Мирдомод

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Мир Домод)
Китоби Қабасот, муҳимтарин китоби Мирдомод

Мир Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммад Ҳусайнии Астарободӣ (ваф.1041ҳ.қ.), машҳур ба Мирдомод - файласуфи шиаи муосири Шайх Баҳоӣ дар давраи сафавия буд. Ӯ устоди Муллосадро - муассиси ҳикмати мутаъолия буд.

Мирдомод ба муаллими солис шӯҳрат дорад. Ӯро аз файласуфони мусулмоне медонанд, ки бар шаклгирии ҳикмати мутаъолияи Муллосадро, таъсиргузор будааст. Вайро олиме ҷомеъ васф карда гуфтаанд, дар бисёре аз улум аз ҷумла: фалсафа, калом, табиъиёт, риёзиёт, фиқҳ ва усул тахассус доштааст. Ба гуфтаи Изутсу - Исломшиноси ҷопонӣ, фалсафаи Мирдомод ҳам бар бурҳони ақлӣ такя дорад ва ҳам, бар шуҳуди ирфонӣ.

Мирдомод бисёр печиданавис будааст, ба ҳамин далел фаҳми осори ӯро сахт донистаанд. Ба гуфтаи Ҳенрӣ Корбан, шеваи нигориши Мирдомод ба далели нотавониаш дар истифода аз адабиёт сода набудааст, балки ба хотири дар амон мондан аз газанди мухолифони фалсафа чунин менавиштааст.

Осори мактуби Мирдомодро беш аз сад навишта бармешуморанд ва китоби Қабасотро муҳимтарин асари фалсафии ӯ медонанд. Дар фалсафаи вай, равиши ақлӣ бо ирфон пайванд хӯрдааст. Асолати моҳият ва ҳудуси даҳрӣ ду назарияи фалсафии машҳури Мирдомоданд. Ӯ ба забони арабӣ ва форсӣ шеър месуруд ва ба номи ишроқ тахаллус дошт.

Зиндагинома

Бурҳониддин Мир Муҳаммадбоқири Мирдомод дар 969[1] ё 970ҳ.қ.[2] ба дунё омад. Падараш Шамсиддин Муҳаммад Ҳусайнии Астарободӣ, домоди Муҳаққиқи Каракӣ буд ва аз ин рӯ ба домод шӯҳрат дошт. Ба хотири ҳамин, Муҳаммадбоқир ҳам Мирдомод шӯҳрат ёфт.[3] Устодулбашар[4] ва муаллими солис

[5] аз дигар лақабҳои ӯст.

Мирдомод солҳо дар Машҳад сукунат кард ва улуми ақлӣ ва нақлиро фаро гирифт. Сипас муддате дар Қазвину Кошон иқомат кард ва саранҷом дар Исфаҳон сокин шуд.[6] Ӯ бо Шайх Баҳоӣ ҳамаср буд ва гуфтаанд, назд Шоҳ Аббоси Сафавӣ ҷойгоҳи вижае дошт.[7]

Мирдомод дар авохири умраш, ҳамроҳи Шоҳ Сафии Сафавӣ барои зиёрати атабот, ба Ироқ сафар кард.[8] Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ дар соли 1041ҳ.қ. байни Карбало ва Наҷаф вафот кард ва дар Наҷаф ба хок супурда шуд.[9] Дар китоби Райҳонат-ул-адаб, илова бар ин таърих, 1040 ва 1042ҳ.қ. ҳам барои таърихи вафоташ зикр шудааст.[10]

Ҷойгоҳи илмӣ

Изутсу – исломшинос ва қуръонпажӯҳи ҷопонӣ, Мирдомодро аз бузургтарин файласуфони мусулмон донистааст. Ба гуфтаи ӯ, вай олиме ҷомеъ буда ва бар тамоми донишҳои мутадовили исломӣ, ҳамчун фалсафа, калом, табиъиёт, риёзиёт, фиқҳ, усул, ҳадис ва тафсир тасаллути комил доштааст.[11] Ҳамчунин навиштааст, машҳур будани Мирдомод ба муаллими солис (дар канори Арастӯ - муаллими аввал ва Форобӣ - муаллими сонӣ), ҳокӣ аз ҷойгоҳи баланди илмии ӯ дар давраи зиндагиаш аст.[12]

