Ояти Истирҷоъ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояи 156 Бақара)
Ояти Истирҷоъ

Ояти Истирҷоъ (арабӣ: آية الإسترجاع) ба бозгашти инсонҳо ба сӯи Худо ишора мекунад. Ин оят (ояти 156 Бақара) як зикри мустаҳаббе аст, ки дар вақти мусибат ва сахтиҳо гуфта мешавад.

Ин оят дар тафсирҳои шиа, аз ҷумла “Тафсири Тибаён” ва “Маҷмаъ-ул-баён” ҳамчун нишонаи иқрор ба бандагии Худованд ва пазириши рӯзи қиёмат дониста шудааст. Аллома Таботабоӣ низ дар бораи маънои ояти Истирҷоъ гуфтааст, ки агар инсон бидонад, ки моликияти ҳақиқӣ аз они Худост ва моликияти инсон зоҳирӣ ва сурӣ аст, дар ин сурат на, ба даст овардани чизе сабаби шодию ғурураш мешавад ва на, аз даст додани чизе сабаби ғуссаву пушаймониаш мегардад.

Тибқи ривоятҳое, ки Аллома Ҳиллӣ ва Ибни Шаҳрошӯб дар китобҳои худ нақл кардаанд, ояти «Истирҷоъ» баъд аз он нозил шуд, ки Имом Алӣ хабари шаҳодати амакаш Ҳамза ё бародараш Ҷаъфарро шуниду гуфт: «Ино лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун/ إنا لله و إنا الیه راجعون».

Бар асоси ривояти Имом Содиқ (а) касе, ки дар сахтиҳою мусибатҳо ояти Истирҷоъро бар забон ҷорӣ мекунад, аз ҷумлаи касонест, ки ба биҳишт мераванд. Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ дар тафсири ояти «Истирҷоъ» ривоятеро зикр кардааст, ки тибқи он Худо ранҷҳои касонеро, ки «Истирҷоъ» кунанд, яъне дар вақти мусибат ба ёд биёваранд, ки онҳо аз Худованд ҳастанд ва ба суи Ӯ бозмегарданд, ҷуброн мекунад ва охираташонро хуб мегардонад.

Матн ва тарҷумаи тоҷикии оят

Бахше аз ояи 156 сураи Бақара, ки инсонҳоро аз Худо ва бозгашти ононро ба сӯи Худо медонад, машҳур ба ояти истирҷоъ аст.[1]

Маъонӣ ва тафсири оят

Файзи Кошонӣ, муфассири қарни ёздаҳуми ҳиҷрӣ, дар тафсири Софӣ, маънои мусибат дар ояти Истирҷоъро бо иттико ба як ривоят, ҳар амре донистааст, ки муъминро биозорад.[3] Шайхи Тусӣ, муфассири қарни панҷуми ҳиҷрӣ, дар тафсири Тибён ва Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, аз муфассирони шиа дар қарни шашуми ҳиҷрӣ, дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён, ояти Истирҷоъро ҳовии мафоҳиме аз ҷумла, иқрор ба бандагии Худованд ва пазируфтани рӯзи қиёмат дониста ва бар забон рондани ин оят дар мусибатҳо ва сахтиҳоро ба маънои қабули хости Худованд ва розӣ будан ба тадбири ӯ муаррифӣ кардаанд.[4]

Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ дар тафсири ояти Истирҷоъ ба ривояте ишора кардааст, ки бино бар он, Худованд мусибатҳои касонеро ки истирҷоъ кунанд; яъне дар вақти мусибат ба ёд биоваранд, ки аз Худованд ҳастанд ва ба сӯи Ӯ бозмегарданд, ҷуброн мекунад ва охирати ононро некӯ мегардонад.[5] Вай ҳамчунин ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст, ки бар асоси он истирҷоъкунандагон дар вақти мусибат, яке аз чаҳор гурӯҳе ҳастанд, ки ба биҳишт мераванд.[6] Имом Алӣ (а) дар ривояте, ояти Истирҷоъро ингуна таҳлил кардааст, ки вақте мегӯем «Инно лиллоҳ/إنا لله» (мо ҳама аз они Худоем); яъне иқрор кардаем, ки мамлуки Худо ҳастем ва Ӯ молики мост ва вақте мегӯем «Инно илайҳи роҷиъун/ إنا الیه راجعون» (бозгашти мо ба сӯи Ӯст); яъне иқрор кардаем, ки нобуд гашта ва ҳалок хоҳем шуд.[7] Сабаби номгузории ин ҷумла ба истирҷоъ дар ҷузъи дувуми он «Инно илайҳи роҷиъун/إنا الیه راجعون» аст, ки иқрор ба бозгашт ба сӯи Худост.

Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон дар бораи маънои ояти Истирҷоъ гуфтааст, ки агар инсон бидонад, ки моликияти ҳақиқӣ аз они Худост ва моликияти инсон, зоҳирӣ ва сурӣ аст, дар он сурат на ба даст овардани чизе сабаби шодию ғурураш мешавад ва на, аз даст додани чизе сабаби таъассуфу нороҳатиаш хоҳад шуд.[8] Таботабоӣ аз устодаш Сайид Алии Қозӣ нақл кардааст, ки ӯ барои аз байн бурдани ғаразҳо ва ниятҳои нафсонӣ, равиши эҳроқро тавсия мекард ва ин тариқаро аз Қуръони Карим монанди ояти Истирҷоъ илҳом гирифта буд. Дар ин тариқа, яъне тариқаи эҳроқ (ба маънии сӯзондан) солик бояд бидонад, ки ҳамаи чиз милки мутлақи Худосту ӯ фақри зотӣ дорад ва ин тафаккур сабаби сӯхтани тамоми ниятҳо ва сифатҳои ӯ мешавад, лизо ба он эҳроқ мегӯянд.[9]

Истиҳбоби шаръӣ

Ба гуфтаи Шаҳиди Аввал, фақеҳи шиаи қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ, зикри истирҷоъ (гуфтани инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун/إنا لله و إنا الیه راجعون) дар ҳангоми мусибат мустаҳаб аст[10] ва ривоёти зиёде ҳокӣ аз он аст, ки Пайғамбар (с) ва маъсумон гуфтани истирҷоъро дар мусибатҳо тавсия кардаанд.[11] Ба гуфтаи соҳиби Ҷавоҳир, фақеҳи шиаи қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ, гуфтани зикри истирҷоъ дар ҳангоми дафни мурдагон низ мустаҳаб аст.[12]

Шаъни нузул

Бинобар ҳадисе, ки Аллома Ҳиллӣ дар китоби Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ дар бораи шаъни нузули ояти Истирҷоъ зикр кардааст, Имом Алӣ (а) баъд аз он ки хабари шаҳодати амакаш Ҳамзаро шунид, «Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун/ إنا لله و إنا الیه راجعون»-ро бар забон ҷорӣ кард ва пас аз он ояти мазкур нозил шуд.[13] Бинобар ривояти дигаре, ки Ибни Шаҳрошӯб, муҳаддис ва муфассири шиаи қарни шашуми ҳиҷрӣ, дар китоби Маноқибу оли Абитолиб нақл кардааст, пас аз он ки Пайғамбар (с) хабари шаҳодати Ҷаъфар ибни Абутолиб дар ҷанги Мутаро ба Имом Алӣ (а) расонд ва ӯ гуфт: «Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун/ إنا لله و إنا الیه راجعون», ояти мазкур нозил шуд.[14]


Эзоҳ

  1. Ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, 1982., саҳ.209.
  2. Тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд
  3. Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.204.
  4. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437; Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.2, саҳ.39 - 40.
  5. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437.
  6. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437.
  7. Наҳҷ-ул-балоға, калимоти қисор, шумораи 99
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390, ҷ.1, саҳ.353 - 354.
  9. Рисолаи сайру сулук, шарҳи Ҳусайнии Теҳронӣ, саҳ.147 - 148; Ҳусайнии Теҳронӣ, Рисолаи лубб-ул-албоб, саҳ.124 - 125.
  10. Шаҳиди Аввал, Зикро-ш-шиъа, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.49.
  11. Шаҳиди Аввал, Зикро-ш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.49.
  12. Соҳиби Ҷавоҳир, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.4, саҳ.310.
  13. Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, 1982м., саҳ.209.
  14. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, интишороти Аллома, ҷ.2, саҳ.120.

Сарчашма

  • Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1390ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, Бейрут, Дорулкитобиллубнонӣ ва мактабатулмадраса, 1982м.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, бо тасҳеҳ ва таълиқаи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Қум, муассисаи интишороти Аллома.
  • Қуръони Карим.
  • Соҳиби Ҷавоҳир, Муҳаммадҳасан ибни Боқир, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-аҳком, бо таҳқиқ ва таълиқаи Шайх Аббоси Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, бо тасҳеҳ ва таҳқиқ ва таълиқаи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ ва Сайидфазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ, Бейрут, Дорулмаърифат, 1408ҳ.қ./1988м.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳ Муртазо, Тафсир-ус-Софӣ, бо тасҳеҳ ва муқаддима ва таълиқаи Ҳусайн Аъламӣ, Теҳрон, мактабатул-Садр, 1415ҳ.қ./1373ҳ.ш.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, бо муқаддимаи Оқобузурги Теҳронӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.