Адолати саҳоба

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Назарияи адолати саҳоба)

Адолати саҳоба ба форсӣ: عدالت صحابه, назарияи аксари аҳли суннати мабнӣ бар адолат ва аҳли биҳишт будани ҳамаи саҳобаи Пайғамбар аст. Бар асоси ин назария, нақд ва эътироз бар саҳоба ҷоиз нест ва ривоёти онон бидуни ҷарҳу таъдил пазируфта мешавад. Олимони шиа ва гурӯҳе аз олимони аҳли суннат, саҳобаи Пайғамбар (с)-ро монанди бақияи мусулмонон дониста ва назарияи адолати саҳобаро рад мекунанд.

Мувофиқони адолати саҳоба, ба оёте аз Қуръон ва низ ривоёте аз Пайғамбар истидлол кардаанд, ки аз ҷумлаи онҳо, ояти Ризвон аст, ки аз ризояти Худо аз саҳоба сухан гуфтааст.

Дар муқобил, мухолифон ин оётро фақат ба саҳобае ихтисос додаанд, ки дар Байъати Ризвон ҳузур дошта ва пас аз он низ бар аҳду паймони худ устувор монданд.

Ҳамчунин аз назари мухолифон, назарияи адолати саҳоба бо оёте аз Қуръон, ки аз вуҷуди мунофиқоне дар миёни асҳоби Пайғамбар хабар медиҳад, созгор нест.

Дар нақди назарияи адолати саҳоба, ба амалкард ва рафторҳои хилофи адолати бархе аз саҳоба монанди иртидод, шурби хамр, сабби Алӣ, қатли мусулмонон ва лашкаркашӣ дар баробар ҳам низ истинод шудааст.

Бархе аз муҳаққиқони шиъӣ, мӯътақиданд, назарияи адолати саҳоба бо аҳдофе ҳамчун тавҷеҳи хилофати хулафои се гона ва машруиятбахшӣ ба салтанати Муовия ибни Абисуфён матраҳ шудааст. Таъсиси назарияи иҷтиҳоди саҳобӣ, ихтилофи миёни мусулмонон, марҷаиятдеҳӣ ба фаҳми саҳоба аз Қуръону суннат, ҳуҷҷиятбахшӣ ба қавл ва сираи саҳоба ва пазириши аҳодиси нақлшуда аз онон бидуни эъмоли қавоиди ҷарҳу таъдил аз паёмадҳои ин назария дониста шудааст.

Саҳобӣ кист?

Мақолаи аслӣ: Саҳоба

Саҳобӣ ба касе гуфта мешавад, ки бо Пайғамбари Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) мулоқот карда ва ҳангоме, ки аз дунё рафта, ҳамчунон ба ӯ имон дошта, мусулмон будааст.[1] Манзур аз мулоқот, аъам аз дидор, ҳамнишинӣ, ҳамроҳӣ ва расидани яке ба дигарӣ аст, ҳарчанд бо ҳам сухан нагуфта бошанд.[2] Албатта бархе, қайдҳо ва шартҳое ба таърифи мазкур афзудаанд; аз ҷумла тӯлонӣ будани ҳамнишинӣ бо Пайғамбар (с), ҳифзи ривоят аз ӯ, ҷангидан ва шаҳодат дар рикоби Пайғамбар,[3] ва бархеи дигар ба сирфи мусоҳибат ва ё дидани Пайғамбар барои сидқи саҳобӣ басанда кардаанд,[4] аммо ба гуфтаи Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ аз уламои барҷастаи аҳли суннат дар қарнҳои ҳафтуму ҳаштуми қамарӣ, ончӣ назд уламо пазируфта шуда, таърифи нахуст аст.[5]

Бино бар гузориши бархе манобеъ, ҳангоми вафоти Пайғамбар (с), шумори саҳобаи ӯ 114 ҳазор нафар будааст.[6] Ба касоне ки дар сини кӯдакӣ Пайғамбарро дарк кардаанд, саҳобаи сиғор (хӯрд) ва ба занон саҳобиёт мегӯянд.[7]