Муртазо Мутаҳҳарӣ ҳам ӯро файласуф, фақеҳ, риёзидон, адиб, риҷолӣ ва «марде ҷомеъ» васф кардааст.[13] Ба навиштаи Аъён-уш-шиъа, Мирдомод бар улуми ғариба ҳам мусаллат будааст.[14]

Изутсу бар ин бовар аст, ки фалсафаи Мирдомод бар фалсафаи Муллосадро (ҳикмати мутаъолия) ва мактаби фалсафии Исфаҳон таъсири бисёр доштааст; ба гунае ки фаҳми дурусти онҳо бидуни шинохти фалсафаи Мирдомод номумкин аст.[15]

Мирдомод шоир ҳам буда ва ба форсӣ ва арабӣ шеър месуруда ва ба номи ишроқ тахаллус доштааст.[16]

Фалсафаи Мирдомод

Ба гуфтаи Изутсу, фалсафаи Мирдомод, ҳам бар бурҳони ақлӣ такя дорад ва ҳам, бар шуҳуди ирфонӣ. Ӯ дар равиши ақлӣ, пайрави мактаби машшоъ ва дар ирфон таҳти таъсири Суҳравардӣ аст. Бинобарин, дар фалсафаи вай, байни ҳикмати машшоъ ва ҳикмати ишроқ пайванд барқарор мешавад.[17]

Мирдомод дар масъалаи асолати вуҷуд ва асолати моҳият, ба пайравӣ аз Суҳравардӣ, ба асолати моҳият эътиқод дорад.[18] Машҳуртарин ва муҳимтарин назарияи ӯро «ҳудуси даҳрӣ» медонанд.[19] Ибни Сино ва файласуфони пас аз Ибни Сино, бар ин бовар буданд, ки олами уқул ҳам монанди Худованд, қадим; яъне азалӣ аст ва танҳо фарқи уқул бо Худованд ин аст, ки Худо воҷибал-вуҷуд аст ва уқул мумкинул-вуҷуд,[20] аммо ба бовари Мирдомод, уқул, қадим нест, балки ҳодис аст.[21] Ба тасаввури Мирдомод, ин ҳудус дар замон рӯй намедиҳад. Он тавр, ки Ибни Сино мепиндорад ҳам нест, ки амре эътиборӣ ва зеҳнӣ бошад, балки амре воқеӣ ва нафсуламрӣ аст ва дар мартабаи вуҷудии «даҳр» сурат мегирад.[22]

Печиданависии Мирдомод

Навиштаҳои илмии Мирдомод, насре печида ва дерёб доранд. Ӯ калимот, иборатҳо ва сохторҳои номаънуси бисёр ба кор бурда, иборатҳои форсӣ ва арабиро ба ҳам омехта ва гоҳ ҳатто қавоиди маъмули нигориширо ҳам канор гузоштааст. Ҳамчунин гоҳ луғатҳои наве вазъ кардааст.[23] Ба ҳамин далел, бисёреҳо наметавонанд суханони вайро ба дурустӣ бифаҳманд. Ӯ дар ҷавоб ба яке аз мунтақидонаш навиштааст: «ин қадар шуъур бояд дошт, ки сухани ман фаҳмидан ҳунар аст, на бо ман ҷидол кардану баҳс ном ниҳодан».[24]

Ба гуфтаи Ҳенрӣ Карбан, шеваи нигориши Мирдомод далели заъфи фалсафӣ ё нотавониаш дар корбасти адабиёти сода набудааст; иллати ин масъала он будааст, ки аз газанди мухолифони фалсафа дар амон бимонад.[25] Дар хусуси печиданависии Мирдомод достонҳое ҳам нақл шудааст.[26]

Устодон

Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ, Мирдомод дар улуми нақлӣ аз устодоне чун тағоя - Абдулъолии Каракӣ (писари Муҳаққиқи Каракӣ) ва Ҳусайн ибни Абдуссамади Ҳорисӣ (падари Шайх Баҳоӣ) баҳра бурда ва аз ин ду иҷозаи ривоят доштааст.[27] Абулҳасан Омилӣ ва Абдуъалӣ ибни Маҳмуд Ходими Ҷопалқӣ аз дигар устодонаш дар ин замина ҳастанд.[28]

