Маҳдии Аббосӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Маҳдӣ (халифа))

Муҳаммад ибни Мансур, маъруф ба Маҳдии Аббосӣ (126-169 ҳиҷрии қамарӣ) сеюмин халифаи Аббосӣ баъд аз Саффоҳ ва Мансури Давониқӣ ва ҳамзамони Имом Козим (а) буд. Ӯ аз соли 158 то соли 169 ҳиҷрии қамарӣ хилофатро бар уҳда дошт.

Бархе бар ин боваранд, ки масъалаи Маҳдавият ва ҳадафҳои мавъудгароёнаи падараш Мансур, дар номидани ӯ ба лақаби Маҳдӣ нақш доштааст.

Маҳдии Аббосӣ дар соли 159 ҳиҷрии қамарӣ, Имом Козим (а)-ро ба Бағдод эҳзор намуда, муддате зиндонӣ кард.

Маҳдии Аббосӣ дар оғози хилофати худ аз куштор ва озори шиаён пешгирӣ мекард. Ӯ шиаҳои зиндониро озод намуда, барояшон маоше таъин кард, аммо оҳиста-оҳиста сиёсати худро дар бархӯрд бо шиаён дигар кард.

Дар замони ӯ шӯришҳое ба амал омад, ки ба дасти ҳукумат саркӯб карда шуданд. Вай чандин маротиба ба Рум ва Ҳиндустон лашкаркашӣ кард.

Зиндагинома

Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Абдуллоҳ ибни Аббос, мулаққаб ба Маҳдӣ[1] сеюмин халифаи аббосӣ баъд аз Саффоҳ ва Мансур Давониқӣ аст.[2] Вай дар соли 126 ҳиҷрии қамарӣ, дар Ҳамимаи наздикии Макка таваллуд шуд.[3] Падараш Мансури Давониқӣ ба тарбияти ӯ тавваҷуҳи хоссе дошт ва аз навниҳолӣ мансабҳои муҳимме ба ӯ вогузор мекард.[4]

Дар соли 147ҳ.қ., Мансур ӯро ҷонишини худ намуд.[5] Ӯ дар тезҳушӣ ва бахшишу нармхуӣ забонзад буд[6] ва баъд аз марги падараш дар рӯзи 17 зилҳаҷҷаи соли 158ҳ.қ.[7] ё 159ҳ.қ.[8] ба хилофат расид.

Маҳдии Аббосӣ ду писари худ, Ҳодӣ ва Ҳорунро ба тартиб ва паёпай ҷонишини худ кард.[9] Ҳарчанд дар охири умри худ аз ҷонишинии Ҳодӣ пушаймон буд, аммо муваффақ ба тағйири ҷонишин нашуд.[10]

Номида шудан ба лақаби Маҳдӣ

Ба бовари пажӯҳишгарони муосир, лақаби Маҳдӣ барои Муҳаммад ибни Мансур, бо ҳадафи тазмини ҳимоят ва пуштибонии мардум[11] ва дар тақобул бо иддаои Маҳдавияти Нафси Закия, интихоб шудааст.[12] Бар ин асос, гуфта шудааст, ки аббосиён талош карданд Маҳдии Аббосиро Маҳдии мавъуди зикршуда дар ҳадисҳои Пайғамбар муаррифӣ кунанд, то аз ин тариқ ҳимояти мардумро ҷалб карда, ҳукумати аббосиро мустаҳкам кунанд.[13]

Марг

Маҳдии Аббосӣ, дар соли 166ҳ.қ.[14] ё 169ҳ.қ.[15] баъд аз 10 сол хилофат, дар минтақаи Мосбазон[16] (Иломи имрӯзӣ) дар рустоӣ Равз даргузашт.[17] Дар бораи инки Маҳдии Аббосӣ бо заҳр кушта шудааст, ё дар ҳоли тамрин барои шикори оҳу вафот кардааст, ихтилоф вуҷуд дорад.[18]

Бархӯрд бо Имом Козим (а)

Маҳдии Аббосӣ, Имом Козим (а)-ро дар соли 159ҳ.қ., аз Мадина ба Бағдод фаро хонда, зиндонӣ кард.[19] Баъд аз муддате, Имоми ҳафтуми шиаён, баъд аз қасам хӯрдан мабнӣ бар қиём накардан алайҳи ҳукумати вақт, аз зиндон озод шуд ва то охири давраи ҳукумати Маҳдии Аббосӣ таҳти назар буд.[20] Имом Козим (а) баъд аз ин ба ёрони худ тавсия кард, тақия кунанд.[21]

