Ҳоҷар

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Модари Исмоили набӣ)
Ҳоҷар
Маҳалли зиндагӣМакка
Шаҳри вафотМакка
Маҳалли дафнҲиҷри Исмоил
ХешовандонҲазрати Иброҳим (ҳамсар) • Исмоил (фарзанд)
ФаолиятҳоСаъй байни Сафову Марва


Ҳоҷар (арабӣ: هاجَر) ҳамсари Иброҳим (а) ва модари Исмоил (а) аст. Ҳоҷар канизи подшоҳи Миср буд, ки ба Сора, ҳамсари Иброҳим, ҳадя дода шуд ва Сора ӯро ба Иброҳим фурӯхт ва пас аз муддате Исмоилро ба дунё овард.

Пас аз таваллуди Исмоил, дар пайи нороҳатии Сора аз фарзанддор шудани Ҳоҷар ва фарзанддор нашудани худ, Иброҳим ба дастури Худо Ҳоҷар ва фарзандашро аз Шом ба Макка, ки дар он рӯз биёбони хушк буд ва ҳеҷ кас дар он сокин набуд, мунтақил кард. Бино ба нақли Таврот, бар хилофи манобеи исломӣ, ҳиҷрати Ҳоҷар, пас аз таваллуди Исҳоқ ва бидуни ҳамроҳии Иброҳим будааст. Мазори Ҳоҷар дар маҳали ҳиҷри Исмоил қарор дорад.

Хонадон

Бинобар нақле, Ҳоҷар духтари подшоҳи Миср будааст, ки пас аз шӯриши гурӯҳе аз мардуми Айнушшамс бар подшоҳи Миср, ба бардагӣ гирифта шуда ва ба подшоҳи ҷадиди Миср фурӯхта шудааст.[1] Дар ривояти торихӣ, Пайғамбари Ислом (с), аз асҳобаш хоста буд, то бо мардуми Миср ба нармӣ рафтор кунанд; чароки Ҳоҷар аз онон будааст.[2]

Ҳоҷар, ҳадяи подшоҳи Миср ба Сора

Бинобар гузориши Ибни Асир, ҳазрати Иброҳим дар ҳудуди 70-солагӣ аз сӯи Худованд маъмур шуд аз Бобул муҳоҷират кунад.[3] Аз ин рӯ, ба ҳамроҳи ҳамсараш Сора, бародарзодааш ҳазрати Лут ва бархе дигар аз пайравонаш ба Миср рафтанд.

Подшоҳи Миср ба Сора дилу нияти бад пайдо кард ва Иброҳим аз рӯи тақия худро бародари Сора муаррифӣ намуд. Бинобар гузориши Ибни Асир, ҳар бор подшоҳ қасди баде нисбат ба Сора дошт, дасташ хушк мешуд. Се бор ин ҳодиса такрор шуд, то ин ки подшоҳ аз Сора хост дуо кунад, то дасти ӯ ба ҳолати аввал баргардад. Пас аз дуои Сора подшоҳ ӯро озод кард ва Ҳоҷарро, ки як канизи қибтӣ буд ба ӯ ҳадя дод.[4]

Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ ин ки Иброҳим Сораро хоҳари худ муаррифӣ карда бошад, бо мақоми набувват созгор нест ва аз таноқузоти Тавроти кунунӣ аст, ки дар манобеи торихӣ ва ҳадисии аҳли суннат ворид шудааст.[5] Ҳамчунин бар асоси ривояте, ки Аллома Таботабоӣ аз ал-Кофӣ нақл кардааст, Иброҳим дар ин моҷаро Сораро ҳамсари худ муаррифӣ кард ва ҳар бор ки дасти подшоҳ хушк мешуд, бо дуои Иброҳим буд, ки дасти ӯ ба ҳолати қабл бармегашт.[6]

Моҷарои ҳиҷрат аз Шом ба Макка

Иброҳим аз Сора фарзанддор намешуд, аз ин рӯ Сора, Ҳоҷарро ба ӯ фурӯхт то шояд Иброҳим аз ӯ соҳиби фарзанд шавад.[7] Муддате баъд, ки Ҳоҷар Исмоилро ба дунё овард,[8] сабаби нороҳатии Сора шуд; чароки худ фарзанде надошт.[9] Пас аз таваллуди Исмоил ва нороҳатии Сора аз фарзанддор шудани Ҳоҷар, Худованд ба Иброҳим дастур дод, то Исмоилу модарашро аз Шом ба сарзамини Макка барад.[10] Иброҳим он дуро ба Макка, ки дар он рӯз биёбоне хушку бесакана буд, бурд ва дар маҳалле, ки баъдҳо хонаи Худо дар он ҷо бозсозӣ шуд, дар наздикии чоҳи Замзами феълӣ гузошт.[11] Номи Ҳоҷар дар Қуръон наёмадааст, аммо дар сураи Иброҳим ба моҷарои нақли макони ӯ аз Шом ба Макка ишора шудааст.[12]