Табйини назария

Тибқи дидгоҳи машҳури олимони аҳли суннат, ҳамаи саҳоба одиланд.[8] Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ иддаои тавофуқи тамомии аҳли суннат бар адолати ҳамаи саҳобаро дошта, мухолифони онро иддаи каме аз мубтадиъа ва бидъатгузорон хондааст.[9] Ӯ ҳамчунин аз Ибни Ҳазм (даргузаштаи 456ҳ.қ.) нақл кардааст, ки ҳамаи саҳоба вориди биҳишт мешаванд ва аҳаде аз онҳо вориди ҷаҳаннам намегардад.[10]

Бо ин ҳама Мозарӣ (Муҳаммад ибни Алӣ ибни Умар ал-Мозарӣ муканно ба Абуабдулло, даргузаштаи 530 ё 536ҳ.қ.) аз уламои аҳли суннат, фақат адолати гурӯҳе аз саҳобаро пазируфтааст, ки мулозими Пайғамбари Ислом (с) буда, бузургаш доштанд ва ёриаш карданд ва аз «нуре, ки бо ӯ нозил шуда», пайравӣ карданд.[11] Бархе дигар аз аҳли суннат ҳам, саҳобаи Пайғамбарро монанди дигар мусулмонон дониста, мӯътақиданд, сирфи ҳамроҳӣ бо Пайғамбар сабаби адолат намешавад.[12]

Ба гуфтаи Аҳмадҳусайни Яъқуб, манзур аз адолати саҳоба ин аст, ки дурӯғ бастан бар саҳоба ва ҷарҳашон ҷоиз нест, ҳарчанд хатое муртакиб шуда бошанд.[13] Ибни Асир дар муқаддимаи Усд-ул-ғоба менависад: «ҳамаи саҳоба одил ҳастанд ва ҳеҷ ҷарҳе мутаваҷҷеҳи онон нест».[14] Аз ин рӯй, бархе аз олимони аҳли суннат гуфтаанд, касе ки бар яке аз саҳобаи Пайғамбар, нақсе ворид кунад, кофир аст.[15]

Ҳамчунин манзур аз адолати саҳоба вижагие дониста шудааст, ки бар асоси он ривоёти саҳоба пазируфта мешавад. Хатиби Бағдодӣ навиштааст: ҳар ҳадисе, ки ба Пайғамбар муттасил шавад, амал ба он вақте лозим аст, ки адолати ровиёнаш исбот шавад, ба ҷуз саҳоба; чароки адолати саҳоба исботшуда аст; зеро Худованд ононро одил шуморида ва аз таҳораташон хабар додааст.[16]

Далоили мувофиқон

Аҳли суннат барои исботи адолати саҳоба, ба оёте аз Қуръон ва ривоёте аз Пайғамбар истидлол кардаанд;[17] аз ҷумла:

  1. Оёте, ки баён мекунад, Худованд аз саҳоба розӣ шудааст; монанди ояти «وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِ‌ینَ وَالْأَنصَارِ وَالَّذِینَ اتَّبَعُوهُم بِإِحْسَانٍ رَّ‌ضِی اللَّـهُ عَنْهُمْ وَرَ‌ضُوا عَنْهُ»; (Ва пешгомони нахустин аз муҳоҷирону ансор, ва касоне, ки бо некӯкорӣ аз онон пайравӣ карданд, Худо аз онҳо розӣ ва онон [низ] аз Ӯ розӣ ҳастанд)[18] ҳамчунин ояти «لَّقَدْ رَضِيَ اللَّـهُ عَنِ الْمُؤْمِنِينَ إِذْ يُبَايِعُونَكَ تَحْتَ الشَّجَرَةِ»;[19] (Ба ростӣ Худо ҳангоме, ки мӯъминон, зери он дарахт бо ту байъат мекарданд, аз онон розӣ шуд).[20] Олимони аҳли суннат ризоят ва хушнуд будани Худованд аз саҳобаро далел бар адолати ҳамаи онон дониста, гуфтаанд, касе ки Худо аз ӯ розӣ шуд, ҳаргиз бар ӯ ғазаб намекунад.[21] Ба гуфтаи олимони шиа, ин оёт бар адолати ҳамаи саҳоба далолат надорад; чароки аз зоҳири ояти нахуст бардошт мешавад, ки манзури Худованд, бархе аз муҳоҷирону ансор аст, на ҳамаи онон.[22] Дар ояти дувум ҳам фақат саҳобае манзур аст, ки дар Байъати Ризвон ҳузур доштанд ва бар аҳду паймони худ устувор монданд, на ҳамаи саҳоба.[23] Ҳамчунин адолати ҳамаи саҳоба бо ояти «وَمِمَّنْ حَوْلَكُم مِّنَ الْأَعْرَ‌ابِ مُنَافِقُونَ ۖ وَمِنْ أَهْلِ الْمَدِينَةِ ۖ مَرَ‌دُوا عَلَى النِّفَاقِ»[24] созгор нест; зеро ояти мазкур бархе аз саҳобаро мунофиқ муаррифӣ мекунад.[25]
  2. Оёте, ки мусулмононро беҳтарин уммат ва уммати васат муаррифӣ мекунад, монанди ояти «كُنتُمْ خَیرَ أُمَّةٍ أُخْرِ‌جَتْ لِلنَّاسِ»[26] ва ояти «وَ کَذلِکَ جَعَلْناکُمْ أُمَّةً وَسَطاً».[27] Бархе аз муффасирони аҳли суннат уммати васатро ба уммати одил тафсир карда[28] ва гуфтаанд агарчӣ лафзи уммат ом аст, манзур аз он хос (саҳоба) аст ва оят дар бораи саҳоба нозил шудааст;[29] дар ҳоле, ки ба гуфтаи олимони шиа ин оят бар амалкарди баъзе аз асҳоби Пайғамбар далолат мекунад, ки ҳузурашон мӯҷиб шуда, уммати Пайғамбар (с) аз ҷониби Худованд беҳтарин уммат хонда шавад, на ҳамаи саҳоба.[30]
  3. Ҳадиси асҳобӣ каннуҷум (حدیث اصحابی کالنجوم); дар ин ҳадис асҳоби Пайғамбар ба ситорагоне монанд шуда аст, ки ба ҳар як аз онҳо иқтидо шавад, сабаби ҳидоят мегардад. Аз назари олимони шиа ва бархе аз олимони аҳли суннат ривояти мазкур, ҷаълӣ ва сохтагӣ аст ва бо оёте аз Қуръон ва дигар ривоёти Пайғамбар созгор нест.[31]

Ҳамчунин барои исботи адолати саҳоба ба оёти дигаре аз Қуръон[32] ва низ аҳодисе ҳамчун «حدیث خیر القرون قرنی» ва ҳадиси «لا تَسُبّوا اصحابی» истидлол шудааст.[33] Дар ҳоле ки вуҷуди мунофиқин ва муртадин дар миёни асҳоби Пайғамбар, монеъ аз он аст, ки оёт ва ривоёти мазкур бар адолати тамомии саҳоба далолат дошта бошад.[34] Барои намуна ба гуфтаи муффасирони ояти Набаъ ки мегӯяд: «агар фосиқе бароятон хабаре оварад, онро баррасӣ кунед!»,[35] дар бораи Валид ибни Уқба, ки аз саҳоба буда, нозил шудааст.[36]

Амалкарди саҳоба

Олимони шиъӣ ва бархе аз олимони аҳли суннат бар ин боваранд, ки амалкарди бархе аз саҳоба, назарияи адолати ононро нақз мекунад. Ба гуфтаи Сайидмуҳсини Амин, афроде монанди Убайдуллоҳ ибни Ҷаҳш, Убайдуллоҳ ибни Хуттал, Рубайъа ибни Умайя ва Ашъас ибни Қайс аз саҳоба муртад шудаанд.[37] Ҳамчунин бар пояи ривояте, ки дар Саҳеҳ Бухорӣ омада, Пайғамбар аз иртидоди шуморе аз асҳоби худ хабар додааст.[38]

