Ояти Нафйи сабил

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояи 141 Нисо)

Ояти Нафйи сабил бахше аз ояти 141-и сураи Нисо аст, ки ҳаргуна султаи кофирон бар мусулмононро нафй кардааст. Ин оят аз мустанадоти қоидаи нафйи сабил аст, ки дар бобҳои мухталифи фиқҳ корбурд дорад.

Бархе аз муфассирон бо тамассук ба умуми оят, ҳукми нафйи тасаллути кофиронро дар тамомии заминаҳои низомӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ ва низ дар дунёву охират медонанд.

Ин оят, аз мабонии фиқҳии бархе аз фатвои уламои шиа будааст. Барои намуна имом Хумайнӣ дар мухолифат бо лоиҳаи копитулосиюн ба ин оят ва қоидаи баргирифта аз он истинод кардааст.

Номгузорӣ ва шаъни нузул

Ба иборати «وَ لَنْ یجْعَلَ اللَّهُ لِلْکافِرِینَ عَلَی الْمُؤْمِنِینَ سَبِیلًا» аз ояти 141-и сураи Нисо, ки ҳаргуна султаи кофирон бар мусулмононро наҳй кардааст[1] ояти нафйи сабил гуфта мешавад.[2] Бар пояти ривояте, ки дар Тафсири Қумӣ нақл шудааст, ин оят дар тавбихи Абдуллоҳ ибни Убай ва ёронаш нозил шудааст. Онон дар ҷанги Уҳуд аз сипоҳи мусулмонон канорагирӣ карданд бо ин ҳадаф, ки дар сурати пирӯзии куффор бар мусулмонон бигӯянд, мо бо онҳо набудем ва дар сурати ғалабаи мусулмонон бигӯянд, мо бо шумо будем.[3]

وَ لَنْ یجْعَلَ اللَّهُ لِلْکافِرِینَ عَلَی الْمُؤْمِنِینَ سَبِیلًا

Ва Худо то абад иҷоза надодааст, ки кофирон камтарини тасаллуте бар муъминон дошта бошанд. (Нисо, 141).

Густараи нафйи тасаллути кофир бар мусулмон

Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, ин ҳукм шомили ҳамаи кофирону мунофиқон мешавад;[4] албатта баъзеҳо доираи куффор дар ин оятро маҳдуд ба яҳуд донистаанд.[5]

Ҳамчунин аз назари бархе муфассирон, умумияти оят шомили ҳар навъ бартарии муъминон бар кофирон чӣ аз назари ҳуҷҷату далел,[6] чӣ дар дунёву охират[7] ва чӣ аз назари фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ мешавад.[8] Албатта бархе ин ҳукмро мухтас ба рӯзи қиёмат донистаанд;[9] Яъқуби Ҷаъфарӣ дар Тафсири Кавсар, ихтисос додан ба як мавридро хилофи зоҳири оят ва бидуни далел шуморидааст.[10]

Тибқи бардошт аз оят, нафйи тасаллут тамомии ҷиҳоти низомӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро шомил мешавад.[11] Аз ин рӯ гуфтаанд, ҳаргуна аҳднома ё тафоҳум, ки роҳи нуфузи куффор бар мусулмононро боз кунад, ҳаром аст ва муъминон бояд бо он муқобила намоянд.[12]

Бархе тибқи оят, нафйи сабилро баёнгари ду ҷанбаи эҷобӣ ва салбӣ медонанд: ҷанбаи эҷобии он, баёнгари вазифаи ҷомеъаи исломӣ ва ҳокимони он дар ҳифзи истиқлол ва аз миён бардоштани заминаҳои вобастагӣ аст ва ҷанбаи салбии он, нозир ба нафйи султаи бегонагон бар сарнавишти сиёсӣ - иҷтимоии мусулмонон аст.[13]

Ташриъӣ будани ҳукми нафйи тасаллут

Ҳукм дар оят ба сурати ҷаъли таквинӣ нест; яъне инки Худованд ирода карда бошад, ки ҳеҷ кофире бар ҳеҷ муъмине ҳеҷгуна султае надошта бошад, балки мурод аз оят, ҷаъли ташриъӣ аст; яъне Худованд ҳукмеро, ки боиси тасаллути кофир бар муъмин бошад, ташриъ накардааст. Аз ин рӯ, ҳар ҳукме дар умумияти худ мусталзими тасаллути кофир бар муъмин бошад, бо ин оят тахсис мехӯрад.[14]