Бархе пажӯҳишгарони муосир, шаҳодати Имом Содиқ (а) ва фирқа-фирқа шиаёнро сабаби тазъифи мавқеияти Имом Козим (а) ва дар натиҷа, маҷбур шудани он кас ба интихоби тақия донистаанд.[22] Бар ҳамин асос, ҳукумати аббосӣ ягон иқдоме, алайҳи Имом Козим (а) ва пайравонаш анҷом надод.[23] Бо ин ҳол, ба тадриҷ пайравони дигар фирқаҳои шиа ба ёрони Имом Козим мулҳақ шуданд ва имомия аз дигар фирқаҳои шиа муқтадиртар шуд, ба ҳамин далел, Маҳдии Аббосӣ, шиаёнро маҳдуд сохт ва Имом Козимро зиндонӣ кард.[24]

Бархӯрд бо шиаён

Маҳдии Аббосӣ ибтидо талош кард ризояти мардумро ҷалб кунад.[25] Ӯ бештари молу мулке, ки аз ҳукмронии падараш боқӣ монда будро ки бо сахтгирӣ ва мусодираи пул ва моли мардум, ба хусус шиаён, ба даст омада буд, ба соҳибонаш баргардонд ва сабаби хушнудии онҳоро фароҳам намуд.[26] Вай дар ибтидо аз куштор ва озори шиаён пешгирӣ карда, ононро аз зиндон озод намуда,[27] барояшон маош таъин кард.[28] Аммо саранҷом, сеюмин халифаи аббосӣ, ба тадриҷи шиаёнро маҳдуд сохт ва сиёсати тарсондан ва озору азияти ононро дунбол кард.[29]

Маҳдии Аббосӣ баъд аз касби қудрат, иқдомотеро дар заминаҳои сиёсати дохилӣ анҷом дод, ки сабаби оромиш ва амнияти нисбии ҷомеа дар замони ҳукумати ӯ шуд.[30] Аз ҳамин рӯ, бархе муътақиданд, ки ҳукумати ӯ, давраи интиқол аз хушунат ва саркӯбии хулафои аввали аббосӣ, ба давраи эътидол ва нармхуии хулафоӣ баъдӣ будааст.[31]

Саркӯб кардани шӯришҳо ва лашкаркашӣ ба Рум ва Ҳинд

Дар давраи ҳукумати Маҳдии Аббосӣ, ҳаракатҳо ва шӯришҳое бар зидди ҳукумат шакл гирифт. Ӯ дар иқдоми аввал, бо таҳарруки зиндиқҳо, ки дар ҳоли паҳншавӣ буданд, муқобила кард.[32] [Ёддошт 1]

Шӯриши Муқниъ,[33] шӯриши Юсуфи Барм [Ёддошт 2] дар соли 160ҳ.қ., дар Хуросон,[34] шӯриши Абдуллоҳ ибни Марвон дар соли 161ҳ.қ., дар сарзамини Шом,[35] ва шӯриши хавориҷ ба фармондеҳии Абдусалом Яшкурӣ, дар соли 162ҳ.қ.,[36] дар давраи ҳукумати Маҳдии Аббосӣ рух дод ва ҳамаи онҳо саркӯб шуд.[37]

Маҳдии Аббосӣ дар чанд марҳала ба Рум лашкар кашид. Дар соли 159ҳ.қ., Аббос ибни Муҳаммадро бо лашкари калоне ба билоди Рум фиристод ва то Онкараи Осиёи сағир пеш рафт.[38] Ҳамчунин дар соли 165ҳ.қ., сипоҳи бузургеро ба фармондеҳии писараш Ҳорун ба Рум фиристод ва муваффақ шуд то халиҷи Қанстантиния пеш равад.[39] Вай ҳамчунин дар соли 160ҳ.қ., сипоҳеро аз тариқи дарё ба самти Ҳинд равона сохт ва шаҳри Борбадро баъд аз муҳосира ба тасарруф даровард.[40]

