Баҳоият

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Оини баҳоӣ)
«Ё баҳоа-л-абҳо» исми аъзами баҳоият, тарҳи аслӣ аз Мишкин Қалами Хаттот ва аз баҳоиёни маъруф.

Баҳоият як фирқаи мазҳабие аз оини Бобия аст, ки Мирзо Ҳусейналии Нурӣ - маъруф ба Баҳоуллоҳ дар асри 13-уми қамарӣ онро поягузорӣ кард.

Мирзо Ҳусейналӣ яке аз пайравони Сайидалӣ Муҳаммади Боб буд, ки баъд аз марги Боб, фирқаи баҳоиятро ба вуҷуд овард. Баъд аз Баҳоуллоҳ, писараш - Аббоси Афандӣ, маъруф ба Абдулбаҳо ва сипас Шавқии Афандӣ - набераи Абдулбаҳо, раҳбарии баҳоиёнро ба уҳда гирифтанд. Баъд аз Шавқӣ, дар ҷонишинӣ ӯ ихтилоф шуд ва баҳоиён ба гуруҳҳои мухталифе ҳамчун «баҳоиёни байтул-адлӣ» ва «баҳоиёни ортедуксӣ» тақсим шуданд. Имрӯза раҳбарии баҳоиён дар дасти байтул-адли аъзам аст.

Баҳоиён, Баҳоуллоро пайғамбар ва баҳоиро дини наве медонанд, ки дини Исломро насх кардааст. Баҳоуллоҳ бар ин бовар аст, ки қиёмати мусулмонон бо омадани Боб барпо шуда ва бо марги ӯ поён ёфтааст. Ҳамчунин қиёмати бобиён бо зуҳури Баҳоуллоҳ оғоз шуда ва бо маргаш ба охир мерасад. Баҳоиён расму оинҳое монанди намоз, рӯза, ҳаҷ ва ҳудудро ба таври дигаре ки аз мусулмонон фарқ мекунад, ба ҷо меоваранд.

Байтул-адл муҳимтарин маркази баҳоӣ ва марҷаи тамоми корҳои онҳост. Ин марказ дар кӯҳи Кармел дар Ҳайфа ҷойгир аст ва аъзои онро маҳфилҳои миллӣ интихоб мекунанд, ки пайвандгари ҷамоаи баҳоии ҳар кишвар бо Байтул-адл мебошанд. Хонаи Алимуҳаммади Боб дар Шероз, Хонаи Баҳоуллоҳ дар Бағдод, Боғи Ризвон (ҷои иддаъои мазҳарияти Баҳоуллоҳ), Мақоми аъло (мақбараи Боб дар кӯҳи Кармил) ва Равзаи муборака (мақбараи Ҳусейналии Нурӣ дар Акко) аз ҷойҳои муқаддаси баҳоиён мебошанд. Ҳамчунин иди Наврӯз, ва солрӯзи вафот ва зодрӯзи Боб ва Баҳоуллоҳ идҳои баҳоӣ ба шумор мераванд.

Китобҳои Баҳоуллоҳ монанди китобҳои Ақдас, Иқон, Калимоти макнуна ва Алвоҳ, осори Абдулбаҳо ва Шавқии Афандӣ ва китобҳои «ал-Фароид» ва «Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком» аз китобҳои муқаддаси баҳоиятанд.

Ба эътиқоди мусалмонон, баҳоият фирқаи золла (гумроҳ) ва берун аз Ислом аст. Марҷаъҳои тақлиди шиа, эътиқод ба баҳоиятро куфр ва баҳоиёнро наҷас ва кофири муҳориб медонанд. Беш аз 400 китобу мақола дар нақди баҳоият навишта шудааст. Бархе аз ин китобҳоро баҳоиёне, ки аз эътиқоди баҳоӣ баргаштаанд, ба монанди Абдулҳусайн Оятӣ Бофқии Яздӣ навиштаанд.

Иддаои улуҳият, набувват ва мавъудияти Баҳоуллоҳ бархилофи эътиқодоти исломӣ буда, як навъ бутпарастӣ ва худпарастӣ дониста мешавад. Таноқузи эътиқодоти баҳоӣ, ихтилофи фаровон байни онҳо ва такфири бузургони фирқаи ҳамдигар нақдҳое бар баҳоият аст. Аз дидгоҳи мунтақидон, баҳоият як ҳизб ва фирқаи сиёсие аст, ки аз ҷониби кишварҳои Русия, Англия, Исроил ва Амрико пуштибонӣ ва ҳимоят мешаванд.

Таърихча

Баҳоият фирқае мазҳабӣ ва баромада аз бобия аст,[1] ки дар қарни сездаҳуми қамарӣ (нуздаҳум мелодӣ) ба дасти Мирзо Ҳусайнъалии Нурӣ, маъруф ба Баҳоуллоҳ падид омад.[2] Дар рисолае ки ба муносибати садумин солгарди фавти Мирзо Ҳусайнъалӣ ба супориши байтул-адл мунташир шуда, омадааст, ки рисолати Баҳоуллоҳ аз августи 1852 мелодӣ (шаволи 1268ҳ.қ.) дар зиндон оғоз шуд.[3]

Гуфта шудааст, калимаи «баҳоӣ» аз ҳудуди солҳои 1282 - 1284ҳ.қ., дар бораи баҳоият ба кор рафтааст.[4] Бо ин ҳол, баҳоиён номҳои «оини баҳоӣ», «диёнати баҳоӣ» ва «амри баҳоӣ» (The Bahá’í Faith)-ро барои ишора ба худ тарҷеҳ медиҳанд.[5]

Заминаи шаклгирӣ

Пас аз марги Сайидалӣ Муҳаммади Боб - бунёнгузори фирқаи бобия дар соли 1266ҳ.қ.[6] бобиён ба Ироқ табъид шуданд. Дар онҷо Мирзо Яҳё Нурӣ, маъруф ба Субҳи Азал раёсати онҳоро бар уҳда дошт, аммо ӯ дар пинҳонӣ зиндагӣ мекард ва бародараш - Мирзо Ҳусайнъалии Нурӣ умурро дар даст дошт.[7] Дар соли 1280ҳ.қ., бобиён ба хотири рафторҳои ғайриахлоқӣ ба Истанбул табъид шуданд ва дар ҳамин айём Мирзо Ҳусайнъалӣ иддаои мазҳарият [Ёддошт 1] кард, ки сабаби ихтилоф дар миёни бобиён шуд. Баҳоиён ин рӯзҳо (12 рӯз)-ро иди Ризвон ва беъсати Баҳоуллоҳ меноманд.[8] Пас аз он, Мирзо Ҳусайнъалӣ муддаии куҳнагии бобият шуд ва мазҳаби баҳоиятро расман эълом кард.[9] Баъд аз шиддат гирифтани ихтилофоти миёни он ду, давлати усмонӣ дар соли 1385ҳ.қ., Мирзо Ҳусайнъалиро ба Акко – яке аз шаҳрҳои Фаластин, ва Мирзо Яҳёро ба кишвари Қибрис фиристод.[10] Бобиҳое, ки бар ҷонишинии Субҳи Азал боқӣ монда ва иддаои Ҳусайнъалиро напазируфтанд, «азалия» ва пайравони Мирзо Ҳусайнъалӣ «баҳоӣ» хонда шуданд.[11]

Омор ва вазъияти кунунӣ

Баҳоияти имрӯза ташкилоти байналмилалие ба шумор меравад, ки мақари аслии он дар Исроил аст ва дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба хусус кишварҳои Осияӣ ва Африқоӣ шуъба дорад.[12] Бар асоси гузориши доиратулмаорифи ҷаҳони навини Ислом, баҳоият дар ҷаҳон, 165 маҳфили рӯҳонии миллӣ ва 20 ҳазор маҳфили рӯҳонии маҳаллӣ дорад. Осор ва адабиёти баҳоӣ ба 802 забони мухталиф тарҷума шудааст. Ҳамчунин ҳафт «Машриқ-ул-азкор» (маъбади баҳоиён) дар ҷаҳон вуҷуд дорад ва 1256 ҷои дигар низ барои ҳамин манзур ба моликияти баҳоиён даромадааст.[13]

Баҳоиён, баҳоиятро баъд аз масеҳият, дуюмин оин ба лиҳози парокандагии ҷамъият медонанд; ҳарчанд нисбат ба пайравони дигар адён, ҷамъияти қобили таваҷҷуҳе надоранд.[14] Гуфта шудааст, бо вуҷуди инки ташкилоти идории баҳоӣ аз теъдоди пайравони худ огоҳ аст, то кунун омори расмие аз ҷамъияти баҳоиён ироа накардааст.[15]

Оморҳои ғайрирасмӣ, ҷамъияти пайравони баҳоиро панҷ то ҳафт милион нафар эълом кардаанд.[16] Тибқи бархе гузоришҳо, ҷомеъаи байналмилалии баҳоият дар соли 2010 ҷамъияти баҳоиёнро беш аз панҷ милион гузориш додааст.[17] Ин оморҳо иғроқомез дониста шудааст; зеро барои мисол ҷамъияти баҳоиёни Ҳинд, беш аз 2 милион ва Эрон 300 ҳазор нафар эълом шудааст, ки бо оморҳои расмии ин ду кишвар носозгор аст.[18] Ҷамъияти баҳоиёни Ҳинд, тибқи омори расмии давлати Ҳинд, 110 ҳазор нафар[19] ва ҷамъияти баҳоиёни Эрон ҳаддиаксар сад ҳазор нафар тахмин зада шудааст.[20]

Имрӯза бештарини баҳоиён сокини Амрико ҳастанд.[21] Бештарин мизони сукунати баҳоиён дар Эронро марбут ба устони Теҳрон, ба хусус шаҳри Пардис, Караҷ, Исфаҳон (Шоҳиншаҳр ва Наҷафобод), Шероз, Ҳамадон ва Табрез донистаанд.[22]

Дар оини баҳоӣ, афрод ба маҳзи қабул кардани эътиқодоти баҳоият, баҳоӣ ба ҳисоб намеоянд, балки баъд аз расидан ба сини булуғ ва сабти ном дар ташкилоти баҳоӣ, дарёфти коди узвият ва итоат аз ташкилоти идорӣ, баҳоӣ шинохта мешаванд.[23]

Эътиқодот ва боварҳо

Баҳоуллоҳ дини Исломро насх кард ва дини наве ироа кард.[24] Баҳоиён бар нав будани таълимоти Баҳоуллоҳ таъкид доранд ва ӯро пайғамбаре бо паёмҳои наву бесобиқа аз тарафи Худованд муаррифӣ мекунанд. Ба иддаои онҳо, башар дар замони Баҳоуллоҳ ба ҳадде аз булуғ расид, ки метавонист таълимоти наве аз тараф Худо дарёфт кунад. Аз ин рӯ, Худованд Ҳусайнъалии Баҳоъро барангехт то таълимоти ҷадидро ба башар бирасонад.[25] Аз назари баҳоиён, Худованд дар тӯли таърих, силсилае аз мураббиён ва паёмоварони Илоҳиро барои башар фиристодааст, ки ҷадидтарини онҳо Баҳоуллоҳ аст.[26] Бархе аз таълимот, эътиқодот ва боварҳои баҳоиён иборатанд аз:

Тавҳид

Баҳоиён муддаиянд, ки Баҳоуллоҳ Худо нест, балки бандае аст, ки мақоми мазҳаряти Илоҳӣ ёфта ва мазҳари Худо дар замин аст,[27] аммо муҳаққиқон ва мунтақидони баҳоият бо истинод ба суханони Баҳоуллоҳ, муътақиданд, баҳоиён ӯро худои ҷаҳониён медонанд.[28] Аз ҷумла ибороти Баҳоуллоҳ, ки далолат бар иддаои улуҳият ва худоии ӯ дорад,[29] инҳост:

« لا اله اِلّا اَنا المَسجونُ الفَرید; худое нест, ҷуз ман зиндонии якто», «онки ҷаҳонро барои худ офарид, дар харобтарин маконҳо ба дасти ситамкорон, зиндонӣ шудааст!», «ин гуна парвардигорат амр кард, замоне, ки дар харобтарин шаҳрҳо зиндонӣ буд»,[30] « انَّهُ لا الهَ اِلّا اَنا الباقی الفردُ القدیم... لا الهَ اِلّا اَنا الباقی الغفورُ الکریم; худое нест, ҷуз ман, ки боқӣ ва якто ва қадим ҳастам... худое ҷуз, ман бахшанда ва карим нест».[31] Мирзо Ҳусайнъалии Нурӣ дар бораи шаби вилодаташ менависад: « وَ فیهِ وُلِدَ مَنْ لَمْ یَلِدْ وَ لَمْ یُولَدْ; дар ин субҳ зода шуд онки на, зода шудааст ва на, мезояд».[32]

Ба гуфта доктори Ҷ. А. Есслемонт (J. E. Esslemont) мубаллиғи амрикоии фирқаи баҳоият, дар китоби «Баҳоият ва асри ҷадид», Баҳоуллоҳ гоҳ аз ҷанбаи башарӣ сухан мегӯяд ва мақоми худро убудийят ва бандагии маҳз медонад ва гоҳ аз мақоми улуҳият сухан меронад ва дар ибороташ асаре аз шахсияти инсонии ӯ дида намешавад. Аз назари ӯ, дар мақоми улуҳият, Худованд ба воситаи Баҳоуллоҳ бо халқи худ сухан мегӯяд, муҳаббати худро изҳор мекунад ва шариатҳою аҳкомашро эълом мекунад.[33]

Мирзо Ҳусайнъалии Нурӣ дар қасидаи варқоия: « لُّ الاُلوه من رَشح أمری تألّهتْ و کُلُّ الرُبوبِ من طَفح حُکمی تَربَّت; ҳамаи худоён бар асари рашҳае аз фармони ман Худо шуданд ва ҳамаи парвардигорон бар асари лабрез шудани ҳукми ман парвардигор шуданд».

Абдулбаҳо, Макотиб, 1921м., ҷ.2, саҳ.255. Эътиқод ба улуҳияти Баҳоуллоҳ дар осори Абдулбаҳо ва мубаллиғони баҳоӣ низ вуҷуд дорад.[34]

Дар мутуни баҳоӣ, аз таъвили калимоту иборот наҳй шуда ва дастур дода шудааст ба маъноҳоии зоҳирӣ ва луғавии онҳо тамассук шавад.[35]

Набувват

Мирзо Ҳусайнъалии Нурӣ дар китобҳояш иддаои набувват карда ва худро паёмбари Худо хондааст.[36] Аббоси Афандӣ- фарзанди ӯ ва раҳбари дувуми баҳоиён низ Алӣ Муҳаммади Бобро дар радифи паёмбароне ҳамчун ҳазрати Иброҳим (а), Мусо (а), Исо (а) ва Муҳаммад (с) қарор дода ва Бобро башоратдиҳандаи зуҳури Баҳоуллоҳ медонад. Аз назари ӯ, Баҳоуллоҳ дар зумраи он паёмбарон ва ҳатто бартар аз онҳост.[37]

Ба гуфтаи Ҷ. Е. Есслемонт, баҳоӣ ба ҳамаи паёмбарон эҳтиром мегузорад ва муътақид аст, Баҳоуллоҳ ҳомили паёми Илоҳӣ барои асри ҳозир аст. Ӯ бузургтарин мураббӣ ва муаллими ҷаҳонӣ аст, ки барои комил кардани талошҳои паёмбарони пешин омадааст.[38] Бо ин вуҷуд, Мирзо Ҳусайнъалӣ дар бархе осораш, хотамияти Пайғамбар (с)-ро пазируфтааст.[39]

Ба гуфтаи Алиризо Рӯзбаҳонӣ - баҳоипажуҳи муосир, дақиқ равшан нест, ки Баҳоуллоҳ худост ё паёмбар ё ҳеҷ кадом; чароки дар бархе иборот бо пайравӣ аз Абдулбаҳо, ӯро паёмбар донистаанд ва дар баъзеи дигар ва бо тавваҷуҳ ба хотамияти Пайғамбари Ислом (с), Баҳоуллоҳро мавъуд ва мазҳари Илоҳӣ ва бартар аз паёмбарон медонанд.[40]

Қиёмат (маъод)

Ба гуфтаи Рӯзбаҳонӣ, дар фирқаи баҳоият, ба сурати мубҳам аз қиёмату маъод сухан гуфта шудааст ба гунае ки танҳо метавон фаҳмид, ки оламе баъд аз марг вуҷуд дорад.[41] Баҳоиён, ончиро ки дар Қуръон дар бораи қиёмат ва хусусиятҳои он омадааст, ба қиёми Бобу Баҳо таъвил мебаранд.[42] Боб дар китоби «Баён» гуфтааст, бо омадани ман, қиёмати мусулмонон барпо шуд ва то ман зиндаам, қиёмати онҳо боқӣ аст ва рӯзе, ки бимирам, қиёмат ба поён мерасад.[43] Аз дидгоҳи Ҳусайнъалии Баҳоъ низ қиёмати бобиён, бо зуҳури ӯ барпо шуд ва бо марги ӯ низ поён меёбад.[44]

Ба нақли Есселмонт, Баҳоуллоҳ ва Абдулбаҳо ончиро ки дар кутуби муқаддаси пешин дар бораи биҳишту ҷаҳаннам омадааст, рамзӣ мешуморанд ва маънои зоҳирии онҳоро саҳеҳ намедонанд. Аз назари онҳо, биҳишт ҳолати камол ва ҷаҳаннам, олами костиҳост. Биҳишт касби ризои Илоҳӣ ва унс бо ҳамгинон аст ва ҷаҳаннам набуди чунин унсе. Шодӣ ва фараҳи биҳишт, шодӣ ва сурури рӯҳ аст ва дарду ранҷҳои ҷаҳаннам, маҳрумият аз чунин шодию сурурест.[45]

Таълимоти дувоздаҳгона

Аббоси Афандӣ - раҳбари дувуми баҳоиён, бо сафар ба Аврупою Амрико ва ширкат дар гирдиҳамоиҳо, калисоҳою канисаҳо, дар тарвиҷи афкор ва осори Баҳоуллоҳ, усулеро дар дувоздаҳ сарфасл ба унвони таълимоти баҳоият муаррифӣ кард, ки ба таълимот ва усули дувоздаҳгонаи баҳоият шӯҳрат ёфт.[46] Ин усул ва таълимот иборатанд аз:

  1. «Таҳаррии ҳақиқат» (ҷустуҷӯи ҳақиқат);
  2. Ваҳдати олами инсонӣ;
  3. Дин бояд сабаби улфату муҳаббат бошад;
  4. Дин бояд мутобиқи илм ва ақл бошад;
  5. Тарки таассуботи ҷинсӣ, динӣ, мазҳабӣ, ватанӣ ва сиёсӣ ки нобудкунандаи бунёни инсон аст;
  6. Таъдили маишати мардум;
  7. Ваҳдати адён;
  8. Лузуми таълиму тарбияти умумӣ;
  9. Ваҳдати лисону хат (эҷоди забони дувум барои аҳли олам);
  10. Ваҳдати занону мардон ва баробарии ҳуқуқи онҳо;
  11. Эҷоди сулҳи умумӣ ва ташкили додгоҳи байналмилалӣ;
  12. Ҳамаи олам муҳтоҷи нафасоти рӯҳул-қудус аст (яъне олами инсонӣ, бо қувои ақлӣ ва моддӣ тараққӣ намекунад, балки ба ҷиҳати тараққии сӯрӣ ва маънавӣ ва саодати фавқулодаи инсонӣ, илҳом ва файзи рӯҳул-қудс лозим аст).[47]

Баҳоиён муддаиянд, ки ин таълимот ҷадид аст ва пеш аз ин, ҳеҷкасе чунин таъолиме барои инсонҳо наёварда буд,[48] аммо баҳоипажуҳон бархе аз ин таъолимро баргирифта аз адён ба хусус Ислом ва баъзе аз фазои фикрӣ ва фарҳангии ғарб донистаанд.[49]

Аҳком

Аҳком Аз назари муҳаққиқон, аҳкоми баҳоият ҳамон аҳкоме аст, ки аз ҷониби Алӣ Муҳаммади Боб дар китоби Баён омадааст; албата байни он ду фарҳқое низ вуҷуд дорад.[50] Бархе аз аҳкоми баҳоият чунин аст:

Равзаи муборака-Мақбараи Баҳоуллоҳ дар шаҳри Акко (қиблаи баҳоиён).
  • Намоз: ба гуфтаи Баҳоуллоҳ дар китоби Ақдас, намоз аз аввали булуғ [Ёддошт 2] воҷиб аст.[51] Дар баҳоият се намоз вуҷуд дорад: намози суғро, вусто ва кабир.[52] Намози кабир рӯзе як мартаба кофӣ аст[53] ва касе ки ин намозро бихонад, аз ду намози дигар муъоф аст.[54] Вақти намози вусто, субҳу зуҳру шом ва вақти намози сағир ҳангоми зуҳр (завол) аст.[55] Бар асоси мутуни баҳоият, Баҳоуллоҳ як намози нуҳ ракъатӣ низ нозил карда[56] ва чигунагии онро дар варақи дигаре навишта буд, аммо ба гуфтаи Абдулбаҳо он варақа дуздида шудааст.[57] Чигунагии ин намоз то кунун мушаххас нашудааст.[58]

Бар асоси китоби Ақдас, намози ҷамоат, ҷуз дар намози ҷаноза, мамнуъ аст.[59]

Қиблаи баҳоиён, тибқи гуфта Баҳоуллоҳ, дар замони зинда будани ӯ, макони иқомати Баҳоуллоҳ аст ва пас аз марги ӯ, Равзаи муборака; яъне қабри ӯст.[60]

