Муҳаммадосиф Муҳсинии Қандаҳорӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Осифи Муҳсинӣ)
Муҳаммадосиф Муҳсинии Қандаҳорӣ

Муҳаммадосиф Муҳсинии Қандаҳорӣ (1935 - 2019) - марҷаъи тақлиди сокини Афғонистон буд.

Ӯ мудофеъи тақриби мазоҳиби исломӣ, раиси шӯрои уламои шиаи Афғонистон ва бунёнгузори ҳавзаи илмия ва донишгоҳи Хотамул-набийин дар Кобул буд. Ӯ ҳамчунин узви шӯрои олии Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, раҳбари пешини ҳизби ҳаракати исломии Афғонистон ва муассиси телевизиони тамаддун буд.

Муҳаммадосиф Муҳсинӣ дар фиқҳ ва усули фиқҳ, аз шогирдони Сайид Муҳсини Ҳаким ва Сайид Абулқосим Хуӣ аст ва осоре дар риҷол, фиқҳ ва ҳадис дорад. Муҳаққиқон китоби Буҳусун фи илм-ир-риҷоли ӯро аз таълифоти мондагор дар мавзӯи дироятул-ҳадис донистаанд.

Зиндагӣ

Муҳаммадосиф Муҳсинӣ фарзанди Муҳаммадмирзо Муҳсинӣ, 26-уми апрели 1935 дар Қандаҳори Афғонистон ба дунё омад. Таълимоти ибтидоиро дар мактабхона оғоз кард ва аз даҳсолагӣ назди падар ба хондану навиштан пардохт.[1] Дар 14-солагӣ (1949) ҳамроҳи хонавода ба Покистон рафт ва дар Кувайта забони урду омухт. Пас аз бозгашт аз Покистон, муддате дар ширкати барқ кор кард ва сипас дар соли 1951 дар палатаи савдои Қандаҳор машғул ба кор шуд.[2]

Осиф Муҳсинӣ дар соли 1961 духтаръаммаи худро ба занӣ гирифт ва соҳиби се писар бо номи Абдуллоҳ, Ҳофиз ва Ҳабиб шуд. Зани аввал ва фарзанди калониаш пеш аз ӯ вафот карданд.[3] Муҳсинӣ дар 5-уми авгути 2019 бар асари беморӣ дар Кобул вафот кард[4] ва дар 6-уми август дар мадрасаи Хотамун-набийини Кобул дафн шуд.[5]

Таҳсилоти ҳавзавӣ

Муҳсинӣ, ибтидо 6 моҳ дар Қандаҳор асосҳои улуми диниро омӯхт ва баъд аз он ба як деҳаи ноҳияи Ҷоғури вилояти Ғазнайи Афғонистон рафт ва дар 8 моҳ,[6] Ҳидоя ва Суютӣ ва Ҳошияи Муллоабдуллоҳ ва як каме аз Маъолим ва Лумъаро дар он ҷо омӯхтааст.[7]

Муҳаммадосиф Муҳсинӣ, 3-уми ияли 1953 ба Наҷаф рафт ва дар камтар аз 3 сол, боқимондаи сатҳои улуми диниро ба поён расонд. Чунонки худи ӯ гуфтааст, таътилоти ҳавза барояш хушоянд набуд ва рӯзҳои таътил ҳам машғули дарс мешуд.[8]

Мутаввалро аз Мударриси Афғонӣ, ҷилди аввали Кифояро аз Шайх Муҷтабо Ланкаронӣ, ҷилди дувуми Кифояро аз Садро Бодкӯбаӣ, Расоилро аз Шайх Козими Яздӣ ва Макосибро аз чанд тани дигар аз асотид омухт. Шайх Осиф Муҳсинӣ ба фалсафа ҳам алоқаманд буд, аммо ба далели мамнуъияти тадриси фалсафа дар Наҷаф, ба мутолиаи шахсӣ пардохт ва бар китоби Боби ҳодиъашар таълиқа навишт. Китобҳои дигаре, аз ҷумла Асфор ва Ҳикмат-ул-ишроқ ва осори каломиро низ мутолиа кард.[9]