Муртазо Мутаҳҳарӣ навиштааст, устодони Мирдомод дар улуми ақлӣ шинохта нестанд.[29] Ба гузориши ӯ, танҳо дар китоби Таърихи олим орои Аббосӣ ба Фахриддини Астрободии Самокӣ ишора шудааст. Муҳаддиси Қумӣ ҳам ӯро устоди Мирдомод донистааст; бо ин ҳама, бархе дар он тардид кардаанд.[30]

Шогирдон

Бархе аз шогирдони Мирдомод ба нақли Муртазо Мутаҳҳарӣ ба шарҳи зеранд:

  1. Муллосадро, бунёнгузори мактаби фалсафии ҳикмати мутаъолия
  2. Султонулъуламо, маъруф ба Халифатуссултон
  3. Шамсиддини Гелонӣ, маъруф ба Муллошамсо
  4. Сайид Аҳмад Омилӣ (домод ва холазодаи Мирдомод)
  5. Қутбиддини Ашкурӣ (нависандаи китоби Маҳбуб-ул-қулуб)
  6. Сайидамир Фазлуллоҳи Астарободӣ.[31]

Осор

Мақолаи аслӣ: Феҳристи осори Мирдомод

Осори мактуби Мирдомодро беш аз сад асар баршумурдаанд.[32] Ин осор китобҳо, рисолаҳо, шарҳҳо ва ҳавошии ӯро шомил мешавад.[33] Дар китоби Райҳонат-ул-адаб 48 китоб аз ӯ ном бурда шудааст.[34] Китоби Қабасотро шоҳкори фалсафии Мирдомод хондаанд.[35]

Эзоҳ

  1. Авҷабӣ, Мирдомод, 1389ҳ.ш., саҳ.172; ба нақл аз Нухбат-ул-мақол, саҳ.98.
  2. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, Исмоилиён, ҷ.5, саҳ.67.
  3. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, Исмоилиён, ҷ.5, саҳ.67.
  4. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, Исмоилиён, ҷ.5, саҳ.67.
  5. Сабзаворӣ, Шарҳ-ул-манзума, 1413ҳ.қ./1992м., ҷ.2, саҳ.288.
  6. Мирдомод, ал-Қабасот, 1367ҳ.ш., муқаддимаи муҳаққиқ, саҳ.11.
  7. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ./1983м, ҷ.9, саҳ.189.
  8. Қумӣ, ал-Фавоид-ур-Разавийя, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.677.
  9. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, ҷ.5, Исмоилиён, саҳ.68.
  10. Мударриси Табрезӣ, Райҳонат-ул-адаб, 1369ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.61 - 62.
  11. Мирдомод, ал-Қабасот, 1367ҳ.ш., муқаддимаи Изутсу, саҳ.114 - 115.
  12. Сабзаворӣ, Манзума, 1369 - 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.288; Мирдомод, ал-Қабасот, 1367ҳ.ш., муқаддимаи Изутсу, саҳ.114.
  13. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.509.
  14. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ./1983м., ҷ.9, саҳ.189.
  15. Мирдомод, ал-Қабасот, 1367ҳ.ш., муқаддимаи Изутсу, саҳ.115.
  16. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ./1983м., ҷ.9, саҳ.189.
  17. Мирдомод, ал-Қабасот, 1367ҳ.ш., муқаддимаи Изутсу, саҳ.115 - 116.
  18. Мирдомод, ал-Қабасот, 1367ҳ.ш., муқаддимаи Изутсу, саҳ.124 - 125.
  19. Мирдомод, ал-Қабасот, 1367ҳ.ш., муқаддимаи Фазлурраҳмон, саҳ.128.
  20. Мирдомод, ал-Қабасот, 1367ҳ.ш., муқаддимаи Фазлурраҳмон, саҳ.132.
  21. Мирдомод, ал-Қабасот, 1367ҳ.ш., муқаддимаи Фазлурраҳмон, саҳ.128.
  22. Мирдомод, ал-Қабасот, 1367ҳ.ш., муқаддимаи Фазлурраҳмон, саҳ.133 - 134.
  23. Мирдомод, Ҷузавот ва мавоқит, 1380ҳ.ш., муқаддимаи Алии Авҷабӣ, саҳифаи сиюсе то сиючаҳор.
  24. Мирдомод, Ҷузавот ва мавоқит, 1380ҳ.ш., муқаддимаи Алии Авҷабӣ, саҳифаи сиючаҳор.
  25. Мирдомод, Ҷузавот ва мавоқит, 1380ҳ.ш., муқаддимаи Алии Авҷабӣ, саҳифаи сиюшаш.
  26. Ниг.: Мирдомод, Ҷузавот ва мавоқит, 1380ҳ.ш., муқаддимаи Алии Авҷабӣ, саҳифаи сиючаҳор то сиюшаш.
  27. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, Исмоилиён, ҷ.5, саҳ.67.
  28. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, Исмоилиён, ҷ.5, саҳ.68.
  29. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.509.
  30. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.509 - 510.
  31. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.512 - 513.
  32. Нуронӣ, Мусаннифоти Мирдомод, 1381, муқаддимаи Маҳдии Муҳаққиқ, ҷ.1, саҳифаи бистушаш.
  33. Авҷабӣ, Мирдомод, 1389ҳ.ш., саҳ.172.
  34. Мударриси Табрезӣ, Райҳонат-ул-адаб, 1369ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.60 - 61.
  35. Мирдомод, ал-Қабасот, 1367ҳ.ш., муқаддимаи Изутсу, саҳ.114 - 115.