  • Рӯза: рӯза аз аввали булуғ бар баҳоиён воҷиб аст.[61] Айёми рӯзаи баҳоиён, дар моҳи алъало (яке аз моҳҳои тақвими бадиъи баҳоиён) шурӯъ ва ба иди наврӯз хатм мешавад.[62] Иди наврӯз, иди сиёми (иди Фитр) баҳоиён аст.[63] Мусофирон, беморон, занони бордору ширдеҳ ва занон дар айёми одати моҳиёна, шоғилони машоғили сахт ва афроде, ки синнашон беш аз ҳафтод сол аст, аз рӯза гирифтан муъофанд.[64]
  • Ҳаҷ: дар баҳоият, ҳаҷ фақат бар мардон воҷиб аст.[65] Ҳаҷи баҳоиён зиёрати хонаи Алӣ Муҳаммади Боб дар Шероз ё манзили Баҳоуллоҳ дар Бағдод аст.[66]
  • Ҳудуд: бар асоси китоби Ақдас, қатл, зино, ғайбат ва ифтиро ҳаром аст.[67] Агар касе аз рӯи амд ва қасдан дигариро ба қатл расонад, бояд кушта шавад ва агар касе хонаи дигариро амдан ба оташ кашид, ӯро бояд сӯзонд.[68] Тибқи китоби Ақдас, ҳади зинои дияе ба миқдори нуҳ мисқоли тилло аст, ки бояд ба байтул-адл [Ёддошт 3] пардохт шавад.[69] Дар сурати такрор, дия ду баробар мешавад.[70]

Дар баҳоият ҳамаи чиз пок аст ва наҷас вуҷуд надорад.[71] Тибқи гуфтаи Баҳоуллоҳ, бар баҳоиён воҷиб аст агар дороияшон ба яксад мисқол тилло расид, нуздаҳ мисқоли онро ба унвони ҳуқуқи Аллоҳ бипардозанд.[72] Ин ҳукмро барои таъмини молии баҳоият ва улгубардоришуда аз Ислом донистаанд.[73] Дар ин оин, издивоҷ бо маҳорим ба ҷуз зани падар, ҷоиз аст.[74]

Раҳбарон

Мирзо Ҳусайнъалии Нурӣ маъруф ба Баҳоуллоҳ, бунёнгузори баҳоият.

Раҳбарони баҳоият иборатанд аз:

Баҳоуллоҳ

Мақолаи аслӣ: Мирзо Ҳусайнъалии Нурӣ Мирзо Ҳусайнъалӣ Нурӣ (тав.1233ҳ.қ./1197ҳ.ш.) маъруф ба Баҳоуллоҳ, бунёнгузори баҳоият аст ва номи оини баҳоият аз ҳамин лақаб гирифта шудааст.[75] Вай хондану навиштанро назди падараш -Мирзо Аббоси Нурӣ омухт.[76] Ӯ баъд аз иддаои бобияти Сайидалӣ Муҳаммади Шерозӣ, ба бобия пайваст ва ба тарвиҷи он пардохт.[77] Мирзо Ҳусайнъалӣ дар соли 1863 мелодӣ ҳудуди 13 сол баъд аз марги Алӣ Муҳаммади Боб, иддаои мавъуд ва мақоми «ман язҳаруҳуллоҳ» кард ва ба номи Баҳоӣ маъруф шуд.[78]

Дар соли 1868 мелодӣ, Мирзо Ҳасанъалии Баҳоъ ба ҳамроҳи пайравонаш ба Акко – шаҳре дар Фаластин, табъид шуд.[79] Ӯ дар соли 1309ҳ.қ. (1892м.) дар 75-солагӣ дар онҷо вафот кард[80] ва дар хонаи худ дар боғи баҳҷӣ дафн шуд.[81]

Абдулбаҳо

Абдулбаҳо - фарзанди аршади Баҳоуллоҳ ва ҷонишинаш.

Мирзо Аббоси Нурӣ, машҳур ба Аббоси Афандӣ ва Абдулбаҳо (1260 - 1340ҳ.қ.) фарзанди бузурги Мирзо Ҳусайнъалии Баҳоъ буд, ки баъд аз вай, раҳбарии баҳоият ба ӯ расид. Баҳоуллоҳ, дар «Китобу аҳдӣ» (васиятномаи Баҳоъ), ӯро ҷонишини худ қарор дод ва «ғасни аъзам» номида буд.[82] Баҳоиён ба ӯ «маркази мисоқ» мегӯянд, вале ӯ худашро Абдулбаҳо номид.[83]

Абдулбаҳо дар соли 1328ҳ.қ., ба даъвати баҳоиёни Аврупо ва Амрико аз Фаластин ба Миср ва аз онҷо ба Аврупою Амрико рафт. Абдулбаҳо дар ин сафар, ки се сол тӯл кашид, таълимотеро, ки имрӯза ба «таъолими дувоздаҳгона» шинохта мешавад, матраҳ кард.[84] Абдулбаҳо ба хотири фароҳам кардани озӯқаи англисиҳо дар ҷанги ҷаҳонии аввал,[85] дар 27-уми апрели 1920 мелодӣ аз сӯи давлати Англия нишони «найтҳуд» (шуволиягри=Knighthood) ва лақаби сер (Sir) дарёфт кард.[86]

Ӯ дар сол 1340ҳ.қ./1921м., вафот кард. Мақбарааш дар ҷавори мақбараи Боб, воқеъ дар кӯҳи Кермел, дар Фаластин қарор дорад.[87]

Шавқии Афандӣ

Шавқии Афандӣ - ҷонишини Абдулбаҳо ва раҳбари сеюми баҳоиён.

Набераи духтарии Аббос Афандӣ аст, ки баъд аз ӯ раҳбари баҳоиён шуд. Ӯ фарзанди Мирзоҳодии Афнон ва Зиёия духтари Абдулбаҳо буд, ки дар якуми марти 1898 дар Акко ба дунё омад ва то ёздаҳсолагӣ дар онҷо ба сар бурд.[88] Бо суқути давлати усмонӣ дар соли 1908 мелодӣ, Шавқӣ ҳамроҳи хонавода ба шаҳри Ҳайфа сафар кард ва дар донишгоҳи Бейрут ва сипас донишгоҳи Оксфорди Англия таҳсил кард.[89] Иҷрои тарҳи муҳоҷирати баҳоиён ба манотиқи мухталифи ҷаҳон, густариши ташкилоти идорӣ ва созмонӣ - динии баҳоият[90] ва таъсиси ҳайати байналмилалии баҳоӣ ё «ҷанини байтул-адл»[91] аз иқдомоти ӯ буд. Дар давраи ӯ Абдулҳусайни Тафтӣ (Оятӣ) ва Мирзосолеҳ Иқтисод Мароғаӣ - мубаллиғи баҳоият, ба Ислом баргаштанд.[92]

Вай дар 4-уми ноябри 1957 дар Лондон аз дунё рафт ва ҳамонҷо дафн шуд.[93]

Раҳбарии баҳоият баъд аз Шавқии Афандӣ

Баъд аз Шавқии Афандӣ, дар бораи ҷонишинии ӯ байни баҳоиён ихтилоф шуд ва ба иншиъобу парокандагии онҳо анҷомид. Рӯҳия Моксвел - ҳамсари Шавқии Афандӣ ва теъдоде аз гуруҳи мунтахаби Шавқии Афандӣ мулаққаб ба «Аёдиёни амруллоҳ», аксарияти баҳоиёнро ба худ ҷалб карда, байтул-адли аъзамро таъсис карданд ва раҳбарии баҳоиятро бар уҳда гирифтанд. Ин гуруҳ ба «баҳоиёни байтул-адлӣ» машҳуранд ва мақоми валӣ-амриро барои ҳамеша канор гузоштанд.[94]

Дар муқобил, Чорлз Мейсон Римӣ иддаои ҷонишинии Шавқӣ ва валӣ-амруллоҳ будан кард ва гуруҳеро бо номи «баҳоиёни артедокс» ё «римиҳо» падид овард.[95] Пайравон Римӣ муътақиданд, ҳар ташкилоте, хоҳ Аёдиёни амруллоҳ хоҳ Созмони байтул-адл бояд таҳти назорати вилояти амри баҳоиён бошад ва бе он машруъият надорад. Аз ин рӯ, ташкилоти Аёдиёни амруллоҳ ва байтул-адлро машруъ намедонанд.[96] Мейсон Римӣ, Ҷуел Брай Марангелла (Joel Bray Marangella)-ро ба унвон валии амри сеюми баҳоиён ва ҷонишини худ интихоб кард ва Марангелла низ дар соли 2006 Нусратуллоҳ Баҳрамандро ба унвони валии амри чаҳоруми баҳоиён таъин кард.[97]

Иншиъобот

Пас аз марги Баҳоуллоҳ, ихтилофот ва иншиъоботе дар баҳоият падид омад, ки дар замони Шавқии Афандӣ ба авҷ расид.[98] Бархе аз иншиъоботи ин фирқа аз ин қарор аст:

  1. Баҳоиёни муваҳҳид: баҳоиёне, ки муътақиданд, баъд аз Баҳоуллоҳ, фарзандаш - Мирзо Муҳаммадалӣ (ғасни акбар) ҷонишин воқеии ӯст.
  2. Баҳоиёни озод: пайравони «зимер Ҳирмон» ки бар ин боваранд, ки бо марги Баҳоуллоҳ, давраи қудрати баҳоӣ ба поён расида ва бояд барои зуҳури мавъуди Баҳоъ, ҳазор сол сабр кард.
  3. Баҳоиёни ислоҳталаб: баҳоиёни таъсирпазируфта аз афкор ва андешаҳои «рут войт» ва Мирзо Аҳмад Суҳроб ҳастанд, ки баҳоияти Ҳайфаӣ (пайравони байтул-адл)-ро мунҳариф медонанд. Раҳбари феълии ин ҷараён, Фридрик Глишер аст.
  4. Баҳоиёни таҳти раҳбарии мисоқ: баҳоиёне ки Шавқии Афандиро валии амр аз Афнон ва Мейсони Римиро валии амр аз ағсон медонистанд. Ҷозеф Пиҳ, валии амри дувум аз ағсон ва Нейл Чис валии амри сеюм аз ағсон ва раҳбари феълии ин гуруҳ аст.
  5. Баҳоиёни артедокс: ин гуруҳ вуҷуди валии амри зиндаро дар ҳар аср зарурӣ медонанд. Шавқӣ, Римӣ ва Марангелла, валии амрҳои ин дастаанд.
  6. Пайравони байтул-адл (баҳоиёни ҳайфаӣ): ин даста ки аксарияти баҳоиёнро ташкил медиҳанд, бар ин боваранд, ки баъд аз Шавқӣ, вуҷуди валии амр зарурате надорад ва марҷаъи ташаккулоти идорӣ, тасмимгирӣ ва судури аҳком, байтул-адли аъзам дар Ҳайфа аст.[99]