Ҳамчунин дар китобҳои торихӣ шавоҳиде аз рафторҳои хилофи адолати бархе аз саҳоба монанди шурби хамр, сабби Алӣ, хуруҷ бар имоми одил ва қатли мусулмонон гузориш шудааст. Аз ҷумла Буср ибни Артот ҳудуди 30 ҳазор тан аз шиаёни Имом Алиро ба қатл расонд,[39] Муғайра ибни Шуъба ҳудуди нуҳ сол Имом Алиро бар минбар саб мекард,[40] Холид ибни Валид, Молик ибни Нувайраро ба шаҳодат расонд ва ҳамон шаб бо ҳамсари ӯ ҳамбистар шуд[41] ва Валид ибни Уқби арақхӯрӣ мекард.[42] Аз Шофеӣ низ нақл шудааст, ки аз миёни саҳобаи Пайғамбар шаҳодати Муовия ибни Абусуфён, Амр ибни Ос, Муғайра ибни Шуъба ва Зиёд ибни абиҳ пазируфта намешавад.[43]

Ҳамчунин қатли саҳоба ба дасти якдигар дар ҷанги Ҷамал, ки дар он ду гурӯҳ аз саҳоба дар муқобили якдигар қарор гирифтанд, бо назарияи адолати ҳамаи саҳоба созгор нест; Ибни Абилҳадид аз аҳли суннати мӯътазила, асҳоби барпокунандаи ҷанги Ҷамалро аҳли ҷаҳаннам дониста ва аз миёни онон танҳо Оиша, Талҳа ва Зубайрро ба хотири тавба, истисно кардааст. Ӯ ҳамчунин дар бораи лашкариёни Шом дар ҷанги Сиффин низ ба иллати исрорашон бар бағй, ҳамин ақидаро дорад. Вай хавориҷро низ бино бар назари ҳамфикрони мӯътазилии худ аҳли дӯзах донистааст.[44]

Аҳдоф ва паёмадҳо

Шиаён, назарияи адолати саҳобаро қабул надошта ва мӯътақиданд, асҳоби Пайғамбар (с) монанди бақияи мусулмонон буда ва адолати ҳеҷкас ба сирфи мусоҳибат бо Пайғамбар собит намешавад.[45] Аз назари онон мумкин нест ҳамаи саҳобаи Пайғамбари Ислом (с) ба дараҷае аз тақво расида бошанд, ки битавон ононро ба адолат (тарки гуноҳи кабира ва адами исрор бар иртикоби гуноҳи сағира) тавсиф намуд, дар ҳоле ки мутобиқ бо манобеи таърихи Ислом бархе аз саҳоба, аз рӯи тарс, ночорӣ ва аз боби таълифи қулуб ба Пайғамбар ибрози имон кардаанд.[46] Аз назари онҳо, тарҳи баҳси адолати саҳоба бо аҳдофе анҷом шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Тавҷеҳи хилофати хулафои се гона
  • Масуниятбахшӣ ба саҳоба ва ҷилавгирӣ аз интиқоду эътироз бар онон,
  • Машруиятбахшӣ ба салтанати Муовия ибни Абисуфён ва тавҷеҳи амалкарди ӯ.[47]

Ҳамчунин, таъсиси назарияи иҷтиҳоди саҳобӣ барои тавҷеҳи бархе аз рафторҳои саҳоба, марҷаиятдиҳӣ ба фаҳми саҳоба аз Қуръону суннат, ҳуҷҷиятбахшӣ ба қавл ва сираи онҳо, пазириши аҳодиси нақлшуда аз саҳоба бидуни эъмоли қавоиди ҷарҳу таъдил ва ихтилоф байни мусулмонон аз паёмадҳои назарияи адолати саҳоба дониста шудааст.[48]

Китобшиносӣ

Масъалаи адолати саҳоба, аз ихтилофоти шиа ва суннӣ аст, ки дар осори саҳобанигорӣ,[49] тафсирӣ[50] ва каломӣ[51] мавриди тавваҷӯҳ будааст. Ҳамчунин шиаён китобҳои мустақилле дар бораи он навиштаанд, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Адолати саҳоба, асари Сайидалии Милонӣ аз олимони шиъии қарни 14 шамсӣ, ба забони форсӣ. Дар ин китоб далоили назарияи адолати саҳоба нақд шудааст. Нависанда оёте аз Қуръон, намунаҳое аз гуноҳони кабираи бархе аз саҳоба ва нақли қавлҳое аз бузургони аҳли суннат дар одил набудани бархе аз саҳоба овардааст.
  • Адолати саҳоба дар партави Қуръон, суннат ва таърих, асари Муҳаммадосиф Муҳсинӣ аз мароҷеи тақлиди шиа. Дар ин китоб адолати саҳоба бо нигоҳи тақриби байни мазоҳиб арзёбӣ шудааст. Пардохтан ба мафҳуми саҳоба назди олимони шиаву суннӣ ва исботи вуҷуди фисқ ва нифоқи бархе аз саҳоба бо тавваҷӯҳ ба оёти Қуръон аз мабоҳиси китоб аст. Нависанда ҳамчунин нисбати такфир ба ҳамаи саҳоба аз сӯи шиаёнро рад кардааст.[52]

