз назари онҳо ҳарфи «би» дар «би руъусикум» ба маънои «баъзе» аст ва манзур аз он кашидани масҳ бар қисмате аз сар аст, на ҳамаи он.[24] Албатта имомия бо истинод ба бархе ривоёт[25] ва иҷмоъ[26] бар ин боваранд, ки он ҷузъи сар, бояд пеши сар бошад[27] ва шофея бар ин назаранд, ки дар оят таъйин накардааст, ки кадом қисмате аз сар бошад ва барои ҳамин ҳарҷои сарро масҳ бикашанд ҷоиз аст.[28] Ҳамчунин аз назари шофеия, шустан ё пошидани об бар сар ба ҷои масҳ низ ҷоиз аст, вале имомия онро ҷоиз намедонанд.[29]

Аз назари ҳанбалиҳо масҳи ҳамаи сар ва ҳатто гӯшҳо фарз аст.[30] Моликия масҳи ҳамаи сар ғайр аз гӯшҳоро фарз донистаанд. Аз назари ҳанафия, масҳи як чаҳоруми сар фарз аст ва фуру кардани сар ба даруни об ё рехтани об бар рӯи он, кифоят аз масҳ мекунад.[31]

Масҳи по

Дар кашидани масҳ бар рӯи поҳо ё шустани онҳо, байни фуқаҳои имомия ва аҳли суннат ихтилофи назар ҳаст.[32] Имомия бо истинод ба суннати Пайғамбар ва имомони маъсум[33] ва далели иҷмоъ[34] бар ин боваранд, ки масҳи по, аз нуки ангуштон то баромадагии пойҳо (каъбайн), фарз аст ва шустани он ба ҷои масҳ, вузуъро ботил мекунад; дар ҳоле ки бештари фуқаҳои аҳли суннат бо истинод ба суннати Пайғамбар[35] ва иҷмоъи саҳоба[36] бар ин назаранд, ки ба ҷои масҳи по, фарз аст пойҳо то баромадагӣ шуста шавад.[37]

Ихтилофи қироатҳо дар оят

Ду қироати мухталиф аз ояти вузуъ вуҷуд дорад:

  1. Дар қироатҳои Ибни Касир, Ҳамза ибни Ҳабиб, Абуумар ва ҳамчунин қироати Абубакр ибни Айёш аз Осим, калимаи «أَرْجُلِكُمْ» ба «بِرُءُوسِكُمْ» атф шуда ва ба сурати «маҷрур» (бо касра) омадааст.[38]
  2. Дар қироатҳои Нофеъ, Ибни Омир ва қироати Ҳафс аз Осим, калимаи «أَرْجُلَكُمْ» ба сурати «мансуб» (бо фатҳа) омадааст.[39] Барои ҳамин, бархе аз фақеҳони аҳли суннат гуфтаанд, «أَرْجُلَكُمْ» ба калимаи «وُجُوهَكُمْ» атф мешавад, ки мансуб аст. Аз ин сухан ҳам натиҷа гирифтаанд, ҳамон гуна ки шустани рӯй дар вузуъ фарз аст, шустани пойҳо низ фарз аст ва масҳашон кифоят намекунад,[40] аммо олимони шиа мегӯянд «أَرْجُلَكُمْ» инҷо низ ба калимаи «بِرُءُوسِكُمْ» атф шудааст. Агарчӣ эъроби зоҳирии «بِرُءُوسِكُمْ», «маҷрур» аст, чун мафъул аст, тибқи қавоиди забони арабӣ дар ҷойгоҳи насб ва ба манзалаи мансуб аст.[41]