Ҳаммубоҳисаҳои ӯ Қурбонъалӣ Муҳаққиқи Кобулӣ, Исмоил Муҳаққиқ ва Мусо Олимии Бомиёнӣ буданд.[10]

Шайх Осиф Муҳсинӣ, нуҳ сол дар дарси хориҷи фиқҳ ва усули фиқҳи Сайидмуҳсини Ҳаким, Сайид Абулқосими Хуӣ, Шайх Ҳусайни Ҳиллӣ ва Сайид Абдулаъло Сабзаворӣ ҳозир мешуд.[11]

Фаъолиятҳои динӣ

Фаъолиятҳои динӣ Муҳаммадосиф Муҳсинӣ, нақшофариниҳои мутааддид ва мутанаввиъи динӣ дар Афғонистон доштааст; аз ҷумла: раёсат бар шӯрои уламои шиаи Афғонистон, талош барои расмияти мазҳаби шиа, ҳамкорӣ дар таҳия ва тасвиби қонуни аҳволи шахсии шиаён, таъсиси ҳавзаи илмия ва донишгоҳи Хотамун-набийин дар Кобул, роҳандозии телевизиони тамаддун ва ҳамчунин талош барои тақриби мазоҳиби исломӣ.

Раёсати шӯрои уламои шиаи Афғонистон

Мақолаи аслӣ: Шӯрои уламои шиаи Афғонистон

Муҳсинӣ, дар соли 2003, нахустин таҷаммуъи бузурги уламои шиаи Афғонистонро дар Кобул баргузор кард ва пас аз 3 рӯзи музокира, таъсиси шӯрои уламои шиаи Афғонистон ба тасвиб расид. Шӯрои уламои шиаи Афғонистон дар 65 нуқтаи Афғонистон дорои намояндагӣ аст ва беш аз 2 ҳазор узв дорад.[12] Муҳаммадосиф Муҳсинӣ, раёсати шӯрои уламои шиаи Афғонистонро бар уҳда дошт.[13]

Расмияти мазҳаби шиа дар Афғонистон: дар қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар 4-уми январи 2004 ба тасвиб расид, барои аввалин бор дар таърихи Афғонистон, мазҳаби шиа ба расмият шинохта шуд. Муҳсинӣ аз ҷумлаи касоне буд, ки дар ин роҳ талош кард.[14]

Сохтани ҳавзаи илмия ва донишгоҳи Хотамун-набийин

Намое аз ҳавзаи илмияи Хотамун-набийини Кобул, ки тавассути Муҳаммадосиф Муҳсинӣ таъсис шуд.

Муассисаи таҳсилоти олӣ ва ҳавзаи илмияи Хотамун-набийини Кобул, бо масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъ, яке аз марказҳое аст, ки бо ташаббуси Муҳсинӣ сохта шудааст ва аз соли 2008 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ин муҷтамаъ, шомили ҳавзаи илмия, донишгоҳ, китобхона ва масҷиди ҷомеъ аст.[15][16]

Роҳандозии телевизиони тамаддун

Мақолаи аслӣ: Телевизиони тамаддун

Шабакаи телевизиюнии тамаддун, ки бештари муҳтавои он, хабар, гузориш ва барномаҳои динӣ аст, дар соли 2008 аз ҷониби Муҳсинӣ таъсис шуд.[17] Ин телевизион бархилофи дигар шабакаҳои Афғонистон, аз пахши мусиқӣ худдорӣ мекунад.[18]

Тасвиби қонуни аҳволи шахсияи аҳли ташайюъи Афғонистон

Мақолаи аслӣ: Қонуни аҳволи шахсияии аҳли ташайюъи Афғонистон

Муҳаммадосиф Муҳсинӣ, раиси шӯрои уламои шиаи Афғонистон, дар соли 2010 тарҳе бо унвони қонуни аҳволи шахсияи шиаёни Афғонистон тақдими давлати Ҳомид Карзай кард, ки бар асоси асли 131-и қонуни асосии[19] Афғонистон, ибтидо ба тасвиби давлат расид, аммо баъд аз мухолифатҳое, ки аз сӯи бахшҳое аз мардуми[20] Афғонистон ва ҳамчунин ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ[21] барангехт, мавриди бозбинӣ қарор гирифт.

