Моли омехта бо ҳаром

Аз wikishia

Ин мақолаи як навиштори тавсифӣ дар бора як мафҳум фиқҳиаст ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Бо моли шубҳанок иштибоҳ нашавад.

Моли омехта бо ҳаром ё моли ҳалоли омехта бо ҳаром, моле аст, ки як қисми он аз роҳи шаръӣ ва қисми дигараш аз роҳи ғайришаръӣ ба даст омада аст.[1] Фарқи он бо моли шубҳанок дар ин аст, ки дар моли шубҳанок дар бораи омехта шудани он бо ҳаром шаку шубҳа вуҷуд дорад.[2]

Дар фиқҳи исломӣ истифода аз мол, дар ҳоле ки ҳалол бо ҳаром омехта шуда аст, ҷоиз нест.[3]

Ба ақидаи фақеҳони шиа, агар миқдор ва соҳиби моли ҳаром маълум бошад, баргардонидани моли ҳаром ба соҳибаш фарз аст.[4] Аммо агар миқдори моли ҳаром маълум бошад, вале соҳибаш номаълум бошад, тибқи фатвои гуруҳе аз фақеҳон, бояд он миқдор аз номи соҳибаш садақа дода шавад ва бино бар эҳтиёти воҷиб дар ин кор аз ҳокими шаръ изн ва иҷоза гирифта шавад.[5] Ва дар нуқтаи муқобил, агар соҳиби мол маълум вале миқдори он номаълум бошад, ба фатвои гуруҳе аз фақеҳон бояд ӯро розӣ кард ва агар соҳиби мол розӣ нашуд, бояд миқдоре ки аз рӯи яқин аз они ӯст, ба ӯ дода шавад.[6]

Вале агар ҳеҷ як аз миқдор ва соҳиби моли ҳаром маълум набошад, фақеҳони шиа онро яке аз мавориди ҳафтгонаи вуҷуби хумс донистаанд.[7] Ин фатвои назари машҳури муҷтаҳидони шиа аст.[8] Ва гуфта шудааст, додани хумси моли омехта ба ҳаром дар назди аҳли суннат воҷиб нест.[9]

Агар пас аз супурдани хумси моли омехта бо ҳаром, соҳибаш ёфт шавад, ба назари баъзе аз мароҷеи тақлид, монанди имом Хумайнӣ, Сайид Алӣ Систонӣ ва Макорими Шерозӣ, аз рӯи эҳтиёти воҷиб, бояд ба миқдори молаш ба ӯ дода шавад ва бино бар назари гуруҳе чун Сайид Абулқосими Хуӣ, Гулпойгонӣ, Арокӣ ва Мирзо Ҷаводи Табрезӣ лозим нест чизе дода шавад.[10]

Эзоҳ

  1. Нигоҳ кунед ба: Мунтазирӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.184.
  2. Нигоҳ кунед ба: Мунтазирӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.184.
  3. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Шайхи Ансорӣ, Китоб-ул-хумс, 1415ҳ.қ., саҳ.111; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.141.
  4. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.364; Исфаҳонӣ, Василат-ун-наҷот (маъа ҳавошии ал-Гулпойгонӣ), 1393ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.318.
  5. Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., бахши хумс, масъалаи 1814.
  6. Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., бахши хумс, масъалаи 1815.
  7. Барои намунаи нигоҳ кунед ба: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.69; Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.47.
  8. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.499; Исфаҳонӣ, Василат-ун-наҷот (маъа ҳавошӣ ал-Гулпойгонӣ), 1393ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.318; Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., бахши хумс, масъалаи 1813.
  9. Ансории Шерозӣ ва дигарон, Мавсуъату аҳкоми-л-атфол ва адиллатуҳо, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.470.
  10. Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., бахши хумс, масъалаи 1817.

Сарчашма

  • Ансории Шерозӣ, Қудратуллоҳ ва дигарон, Мавсуъату аҳкоми-л-атфол ва адиллатуҳо, Қум, маркази фиқҳии Аиммати атҳор алайҳимуссалом, 1429ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, 1405ҳ.қ.
  • Исфаҳонӣ, Сайидабулҳасан, Василат-ун-наҷот (маъа ҳавошӣ ал-Гулпойгонӣ), Қум, чопи хонаи меҳр, чопи аввал, 1393ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), зери назар: Саййидмаҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), чопи аввал, 1426ҳ.қ.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, тарҷумаи Маҳмуди Салавотӣ ва Абулфазли Шакурӣ, Қум, муассисаи Кайҳон, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Тавзеҳул-масоил (Муҳашшо), таҳқиқ ва тасҳеҳи Сайид Муҳаммадҳасан Баниҳошимӣ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ул-хумс, таҳқиқи гуруҳи пажӯҳиш дар конгресс, Қум, конгресси бузургдошти шайхи аъзам Ансорӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароиъ-ил-Ислом, тасҳеҳи гуруҳи пажӯҳиши муассисаи маорифи исломӣ, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, чопи аввал, 1413ҳ.қ.