Ҳоҷар хитоб ба ҳазрати Иброҳим: «Оё моро дар сарзамине, ки на анисе, на обе ва на ғизое дар он ҳаст мегузорӣ?!
Иброҳим ба ӯ гуфт: Худое, ки маро ба ин кор дастур додааст, шуморо кифоят мекунад!»

Бар асоси ривояте, ки аз Имом Содиқ нақл шудааст, замоне, ки Иброҳим, Ҳоҷару Исмоилро дар сарзамини Макка гузошту баргашт, Исмоил ташна шуд ва Ҳоҷар барои ёфтани об, ҳафт бор фосилаи байни ду кӯҳи Сафо ва Марваро рафту баргашт, вале об пайдо накард. Ҳоҷар, вақте наздики Исмоил омад, дид ӯ аз ташнагӣ по бар замин кашида ва об аз зери пояш шурӯъ ба ҷӯшидан кардааст, ки ба чоҳи Замзам маъруф аст. Ин воқеа, сабаби вуҷуби саъй байни Сафову Марва ба унвони яке аз аъмоли Ҳаҷ дониста шудааст.[14]

Бинобар манобеи исломӣ, ҳиҷрати Ҳоҷар пеш аз таваллуди Исҳоқ ва ба далели нороҳатии Сора аз фарзанддор шудани Ҳоҷар будааст;[15] дар ҳоле ки бино ба гузориши Таврот, Ҳоҷар пас аз таваллуди Исҳоқ нақли макон кардааст.[16] Дар Таврот, далели дастури Худо ба Иброҳим барои интиқоли Ҳоҷару Исмоил аз Шом ба Макка, чунин тавсиф шудааст, ки Сора дид Исмоил, Исҳоқро озор медиҳад, ба Иброҳим гуфт фарзанди ин каниз (Ҳоҷар) бо вуҷуди фарзанди ман, Исҳоқ, наметавонад вориси ту бошад; ӯ ва фарзандашро аз хона берун кун.[17] Ҳамчунин бино ба гузориши Таврот ва бар хилофи ривоёти исломӣ[18] Иброҳим дар ин ҳиҷрат, Ҳоҷару Исмоилро ҳамроҳӣ накардааст.[19]

Вафот

Ҳоҷар бино ба нақле дар 90-солагӣ вафот намуд.[20] Мутобиқ бо ҳадисе аз Имом Содиқ (а), Исмоил, Ҳоҷарро дар маҳалли ҳиҷри Исмоил дафн намуд ва қабрашро муртафаъ қарор дод ва бар рӯи он деворе бино намуд, то мардум рӯи он роҳ нараванд.[21]

Бино ба бархе ривоёт, ба эҳтироми қабри ӯ аст, ки мусулмонон ҳангоми тавофи Каъба, гирди ҳаҷар мегарданд ва набояд дохили он шаванд, то рӯи қабри Ҳоҷар по нагузоранд.[22]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Балъамӣ, Таърихномаи Табарӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.503.
  2. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.101.
  3. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.100.
  4. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.101.
  5. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.226 - 229.
  6. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.231 - 232.
  7. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.231.
  8. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.101.
  9. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.288.
  10. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.288.
  11. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.288.
  12. Сураи Иброҳим, ояти 37.
  13. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.60.
  14. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.432.
  15. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.288.
  16. Китоби Муқаддас, таквин, 21 : 9 - 12.
  17. Китоби Муқаддас, таквин, 21 : 9 - 12.
  18. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.432; Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.60.
  19. Китоби Муқаддас, таквин, 21 : 9 - 12.
  20. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.44.
  21. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.37.
  22. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.1۹3.

Сарчашма

  • Қуръон
  • Аллома Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, мактабат ан-Нашрул-исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Балъамӣ, Таърихномаи Табарӣ, таҳқиқи Муҳаммади Равшан, Теҳрон, интишороти Албурз, 1373ҳ.ш.
  • Ибни Асир, ал-Комили фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир - Дори Бейрут, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодири Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи аввал, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Китоби Муқаддас.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, китобфурушии Доварӣ, 1385ҳ.ш./1966м.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, тасҳеҳи Таййиб Мӯсавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорулкитоб, 1404ҳ.қ.