Назарияту адолат-ис-саҳоба ва-л-марҷаъият-ис-сийсия фи-л-Ислом, асари Аҳмадҳусайн Яъқуб,[53] адолати саҳоба асари Сайидмуҳаммад Ясрибӣ,[54] Баррасии назарияи адолати саҳоба асари Ғуломҳусайни Зайналӣ[55] ва Назарияи адолати саҳоба, асари гурӯҳи пажӯҳишии Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт[56] аз дигар осоре аст, ки дар нақди назарияи адолати саҳоба навишта шудааст.

Ҷусторҳои вобаста

Лаъни саҳоба

Эзоҳ

  1. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.158.
  2. Шаҳиди Сонӣ, ар-Риоя фи илм-ид-дироя, 1408ҳ.қ., саҳ.339.
  3. Нигоҳ кунед ба: Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.159.
  4. Яъқуб, Назарияту адолат-ис-саҳоба, 1429ҳ.қ., саҳ.15.
  5. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.159.
  6. Шаҳиди Сонӣ, ар-Риоя фи илм-ид-дироя, 1408ҳ.қ., саҳ.345.
  7. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.679; ҷ.8, саҳ.113.
  8. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.10; Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1992м./1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.2.
  9. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.162.
  10. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.163.
  11. Нигоҳ кунед ба: Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.163.
  12. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1378 - 1384ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9.
  13. Яъқуб, Назарияту адолат-ис-саҳоба, 1429ҳ.қ., саҳ.15.
  14. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.10.
  15. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.162.
  16. Хатиби Бағдодӣ, ал-Кифоя, алмактабатулъилмия, ҷ.1, саҳ.64.
  17. Хатиби Бағдодӣ, ал-Кифоя, алмактабатулъилмия, ҷ.1, саҳ.64; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.162.
  18. Сураи Тавба, ояти 100.
  19. Сураи Фатҳ, ояти 18.
  20. Хатиби Бағдодӣ, ал-Кифоя, алмактабатулъилмия, ҷ.1, саҳ.64; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.162 - 163.
  21. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1992м./1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.4.
  22. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.374; Субҳонӣ, Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.445.
  23. Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.9, саҳ.329.
  24. Сураи Тавба, ояти 101.
  25. Сураи Тавба, ояти 101.
  26. Сураи Оли Имрон, ояти 110.
  27. Сураи Бақара, ояти 143.
  28. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.144; Фахри Розӣ, Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.84.
  29. Хатиби Бағдодӣ, ал-Кифоя, алмактабатулъилмия, ҷ.1, саҳ.64.
  30. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.123.
  31. Субҳонӣ, Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.443.
  32. Сураи Фатҳ, ояти 29; Сураи Ҳадид, ояти 11; Сураи Ҳашр, оёти 8 - 10; Сураи Тавба, ояти 117; нигоҳ кунед ба Духӣ, Адолат-ус-саҳоба байн-ал-қадосати ва-л-воқеъ, 1430ҳ.қ., саҳ.42 - 87.
  33. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.165.
  34. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.374.
  35. Сураи Ҳуҷурот, ояти 6.
  36. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.198.
  37. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1419ҳ.қ./1998м., ҷ.1, саҳ.163.
  38. Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.121, ҳадиси 6585.
  39. Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ./1991м., ҷ.4, саҳ.238.
  40. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1400ҳ.қ./1979м., ҷ.5, саҳ.243.
  41. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.561.
  42. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.482.
  43. Абурия, Шайх-ул-музирра Абуҳурайра, Дорулмаориф, саҳ.219.
  44. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1378 - 1384ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9.
  45. Шаҳиди Сонӣ, ар-Риоя фи илм-ид-дироя, 1408ҳ.қ., саҳ.343; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1419ҳ.қ./1998м., ҷ.1, саҳ.161.
  46. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1419ҳ.қ./1998м., ҷ.1, саҳ.162.
  47. Яъқуб, Назарияту адолат-ис-саҳоба, бе то, саҳ.107.
  48. Фахлаъӣ, “Гуфтмони адолати саҳоба”, пойгоҳи тахассусии ваҳҳобиятпажӯҳӣ.
  49. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1992м./1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.4; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.10; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.161 - 165.
  50. Барои намуна нигоҳ кунед ба Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.374 - 375.
  51. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Субҳонӣ, Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.445.
  52. “Адолати саҳоба дар партави Қуръон, суннат ва таърих”, пойгоҳи итилоърасонии ҳадиси шиа.
  53. Назарияту адолат-ис-саҳоба ва-л-марҷаъият-ис-сиёсия фи-л-Ислом, китобхонаи мадрасаи фақоҳат.
  54. Адолати саҳоба, Маҷмуаи нақду баррасӣ, сайти потуқи китоби фардо.
  55. Баррасии назарияи адолати саҳоба, шабакаи ҷомеи китоби Гесум.
  56. Назарияи адолати саҳоба, сайти Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт.

