Моли шубҳанок

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Моли шубҳадор)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳум фиқҳист ва наметавонад меъёре барои эъмоли динӣ бошад. Барои эъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Моли шубҳанок ба форсӣ: مال شُبهه‌ناک ё моли муштабаҳ ба арабӣ: مال مُشتَبَه моле аст, ки ҳалол ё ҳаром буданаш маълум нест. Моли шубҳанок бо моли махлут ба ҳаром фарқ мекунад; зеро дар моли махлут ба ҳаром бархилофи моли шубҳанок, шахс медонад, ки дар молаш ҳаром вуҷуд дорад.

Фуқаҳо, амволи шубҳанокро ҳалол донистаанд. Ин амвол хумс надоранд ва метавон бо онҳо ҳаҷ ба ҷо овард.

Дар бархе ривоёт, дар мавориди шубҳанок ба эҳтиёт дастур дода шудааст. Муҳаммадтақии Маҷлисӣ бар асоси ин ривоёт, истифода накардан аз амволи шубҳанокро беҳтар донистааст. Дар муқобил, имом Хумайнӣ ин ривоётро бар иршоду роҳнамоӣ тафсир карда, кароҳати фиқҳии истифода аз моли шубҳанокро напазируфтааст.

Мафҳумшиносӣ

Моли шубҳанок дар мабоҳиси фиқҳӣ[1] ва ривоӣ[2] ба моле гуфта мешавад, ки ҳалол ё ҳаром буданаш мушаххас нест.[3] Дар ривоёт аз шубҳанок ба «шубҳа» ё «шубаҳот» низ таъбир шудааст.[4] Аз ҷумла дар ривояте аз Пайғамбар (с) омадааст: «حَلَالٌ بَيِّنٌ وَ حَرَامٌ بَيِّنٌ وَ شُبُهَاتٌ بَيْنَ ذَلِكَ...; ҳалол ва ҳароми ошкоре вуҷуд дорад ва умуре муштабаҳ (номаълум) байни он ду».[5] Бархе луқма ва ғизои шубҳанокро низ ҷузви моли шубҳанок донистаанд.[6]

Шубҳанок дар луғат ба чизе гуфта мешавад, ки дар бораи ҳалол ва ҳаром будани он шак вуҷуд дорад.[7] Дар ривояте аз Имом Алӣ (а) омадааст, ки шубҳаро ба ин ҷиҳат шубҳа гуфтаанд, ки шабоҳат (монандӣ) ба ҳақ дорад.[8]

Тафовут бо моли махлут ба ҳаром

Моли шубҳанок ё муштабаҳ бо моли махлут ба ҳаром мутафовит аст; зеро шахс дар моли махлут ба ҳаром, илм ба вуҷуди ҳаром дар он мол дорад, вале дар моли шубҳанок шакку тардид вуҷуд дорад, ки ҳаром аст, ё хайр.[9]

Аҳкоми фиқҳӣ

Чанд ҳукми фиқҳӣ барои моли шубҳанок гуфта шудааст:

  • Ҳиллият: гуфта шудааст, моли шубҳанок ҳалол аст.[10] Мустанади ин ҳукм, ривояти «کُلُ‏ شَیْءٍ هُوَ لَکَ‏ حَلَالٌ‏ حَتَّی‏ تَعْلَمَ‏ أَنَّهُ‏ حَرَامٌ‏ بِعَیْنِهِ...; ҳар чизе барои ту ҳалол аст, то инки бидонӣ он чиз айнан ҳаром аст»[11] аст.[12] Ба мазмуни ин ривоят, асолатул-ибоҳа гуфта мешавад.[13]
  • Хумс надоштан: моли шубҳанок ба ҷиҳати шубҳанок буданаш хумс надорад,[14] бархилофи моли махлут ба ҳаром, ки ба ҷиҳати махлут будан бо ҳаром хумс дорад.[15]
  • Ҳаҷ бо моли шубҳанок: аз назари фуқаҳо ҳаҷ бо моли шубҳанок ишкол надорад.[16] Албатта ба фатвои Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ба шарти онки дар зоҳир аз тариқи ҳалол ба даст омада бошад.[17]

Эҳтиёт дар мавориди шубҳанок

Дар ҷавомеъи ҳадисӣ, ривоёте нақл шудааст, ки мазмуни онҳо таваққуф ва эҳтиёт дар мавориди шубҳанок аст, аз ҷумла:

  • «دَعْ مَا یُرِیبُکَ إِلَی مَا لَا یُرِیبُکَ; ҳарчизеро ки машкук аст, раҳо кун ва ончиро ки тардиде дар он нест, бигир!».[18]
  • «‏....فَمَنْ تَرَکَ الشُّبُهَاتِ نَجَا مِنَ الْمُحَرَّمَاتِ وَ مَنْ أَخَذَ بِالشُّبُهَاتِ ارْتَکَبَ الْمُحَرَّمَات‏.... ; ҳар кас мавориди шубҳанокро раҳо кунад, аз муҳаррамот наҷот ёфтааст ва он кас ки ба онҳо ахз кунад, муртакиби муҳаррамот шудааст».[19]
  • «الْوُقُوفُ عِنْدَ الشُّبْهَةِ خَیْرٌ مِنَ الِاقْتِحَامِ فِی الْهَلَکَةِ; боз истодан аз амри муштабаҳ беҳтар аз ба ҳалокат афтодан аст.»[20]