Эзоҳ

  1. Барои намуна нигоҳ кунед ба Хуӣ, ат-Танқиҳ фи шарҳ-ил-урват-ил-вусқо, 1410ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.231.
  2. Барои намуна нигоҳ кунед ба Муҳаққиқи Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён фи аҳком-ил-Қуръон, ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, саҳ.15 - 18.
  3. Иравонӣ, Дурусун тамҳидийя фи тафсири оёт-ил-аҳком, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.48.
  4. Барои намуна нигоҳ кунед ба Шайхи Тусӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дору эҳёл-туросил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.447.
  5. Барои намуна нигоҳ кунед ба Муҳаққиқи Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён фи аҳком-ил-Қуръон, ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, саҳ.14; Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.6.
  6. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.8.
  7. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.298; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.91; Иравонӣ, Дурусун тамҳидийя фи тафсири оёт-ил-аҳком, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.56.
  8. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.297; Иравонӣ, Дурусун тамҳидийя фи тафсири оёт-ил-аҳком, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.56.
  9. Иравонӣ, Дурусун тамҳидийя фи тафсири оёт-ил-аҳком, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.56.
  10. Муҳаққиқи Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, саҳ.16.
  11. Деҳхудо, Фарҳанги луғати Деҳхудо, 1377ҳ.ш., зайли вожаи «ваҷҳ».
  12. Муҳаққиқи Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, саҳ.16; Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., саҳ.36.
  13. Фозили Ҷавод, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.42 - 43.
  14. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дору эҳёл-туросил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.450 - 451; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дорул-тафсир, ҷ.2, саҳ.333.
  15. Шайхи Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.78; Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақиҳ, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.321.
  16. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.221.
  17. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.387 ва 393; Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.10; Хуӣ, ат-Танқиҳ фи шарҳ-ил-урват-ил-вусқо, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.81.
  18. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.303; ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳийят-ул-кувайтийя, 1427ҳ.қ., ҷ.37, саҳ.30.
  19. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.304; Ҷазирӣ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.63.
  20. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.304.
  21. Ибни Қудома, ал-Муғнӣ, 1388ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.92; Хуӣ, ат-Танқиҳ фи шарҳ-ил-урват-ил-вусқо, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.108.
  22. Ибни Қудома, ал-Муғнӣ, 1388ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.93; Хуӣ, ат-Танқиҳ фи шарҳ-ил-урват-ил-вусқо, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.108.
  23. Фозили Миқдод, Канзул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.10; Ҷазирӣ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.62.
  24. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1430ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.96; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.304; Фозили Ҷавод, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.44.
  25. Шайхи Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.62.
  26. Муҳаққиқи Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён фи аҳком-ил-Қуръон, ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, саҳ.17.
  27. Фозили Ҷавод, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.44.
  28. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.304 - 405.
  29. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., саҳ.36; Ҷазирӣ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.62.
  30. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., саҳ.36.
  31. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., саҳ.36.
  32. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.305.
  33. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.418 - 423.
  34. Муҳаққиқи Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, саҳ.18.
  35. Муслим, Саҳеҳ Муслим, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.215.
  36. Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳийят-ул-кувайтийя, 1427ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.353.
  37. Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳийят-ул-кувайтийя, 1427ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.121 ва ҷ.43, саҳ.352.
  38. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.305; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.222.
  39. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.305; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.222.
  40. Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳийят-ул-кувайтийя, 1427ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.352.
  41. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.222; Сафоии Бушеҳрӣ, Бидоят-ун-наҳв, 1396ҳ.ш., саҳ.81 ва саҳ.94 - 95.

Сарчашма

  • Деҳхудо, Алиакбар, Фарҳанги луғати Деҳхудо, Теҳрон, интишороти Равзана, 1377ҳ.ш.
  • Ибни Қудома, Абдуллоҳ ибни Аҳмад, ал-Муғнӣ, Қоҳира, мактабатул-Қоҳира, 1388ҳ.қ.
  • Иравонӣ, Муҳаммадбоқир, Дурусун тамҳидийя фи тафсири оёт-ил-аҳком, Қум, Дорул-фиқҳ лил-табоъати ваннашр, чопи сеюм, 1428ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, интишороти Дорул-ҳадис, 1430ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, Бейрут, Дорул-таёрил-ҷадид, 1421ҳ.қ.
  • Муслим, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Муҳаққиқи Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Зубдат-ул-баён фи аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, бе то.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ 1362ҳ.ш.
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, Дорул-тафсир, бе то.
  • Сафоии Бушеҳрӣ, Ғуломалӣ, Бидоят-ун-наҳв, Қум, Маркази мудирияти ҳавзаҳои илмия, 1396ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи-т-тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти Исмоилиён, 1363ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Муртазавӣ, 1373ҳ.ш.
  • Фозили Ҷавод, Ҷавод ибни Саид, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, Теҳрон, интишороти Муртазавӣ, 1365ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, ат-Танқиҳ фи шарҳ-ил-урват-ил-вусқо, тақрири Мирзоалӣ Ғаравии Табрезӣ, Қум, муассисаи Олулбайт, 1410ҳ.қ.
  • Ҳамадонӣ, Оқоризо, Мисбоҳ-ул-фақиҳ, Қум, ал-Муассисатул-Ҷаъфарийя ли эҳёил-турос, 1418ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт, 1416ҳ.қ.
  • Ҷазирӣ, Абдурраҳмон, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи дувум, 1424ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳийят-ул-кувайтийя, Кувайт, Дорул-салосил, 1427ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, муассисаи ал-нашрул-исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёл-туросил-арабӣ, бе то.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1364ҳ.ш.