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Дорулфикр, Бейрут, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, ба кӯшиши Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қоҳира, 1378 - 1384ҳ.қ./1959 - 1964м.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дорулҷил, 1992м./1412ҳ.қ.
  • Ибни Аъсами Кӯфӣ, Аҳмад ибни Аъсам, ал-Футуҳ, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дорулазвоъ, 1411ҳ.қ./1991м.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исобаи фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмади Абдулмавҷуд, Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1415ҳ.қ.
  • Абурия, Маҳмуд, Шайх-ул-музирра Абуҳурайра, Миср, Дорулмаъориф, бе то.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқи Ҳасан Амин, Бейрут, Дорултаъоруф, 1419ҳ.қ./1998м.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, таҳқиқи Дору тавқиннаҷот, 1422ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Эҳсон Аббос, Бейрут, ҷамъиятулмусташриқин ал-олмония, 1400ҳ.қ./1979м.
  • Ҳамидӣ, Муҳаммад ибни Футуҳ, ал-Ҷамъ байн-ас-саҳиҳайн ал-Бухорӣ ва-л-Муслим, таҳқиқи Алӣ Ҳусайн ал-Бавоб, Бейрут, Дору Ибни Ҳазм, 1423ҳ.қ./2002м.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Кифоя фи илм-ир-ривоят, таҳқиқи Абуабдулло ал-Сурқӣ ва Иброҳим Ҳамдӣ ал-Маданӣ, Мадина, алмактабатулъилмия, бе то.
  • Духӣ, Яҳё Абдулҳусайн, Адолат-ус-саҳоба байн-ал-қадосати ва-л-воқеъ, алмаҷмаъулъоламӣ ли Аҳли Байт, 1430ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Илоҳиёт ала ҳудот-ил-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл, Қум, алмарказулъоламӣ лиддиросотул-исломия, 1412ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Руъоя, фи илм-ид-дироя, таҳқиқи Абдулҳусайн Муҳаммадалии Баққол, Қум: мактабат Оятуллоҳилъузмо ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1408ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддимаи Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, интишороти Носири Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Қусайр Омилӣ, муқаддимаи Оқобузурги Теҳронӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Яъқуб, Аҳмадҳусайн, Назарияту адолат-ис-саҳоба ва-л-марҷаъият-ис-сиёсия фи-л-Ислом, роҷаъаҳу Алӣ ал-Куронӣ Омилӣ, 1429ҳ.қ.
  • Яъқуби Урдунӣ, Аҳмадҳусайн, Назарияту адолат-ис-саҳоба ва-л-марҷаъият-ис-сиёсия фи-л-Ислом, Аммон (Урдун), матбаъатулхаём, чопи аввал, бе то.
  • Фахлаъӣ, Муҳаммадтақӣ, Маҷмӯаи гуфтмонҳои мазоҳиби исломӣ, гуфтмони адолати саҳоба, Машъар, Теҳрон, бе то.

Пайванд ба берун