Намунаҳое аз тасаллути зоҳирии куффор бар мусулмонон, ки дар таърих гузориш шударо муваққатӣ ва ба иллати кӯтоҳии муъминон[15] ва ё ба хотири имтиҳони Илоҳӣ[16] медонанд. Ҳамчунин гуфтаанд, бартарии муъминон замоне ба вуҷуд меояд, ки онон мултазам ба лавозими имон бошанд[17] ва аз ҳамнишинӣ ва муошират бо бегонагони хиёнатпеша[18] ва тафриқа бипарҳезанд.[19]

Мустанаде барои қоидаи нафйи сабил

Мақолаи аслӣ: Қоидаи нафйи сабил

Ояти Нафйи сабил, мустанади қоидаи нафйи сабил аст. Ин қоида бар ҳар ҳукме ки боиси бартарии кофир бар мусулмон шавад, муқаддам аст.[20] Қоидаи нафйи сабил, дар бобҳои мухталифи фиқҳ корбурд дорад.[21] Бар асоси ин қоида, кофир аз мусулмон ирс намебарад. Фурӯши бардаи мусулмон ба кофир ҷоиз нест. Ҷадди кофир бар кӯдаки мусулмон вилоят надорад ва издивоҷи зани мусулмон бо марди кофир ботил аст.[22]

Бозтоби оят ва қоида дар фиқҳи сиёсӣ

Ояти нафйи сабил ва қоидаи баргирифта аз он, дар фиқҳи сиёсӣ бозтоб доштааст. Қоидаи нафйи сабилро аз мабонии фиқҳии фатвои таҳрими танбоку тавассути Мирзои Шерозӣ, ҳукми ҷиҳод бо рус тавассути уламои шиа дар замони Музаффариддиншоҳ ва мухолифати имом Хумайнӣ бо капитулясиюн медонанд.[23] Имом Хумайнӣ дар мухолифат бо капитулосиюн ба ин оят низ ишора кардааст.[24]

Оёт ва ривоёти мушобеҳ

Дар оёти дигаре ҳамчун оёти 51 ва 52-и сураи Моида ба напазируфтани султа ва сарпарастии кофирон ишора шудааст. Ҳамчунин ҳадиси Эътило, ки дар китоби Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ аз кутуби арбаъаи шиа нақл шудааст[25] бар бартарии Ислом ва нафйи бартарии дигарон ишора дорад.[26]

Бархе, дар таъйиди ояти нафйи сабил аз бурҳони ақлӣ истифода кардаанд; ба ин гуна, ки ғалабаи кофирон бар мусулмонон кори қабеҳ аст ва Худованд кори қабеҳ анҷом намедиҳад; бинобар ин, Худо куффорро бар мусулмонон чера нахоҳад кард.[27]

Инкори шаҳодати Имом Ҳусайн тавассути ғолиён

Бархе аз ғолиён,[28] бо истинод ба ин оят, шаҳодати Имом Ҳусайн (а)-ро инкор карда, қоил ба уруҷи Имом ҳамонанди ҳазрати Исо (а) шуданд. Онон мегуфтанд, Ҳанзала ибни Асъади Шибомӣ, монанди Имом шуд ва лашкари Умар ибни Саъд ӯро куштанду гумон карданд, ки Имомро ба шаҳодат расондаанд. Имом Ризо (а) зимни радди ин мавзӯъ, соҳибони ин суханро лаън карда, манзур аз нафйи султаи кофирон бар паёмбаронро аз роҳи далел шуморидааст.[29]