Ёддошт


Сарчашма

  • Авҷабӣ, Алӣ, Мирдомод, Теҳрон, Маркази пажӯҳиши китобхона, музей ва маркази асноди Маҷлиси шӯрои Исломӣ, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
  • Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Афандии Исфаҳонӣ, Мирзо Абдуллоҳ, Риёз-ул-уламо ва ҳиёз-ул-фузало, таҳқиқи Сайидаҳмади Ҳусайнӣ, Қум, Хайём, 1401ҳ.қ.
  • Қумӣ, Аббос, ал-Фавоид-ур-Разавийя фи аҳволи уламои-л-мазҳаб-ил-Ҷаъфарийя, таҳқиқи Носир Боқирии Бидҳиндӣ, Қум, Бустони китоб, чопи дувум, 1387ҳ.ш.
  • Мирдомод, Мирмуҳаммадбоқир, ал-Қабасот, ба иҳтимоми доктор Маҳдии Муҳаққиқ, доктор Сайидалӣ Мусавии Беҳбаҳонӣ, профессор Изутсу ва доктор Иброҳим Дибоҷӣ, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, чопи дувум, 1367ҳ.ш.
  • Мирдомод, Мирмуҳаммадбоқир, Ҷузавот ва мавоқит, тасҳеҳ ва таҳқиқи Алии Авҷабӣ, Теҳрон, Мироси мактуб, чопи аввал, 1380ҳ.ш.
  • Мударриси Табрезӣ, Муҳаммадалӣ, Райҳонат-ул-адаб фи тароҷим-ил-маъруфин би-л-куняти ва-л-лақаб, Теҳрон, Китобфурушии Хайём, чопи сеюм, 1369ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, Садро, 1377ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Сабзаворӣ, Шарҳ-ул-манзума, тасҳеҳи Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ, Теҳрон, Нашри ноб, чопи аввал, 1369ҳ.ш.
  • Нуронӣ, Абдуллоҳ, Мусаннифоти Мирдомод; муштамил бар даҳ унвон аз китобҳо ва рисолаҳо ва иҷозаномаҳо ва номаҳо, Теҳрон, Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, чопи аввал, 1381ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, Табақоту аълом-иш-шиъа, Қум, Исмоилиён, чопи дувум.
  • Сабзаворӣ, Муллоҳодӣ, Манзума, тасҳеҳ ва таълиқ аз Оятуллоҳ Ҳасанзода Омулӣ ва таҳқиқ ва тақдим аз Масъуди Толибӣ, Нашри ноб, Теҳрон, 1369 - 1379ҳ.ш.