Дуои Ноди Алӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ноди Алиян мазҳар-ал-аҷоиб)
Ноди Алӣ

Дуои Ноди Алӣ (ба арабӣ: دعای نَادِ عَلی) ду дуо дар васфи Имом Алӣ (а) аст, ки бо иборати «Нода Алийян мазҳар-ал-аҷоиб...» («...نادِ عَلِیاً مَظهَرَ العَجائِب») оғоз мешавад. Гуфта шудааст, ин дуо дар рӯзи ҷанги Уҳуд аз олами ғайб ба гӯши Пайғамбар (с) расидааст.

Дуои ноди Алии сағир кӯтоҳ аст ва дар он гуфта шудааст, ки ҳар ғаму андӯҳе ба баракати набуввати Пайғамбар (с) ва вилояти Имом Алӣ (а) бартараф мешавад. Аллома Маҷлисӣ, ин дуоро дар китоби Биҳор-ул-анвор нақл кардааст, аммо ба манбаи он ишора накардааст. Ядуллоҳи Дуздузонӣ - фақеҳи шиа, гуфтааст, ки дуои Ноди Алии сағир мадраки муътабаре надорад. Бо ин ҳол, китобҳое дар шарҳи ин дуо навишта шудааст.

Дуои Ноди Алии кабир, низ мазмунҳое монанд ба дуои Ноди Алии сағир дорад, аммо ҳаҷми он чанд баробари Ноди Алии сағир аст.

Ноди Алии сағир

Бинобар он чи дар китоби Шарҳи девони шеъри мансуб ба Имом Алӣ (а), навиштаи Мебадии Яздӣ, олими шофеии қарни даҳуми ҳиҷрӣ, омадааст, Пайғамбар (с) дар ҷанги Уҳуд аз олами ғайб чунин шунид: «نَادِ عَلِيّاً مَظْهَرَ الْعَجَائِبِ، تَجِدْهُ عَوْناً لَكَ فِي النَّوَائِبِ، كُلُّ هَمٍّ وَ غَمٍّ سَيَنْجَلِي، بِوَلايَتِكَ يَا عَلِيُّ».[1] Ин ҷумалот дар китоби Фарҳанги Ғадир, навиштаи Ҷаводи Муҳаддисӣ, бо афзудае нақл шудааст: «نَادِ عَلِيّاً مَظْهَرَ الْعَجَائِبِ، تَجِدْهُ عَوْناً لَكَ فِي النَّوَائِبِ، كُلُّ هَمٍّ وَ غَمٍّ سَيَنْجَلِي، بِنُبُوَّتِکَ یا مُحَمَّد، بِوَلايَتِكَ يَا عَلِيُّ» ки тарҷумаи он чунин аст: Алиро ки мазҳари аҷоиб аст садо бизан, ӯро дар гирифториҳо ёвари худ хоҳӣ ёфт; ҳар ғаму андуҳе бартараф мешавад, ба баракати набувватат эй Муҳаммад! Ва вилоятат эй Алӣ![2]

Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор ва Мирзо Муҳаммадтақии Сипеҳр дар Носих-ут-таворих, ба ривояти Мебадии Яздӣ ишора кардаанд.[3] Дар Биҳор-ул-анвор, ишорае ба манбаи ин дуо нашудааст.[4] Ядуллоҳи Дуздузонӣ - аз фақеҳони қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ, гарчи хондани ин зикрро бо умеди савоб беишкол донистааст, аммо гуфтааст, ки мадраки муътабаре надорад.[5]