Талош барои тақриби мазоҳиб

Бархе муътақиданд, Муҳсинӣ дар талош барои тақриби мазоҳиби исломӣ будааст. Таъсиси шӯрои ухуввати исломии Афғонистон, интишори китобе бо унвони «Тақриби мазоҳиб; аз назар то амал»[22] бахше аз ин талошҳост.

Зиндагии сиёсӣ

Пас аз табаддулоти коммунистии 27-уми апрели 1978 ва ба қудрат расидани ҳизби демократияи халқи Афғонистон, Осиф Муҳсинӣ, Афғонистонро тарк кард.[23] Ибтидо барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафт,[24] сипас ба Сурия сафар кард ва чанд моҳ дар Димишқ ба тадриси улуми динӣ пардохт.[25] Ӯ дар марти 1979 ба Қум рафт ва ҳамроҳи ҷамъе аз рӯҳониёни афғонистонии муқими ҳавзаи илмияи Қум, ҳизби ҳаракати исломии Афғонистонро дар 8-уми апрел[26] таъсис кард.[27] Ин ҳизб, ки аз гуруҳҳои хурдтаре ташкил шуда буд, ба муқобилаи низомӣ бо ҳукумати коммунистии вақти Афғонистон пардохт.[28]

Муҳаммадосиф Муҳсинӣ, дар 1989 баъд аз ташкили ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон, ки аз идғоми аҳзоби фаъоли шиа ба вуҷуд омада буд, аз пайвастан ба он ва идғоми ҳизби ҳаракати исломӣ худдорӣ кард.[29] Шайх Осиф Муҳсинӣ то соли 2005, раҳбари ин ҳизб буд ва пас аз канорагирӣ аз раҳбарии ҳаракати исломии Афғонистон, ба фаъолиятҳои сиёсии худ поён дод.[30]

Ҳамкорӣ бо ҳукумати Муҷоҳидин

Осиф Муҳсинӣ дар маросими ғуборрӯбии Ҳарами Имом Ризо(а)

Баъди суқути давлати коммунистии доктор Наҷибуллоҳ дар 28-уми апрели 1992, Муҳаммадосиф Муҳсинӣ дар аввалин давлати Муҷоҳидин дар Кобул, муншӣ ва сухангӯи шӯрои раҳбарии давлати исломии Афғонистон буд. Дар ин давра мухолифат ва даргирии ӯ бо Абдулалӣ Мазорӣ - раҳбари ҳизби ваҳдати исломӣ ба авҷ расид. Ӯ баъд аз муддате Кобулро тарк карда ва ба Исломободи Покистон рафт.[31]

Таълиф ва таҳқиқ

Муҳаммадосиф Муҳсинӣ, дар канори иқдомоти сиёсӣ ва ҳамчунин фаъолиятҳои динию фарҳангӣ, китобҳо ва мақолоти бисёре низ навиштааст, ки токунун беш аз 60 асар аз ӯ ба чоп расидааст.[32] Муҳсинӣ аз ҳамин рӯ «нишони академисиян» - болотарин нишони илмии Афғонистонро дарёфт кардааст.[33]

Осори ӯ ба забонҳои форсӣ ва арабӣ навишта шуда ва мавзӯъоти гуногунеро дарбар мегирад; аз ҷумла: ҳадис, фиқҳ, риҷол, ақоид ва сиёсат. Бархе аз осори ӯ иборатанд аз:

  • Буҳусун фи илми-р-риҷол, ҳовии қавоиди риҷолӣ аст ва ба бовари Маҳдии Маҳризӣ, яке аз таълифоти мондагор дар мавзӯи дироятул-ҳадис аст.[34]
  • Машраъаи Биҳор-ул-анвор, чунонки муаллиф гуфтааст, таълиқае аст бар Биҳор-ул-анвор, ки Муҳаммадосиф Муҳсинӣ дар он талош кардааст то бар асоси қавоиди риҷолии зикршуда дар китоби Буҳусун фи илми-р-риҷоли худ, ривоёти муътабарро аз ривоёти номуътабари Биҳор-ул-анвор ҷудо кунад ва ба баррасии мавзӯъоти мухталифе бипардозад, ки дар ривоёти муътабар зикр шудааст.[35]

«Ақоид барои ҳама»,[36] «Тақриби мазоҳиб, аз назар то амал»,[37] «Зан дар шариъати исломӣ»,[38] «Тавзеҳул-масоили сиёсӣ»,[39] ва «Хасоиси Хотамун-набийин»,[40] аз осори дигари ӯст.

Ҷусторҳои вобаста

Муҳаммадисҳоқи Файёз

Эзоҳ

  1. “Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Оятуллоҳ шайх Муҳаммадосиф Муҳсинӣ”, пойгоҳи иттилоърасонии Рисолот.
  2. “Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Оятуллоҳ шайх Муҳаммадосиф Муҳсинӣ”, пойгоҳи иттилоърасонии Рисолот.
  3. “Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Оятуллоҳ шайх Муҳаммадосиф Муҳсинӣ”, пойгоҳи иттилоърасонии Рисолот.
  4. Марҷаъи тақлиди шиаёни Афғонистон даргузашт, хабаргузории Форс.
  5. “Пайкари Оятуллоҳ Муҳсинӣ ташйиъ ва ба хок супурда шуд”, хабаргузории Садо ва симо.
  6. [http://database-aryana-encyclopaedia.blogspot.com/2009/08/blog-post_7295.html#_ftn1 Маҳдизода Кобулӣ, ««Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф», дар донишномаи Ориёно.
  7. “Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Оятуллоҳ шайх Муҳаммадосиф Муҳсинӣ”, пойгоҳи иттилоърасонии Рисолот.
  8. “Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Оятуллоҳ шайх Муҳаммадосиф Муҳсинӣ”, пойгоҳи иттилоърасонии Рисолот.
  9. “Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Оятуллоҳ шайх Муҳаммадосиф Муҳсинӣ”, пойгоҳи иттилоърасонии Рисолот.
  10. “Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Оятуллоҳ шайх Муҳаммадосиф Муҳсинӣ”, пойгоҳи иттилоърасонии Рисолот.
  11. Маҳдизода Кобулӣ, “Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф”, донишномаи Ориёно.