Бархеи дигар аз дастаҳо ва иншиъоботи баҳоият инҳо ҳастанд:

  • Усораи оини баҳоӣ (пайравони Ҷамшеди Маъонӣ, ки худро баъд аз Бобу Баҳоъ, сеюмин «ман язҳараҳуллоҳ» медонист);
  • Ҷомеъаи тарбияти баҳоӣ (баҳоиёне ки Римиро ба унвон ноиб пазируфтанд ва муътақиданд, дар оянда, валии амре аз насли Баҳоуллоҳ хоҳад омад)
  • Ҷомеъаи таърихи ҷадид (пайравони Мирзоаҳмад Суҳроб, аз фаъолони баҳоият дар Амрико ва муншӣ ва мутарҷими Абдулбаҳо);
  • Қалби оини баҳоӣ;
  • Пайравони пирони хамса;
  • Даҳишиҳо (пайравони доктор Даҳиш Салим Мусо ал-Авшӣ).[100]

Ташкилот

Ташкилоти баҳоият, ки аз ду шохаи интихобӣ ва интисобӣ ташкил шудааст, зери назари байтул-адли аъзам идора мешавад.[101]

Маркази ҷаҳонии баҳоӣ (байтул-адл ва сохтимонҳои перомуни он) дар кӯҳи Кермели шаҳри Ҳайфа.
  • Байтул-адли аъзам: дастури ташкили байтул-адлро Баҳоуллоҳ содир кард,[102] аммо ин макон дар соли 1963 таъсис[103] ва аввалин интихоботи он баргузор шуд.[104] Ин марказ аз нуҳ нафар ташкил шудааст, ки ҳамаи онҳо бояд мард бошанд[105] ва ҳар панҷ сол як бор, ба василаи маҳофили миллии баҳоиёни ҷаҳон интихоб мешаванд.[106] Ин марказ дар кӯҳи Кермел дар шаҳри Ҳайфа қарор дорад.[107]

Байтул-адли аъзами марҷаъи ҳамаи умури баҳоиён ба шумор меравад[108] ва вазифаҳое дорад, ки аз ҷумлаи муҳимтаринашон тафсири мутун ва осори раҳбарони баҳоият, қонунгузорӣ ва аҳкоми ғайр мансуси мутаносиб бо талаботи ҳар замон,[109] идораи умури ҷомеъаи баҳоиён дар саросари ҷаҳон, эҷоди муассисаҳои таблиғӣ ва таблиғи баҳоият ва файсала додан ба ихтилофоти ҷомеъаи баҳоиён аст.[110]

Ба гуфтаи Абдулҳамид Ишроқ Ховарӣ, пажуҳишгар ва нависандаи баҳоӣ, ончӣ дар байтул-адл тасвиб шавад, ҳақ ва муродуллоҳ буда ва мухолифат бо қонунҳои байтул-адл, мазҳари нифоқ ва рӯйгардонӣ аз даргоҳи Илоҳӣ аст.[111] Бар асоси мутуни баҳоият, ташкилоти баҳоӣ бар ду пояи валии амруллоҳ ва байтул-адл устувор аст. Вале амруллоҳ раиси доимии байтул-адл аст ва тибқи тасреҳи Абдулбаҳо, байтул-адл бидуни валии амр машруъият надорад. Барои ҳамин, бархе мегӯянд, ба хотири ақим будани Шавқӣ Афандӣ, силсилаи вилояти амрӣ бо марги ӯ поён ёфт. Аз ин рӯ, байтул-адл аз машруъият бархӯрдор нест ва ҳамин амр низ мӯҷиби иншиъоботи мутааддиде дар баҳоият шудааст.[112]

  • Маҳофили миллӣ ва маҳаллӣ: дар ҳар шаҳр ё деҳе, ки теъдоди баҳоиён, ҳаддиақал нуҳ нафар бошанд, онҳо вазифадоранд маҳфили рӯҳонии маҳаллӣ ташкил диҳанд. Маҳофили маҳаллӣ, зермаҷмӯаи маҳфили миллӣ ҳастанд ва намояндагони ин маҳофил, аъзои маҳфили рӯҳонии миллиро интихоб мекунанд. Маҳофили миллӣ, робити ҷомеъаи баҳоии ҳар кишвар бо байтул-адл ва иҷрокунандаи сиёсатҳо ва аҳдофи байтул-адл ҳастанд.[113] аъзои байтул-адл низ тавассути маҳофили миллӣ интихоб мешаванд.[114] Маҳофили рӯҳонии миллию маҳаллӣ ҳар ду сол як бор интихоб мешаванд ва ҳамаи интихобот дар нахустин рӯз аз зиёфати ризвон анҷом мегирад.[115]

Дар ҳар моҳи баҳоӣ (ҳар нуздаҳ рӯз як бор), ҳар маҳфил, бо баҳоиёни маҳали худ мулоқот мекунад, ки номи ин ҷаласотро «зиёфати нуздаҳрӯза» меноманд ва худ ташкилоте дорад.[116]

Баҳоият, ташкилоти интисобӣ низ дорад, ки шомили дорул-таблиғи байналмилалӣ, Аёдии амруллооҳ, [Ёддошт 4] ҳайатҳои мушовирони қорраӣ ва ҳайатҳои муовинат мешавад ва аз сӯи байтул-адл мансуб мешавад.[117]

Маконҳои муқаддас

Машриқул-азкори Ишқобод, нахустин машриқул-азкори баҳоиён. Дар баҳоият, маконҳои мавриди эҳтиром ва муқаддасе вуҷуд дорад, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Хонаи Алӣ Муҳаммади Боб дар Шероз (байтул-нуқта);
  • Хонаи Баҳоуллоҳ дар Бағдод;
  • Боғи ризвон (боғи Наҷибпошо) дар Бағдод, ки маҳалли изҳори Баҳоуллоҳ буд;
  • Мақоми аъло, ки мақбараи Боб дар кӯҳи Кермел дар шаҳри Ҳайфа аст;
  • Мақбараи Мирзо Ҳусайнъалии Нурӣ дар шаҳри Акко (равзаи муборака);
  • Мақбараи Абдулбаҳо ки дар канори қабри Боб аст;
  • Мақбараи Шавқии Афандӣ дар шаҳри Лондон;
  • Машриқул-азкор ё маъобиди баҳоиён;
  • Ҳазиратул-қудс дар Теҳрон;
  • Қабристонҳои баҳоӣ ки ба «гулистони ҷовид» машҳур ҳастанд.[118]

Машриқул-азкори Ишқобод нахустин машриқул-азкори баҳоиён шуморида мешавад, ки дар соли 1320ҳ.қ. (1902м.) сохта шуд.[119] Тарҳи зоҳирии маъбадҳо ё машриқул-азкори баҳоиён, доираӣшакл аст, ки шомили нуҳ хиёбон, нуҳ боғча, нуҳ ҳавз бо фаввораҳои об ва нуҳ дарвоза дар атроф аст.[120] Машриқул-азкори Чикаго дар Амрико, Сидней дар Австралия, Франкфурт дар Олмон[121] ва машриқул-азкори нилуфари обӣ (маъбади лотос) дар Ҳинд[122] аз дигар маъбадҳои муҳимми баҳоиён аст.

Тақвими баҳоӣ

Бар асоси тақвим ва соли баҳоӣ ки бадиъ[123] ё даври баҳоӣ[124] номида мешавад, ҳар соли баҳоӣ, нуздаҳ моҳ ва ҳар моҳ, нуздаҳ рӯз аст.[125] Тақвими баҳоӣ аз соли 1844м./1260ҳ.қ., ки ба истилоҳи баҳоиён, соли зуҳури Боб аст,[126] оғоз мешавад ва аввалин моҳи сол, шаҳрул-баҳо аст, ки маъмулан аз 21-уми март шурӯъ мешавад.[127] Охирин моҳи соли бадиъ, шаҳрул-ало аст, ки аз 2-уми март оғоз мешавад.[128]

Идҳои баҳоӣ

Идҳои баҳоиён ки рӯзҳои таътил маҳсуб мешаванд ва ҳаргуна кору тиҷорат дар онҳо ҳаром аст,[129] иборатанд аз:

  1. Иди наврӯз: (аввали соли нави баҳоӣ), 21-уми март;
  2. Аввали иди ризвон (эъломи даъвати Баҳоуллоҳ), 21-уми апрел;
  3. Нуҳуми иди ризвон (30-уми апрел);
  4. Дузодаҳми иди ризвон (2 май);
  5. Эъломи даъвои Боб, (23 май);
  6. Вафоти Баҳоуллоҳ, (29 май);
  7. Вафоти Боб, (9 июл);
  8. Таваллуди Боб, (20 октябр);
  9. Таваллуди Баҳоуллоҳ, (12 ноябр).[130]

Ададҳои нуҳ ва панҷ назд баҳоиён муҳим ва муборак аст. Ситораи нуҳ пару панҷ пар аз нишонаҳои баҳоият ба шумор меравад. Тибқи ҳуруфи абҷад, номи Боби баробар аст бо панҷ ва номи Баҳо баробар аст бо нуҳ. Нуҳгуша будани машриқул-азкорҳо ҳам ба хотири адади нуҳ ва номи Баҳо аст.

Шоҳрух, Усули диёнати баҳоӣ, 1998м., саҳ.58.

Рӯзи мисоқ (26-и ноябр) ва вафоти Абдулбаҳо (28-и ноябр)-ро низ «муносиботи амрийя» номидаанд,[131] вале дар бархе манобеъ, ин ду рӯз ба ҷои нуҳум ва дувоздаҳуми иди ризвон, аз ҷумлаи идҳои баҳоият шуморида шудааст.[132]

Ба гуфтаи Еслемонт, иди наврӯз, иди ризвон, рӯзи таваллуди Боб ва Баҳоуллоҳ ва изҳори даъвои Боб (ки ҳамзамон бо таваллуди Абдулбаҳо аст) бузургтарини идҳо ва рӯзҳои хурсандии баҳоиён шуморида мешавад.[133]

Китобҳои баҳоият

Навиштаҳои раҳбарони баҳоият, ба хусус Мирзо Ҳусайнъалӣ ва писараш - Аббоси Афандӣ, барои баҳоиён муқаддас аст ва дар маҷлисҳояшон хонда мешавад.[134] Бархе аз осор ва мутуни муқаддаси баҳоият ба шарҳи зер аст:

  • Осори Баҳоуллоҳ: китоби Ақдас, китоби Иқон, Ҳафт водӣ, Калимоти макнунаи мубин, Ишроқот, Иқтидорот, Бадиъ ва Алвоҳи салотин [Ёддошт 5] аз осори Мирзо Ҳусайнъалии Нурӣ ба шумор мераванд.[135] Ба гуфтаи Абдулбаҳо, китоби Ақдас «муҳаймин бар ҷамиъи кутубу суҳуф, носихи ҳамаи онҳо ва марҷаъи тамоми аҳком ва авомиру навоҳӣ»[136] ва аз назари Шавқии Афандӣ, муҳимтарин асари Баҳоуллоҳ ва уммулкитоби баҳоият аст.[137] Ин китоб дарбаргирандаи аҳком ва таълимоти баҳоият аст ва дар Акко навишта шудааст.[138] Баҳоиён, китоби Баёнро носихи Қуръон ва китоби Ақдасро носихи баён медонанд.[139]