Имом Хумайнӣ, ин ривоётро ҳамл бар иршоду роҳнамоӣ барои дурӣ аз муҳаррамот карда, кароҳати истифода аз амволи шубҳанокро напазируфтааст.[21] Ба гуфтаи Муҳаммадтақии Маҷлисӣ, аз уламои шиаи қарни ёздаҳуми қамарӣ, бо вуҷуди ҳалол будани амволи шубҳанок, бар асоси ривоёт, беҳтар аст, ки аз онҳо дурӣ шавад, то иртикоби муҳаррамот сурат нагирад.[22] Бархе бо тавваҷӯҳ ба ривоёти фавқ гуфтаанд, дар мувоҷиҳа бо амволи шубҳанок бояд таваққуф кард ва то яқин ба ҳалол будани онҳо пайдо нашудааст, набояд аз онҳо истифода кард.[23]

Гуфташуда аст, тарки мол ва ғизои шубҳанок, мартабае аз вараъ аст, ки ба вараъи солеҳин маъруф аст.[24] Аз бархе уламо нақл шудааст, ки дар мувоҷиҳа бо луқмаи шубҳанок эҳтиёт мекарданд ва агар аҳёнан ғизои шубҳаноке мехӯрданду пас аз он мутаваҷҷеҳи шубҳанокии он мешуданд, агар имкон дошт онро бармегардонданад.[25]

Эзоҳ

  1. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.334; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.197; Нароқӣ, Авоид-ул-айём, 1417ҳ.қ., саҳ.144; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.26, саҳ.328.
  2. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.381; Варом, Маҷмӯъаи Варом, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.6 ва ҷ.2, саҳ.267.
  3. Имом Хумайнӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.343; Мозандаронӣ, Шарҳ-ул-кофӣ, 1382ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.415; Аллома Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.225.
  4. Нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.157ў158.
  5. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68.
  6. Малик Аҳмадӣ, Дарсномаи ризқи ҳалол, 1392ҳ.ш., саҳ.178.
  7. Деҳхудо, Луғатнома, 1377ҳ.ш., ҷ.9, зайли вожаи шубҳанок.
  8. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 38, саҳ.81.
  9. Нигоҳ кунед ба: Мунтазирӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.184.
  10. Шайхи Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.201; Нароқӣ, Авоид-ул-айём, саҳ.144; Маҷлисӣ, Равзат-ул-муттақин, 1406ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.489.
  11. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.313.
  12. Шайхи Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.200 ва 201; Маҷлисӣ, Равзат-ул-муттақин, 1406ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.489.
  13. Нигоҳ кунед ба Шайхи Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.219.
  14. Мунтазирӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.180 ва 184.
  15. Таботабоии Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.256 ва 257.
  16. Маҳмудӣ, Маносики ҳаҷ (Муҳашшо), 1429ҳ.қ., саҳ.36.
  17. Макорими Шерозӣ, Маносики ҷомеи ҳаҷ, 1426ҳ.қ., саҳ.395.
  18. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.167.
  19. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.157.
  20. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.157 ва 158.
  21. Имом Хумайнӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.343 ва 344.
  22. Маҷлисӣ, Равзат-ул-муттақин, 1406ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.489.
  23. Малики Аҳмадӣ, Дарсномаи ризқи ҳалол, 1392ҳ.ш., саҳ.179.
  24. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.67, саҳ.100.
  25. Малики Аҳмадӣ, Дарсномаи ризқи ҳалол, 1392ҳ.ш., саҳ.179 ва 180.

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, Қум, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, чопи дувум, 1377ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароиъ-ул-Ислом, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Доруссақофа, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Ол-ир-Расул (а), таҳқиқи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Мозандаронӣ, Муҳаммадсолеҳ ибни Аҳмад, Шарҳ-ул-кофӣ (ал-усулу ва-р-равза), таҳқиқ ва тасҳеҳи Абулҳасани Шаъронӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи аввал, 1382ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Равзат-ул-муттақин фи шарҳи ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳусайн Мӯсавии Кирмонӣ ва Алипаноҳ Иштиҳордӣ, Қум, муассисаи фарҳангии исломии Қушонпур, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Маҳмудӣ, Муҳаммадризо, Маносики ҳаҷ (Муҳашшо), Теҳрон, нашри Машъар, 1429ҳ.қ. (вироиши ҷадид).
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Маносики ҷомеи ҳаҷ, Қум, мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Мабонии фиқҳии ҳукумати исломӣ, тарҷумаи Маҳмуди Салавотӣ ва Абулфазли Шакурӣ, Қум, муассисаи Кайҳон, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, бе то.
  • Нароқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммадмаҳдӣ, Авоид-ул-айём фи баёни қавоид-ил-аҳком, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Варом, Варом ибни Абифарос, Маҷмӯъаи Варом (танбеҳул-хавотир ва нузҳатун-навозир ), Қум, мактабат фиқҳия, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Шайхи Ансорӣ, Шайх Муртазо, Фароид-ул-усул, Қум, маҷмаъул-фикрил-исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, Урват-ул-вусқо фимо таъумму биҳи-л-балво (Муҳашшо), таҳқиқ ва тасҳеҳи Аҳмад Муҳсинии Сабзаворӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Малик Аҳмадӣ, Алиасғар, Дарсномаи ризқи ҳалол, Машҳад, муассисаи мутолиъоти роҳбурдии улум ва маорифи Ислом, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
  • Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, чопи аввал, 1414ҳ.қ.