Тақиюддини Иброҳими Кафъамӣ - олими шиаи қарни нуҳуми ҳиҷрӣ, дар китоби Мисбоҳ овардааст, фарози мазкурро ба хатти Шаҳиди Аввал дида, афзудааст, ки барои пайдо шудани гумшуда ва бардаи фирорӣ хонда ва такрор мешудааст.[6] Муҳаддиси Нурӣ низ дар китоби Мустадрак-ул-васоил, ҳамин матлабро аз Мисбоҳ нақл кардааст.[7] Аллома Сайид Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии Теҳронӣ аз марҳум Сайид Ҳошими Ҳаддод нақл кардааст, ки ҳар кас ҳар рӯз 110 маротиба бигӯяд: «نادِ علیًّا مَظهَرَ العجائبَ، تَجِدْهُ عَونًا لکَ فی النَّوائب، کُلُّ همٍّ و غمٍّ سَیَنجَلی، بعَظَمَتِکَ یا اللَهُ، بِنُبوَّتِکَ یا محمّد، بولایتکَ یا علیُّ یا علیُّ یا علیّ». Ва ин дастурро се рӯз пай дар пай анҷом диҳад, ҳар ҳоҷате дошта бошад, Худованд ато мефармояд.[8]

Зикри Ноди Алии сағир бо тағйире дар ҷумлаи охир, дар катибаҳои масҷиди ҷомеъи Биҷопур дар ҷануби Ҳинд, нигошта шудааст.[9] Бахши мутафовити мазкур чунин аст: «بِنُبُوَّتِکَ یا مُحَمَّد بِوِلایَتِکَ یا عَلیّ».[10] Ин зикр ҳамчунин дар қалъаи Аҳмаднигар дар Ҳинд низ ба шакли як шер дида шудааст.[11]

Ашъори форсӣ

Чанд тан шоири форсизабон, дар ашъори худ ишороте ба Ноди Алии сағир кардаанд; аз ҷумла, Мирзомуҳаммадтақии Ҳуҷҷатулислом, машҳур ба Наййири Табрезӣ ки чунин сурудааст:[12]

Ё рабб, ба Алӣ, саянҷалиро бирасон!

Дармонда манам Шоҳи Валиро бирасон!

Вақте ки аҷал домани умрам гирад,

Қабл аз малакулмавт Алиро бирасон!

Шоири дигаре низ ки номаш мушаххас нест, чунин сурудааст:[13]

Дар мазҳаби мо каломи ҳаққ Ноди Алист,

Тоат, ки қабули Ҳақ бувад, ёди Алист.

Аз ҷумлаи офариниши кавну макон,

Мақсуди Худо Алию авлоди Алист!

Ноди Алии кабир

Аллома Маҷлисӣ дар китоби Зод-ул-маъод, матни дуои нодиалии кабирро нақл кардааст:[14]

матн
بِسمِ اللهِ الرَّحمن الرَّحیم
نادِ عَلیاً مَظهَرَالعَجائِب تَجِدهُ عَوَناً لَکَ فِی النَوّائِب لی اِلیَ اللهِ

حاجَتی وَ عَلَیهِ مُعَوَّلی کُلَّما اَمَرتَهُ وَ رَمَیتَ مُنقَضی فی ظِلّ اللهِ وَ یُضِلل اللهُ لی اَدعُوکَ کُلَّ هَمٍ وَغَمًّ سَیَنجَلی بِعَظَمَتِکَ یا اللهُ بِنُبُوَّتِکَ یا مُحَمَّدَ بِوَلایَتِکَ یا عَلِیُّ یا عَلِیُّ یا عَلِیُّ اَدرِکنی بِحقِّ لُطفِکَ الخَفیَّ اللهِ اَکبَرُ اَنا مِن شَرِّ اَعدائکَ بَریءٌ اللهُ صَمَدی مِن عِندِکَ مَدَدی وَ عَلَیکَ مُعتَمِدی بِحقِّ إِیاکَ نَعبُدُ وَ إِیاکَ نَستَعینُ یا اَبا لغَیثِ اَغِثنی یا اَبَا الَحَسَنَین اَدرِکنی یا سَیفَ اللهُ اَدرِکنی یا بابَ اللهِ اَدرِکنی یا حُجَّهَ اللهِ اَدرِکنی یا وَلِیَّ اللهِ اَدرِکنی بِحَقَّ لُطفِکَ الخَفیَّ یا قَهّارُ تَقَهَّرتَ بِا لقَهرِ وَ القَهر ُفی قَهرِ قَهرکَ یا قَهارُ یا قاهِرَ العَدُوّ یا واِلیَ الوَلِیَّ یا مَظهَرَ العَجائِبِ یا مُرتَضی عَلِیُّ رَمَیتَ مِن بَغی عَلَیَّ بِسَهمِ اللهِ وَ سَیفِ اللهِ القاتِلِ اُفَوَّضُ اَمری اِلیَ اللهِ اِنَّ اللهُ بَصَیرٌ بِالعَبادِ وَ اِلهُکُم اِلهٌ واحِدٌ لا اِلهَ اِلاّ هُوَ الرَّحمنُ الرَّحیمُ یا غیاثَ المُستَغییَنِ یا دَلیلَ المُتَحیِّرِینَ یا اَمانَ الخائِفینَ یا مُعینَ المُتَوَکِلینَ یا رَاحِمَ المَساکینَ یا اِلهَ العالَمَینَ