Маҷмӯи осор ва алвоҳи Баҳоуллоҳ дар маҷмӯае бо номи «Осори қалами аъло» дар шаш ҷилд ба чоп расидааст.[140]

  • Осори Абдулбаҳо: мақолаи Шахсии Сайёҳ, Рисолаи мадания, китоби сиёсия, китоби Муфовизот, китоби Макотиб, Тазкират-ул-вафо, Хитоботи муборака, Алвоҳи васоёи муборака (васиятнома) аз ҷумлаи осор Абдулбаҳо ҳастанд.[141]
  • Осори Шавқии Афандӣ: бархе аз осори Шавқӣ иборатанд аз: Назми бадиъ, Назми идории диёнати баҳоӣ (шомили дастурҳои ташкилоти баҳоӣ), Зуҳури адли Илоҳӣ, Лавҳи қарн, Қарни бадиъ, Низомоти баҳоӣ, Даври баҳоӣ (тарҷумаи китоби таърихи Набили Зарандӣ ба англисӣ ) ва Матолиъ-ул-анвор. Бархе аз осори ӯ ба англисӣ ва бархе ба форсӣ аст.[142]

Китоби «ал-Фароид» асари Мирзо Абулфазли Гулпойгонӣ – мубаллиғ ва нависандаи барҷастаи баҳоӣ, «Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком» асари Абдулҳамид Ишроқ Ховарӣ – мубаллиғ ва нависандаи барҷастаи баҳоият, ва «Кавокиб-уд-дуррийя фи маосир-ил-баҳоийя» (дар таърихи бобият ва баҳоият) аз Абдулҳусайни Оятӣ - мубаллиғи собиқи баҳоӣ ки мусулмон шуд, аз дигар китобҳои муқаддаси баҳоият ба шумор мераванд.[143] ал-Фароид, истидлолитарин китоби баҳоиён дониста шудааст.[144] Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, маҷмӯае аз аҳком ва ҳудуди баҳоӣ аст ва бахши қобили таваҷҷуҳе аз аҳкоми баҳоиён дар ин китоб омадааст.[145]

Дурар-ул-баҳийя, Ҳуҷаҷ-ул-баҳийя, Кашф-ул-ғито ва Бурҳони ломеъ аз осори Абулфазли Гулпойгонӣ ва Раҳиқи махтум дар шарҳ ва тафсири Лавҳи қарн, талхиси таърих Набили Зарандӣ, Ақдоҳ-ул-фалоҳ ва қомус-ул-иқон аз осори Абдулҳамид Ишроқ Ховарӣ ва Усули назми идории баҳоӣ асари Алиакбари Фурутан, ва Зуҳур-ул-ҳақ (таърихи баҳоӣ) ва Асрор-ул-осори хусусӣ навиштаи Асадуллоҳ Фозили Мозандаронӣ аз дигар китобҳои муҳимми баҳоият ба шумор мераванд.[146]

Дидгоҳи мароҷеъи шиа

Истифтоъ аз имом Хумайнӣ дар бораи баҳоият.

Мароҷеъи тақлиди шиа эътиқод ба баҳоиятро куфр[147] ва баҳоиёнро наҷас[148] медонанд ва аз ҳаргуна муошират бо онон барҳазар медоранд.[149] Аз назари онон, баҳоиён душмани дину имон[150] ва кофири муҳориб[151] ҳастанд, издивоҷ бо онон ҳаром ва ботил аст,[152] тасарруф дар амволи онон ҳаром нест[153] ва ҳар коре ки тақвият ва тарвиҷи ин фирқа маҳсуб шавад, ҷоиз нест.[154]

Оятуллоҳ Буруҷердӣ (1292 - 1380ҳ.қ./ 1254 - 1340ҳ.ш.) - марҷаъи тақлиди шиа, баҳоиятро зидди шиа ва истиқлоли кишвари Эрон медонист.[155] Ӯ хатари баҳоиятро ҷиддӣ медонист ва гуфта шудааст, мубориза бо баҳоият тавассути ӯ оғоз шуд. Ӯ барои ин манзур, бархе аз уламо ҳамчун Оятуллоҳ Мунтазирӣ, Иброҳими Аминӣ ва Аҳмадии Шоҳрудиро ба шаҳрҳои дигар мефиристод.[156] Иқдомоти Сайидҳусайни Буруҷердӣ боис шуд ба дастури Шоҳ Ҳазиратулқудс, сохтмони маркази идории баҳоиён дар Теҳрон, дар соли 1334ҳ.ш. баста шавад.[157]

Имом Хумайнӣ баҳоиёнро уммоли Исроил[158] ва ҷосусони Исроилу Амрико медонист.[159] Аз дидгоҳи ӯ баҳоият барои шикастани мазҳаби шиа ба вуҷуд омадааст.[160] Аз назари имом, саҳюнистҳо дар Эрон ба сурати ҳизби баҳоӣ зоҳир шуданд ва дарсададанд истиқлол ва иқтисоди Эронро дар даст гиранд.[161]

Дар соли 2003, маҷмаъи таҳқиқоти исломӣ дар донишгоҳи Алазҳари Миср, баҳоиятро бидъат донист ва эълом кард, ин фирқа иртиботе бо адёни осмонӣ надорад. Муҳаммад Сайид Тантовӣ - шайхи Алазҳар, низ баҳоиятро бо Ислом дар тазодди комил медонист ва бар он буд набояд онро ба унвони як дини мустақил ба расмият шинохт. Аз назари ӯ, баҳоият як дини ибдоъие аст, ки дар авохири қарни нуздаҳуми мелодӣ тавассути истеъморгарони англисӣ барои зери суол бурдани Ислом ва тафриқа андохтан байни мусулмонон ба вуҷуд омадааст.[162]

Интиқодот

Гуфта шудааст, ҳарчанд пешвоёни баҳоият, дар ибтидо шиа буданд ва ҳаракати ибтидоии онҳо бар асоси таълимоти шиъӣ буд, вале бо иддаои дин ва шариати ҷадид, ки лозимаи он инкори хотамияти Пайғамбар (с) аст, наметавон ин фирқаро сурати ҷадиде аз шиа ба шумор овард. Аз ҳамин рӯ, уламои шиа ва мусулмон, баҳоиятро хориҷ аз дини Ислом медонанд[163] ва оини баҳоӣ дар миёни мусулмонон, инҳирофи эътиқодӣ ва фирқаи золла шинохта мешавад.[164] Бо ин ҳол, Б.Тод. Ловсун - нависандаи мақолаи «Баҳоият» дар «Доиратулмаорифи ҷаҳони навини Ислом», баҳоиятро гунаи ҷадиде аз тавҳиди Ислом ва шиа қаламдод кардааст.[165]

Ҳасан Мустафавӣ – муфассир ва фақеҳи шиаи қарни понздаҳуми қамарӣ дар китоби «Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком ва одобу таърихи Бобу Баҳоъ» даҳ асли куллӣ ва асосии Исломро ном бурда мегӯяд, ҳаряк аз ин даҳ асл, дар бутлон ва бепояву ҷаълӣ будани бобияту баҳоият кофист.[166] Бархе аз ин даҳ асл иборатанд аз: хотамият ва боқӣ будани дини Ислом то рӯзи қиёмат; имомати Имом Маҳдӣ (аҷ) имоми дувоздаҳум; набувват, тавҳид, тавқифӣ будани ибодот ва адами таноқуз дар дин.[167] Аз назари Аллома Мустафавӣ, агар дини Ислом ва Қуръон ва аҳкому одоби исломӣ бо китоби пур аз ғалатҳои лафзӣ, адабӣ ва маънавии китоби Баёну Ақдасу Матолиб ва аҳкоми онҳо муқоиса шавад, поянда ва ҳамешагӣ будани дини Ислом собит хоҳад шуд.[168]

Шарҳи бархе интиқодот ба баҳоияти ба ин тартиб аст:

  • Иддаои улуҳият: ба гуфтаи Абдулбаҳо дар китоби Макотиб, Баҳоуллоҳ, фаровон изҳори улуҳияту рубубият кардааст ва як китоб низ дар тафсири самад навиштааст, ки аз унвони китоб то охираш, «иннӣ анналлоҳ/ إنی أنا الله» (ман Худо ҳастам) аст.[169] Мирзо Ҳусайнъалии Нурӣ низ дар мавориди мухталифе иддаои улуҳият кардааст.[170] Иддаои улуҳият бархилофи таълимоти Ислом ва ба навъе даъват ба бутпарастӣ ва хурофапарастӣ ва ҷаҳолату нодонӣ дониста шудааст.[171] Ҳамчунин дар баҳоият, бархилофи таълимоти сариҳи Ислом, Мирзо Ҳусайнъалии Нурӣ маъбуд хонда шуда ва ибодати ӯ, ҷузви вазоифи баҳоиён шуморида шудааст.[172]
  • Иддаои набувват: аз онҷо ки ташхиси мақоми набувват ва сидқи иддаои паёмбарӣ душвор аст, паёмбарон барои исботи набуввати худ бояд муъҷиза ироа кунанд.[173] Мирзо Ҳусайнъалӣ бо инки иддаои мақоми набувват дошт, набувватро танҳо ниёзманди нузули оёт медонист. Аз ин рӯ, вай матолиби китоби Ақдас ва дигар алвоҳро ки бо таркиби хосси калимоту ҷумалот ва ба тақлид аз Қуръон, аммо пур аз ғалатҳои лафзию маънавӣ ва адабии бисёр аст, оёти осмонӣ ва ба навъе муъҷиза хонд.[174] Дар нақди оёти баҳоият, гуфта шудааст, дар ин сурат ҳар шахси арабе ки бо фасоҳату балоғат суҳбат кунад низ метавонад иддаои паёмбарӣ кунад. Ҳамчунин мақоми набуввати касоне ҳамчун Мирзо Яҳёи Субҳи Азал, ки оёте монанди оёти Баҳоуллоҳ содир ва иддаои набувват кардаанд низ собит мешавад.[175]
  • Хотамият: аз ҷумлаи интиқодот ба баҳоият, хотамияти Пайғамбар (с) аст. Аз назари мусулмонон, ҳар иддаое ки бо ин эътиқод созгор набошад, мардуд ва ботил аст ва ҳар фирқае ин аслро напазирад, аз Ислом хориҷ аст.[176] Мирзо Ҳусайнъалӣ, худро «ман язҳаруҳуллоҳ» номид ва иддаои шариъати мустақил кард.[177]
  • Иддаои мавъуд будан: Мирзо Ҳусайнъалии Нурӣ, бо инки набуввати худро мусаллам гирифта буд, худро мавъуд ва мунтазир низ мехонд ва дар айни ҳол ривоёти марбут ба ғайбат ва зуҳур ва имоми мунтазарро заъифу мавҳум муаррифӣ мекард, дар ҳоле ки агар ин ривоёт заъиф бошанд, заминае барои иддаои мавъуду мунтазар будан боқӣ намемонад.[178] Афзун бар ин, бо тавваҷуҳ ба ривоёт ва гуфтаи уламою муҳаддисин, вижагиҳо ва алоим ва исму насаби мавъуд ва мунтазари воқеӣ бо Мирзо Ҳусайнъалӣ мунтабиқ нест.[179] Ман язҳаруҳуллоҳ ва мавъуди Боб низ бо Ҳусайнъалӣ мутобиқат надорад; зеро бар асоси изҳороти Боб дар китоби Баён, номи ӯ Муҳаммад, лақабаш Қоим ва маҳали зуҳураш Масҷидул-ҳаром аст ва ин шароит ҳеҷ кадом дар Баҳоуллоҳ нест.[180] Ҳамчунин бар асоси изҳороти Алӣ Муҳаммади Боб, зуҳури ман язҳаруҳуллоҳ 1511 ё 2001 сол баъд аз зуҳури Боб аст.[181]
  • Таноқузот: дар дин ва китоби осмонӣ набояд матолиби зидду нақиз вуҷуд дошта бошад,[182] аммо ба гуфтаи Сайид Муҳаммадбоқир Наҷафӣ - нависандаи китоби «Баҳоиён», осори баҳоият дар масоили муҳими ақидатӣ мутаноқиз аст ва бояд бархе боварҳо ва ақоидро бо ради бархеи дигар бипазирем ва наметавон ҳамаи онҳоро бо ҳам пазируфт.[183] Ҳасан Мустафавӣ низ навиштаҳо ва суханони Мирзо Ҳусайнъалиро пур аз таноқуз медонад ва бархе аз онҳоро баён мекунад.[184] Барои намуна, бар асоси манобеи муҳимми баҳоиён, Қуръон таҳриф нашудааст, аммо дар айн ҳол муътақиданд, ки Қуръон ба далели таҳриф, тавассути китоби Баён мансух шуд.[185]
  • Ихтилоф ва низоъ дар баҳоият: аз дидгоҳи Ҳасан Мустафавӣ, то ба ҳол дар ҳеҷ дину маслаке, ба андозаи баҳоият, ихтилоф, низоъ ва такфир набудааст.[186] Баъд аз марги Боб, Мирзо Баҳоъ бо бародараш - Субҳи Азал ихтилоф пайдо кард ва дар таъни ҳамдигар китоб навиштанд. Пас аз фавти Баҳоъ, байни ғасни аъзам (Абдулбаҳо) ва ғасни акбар (Муҳаммадалӣ) ихтилофи шадид пайдо шуд.[187] Абдулбаҳо, Мирзо Муҳаммадалиро ноқизи акбар хонд ва Муҳаммадалӣ низ пайравони Аббос ва Шавқиро мушрик медонист.[188] Баъд аз Шавқии Афандӣ низ ихтилофот ба авҷ расид ва боиси иншиъоботи мутааддид дар ин фирқа шуд.[189]
  • Баҳоият, ҳизби сиёсӣ: мунтақидони баҳоият, ин фирқаро ҳизб ва фирқаи сиёсӣ медонанд,[190] ки монанди як созмони сиёсӣ, ҳамаи тарафдорони худро кантрол мекунад ва аз онҳо баҳра мегирад[191] ва таҳти ҳимояти Русия,[192] Англис, Исроил ва Амрико аст.[193] Гуфта шудааст, ҳимояти ин кишварҳо аз баҳоият ба ин хотир аст, ки нашри ақоиди баҳоият яке аз роҳҳои муҳими муқобила бо ҳаракатҳои исломӣ, ба хусус дар ховари миёна аст.[194] Аз назари Алиризо Рӯзбаҳонӣ - баҳоипажуҳ, равобити бисёр наздики баҳоият бо давлатҳои истеъморӣ чунон ошкор аст, ки таърихнигорони таърихи муосири Эрон, баҳоиятро дастсохтаи сиёсатҳои истеъмории ғарбӣ барои тағйири бунёни фикрӣ ва иҷтимоии ҷомеъаҳои исломӣ медонанд.[195] Баҳоияти имрӯза як ташкилоти байналмилалие аст, ки мақарри он дар Исроил аст ва бештарин пайравони он дар Амрико сокин ҳастанд.[196]

Сайидсаид Зоҳиди Зоҳидонӣ – ҷомеъашинос ва нависандаи китоби Баҳоият дар Эрон, баҳоиятро абзори қудратҳои истеъморӣ барои шикастани иқтидори динӣ дар Эрон донистааст; зеро ҳарҷо мавзӯи динзудоӣ аз ниҳоди сиёсат ё ҷомеъа матраҳ будааст, баҳоиён нақши фаъоле доштаанд. Ҳам дар даврони инқилоби машрута ва ҳам дар даврони Паҳлавӣ, ҳамкории бегонагон ва баҳоиён барои муқобила бо диёнату рӯҳоният, ба равшанӣ ба чашм мехӯрд. Ин ҷунбиш, ҳамакнун низ дар ховари миёна ва шимоли Африқо, яке аз абзорҳои фарҳангӣ дар ихтиёри қудратҳои бузурги ҷаҳон барои муқобила бо ҷунбишҳои исломӣ аст.[197]

Ба гуфтаи Рӯзбаҳонӣ, ҳеҷ аз як давлатҳои исломӣ, баҳоиятро ба расмият нашинохтаанд.[198]

Китобшиносӣ

Тасвири китоби Кашф-ул-ҳиял

Мақолаи аслӣ: Феҳристи китобҳои нақди баҳоият

Дар бораи баҳоият ва нақди он, китобҳо ва мақолаҳое нигориш шудааст. Дар нармафзори «ба сӯи ҳақиқат: радди фирқаи золлаи баҳоият» тавлиди ҳавзаи илмия ва созмони авқофи Исфаҳон, 313 китобу мақола ва дар нармафзори «Баҳои бебаҳо» тавлиди муассисаи аҳрори андеша, 416 китобу мақола гирдоварӣ шудааст.[199]

Бархе аз ин китобҳоро мубаллиғони баҳоие, ки аз баҳоият баргаштаанд, дар нақди он навиштаанд; аз ҷумла:

  • Кашф-ул-ҳиял, Абдулҳусайни Оятӣ (овора);
  • Фалсафаи некӯ, Мирзоҳасани Некӯ;
  • Ийқоз ё бедорӣ дар кашфи хиёнатҳои динӣ ва ватании баҳоиён, Солеҳ Иқтисод Мароғаӣ;
  • Хотироти Субҳӣ, Фазлуллоҳи Субҳии Муҳтадӣ (котиби махсуси Аббоси Афандӣ);
  • Роҳи рост; чаро аз баҳоият баргаштам, Масеҳуллоҳ Раҳмонӣ (раиси собиқи баҳоиёни бишрия);
  • Номае аз Санполу, таълифи Амонуллоҳи Шифо.[200]

Бархеи дигар аз осоре, ки дар рад ва нақди баҳоият нигориш шудаанд, иборатанд аз:

  • Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид ва аҳкому одоб ва таърихи Бобу Баҳоъ» (3 ҷилд), Ҳасан Мустафавӣ;
  • Баҳоиён, Сайид Муҳаммадбоқири Наҷафӣ,
  • Таърихи ҷомеъи баҳоият, Баҳром Афросиёбӣ;
  • Мифтоҳи боб-ул-абвоб, Муҳаммадмаҳдихон Заъимуддавлаи Табрезӣ;
  • Бобигарӣ ва баҳоигарӣ, Муҳаммадмаҳдӣ Иштиҳордӣ;
  • Баҳоият дар Эрон, Сайидсаид Зоҳиди Зоҳидонӣ;
  • Пушти пардаи ташкилот ба ривояти Беҳзоди Ҷаҳонгирӣ, Саиди Саҷҷодӣ;
  • Моҷарои Боб ва Баҳоъ, Сайидмустафо Ҳусайнии Таботабоӣ.[201]