  12. “Шиаёни Афғонистонро беҳтар бишносем”, хабаргузории Форс.
  13. “Аъзои шӯрои уламои шиаи Афғонистон мушаххас шуданд”, хабаргузории расмии Ҳавза.
  14. Содиқии Балхобӣ, “Муҳаммадосиф Муҳсинӣ”.
  15. Содиқии Балхобӣ, “Муҳаммадосиф Муҳсинӣ”.
  16. “Ҳавзаи илмияи Хотамун-набийини Кобул - Афғонистон”.
  17. “Телевизионҳои Кобул”.
  18. “Телевизионҳои Афғонистон”, пойгоҳи иттилоърасонии Паёми офтоб.
  19. Воъизӣ, “Аҳволи шахсияи шиаён, фурӯъи фиқҳӣ дар курсии усули ҳуқуқӣ”, сайти Би-Би-Сии форсӣ.
  20. “Гордиян: Оятуллоҳ Муҳсинӣ, рӯҳонии саркаши Афғонистон”, сайти Би-Би-Сии форсӣ.
  21. “Оятуллоҳ Муҳсинӣ, мубаллиғи иттиҳоди шиа ва суннӣ”, сайти Би-Би-Сии форсӣ.
  22. “Тақриби мазоҳиб; аз назар то амал”, сайти бунёди Муҳаққиқи Таботабоӣ.
  23. “Оятуллоҳ Муҳсинӣ, мубаллиғи иттиҳоди шиа ва суннӣ”, сайти Би-Би-Сии форсӣ.
  24. “Оятуллоҳ шайх Муҳаммадосиф Муҳсинии Қандаҳорӣ”, пойгоҳи иттилоърасонии Паёми офтоб.
  25. “Оятуллоҳ Муҳсинӣ, мубаллиғи иттиҳоди шиа ва суннӣ”, сайти Би-Би-Сии форсӣ.
  26. “Дар бораи мо”, сайти ҳизби ҳаракати исломии Афғонистон.
  27. “Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф”, донишномаи Ориёно.
  28. Маҳдизода Кобулӣ, “Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф”, донишномаи Ориёно.
  29. Мусавӣ, Ҳазораҳои Афғонистон, 1387ҳ.ш., саҳ.252.
  30. “Таърихчаи мухтасари ҳаракати исломии Афғонистон”, шӯрои ҷавонони ҳаракати исломӣ.
  31. Маҳдизода Кобулӣ, “Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф”, донишномаи Ориёно.
  32. “Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф”, сайти Викинур.
  33. “Эътои болотарин нишони илмии Афғонистон ба Оятуллоҳ Осиф Муҳсинӣ”, Шианюз.
  34. Меҳризӣ, “Тарҳи пажуҳишӣ: илмул-ҳадис”, саҳ.76.
  35. Муҳсинӣ, Машраъату Биҳор-ул-анвор, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.7.
  36. Муҳсинӣ, Ақоид барои ҳама, 1373ҳ.ш.
  37. Муҳсинӣ, Тақриби мазоҳиб: аз назар то амал, 1387ҳ.ш.
  38. Муҳсинӣ, Зан дар шариати исломӣ, 1391ҳ.ш.
  39. Муҳсинӣ, Тавзеҳул-масоили сиёсӣ, 1391ҳ.ш.
  40. Муҳсинӣ, Хасоиси Хотамун-набийин, 1396ҳ.ш.