Эзоҳ

  1. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.116; Ҷазоирӣ, Айсар-ут-тафосир, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.559; Шаҳота, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, 1421ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.952.
  2. Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доиратулмаорифи Қуръони Карим, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.407.
  3. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.156 - 157.
  4. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.116.
  5. Дахил, ал-Ваҷиз, 1422ҳ.қ., саҳ.132.
  6. Мусавии Сабзаворӣ, Мавоҳиб-ур-Раҳмон, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.42.
  7. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.116.
  8. Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.597.
  9. Қаршӣ, Тафсири Аҳсан-ул-ҳадис, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.472.
  10. Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.597.
  11. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.175.
  12. Қироатӣ, Тафсири Нур, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.191; Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.342.
  13. Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доиратулмаорифи Қуръони Карим, 1382ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.155.
  14. Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.597.
  15. Мусавии Сабзаворӣ, Мавоҳиб-ур-Раҳмон, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.41 ва 43.
  16. Тантовӣ, ат-Тафсир-ул-васит, 1997м., ҷ.3, саҳ.355.
  17. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.116; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.175.
  18. Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Анвори дурахшон, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.252.
  19. Тантовӣ, ат-Тафсир-ул-васит, 1997м., ҷ.3, саҳ.355.
  20. Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.595.
  21. Буҷнурдӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳийя, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.187.
  22. Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.598 - 599.
  23. Комрон ва Амирифард, “Қоидаи нафйи сабил ва татбиқоти он” саҳ.110.
  24. Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.409.
  25. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.334.
  26. Мусавии Буҷнурдӣ, Қавоиди фиқҳийя, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.349-358.
  27. Абумуслим Исфаҳонӣ, Мавсуъату тафосир-ил-муътазила, 2009м., ҷ.3, саҳ.176.
  28. Ниг.: Шайх Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, ҷ.1, саҳ.219 - 220.
  29. Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.565.

Сарчашма

  • Абумуслим Исфаҳонӣ, Муҳаммад ибни Баҳр, Мавсуъату тафосир-ил-муътазила (тафсири Абубакр ал-Асам, тафсири Абуалӣ ал-Ҷуббоӣ, тафсири Абулқосим ал-Каъбӣ ал-Балхӣ), Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 2009м.
  • Буҷнурдӣ, Сайидҳасан ибни Оқобузург, ал-Қавоъид-ул-фиқҳийя, таҳқиқи Маҳдии Меҳризӣ, Қум, нашри Алҳодӣ, 1419ҳ.қ.
  • Дахил, Алӣ Муҳаммад Алӣ, ал-Ваҷиз фи тафсир-ил-китоб-ил-азиз, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, чопи дувум, 1422ҳ.қ.
  • Комрон ва Амирифард, Заҳро ва Ҳасан, “Қоидаи нафйи сабил ва татбиқоти он”, дар дуфаслномаи Фиқҳ ва иҷтиҳод, № 3, баҳор ва тобистони 1394ҳ.ш.
  • Қаршии Бунобӣ, Алиакбар, Тафсири Аҳсан-ул-ҳадис, Теҳрон, Бунёди Беъсат, чопи дувум, 1375ҳ.ш.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири Нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1388ҳ.ш.
  • Қумӣ, Али ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, таҳқиқи Тайиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорул-китоб, чопи сеюм, 1363ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доиратулмаорифи Қуръони Карим, Қум, Бустони китоб, чопи сеюм, 1382ҳ.ш.
  • Мусавии Сабзаворӣ, Абдулаъло, Мавоҳиб-ур-Раҳмон фи тафсир-ил-Қуръон, 1409ҳ.қ., беҷо, дафтари самоҳат Оятуллоҳилъузмо ал-Сабзаворӣ, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, 1387ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Тайиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Ислом, чопи дувум, 1369ҳ.ш.
  • Тантовӣ, Муҳаммад Сайид, ат-Тафсир-ул-васит ли-л-Қуръон-ил-Карим, Қоҳира, Наҳзати Миср, 1997м.
  • Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Саҳифаи имом, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи панҷум, 1389ҳ.ш.
  • Ҳувайзӣ, Абдуъалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, Қум, Исмоилиён, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Муҳаммад, Анвори дурахшон дар тафсири Қуръон, Теҳрон, интишороти Лутфӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Абубакр Ҷобир, Айсар-ут-тафосир ли каломи-л-Алӣ-ил-Кабир, Мадина, мактабатулъулуми вал-ҳикам, 1416ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., Қум, муассисаи интишороти Ҳиҷрат, 1376ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо алайҳис-салом, тасҳеҳи Маҳдии Лоҷвардӣ, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, бе то.
  • Шаҳота, Абдуллоҳ Маҳмуд, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, Қоҳира, Дору ғариб, 1421ҳ.қ.