Ҷусторҳои вобаста

Бобия

Анҷумани ҳуҷҷатия

Эзоҳ

  1. Садрӣ, “Баҳоият”, саҳ.733.
  2. Бахши таърих, “Баҳоият”, саҳ.114; Ловсун, “Баҳоӣ/баҳоият”, саҳ.729 ва 730.
  3. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.72.
  4. Ловсун, “Баҳоӣ/баҳоият”, саҳ.730.
  5. Ниг.: Ловсун, “Баҳоӣ/баҳоият”, саҳ.730.
  6. Афнон, Чаҳор рисолаи таърихӣ дар бораи қуррат-ул-айн, ‍1378ҳ.ш., саҳ.42.
  7. Ниг.: Афандӣ, Мақолаи шахсии сайёҳ, 2001м., саҳ.37.
  8. Ниг.: Эътизодуссалтана, Фитнаи Боб, 1351ҳ.ш., саҳ.227 ва 228, таълиқоти Абдулҳусайни Навоӣ; Фозили Мозандаронӣ, Асрор-ур-осор, муассисаи миллии матбуот, ҷ.5, саҳ.309 ва 310.
  9. Ловсун, “Баҳоӣ/баҳоият”, саҳ.730.
  10. Ниг.: Эътизодуссалтана, Фитнаи Боб, 1351ҳ.ш., саҳ.227 ва 228, Таълиқоти Абдулҳусайн Навоӣ; Фозили Мозандаронӣ, Асрор-ур-осор, муассисаи миллии матбуот, ҷ.5, саҳ.309 ва 310.
  11. Садрӣ, “Баҳоият”, саҳ.737.
  12. Зоҳид Зоҳидонӣ, Баҳоият дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.286.
  13. Ловсун, “Баҳоӣ/баҳоият”, саҳ.737.
  14. Фаттоҳзода, “Ҷамъияти баҳоӣ аз иддао то воқеият”, саҳ.58.
  15. Фаттоҳзода, “Ҷамъияти баҳоӣ аз иддао то воқеият”, саҳ.53 ва 54.
  16. Ловсун, “Баҳоӣ/баҳоият”, саҳ.737; Фаттоҳзода, “Ҷамъияти баҳоӣ аз иддао то воқеият”, саҳ.54.
  17. «The Future of World Religions: Population Growth Projections, 2010 - 2050», саҳ.124.
  18. Фаттоҳзода, “Ҷамъияти баҳоӣ аз иддао то воқеият”, саҳ.55.
  19. Фаттоҳзода, “Ҷамъияти баҳоӣ аз иддао то воқеият”, саҳ.60.
  20. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.175.
  21. Зоҳид Зоҳидонӣ, Баҳоият дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.286.
  22. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.175.
  23. Фаттоҳзода, “Ҷамъияти баҳоӣ аз иддао то воқеият”, саҳ.54.
  24. Зоҳиди Зоҳидонӣ, Баҳоият дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.109.
  25. Ниёзӣ, Гузаргоҳи торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.312.
  26. Ниг.: саҳифаи нахусти вебсайити ҷомеъаи ҷаҳонии баҳоӣ; саҳифаи нахусти вебсайити Баҳоиёни Эрон.
  27. Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.76; Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.86 ва 87.
  28. Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.76.
  29. Ниг.: Наҷафӣ, Баҳоиён, 1383ҳ.ш., саҳ.402 - 417; Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.76 - 81; Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.93 - 98.
  30. Наҷафӣ, Баҳоиён, 1383ҳ.ш., саҳ.402.
  31. Нурӣ, Китоби Ақдас, саҳ.84 - 87.
  32. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.94 ва 95.
  33. Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.53 - 55.
  34. Ниг.: Наҷафӣ, Баҳоиён, 1383ҳ.ш., саҳ.411 - 417; Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.81 - 85.
  35. Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.340 ва 341.
  36. Нурӣ, Иқтидорот, саҳ.213 ва 214; Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.86.
  37. Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.86 ба нақл аз Абдулбаҳо, Муфовизот, саҳ.124.
  38. Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.87.
  39. Ниг.: Наҷафӣ, Баҳоиён, 1383ҳ.ш., саҳ.418 - 420.
  40. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.98 - 101.
  41. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.102.
  42. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.103 ва 104.
  43. Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.106 ба нақл аз: Алӣ Муҳаммади Шерозӣ, Баён, боби собеъ аз воҳиди сонӣ.
  44. Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.109.
  45. Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.213 ва 214.
  46. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.107.
  47. Бо андаке ихтилоф, ниг.: Ниёзӣ, Гузаргоҳи торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.315; Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.107 - 124; Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.113 - 114.
  48. Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.114.
  49. Ниёзӣ, Гузаргоҳи торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.314.
  50. Зоҳид Зоҳидонӣ, Баҳоият дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.110; Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.197.
  51. Нурӣ, Китоби Ақдас, саҳ.10, банди 10.
  52. Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.22 ва 23.
  53. Нурӣ, Лавҳи ишроқот, ишроқи ҳаштум, саҳ.32.
  54. Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.23.
  55. Нурӣ, Лавҳи ишроқот, ишроқи ҳаштум, саҳ.38 ва 40.
  56. Нурӣ, Китоби Ақдас, саҳ.6, банди 6.
  57. Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.30 - 32.
  58. Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.205.
  59. Нурӣ, Китоби Ақдас, саҳ.12, банди 12; Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.30.
  60. Нурӣ, Китоби Ақдас, саҳ.7, банди 6 ва бахши ёддоштҳою тавзеҳот, саҳ.109 ва 110.
  61. Нурӣ, Китоби Ақдас, саҳ.10, банди 10 ва саҳ.16, банди 16.
  62. Нурӣ, Китоби Ақдас, бахши ёддоштҳо ва тавзеҳот, саҳ.121 ва 122; ҷузваи талхис ва тадвини ҳудуд ва аҳкоми Китоби Ақдас, саҳ.81.
  63. Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.52.
  64. Ниг.: Нурӣ, Китоби Ақдас, саҳ.17, банди 16; Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.46 - 48; ҷузваи талхис ва тадвини ҳудуд ва аҳкоми Китоби Ақдас, саҳ.82 ва 83.
  65. Нурӣ, Китоби Ақдас, саҳ.27 ва 28, банди 32.
  66. Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.67 ва 68.
  67. Нурӣ, Китоби Ақдас, саҳ.19, банди 20.
  68. Нурӣ, Китоби Ақдас, саҳ.56 ва 57, банди 62.
  69. Нурӣ, Китоби Ақдас, саҳ.47, банди 49.
  70. Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.301.
  71. Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.2, саҳ.87 - 92; Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.125.
  72. Нурӣ, Китоби Ақдас, саҳ.94, банди 97.
  73. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.128.
  74. Зоҳиди Зоҳидонӣ, Баҳоият дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.112; Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.209 ва 210.
  75. Садрӣ, “Баҳоият”, саҳ.733.
  76. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.73.
  77. Болиюзӣ, Баҳоуллоҳ шамси ҳақиқат, саҳ.48 ва 85.
  78. Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.41.
  79. Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.41.
  80. Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.50; Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.80.
  81. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.80.
  82. Нурӣ, Китоби Аҳдӣ, Миср, саҳ.399.
  83. Абдулбаҳо, Макотиб, 1921м., ҷ.1, саҳ.264.
  84. Мавожан Муъмин, Ҷомеъаи баҳоии Ишқобод, саҳ.158.
  85. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.85.
  86. Абдулбаҳо, Макотиб, 1921м., ҷ.1, саҳ.299; Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.77.
  87. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.86 ва 87.
  88. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.88.
  89. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.88.
  90. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.90.
  91. Ниёзӣ, Гузаргоҳи торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.273.
  92. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.90 ва 91.
  93. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.91.
  94. Фалоҳатӣ ва Фотиминиё, “Иншиъобот ва ихтилофот дар бобияту баҳоият”, вебгоҳи Росихун.
  95. Фалоҳатӣ ва Фотиминиё, “Иншиъобот ва ихтилофот дар бобияту баҳоият”, вебгоҳи Росихун.
  96. Фалоҳатӣ ва Фотиминиё, “Иншиъобот ва ихтилофот дар бобияту баҳоият”, вебгоҳи Росихун.
  97. “Валии амри ҷадиди баҳоиёни ортедукс”, вебгоҳи Баҳоипажӯҳӣ.
  98. Ниёзӣ, Гузаргоҳи торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.273.
  99. Ниёзӣ, Гузаргоҳи торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.274 - 276.
  100. Ниёзӣ, Гузаргоҳи торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.274 - 276.
  101. Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.263.
  102. Нурӣ, Китоби Ақдас, саҳ.26, банди 30; Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.213 - 216.
  103. Нурӣ, Китоби Ақдас, муқаддима, саҳ.11.
  104. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.171.
  105. Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.218 ва 219.
  106. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.170; Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.264.
  107. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.171.
  108. Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.216.
  109. Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.216; Нурӣ, Китоби Ақдас, муқаддима, саҳ.12 - 14.
  110. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.172 ва 173; Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.264 ва 265.
  111. Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.217.
  112. Ниг.: Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.265 - 273.
  113. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.173.
  114. Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.278.
  115. Лосун, “Баҳоӣ/баҳоият”, саҳ.736.
  116. Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.279.
  117. Ниг.: Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.281 - 284.
  118. Ниёзӣ, Гузаргоҳи торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.283.
  119. Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.234.
  120. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.182.
  121. Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, саҳ.238 - 240.
  122. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.135.
  123. Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.200.
  124. Шоҳрух, Усули диёнати баҳоӣ, 1998м., саҳ.58.
  125. Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.200.
  126. Шоҳрух, Усули диёнати баҳоӣ, 1998м., саҳ.58.
  127. Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.200 ва 201.
  128. Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.201.
  129. Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.205.
  130. Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.204.
  131. Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.205.
  132. Ловсун, “Баҳоӣ/баҳоият”, саҳ.737.
  133. Есслемонт, Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, 1988м., саҳ.206.
  134. Садрӣ, “Баҳоият”, саҳ.742.
  135. Зоҳиди Зоҳидонӣ, Баҳоият дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.151; Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.80 ва 81.
  136. Абдулбаҳо, Макотиб, 1921м., ҷ.1, саҳ.343; Фозили Мозандаронӣ, Асрор-ур-осор, Муассисаи миллии матбуот, ҷ.1, саҳ.161.
  137. Нурӣ, Китоби Ақдас, саҳ.23 (бахши тавсифи Китоби Ақдаси ба қалами ҳазрати валии амруллоҳ).
  138. Ишроқи Ховарӣ, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, муқаддима, саҳ.3.
  139. Наҷафӣ, Баҳоиён, 1383ҳ.ш., саҳ.424.
  140. “Осори қалами аъло”, вебгоҳи баҳоипажӯҳӣ.
  141. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.87.
  142. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.92.
  143. Ҳоҷи Қулӣ ва дигарон, Фирқаҳои инҳирофӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.390 - 393.
  144. Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.2, саҳ.257; Ҳоҷи Қулӣ ва дигарон, Фирқаҳои инҳирофӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.391.
  145. Ҳоҷи Қулӣ ва дигарон, Фирқаҳои инҳирофӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.390 ва 391.
  146. Ҳоҷи Қулӣ ва дигарон, Фирқаҳои инҳирофӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.376 - 378.
  147. Барои намуна ниг.: Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.215; Табрезӣ, Истифтоъоти ҷадид, Қум, ҷ.2, саҳ.199; Баҳҷат, Истифтоъот, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.110; Макорими Шерозӣ, Истифтоъоти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.503.
  148. Баҳҷат, Истифтоъот, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.110; Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоъот, 1424ҳ.қ., саҳ.65 ва 66.
  149. Табрезӣ, Истифтоъоти ҷадид, Қум, ҷ.2, саҳ.199 ва 327; Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоъот, 1424ҳ.қ., саҳ.66.
  150. Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоъот, 1424ҳ.қ., саҳ.66.
  151. Макорими Шерозӣ, Истифтоъоти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.349 ва ҷ.2, саҳ.503.
  152. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.812 ва 872; Табрезӣ, Истифтоъоти ҷадид, Қум, ҷ.2, саҳ.327 ва 348.
  153. Баҳҷат, Истифтоъот, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.315.
  154. Табрезӣ, Истифтоъоти ҷадид, Қум, ҷ.2, саҳ.199 ва 200; Баҳҷат, Истифтоъот, 1428ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.238.
  155. Ниг.: Раҷабӣ, “Нигарон аз нуфуз; Оятуллоҳ Буруҷердӣ ва баҳоиён”, саҳ.344.
  156. Раҷабӣ, “Нигарон аз нуфуз; Оятуллоҳ Буруҷердӣ ва баҳоиён”, саҳ.341.
  157. Раҷабӣ, “Нигарон аз нуфуз; Оятуллоҳ Буруҷердӣ ва баҳоиён”, саҳ.343 ва 344.
  158. Рафиъӣ, “Хурӯш бар тавтеъаҳо; имом Хумайнӣ ва баҳоият”, саҳ.351 ва 352.
  159. Ниг.: имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.267 ва 461; Рафиъӣ, “Хурӯш бар тавтеъаҳо; имом Хумайнӣ ва баҳоият”, саҳ.352 ва 355.
  160. Рафиъӣ, “Хурӯш бар тавтеъаҳо; имом Хумайнӣ ва баҳоият”, саҳ.352.
  161. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.110 ва 216.
  162. “Шайхи Алазҳар: ба расмият шинохтани баҳоият, хуруҷ аз Ислом аст”, хабаргузории Абно.
  163. Ловсун, “Баҳоӣ/баҳоият”, ҷ.1, саҳ.731 (поварақии мутарҷим).
  164. Садрӣ, “Баҳоият”, саҳ.743.
  165. Ловсун, “Баҳоӣ/баҳоият”, саҳ.730.
  166. Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.1, саҳ.13.
  167. Ниг.: Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.1, саҳ.14 - 205.
  168. Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.1, саҳ.32.
  169. Абдулбаҳо, Макотиб, 1921м., ҷ.2, саҳ.254.
  170. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Баҳоиён, 1383ҳ.ш., саҳ.402 - 417.
  171. Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.1, саҳ.76 - 79.
  172. Ниг.: Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.1, саҳ.85.
  173. Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.1, саҳ.59.
  174. Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.1, саҳ.60 - 67.
  175. Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.1, саҳ.62 - 67.
  176. Садрӣ, “Баҳоият”, саҳ.743.
  177. Садрӣ, “Баҳоият”, саҳ.743.
  178. Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.1, саҳ.49 - 51.
  179. Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.1, саҳ.56.
  180. Зоҳиди Зоҳидонӣ, Баҳоият дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.108 ва 109.
  181. Наҷафӣ, Баҳоиён, 1383ҳ.ш., саҳ.218.
  182. Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.1, саҳ.205.
  183. Наҷафӣ, Баҳоиён, 1383ҳ.ш., саҳ.421.
  184. Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.1, саҳ.212 - 224.
  185. Наҷафӣ, Баҳоиён, 1383ҳ.ш., саҳ.424.
  186. Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.2, саҳ.32.
  187. Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.2, саҳ.32.
  188. Зоҳиди Зоҳидонӣ, Баҳоият дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.152.
  189. Ниёзӣ, Гузаргоҳи торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.273.
  190. Мустафавӣ, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, ҷ.2, саҳ.55; Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.169.
  191. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.169.
  192. Мусавизода, Мунодиёни торикӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.229 - 231; Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.137 - 139.
  193. Зоҳиди Зоҳидонӣ, Баҳоият дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.283 - 285.
  194. Зоҳиди Зоҳидонӣ, Баҳоият дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.294.
  195. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.136.
  196. Зоҳиди Зоҳидонӣ, Баҳоият дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.286 ва 293.
  197. Зоҳиди Зоҳидонӣ, Баҳоият дар Эрон, 1388ҳ.ш., саҳ.294.
  198. Рӯзбаҳонӣ, Таҳлил ва нақди баҳоият, 1389ҳ.ш., саҳ.174.
  199. Ҳоҷи Қулӣ ва дигарон, Фирқаҳои инҳирофӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.395.
  200. Мазоҳирӣ, “Баҳоият; резишҳо ва буҳронҳои мудовим”, саҳ.253 ва 255.
  201. Ниг.: Ҳоҷи Қулӣ ва дигарон, Фирқаҳои инҳирофӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.396 - 400.