بِرَحمَتِکَ وَ صَلَّی اللهُ عَلی سَیِّدِنا مُحَمَّدٍ وَ الِهِ اَجمَعین وَ الحَمدُ اللهِ رَبِّ العالَمینَ
тарҷума
Ба ном Худованди бахшандаи меҳрубон
Бихон Алиро ки мазҳари камолоту сифоти аҷиб аст, то ёрикунандаи ту дар тамоми мушкилоту сахтиҳо бошад. Ин бандаи ночиз пайваста ба Худо ниёзманд аст ва ман дар тамоми умурам ба Худо такя кардаам. Ҳар гоҳ ки Ӯро қасд кунам дар ҳоле ки асбоби нороҳатӣ ва ғусса ба ман расида бошад.

Қасам ба бузургиат, эй Худо, ва қасам ба паёмбариат, эй Муҳамад (с), ва қасам ба вилоят ва имомати ту, эй Алӣ, ки он ғаму ғуссаам бартараф хоҳад шуд. Маро дарёб, ба ҳаққи лутфу муҳаббати пинҳонат. Худо бузургтар аз он аст, ки тавсиф шавад ва ман аз шарри душманонат безорӣ меҷӯям. Худои бениёз, бениёзкунандаи ман аст. Ба ҳаққи ийёка наъбуду ва ийёка настаъин, эй падари кумак ва ёрӣ! Эй Алӣ маро ёрӣ кун ва ба фарёдам рас.[Ёддошт 1] Эй шикастдиҳандаи душман ва эй сарпарасти дӯстон, эй мазҳари сифоти аҷиб, эй Муртазо Алӣ! Эй ғолибу пирӯзманд ва бартариёбанда бар ҳама ба қаҳру салтанати худоӣ ва ҳоли он ки қаҳру салтанат дар тафаввуқу ғалаба ва пирӯзии туст. Эй ғолибу пирӯзманд бар душман! Ту қудратманду шикастнопазирӣ, ки бо иродаи нофизи худ ҳар амреро ислоҳ мекунӣ; ту ҳалоккунанда ва интиқомгирандаӣ; ту он нерӯманде ҳастӣ, ки интиқомаш қобили таҳаммул нест. Ман тамоми умурамро ба Худо вогузор мекунам. Ба дурустӣ ки Худо басиру бино ва огоҳ бар бандагон аст ва қавли Худованд аст, ки дар Қуръон фармуд: Худои шумо худои воҳид асту ғайр аз Ӯ худое нест, бахшанда ва меҳрбон аст. Худованд маро кифоят мекунад ва беҳтарин вакилу ҳомӣ ва ёвари ман аст. Эй фарёдраси фарёдхоҳон! Ба фарёдам барис. Эй раҳмкунанда бар фақирону бечорагон, бар ман раҳм кун!

