Ояти Илоъ
- Ин мақола дар бораи ояти 226-и сураи Бақара, машҳур ба ояти Илоъ аст. Барои ошноӣ бо мафҳум ва ҳукми фиқҳии илоъ, мадхали Илоъро бибинед.
Ояти Илоъ (Бақара: 226) ба илоъ ва аҳкоми он мепардозад.
Илоъ қасам хӯрдани мардест, ки алоқаи ҷинсиро бо зани доимии худ тарк кунад. Ин кор дар замони ҷоҳилият, барои таҳти фишор қарор додани зан ва ҷилавгирӣ аз издивоҷи муҷаддади ӯ сурат мегирифт. Худованд дар ин оят, аҳкоми илоъ ва роҳҳои ҳали онро баён кардааст.
Тибқи ин оят, агар мард илоъ кунад, зан метавонад ба ҳокими шаръ ё ба додгоҳ шикоят кунад. Ҳоким ба мард чаҳор моҳ мӯҳлат медиҳад, ки ба зан наздик шавад, вагарна ӯро маҷбур мекунад, ки занро талоқ диҳад.
Муаррифӣ ва сабаби нузул
Ояти 226-и сураи Бақара ба ояти Илоъ шинохта мешавад.[1] Худованд дар ин оят, суннати илоъро мардуд дониста ва роҳҳои берунрафт аз онро баён[2] ва ба эҳёи ҳуқуқи занон ҳукм[3] мекунад. Илоъ аз суннатҳои роиҷ дар даврони ҷоҳилият буд;[4] ба ин гуна ки ҳар замон марде аз ҳамсараш мутанаффир мешуд, қасам мехӯрд, ки бо ӯ ҳамбистар нашавад.[5] Ва ба муддати як ё чанд сол[6] ва ё то охири умр бо зан ҳамбистар намешуд ва ӯро талоқ ҳам намедод.[7] Ҳадаф аз ин кор, озори зан[8] ва ҷилавгирӣ аз издивоҷи муҷаддади ӯ[9] баён шудааст.
لِّلَّذِينَ يُؤْلُونَ مِن نِّسَآئِهِمْ تَرَبُّصُ أَرْبَعَةِ أَشْهُرٍ فَإِنْ فَآؤُوا فَإِنَّ اللّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
Касоне ки қасам мехӯранд, ки аз [ҳамбистарӣ бо] занони худ дурӣ кунанд, [шаръан] чаҳор моҳ муҳлат доранд, агар [дар ин муддат ба ончи муқтазои заношӯӣ аст] барзгаштанд [гуноҳе бар онон нест; зеро] Худо бахшанда ва меҳрубон аст. (Бақара, 226)
Истифодаҳои фиқҳӣ
Мақолаи аслӣ: Илоъ
- Ҳаром будани илоъ: илоъ аз назари фиқҳӣ ҳаром аст ва иллати он, ҳаром будани тарки алоқаи ҷинсӣ бо ҳамсар беш аз чаҳор моҳ баён шудааст.[10] Бархе, ҳаром будани илоъро аз ояти 226-и Бақара бардошт кардаанд.[11] Албатта ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, Қуръон ҳукми илоъро ба таври куллӣ ибтол накардааст, аммо осори бади онро аз байн бурдааст; зеро иҷоза намедиҳад зан бо дасти ҳамсари худ мавриди озор қарори гирифта, саргардон бимонад.[12]
- Бар асоси ояти Илоъ фақеҳон муътақиданд, агар марде иқдом ба илоъ намуд, зан метавонад ба ҳокими шаръ шикоят кунад. Ҳокими шаръ нахуст чаҳор моҳ ба мард муҳлат медиҳад то ба зан руҷуъ кунад ва баъд аз алоқаи ҷаинсӣ, каффораи шикастани қасамро диҳад.[13] Агар мард дар ин муддат иқдоме накард, ҳоким ӯро байни барзгашт ва талоқи ҳамсараш ихтиёр медиҳад ва агар аз ҳар ду кор худдорӣ намуд бо зиндонӣ кардан ва сахт гирифтан дар тағзия, ӯро бар гузиниши яке аз ин ду роҳ маҷбур месозад.[14] Бархе фуқаҳо муътақиданд, дар ин сурат, ҳоким метавонад занро талоқ диҳад.[15]
- Шароити илоъ: барои таҳаққуқи илоъ шароите баён шудааст;[16] аз ҷумла инки: қасам ба яке аз номҳои Худованд бошад.[17] Қаблан байни марду зани иртиботи заношӯӣ сурат гирифта[18] ва ангезаи мард озори ҳамсараш бошад.[19]
- Фақеҳон мақсуд аз файъ (бозгашт) дар ин оятро алоқаи ҷинсӣ ё изҳори қасди он дар сурати вуҷуди монеъаҳои шаръӣ ё беморӣ медонанд.[20]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Субҳонӣ, Низом-ун-никоҳ фи-ш-шариъат, муассисаи Имом Содиқ, ҷ.1, саҳ.102.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.149.
- ↑ Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.1, саҳ.398; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.429; Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.532.
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.429; Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон ва руҳ-ул-ҷанон, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.254.
- ↑ Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.255; Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.531; Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339.
- ↑ Ибни Арабӣ, Аҳком-ул-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.269.
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.269.
- ↑ Абуҳаён, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.445; Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, саҳ.108; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.149.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.138; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.115.
- ↑ Алипӯр, “Илоъ”, саҳ.184.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.150.
- ↑ Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.292.
- ↑ Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.292; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, муассисаи Дорул-илм, ҷ.2, саҳ.357.
- ↑ Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.515.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.748 - 749.
- ↑ Ибни Арабӣ, Аҳком-ул-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
- ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339.
- ↑ Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.531.
- ↑ Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.292.
Сарчашма
- Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва руҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1408ҳ.қ.
- Абуҳаён, Муҳаммад ибни Юсуф, ал-Баҳр-ул-муҳит фи-т-тафсир, Бейрут, Дорул-фикр, 1420ҳ.қ.
- Алипӯр, Ҳусайн, “Илоъ”, дар Доиратулмаорифи Қуръони Карим, Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Қум, Бустони китоб, чопи сеюм, 1383ҳ.ш.
- Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил ва уюн-ил-ақовил фи вуҷуҳ-ит-таъвил, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, чопи сеюм, 1407ҳ.қ.
- Ибни Арабӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Аҳком-ул-Қуръон, Бейрут, Дорул-ҷил, 1408ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Таҳрирул-васила, Қум, Дорул-илм, чопи аввал, бе то.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
- Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Қум, Дорул-китобил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Низом-ун-никоҳ фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), бе то.
- Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ат-Тафсир-ул-кабир: тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, Арбад Урдун, Дорул-китобил-сақофӣ, 2008м.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, тафсири Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, Қум, Маркази мудирияти ҳавзаи илмияи Қум, 1412ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
- Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, тасҳеҳи Алӣ Хуросонӣ ва Сайидҷаводи Шаҳристонӣ ва Маҳдии Тоҳо Наҷаф ва Муҷтабо Ироқӣ, Дафтари интишороти исломӣ, Қум, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
- Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳ Муртазо, Тафсир-ус-Софӣ, Теҳрон, мактабатул-Садр, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
- Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, интишороти Муртазавӣ, чопи аввал, 1425ҳ.қ.
- Ҷаъфарӣ, Яъқуб, Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, Қум, муассисаи интишороти Ҳиҷрат, 1376ҳ.ш.
- Шаҳиди Сонӣ, Зиниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқиҳи шароеъ-ил-Ислом, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломийя, чопи аввал, 1413ҳ.қ.