Ёддошт


Сарчашма

  • Pew Research Center, “ The Future of World Religions: Population Growth Projections, 2010 - 2050 ”, April 2, 2015.
  • Абдулбаҳо, Аббос Афандӣ, Макотиб, ба иҳтимоми Фараҷуллоҳ Закӣ ал-Курдӣ, чопи Миср, 1340ҳ.қ. - 1921м.
  • Абдулбаҳо, Аббоси Афандӣ, Мақолаи шахсии сайёҳ, Муассисаи матбуоти Амрии Олмон, 2001м.
  • Афнон, Абулқосим, Чаҳор рисолаи таърихӣ дар бораи қуррат-ул-айн, муассисаи Асри ҷадиди Олмон, чопи аввал, ‍1378ҳ.ш./156 бадиъ.
  • Бахши таърих, “Баҳоият”, дар доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.13, Теҳрон, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, чопи аввал, 1383ҳ.ш.
  • Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Истифтоъот, Қум, Дафтари Оятуллоҳ Баҳҷат, чопи аввал, 1428ҳ.қ.
  • "Валии амри ҷадиди баҳоиёни ортедукс”, вебгоҳи Баҳоипажуҳӣ, таърихи дарҷи матлаб: 4 обони 1386ҳ.ш., таърихи боздид: 2 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил, Қум, Дорул-Қуръонил-Карим, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ. – 1372ҳ.ш.
  • Есслемонт, Ҷ. Е., Баҳоуллоҳ ва асри ҷадид, тарҷума А. Башир Илоҳӣ, Раҳимӣ, Ф. Сулаймонӣ, Бразилия, маншуроти Дорул-нашрил-баҳоия, 1988м.
  • Зоҳид Зоҳидонӣ, Сайидсаид, Баҳоият дар Эрон, Теҳрон, Маркази асноди инқилоби исломӣ, чопи чаҳорум, 1388ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Саҳифаи имом, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи панҷум, 1389ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Тавзеҳул-масоил (муҳашшо), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Ишроқи Ховарӣ, Абдулҳамид, Ганҷинаи ҳудуд ва аҳком, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ, нашри сеюм, соли 128 бадиъ.
  • Ловсун, Б. Тоад, “Баҳоӣ/баҳоият”, дар доиратулмаорифи ҷаҳони навини Ислом (ҷ.1), тарҷума ва таҳқиқ ва таълиқи зери назари Ҳасани Торамӣ, Муҳаммади Даштӣ ва Маҳдии Даштӣ, Теҳрон, Нашри китоби марҷаъ - нашри конгресс, чопи аввал, 1388ҳ.ш.
  • Мазоҳирӣ, Абузар, «Баҳоият; резишҳо ва буҳронҳои мудовим: ошноӣ бо бархе аз баҳоиёни нодиму мустабсир», дар маҷаллаи Таърихи муосири Эрон, № 47 ва 48, поиз ва зимистони 1387ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтоъоти ҷадид, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абулқосим Алиён Нажодӣ, Қум, мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи дувум, 1427ҳ.қ.
  • Мусавизода, Сайидҳусайн Алӣ бо ҳамкории пажуҳишкадаи Боқирулъулум, Мунодиёни торикӣ: ифшои боварҳои баҳоият, Теҳрон, Ширкати чоп ва нашри байналмилал, чопи аввал, 1393ҳ.ш.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, Муҳокима ва баррасӣ дар ақоид, аҳком, одоб ва таърихи Боб ва Баҳо, Теҳрон, Маркази нашри осори аллома Мустафавӣ, бе то.
  • Наҷафӣ, Сайид Муҳаммадбоқир, Баҳоиён, Теҳрон, нашри Машъар, чопи аввал, 1383ҳ.ш.
  • Ниёзӣ, Ҳомид, Гузаргоҳи торикӣ: нақд ва баррасии аснодӣ ва тасвирии фирқаи баҳоият, Исфаҳон, маркази мудирияти ҳавзаи илмияи Исфаҳон, чопи аввал, 1393ҳ.ш.
  • Нурӣ, Лавҳи ишроқот, дар Китоби Ақдас, беҷо, бено, бе то. (Аз китобхонаи электронникии мароҷеъ ва осори баҳоӣ)
  • Нурӣ, Мирзо Ҳусайнъалӣ, Иқтидорот ва чанд лавҳи дигар, дар маҷмӯи алвоҳи муборакаи ҳазрати Баҳоуллоҳ, беҷо, бено, бе то (аз китобхонаи электронникии мароҷеъ ва осори баҳоӣ).
  • Нурӣ, Мирзо Ҳусайнъалӣ, Китоби Ақдас, беҷо, бено, бе то. (Ин китоб аз англисӣ тарҷума ва бо бархе алвоҳ, мулҳақот ва тавзеҳот чоп шудааст).
  • Нурӣ, Мирзо Ҳусайнъалӣ, Китоби Аҳдӣ, дар маҷмӯи алвоҳи Баҳоуллоҳ, Миср, бено, бе то.
  • Нурӣ, Мирзо Ҳусайнъалӣ, Осори қалами аъло, Теҳрон, нашри Муассисаи миллии матбуоти Амрӣ.
  • "Осори қалами аъло”, вебгоҳи Баҳоипажуҳӣ, таърихи боздид: 26 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • Рафиъӣ, Марям, “Хурӯш бар тавтеъаҳо; имом Хумайнӣ ва баҳоият”, дар баҳоият онгуна ки ҳаст, Теҳрон, Муассисаи ҷоми ҷам, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Раҷабӣ, Муҳаммадҳасан, “Нигарон аз нуфуз; Оятуллоҳ Буруҷердӣ ва баҳоиён”, дар баҳоият онгуна ки ҳаст, Теҳрон, Муассисаи ҷоми ҷам, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Рӯзбаҳонӣ, Алиризо, Таҳлил ва нақди баҳоият, Қум, Маркази пажуҳишҳои садо ва симо, 1389ҳ.ш.
  • Садрӣ, Маҳмуд, “Баҳоият”, дар донишномаи ҷаҳони Ислом (ҷ.4), зери назари Ғуломалии Ҳаддоди Одил, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
  • Сафҳаи нахусти вебсайти Баҳоиёни Эрон, таърихи боздид: 26 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • Саҳифаи аввали вебсайити ҷомеъаи ҷаҳонии баҳоӣ, таърихи боздид: 26 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • Табрезӣ, Ҷавод, Истифтоъоти ҷадид, Қум, бено, чопи аввал, бе то.
  • Фалоҳатӣ, Ҳамид ва Маҳдӣ Фотиминиё, “Иншиъобот ва ихтилофот дар бобият ва баҳоият”, вебгоҳи Росихун, таърихи дарҷи матлаб: 4 хурдоди 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 2 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • Фаттоҳзода, Муҳаммад, “Ҷамъияти баҳоӣ аз иддао то воқеият”, фаслномаи Баҳоишиносӣ, № 1, тобистони 1395ҳ.ш.
  • Фозили Мозандаронӣ, Асадуллоҳ, Асрор-ур-осор, Муассисаи миллии матбуот, (129 бадиъ) 1346ҳ.ш.
  • Хоманаӣ, Сайидалӣ, Аҷвибат-ул-истифтоъот, Қум, Дафтари муаззамун лаҳ, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Ҳоҷи Қулӣ, Аҳмад ва дигарон, Фирқаҳои инҳирофӣ: шайхия, бобия ва баҳоият, Қум, ҳавзаи илмия; Маркази тахассусии Маҳдавият, чопи дувум, 1395ҳ.ш.
  • Ҷузваи талхис ва тадвини ҳудуд ва аҳкоми Китоби Ақдас, дар Китоби Ақдас, беҷо, бено, бе то. (Аз китобхонаи электронникии мароҷеъ ва осори баҳоӣ)
  • Шайхи Алазҳар: ба расмият шинохтани баҳоият, хуруҷ аз Ислом аст”, хабаргузории Абно, таърихи дарҷи матлаб: 26 хурдоди 1388ҳ.ш., таърихи боздид: 25 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • Шоҳрух, Дорюш ва Грис, Усули диёнати баҳоӣ, тарҷумаи Мино Собит, интишороти Имҷез интирнашнол, 1998м.
  • Эътизодуссалтана, Алиқулӣ Мирзо, Фитнаи Боб, тарҷума ва таълиқоти Абдулҳусайни Навоӣ, Теҳрон, интишороти Бобак, 1351ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found