Ҳал мин носирин янсурунӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Нидои ҳал мин носир)
Таблои асри Ошуро

Ҳал мин носирин янсурунӣ (арабӣ: هَلْ مِنْ ناصِرٍ یَنْصُرُنی) ба маънои «оё ёваре ҳаст, ки маро ёрӣ кунад?» ҷумлае машҳур аз Имом Ҳусайн (а) дар охирин дақиқаҳои зиндагиаш дар рӯзи Ошуро.

Ба гуфтаи Ҷавод Муҳаддисӣ, дар Фарҳанги Ошуро ин ҷумла, нақли ба маъност ва ба шакли мазкур дар китобҳои таърихӣ наёмадааст,[1] вале манобеи марбут ба воқеаи Карбало, ибороатҳое монанд ба он ва бо ҳамин мазмунро нақл кардаанд.[2]

Бино ба нақли вақоеънигорони Ошуро, вақте ёрони Имом Ҳусайн (а) шаҳид шуданду ӯ танҳо монд, ин ҷумалотро бар забон ронд, ки

«ҳал мин зоббин язуббу ан ҳарами Расулиллоҳ ҳал мин муваҳҳидин яхофуллоҳа фино ҳал мин мин муғисин ярҷуллоҳ би иғосатино ҳал мин муъинин яҷру мо индаллоҳ фи иъонатино;

"هَلْ مِنْ ذَابٍّ يَذُبُّ عَنْ حَرَمِ رَسُولِ اللَّهِ هَلْ مِنْ مُوَحِّدٍ يَخَافُ اللَّهَ فِينَا هَلْ مِنْ مُغِيثٍ يَرْجُو اللَّهَ بِإِغَاثَتِنَا هَلْ مِنْ مُعِينٍ يَرْجُو مَا عِنْدَاللَّهِ فِي إِعَانَتِنَا"

Оё дифоъкунандае ҳаст, ки аз ҳарами Расули Худо дифоъ кунад? Оё ягонапарасте ҳаст, ки дар бораи мо аз Худо битарсад? Оё фарёдрасе ҳаст, ки бо фарёдрасӣ аз мо ба Худо умед дошта бошад? Оё мададкоре ҳаст, ки бо кумак ба мо умед ба чизе ки назди Худост дошта бошад?».[3]

Имом Ҳусайн (а) пештар дар манзилгоҳи қасри Банӣ Муқотил ҳангоме, ки Убайдуллоҳ ибни Ҳурри Ҷуъфиро ба ёрӣ талабид ва ӯ узр овард, аз Убайдуллоҳ хост, ки аз онҷо биравад; чароки агар садои истиғосаи Имомро шунида, иҷобат накунад, Худо ӯро ҳалок мекунад».[4] Баъзе, шиори лаббайка ё Ҳусайнро ҷавобе ба нидои ёриталабии Имом Ҳусайн дар рӯзи Ошуро медонанд.[5]

Дар филми "Рӯзи Воқеа", сохтаи Шаҳроми Асадӣ, ки дар бораи воқеаи Карбалост, шахсияти аввали филм, ки як ҷавони тозамусулмон аст, садое аз гӯяндаи ғайбие дар гӯши худ мешунавад, ки такрор мекунад «кист маро ёрӣ кунад?», ӯ дар пайи ҳамин садо ба роҳ меафтад ва асри рӯзи Ошуро ба Карбало мерасад.[6]

Эзоҳ

  1. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1376ҳ.ш., саҳ.471
  2. Сайид ибни Товус, ал-Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.116; Ибни Намои Ҳиллӣ, Мусир-ул-аҳзон, 1406ҳ.қ., саҳ.70.
  3. Сайид ибни Товус, ал-Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.116.
  4. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.407.
  5. «Шиори «Лаббайка ё Ҳусейн» ба маънои иҷобати даъвати Сайид-уш-шуҳадо (а) аст», хабаргузории Меҳр.
  6. «Нигоҳе ба филми Рӯзи Воқеа», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.

Сарчашма

  • Ибни Намои Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Мусир-ул-аҳзон, Қум, мадрасатул-Имом ал-Маҳдӣ, 1406ҳ.қ.
  • Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ошуро, Қум, нашри Маъруф, 1376ҳ.ш.
  • Нигоҳе ба филми Рӯзи Воқеа, пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, дар маҷаллаи Посдори Ислом, № 164, мурдоди 1374ҳ.ш.
  • Сайид ибни Товус, ал-Луҳуф ала қатла-т-Туфуф, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1348ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, 1967м./1387ҳ.қ.
  • Шиори «Лаббайка ё Ҳусейн» ба маънои иҷобати даъвати Сайидуш-шуҳадо (а) аст», хабаргузории Меҳр, таърихи дарҷи матлаб: 10 мурдоди 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 11 озари 1402ҳ.ш.