Сарчашма

  • “Аъзои шӯрои уламои шиаи Афғонистон мушаххас шуданд“, сайти Ҳавзанюз, таърихи дарҷи матлаб: 8 обони 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 16 дейи 1397ҳ.ш.
  • Воъизӣ, Ҳамза, “Аҳволи шахсияи шиаён, фурӯъи фиқҳӣ дар курсии усули ҳуқуқӣ”, сайти Би-Би-Сии форсӣ, таърихи дарҷи матлаб: 18 фарвардини 1388ҳ.ш., таърихи боздид: 23 меҳри 1396ҳ.ш.
  • “Гордиян: Оятуллоҳ Муҳсинӣ, рӯҳонии саркаши Афғонистон”, сайти Би-Би-Сии форсӣ, таърихи дарҷи матлаб: 3 урдибиҳишти 1388ҳ.ш., таърихи боздид: 23 меҳри 1396ҳ.ш.
  • “Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Оятуллоҳ шайх Муҳаммадосиф Муҳсинӣ”, дар пойгоҳи иттилоърасонии Рисолот, таърихи дарҷи матлаб: 27 хурдоди 1391ҳ.ш., таърихи боздид: 23 меҳри 1396ҳ.ш.
  • “Дар бораи мо”, сайти ҳизби ҳаракати исломии Афғонистон, таърихи боздид: 13 тири 1395ҳ.ш.
  • “Марҷаъи тақлиди шиаёни Афғонистон даргузашт“, хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 14 мурдоди 1398ҳ.ш., таърихи мушоҳида: 14 мурдоди 1398.
  • Маҳдизода Кобулӣ, Муҳаммадрауф Маҳдӣ, “Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф”, дар Донишномаи Ориёно, таърихи дарҷи матлаб: 11 мурдоди 1388ҳ.ш., таърихи боздид: 23 меҳри 1396ҳ.ш.
  • Маҳризӣ, Меҳдӣ, “Тарҳи пажуҳишӣ: илмул-ҳадис”, дар маҷаллаи Оинаи пажуҳиш, № 33, тобистони 1374ҳ.ш.
  • “Муассисаи Хотамун-набийини Кобул; заминасозии тақриби мазоҳиби исломӣ“, сайти хабаргузории Тақриб, таърихи дарҷи матлаб: 22 меҳри 1388ҳ.ш., таърихи боздид: 23 меҳри 1396ҳ.ш.
  • Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф, Ақоид (вазоифи амалӣ ва вазоифи мутақобил) барои ҳама, Исломобод, камиссиюни фарҳангии ҳаракати исломии Афғонистон, 1373ҳ.ш.
  • Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф, Зан дар шариати исломӣ, Кобул, ҳавзаи илмияи Хотамун-набийин, 1391ҳ.ш.
  • Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф, Машраъату Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисатул-Ориф лил-матбуъот, 1426ҳ.қ./2005м.
  • Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф, Тавзеҳул-масоили сиёсӣ, Кобул, камиссиюни фарҳангии шӯрои уламои шиаи Афғонистон, 1391ҳ.ш.
  • Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф, Тақриби мазоҳиб: аз назар то амал, Теҳрон, нашри Адён, 1387ҳ.ш.
  • Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф, Хасоиси Хотамун-набийин, Кобул, Маркази ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Муҳсинӣ, 1396ҳ.ш.
  • Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф”, сайти Донишномаи тахассусии китобшиносӣ ва зиндагиномаи Викинур, таърихи боздид: 17 дейи 1397ҳ.ш.
  • “Оятуллоҳ Муҳсинӣ; мубаллиғи иттиҳоди шиа ва суннӣ“, сайти Би-Би-Сии форсӣ, таърихи дарҷи матлаб: 8 мурдоди 1388ҳ.ш., таърихи боздид: 23 меҳри 1396ҳ.ш.
  • “Пайкари Оятуллоҳ Муҳсинӣ ташйиъ ва ба хок супурда шуд“, хабаргузории Садо ва симо, таърихи дарҷи матлаб: 15 мурдоди 1398ҳ.ш., таърихи мушоҳида: 16 мурдоди 1398ҳ.ш.
  • Содиқии Балхобӣ, Сайидғуломҳусайн, “Муҳаммадосиф Муҳсинӣ”, сайти фарҳехтагони тамаддуни шиъӣ, таърихи дарҷи матлаб: 12 меҳри 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 23 меҳри 1396ҳ.ш.
  • “Тақриби мазоҳиб; аз назар то амал”, сайти бунёди Муҳаққиқи Таботабоӣ, таърихи боздид: 23 меҳри 1396ҳ.ш.
  • “Таърихчаи мухтасари ҳаракати исломии Афғонистон”, дар саҳифаи шӯрои ҷавонони ҳаракати исломӣ дар Фейсбук, таърихи дарҷи матлаб: 14 декабри 2014м., таърихи боздид: 23 меҳри 1396ҳ.ш.
  • “Телевизионҳои Афғонистон”, сайти Паёми офтоб, таърихи дарҷи матлаб: аввали фарвардини 1387ҳ.ш., таърихи боздид: 23 меҳри 1396ҳ.ш.
  • “Телевизионҳои Кобул”, сайти ожонси хабарии Пижвок, таърихи боздид: 23 меҳри 1396ҳ.ш.
  • “Ҳавзаи илмияи Хотамун-набийини Кобул - Афғонистон”, веблоги Ҳамидуллоҳи Наҷм, таърихи дарҷи матлаб: аввали декабри 2009м., таърихи боздид: 23 меҳри 1396ҳ.ш.
  • “Шиаёни Афғонистонро беҳтар бишносем”, сайти хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 11 хурдоди 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 23 меҳри 1396ҳ.ш.
  • “Эътои болотарин нишони илмии Афғонистон ба Оятуллоҳ Осиф Муҳсинӣ”, сайти Шианюз, таърихи дарҷи матлаб: 22 мурдоди 1386ҳ.ш., таърихи боздид: 23 меҳри 1396ҳ.ш.