Маро дарёб, эй Алӣ! Маро дарёб, эй Алӣ! Маро дарёб, эй Алӣ! Маро дарёб бо раҳмати худат, эй раҳимтарин раҳмкунандагон.[15]

Осор

Китобҳо ва рисолаҳое дар бораи дуои Ноди Алӣ, хосият ва вижагиҳои он навишта шудааст; аз он ҷумла китоби форсие бо унвони «Шарҳи Ноди Алиян мазҳаралъаҷоиб», ки дар китобхонаи Маръашии Наҷафӣ дар Қум нигаҳдорӣ мешавад.[16]

Ҳамчунин Алӣ Садроии Хуӣ, дар китоби Феҳристгони нусхаҳои хаттии ҳадис ва улуми ҳадиси шиа, ба мавориде аз китобҳои шарҳи «Ноди Алиян мазҳаралъаҷоиб» ишора кардааст.[17]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Мебадии Яздӣ, Шарҳи девони мансуб ба Амирулмӯъминин Алӣ ибни Абитолиб, ба кӯшиши Акрами Шофеӣ, саҳ.434.
  2. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ғадир, 1386ҳ.ш., саҳ.563.
  3. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.73; Сипеҳр, Носих-ут-таворих, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.902.
  4. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.73.
  5. Дуздузонии Табрезӣ, Истифтоъоти ҳазрати оятуллоҳилъузмо Дуздузонии Табрезӣ, 1379ҳ.ш., саҳ.22.
  6. Кафъамӣ, Мисбоҳ, нашри Дорур-Разӣ, саҳ.183.
  7. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.483.
  8. Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, Матлаъ-ул-анвор, ҷ.2, саҳ.155
  9. Турайҳӣ, Таърих-уш-шиъа фи-л-Ҳинд, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.117.
  10. Турайҳӣ, Таърих-уш-шиъа фи-л-Ҳинд, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.117.
  11. Турайҳӣ, Таърих-уш-шиъа фи-л-Ҳинд, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.81.
  12. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ғадир, 1386ҳ.ш., саҳ.564.
  13. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ғадир, 1386ҳ.ш., саҳ.564.
  14. Маҷлисӣ, Зод-ул-маъод, Муассисат-ул-аъламӣ, ҷ.1, саҳ.429 - 430.
  15. Маҷлисӣ, Зод-ул-маъод, Муассисат-ул-аъламӣ, ҷ.1, саҳ.429 - 430.
  16. Рафоъӣ, Муъҷаму мо кутиба ан-ир-Расул ва Аҳл-ил-Байт, 1371ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.66.
  17. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Садроии Хуӣ, Феҳристгони нусхаҳои хаттии ҳадис ва улуми ҳадиси шиа, 1382ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.437 ва 459 ва 537.


Ёддошт


Сарчашма

  • Дуздузонии Табрезӣ, Ядуллоҳ, Истифтооти ҳазрати оятуллоҳилъузмо Дуздузонии Табрезӣ, Теҳрон, Тобон, 1379ҳ.ш.
  • Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, Ҷинат-ул-амон-ил-воқия (Мисбоҳ), Дор-ур-Разӣ, Қум, 1405ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Зод-ул-маъод, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, бе то.
  • Мибадии Яздӣ, Мирҳусайн ибни Муинуддин, Шарҳи девони мансуб ба Амирулмуъминин Алӣ ибни Абитолиб, ба кӯшиши Акрами Шофеӣ, бар асоси нусхаи сайти тасаввуфи Эрон.
  • Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ғадир, Қум, нашри маъруф, 1386ҳ.ш.
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, Бейрут, муассисаи Ол-ул-байт ли эҳё-ит-турос, 1408ҳ.қ.
  • Рафоъӣ, Абдулҷаббор, Муъҷаму мо кутиба ан-ир-Расул ва Аҳл-ил-Байт, Теҳрон, созмони чоп ва интишороти Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1371ҳ.ш.
  • Садроии Хуӣ, Алӣ, Феҳристгони нусхаҳои хаттии ҳадис ва улуми ҳадиси шиа, Қум, Муассисаи илмӣ ва фарҳангии дор-ул-ҳадис, 1382ҳ.ш.
  • Сипеҳр, Муҳаммадтақӣ, Носих-ут-таворих: зиндагонии Пайғамбар, Теҳрон, нашри Асотир, 1385ҳ.ш.
  • Турайҳӣ, Муҳаммад Саид, Таърих-уш-шиъа фи-л-Ҳинд, Ҳоланд, Академият-ул-куфа, 1426ҳ.қ./2005м.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found