Эзоҳ

  1. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.110.
  2. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.501 - 502.
  3. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, ҷ.1, саҳ.151.
  4. Хизрӣ, Таърихи хилофати Аббосӣ, 1383ҳ.ш., саҳ.44.
  5. Тақуш, Давлати Аббосиён, 1383ҳ.ш., саҳ.73.
  6. Масъудӣ, Танбеҳ ва-л-ишроф, Қоҳира, саҳ.297; Ибни ат-Тиқтақӣ, ал-Фахрӣ, 1418, саҳ.179.
  7. Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.386.
  8. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бейрут, ҷ.6, саҳ.95.
  9. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.124.
  10. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.401.
  11. Амр, “Фарҳанги Маҳдавият дар лақабҳои хулафои Аббосӣ”, саҳ.170.
  12. Таботабоӣ, “Гунаҳои чолишофаринии Аббосиёни нахустин дар масъалаи имомат” саҳ.135.
  13. Таботабоӣ, “Гунаҳои чолишофаринии Аббосиёни нахустин дар масъалаи имомат”, саҳ.135.
  14. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бейрут, ҷ.6, саҳ.99.
  15. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.401.
  16. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.401.
  17. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.168.
  18. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.168.
  19. Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.313; Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум (аҷ), 1376ҳ.ш., саҳ.66.
  20. Ибни Асир, ал-Комил, 1965м., ҷ.6, саҳ.85.
  21. Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум (аҷ), 1376ҳ.ш., саҳ.65.
  22. Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум (аҷ), 1383ҳ.ш., саҳ.65.
  23. Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум (аҷ), 1383ҳ.ш., саҳ.66.
  24. Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум (аҷ), 1376ҳ.ш., саҳ.66.
  25. Тақуш, Давлати Аббосиён, 1383ҳ.ш., саҳ.73.
  26. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.394.
  27. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.118.
  28. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.394.
  29. Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум (аҷ), 1376ҳ.ш., саҳ.65.
  30. Хизрӣ, Таърихи хилофати Аббосӣ, 1383ҳ.ш., саҳ.45.
  31. Тақуш, Давлати Аббосиён, 1383ҳ.ш., саҳ.72.
  32. Тақуш, Давлати Аббосиён, 1383ҳ.ш., саҳ.76.
  33. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.135; Ибни Мискавайҳ, Таҷориб-ул-умам, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.466; Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бейрут, ҷ.6, саҳ.97, Ибни Асир, ал-Комил, 1965м., ҷ.6, саҳ.38; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.5; Гардизӣ, Зайн-ул-ахбор, 1363ҳ.ш., саҳ.155; Ибн ал-Ибрӣ, Таъриху мухтасар-ид-дувал, 1992м., саҳ.126.
  34. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.397; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.124; Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бейрут, ҷ.6, саҳ.97, Ибни Асир, ал-Комил, 1965м., ҷ.6, саҳ.43.
  35. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.135.
  36. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.142.
  37. Тақуш, Давлати Аббосиён, 1383ҳ.ш., саҳ.78.
  38. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.144.
  39. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.152.
  40. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.116; Ибни Асир, ал-Комил, 1965м., ҷ.6, саҳ.46.

Ёддошт


Сарчашма

  • Гардизӣ, Абдулҳай ибни Заҳҳок ибни Маҳмуд, Зайн-ул-ахбор, таҳқиқи Абдулҳай Ҳабибӣ, Теҳрон, Дунёи китоб, чопи аввал, 1363ҳ.ш.
  • Динаварӣ, Аҳмад ибни Довуд, Ахбор-ут-тивол, таҳқиқи Абдулмунъим Омир, Қум, маншуроти ар-Разӣ, 1368ҳ.ш.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, таҳқиқи Умар Абдуссалом Тадмурӣ, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Ибн ал-Ибрӣ, Ғриғуриюс ал-Малатӣ, Таъриху мухтасар-ид-дувал, таҳқиқи Антун Солеҳонӣ ал-Исавӣ, Бейрут, Дорул-шарқ, чопи сеюм, 1992м.
  • Ибни Асир, Иззуддин, ал-Комил, Бейрут, Дорусодир, 1965м.
  • Ибни ат-Тиқтақӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Фахрӣ, таҳқиқи Абдулқодир Муҳаммад Мою, Бейрут, Дорул-қаламил-арабӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Дорул-фикр, Бейрут, бе то.
  • Ибни Мискавайҳ, Абуалӣ Мискавайҳ ар-Розӣ, Таҷориб-ул-умам, таҳқиқи Абулқосим Имомӣ, Теҳрон, Сурӯш, 1379ҳ.ш.
  • Ибни Ҷавзӣ, Сибт, Тазкират-ул-хавос, Қум, маншуроти Шариф ар-Разӣ, 1418ҳ.қ.
  • Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бейрут, Мактабатус-сақофатид-динийя, бе то.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асъад Доғир, Қум, Дорул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, тасҳеҳи Абдуллоҳ Исмоил ас-Совӣ, Қоҳира, Дорул-совӣ, бе то.
  • Ризозода Лангрудӣ, Ризо, «Барм», дар Донишномаи ҷаҳони Ислом (ҷ.3), Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, чопи сеюм, 1386ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадкозим, “Гунаҳои чолишофаринии Аббосиёни нахустин дар масъалаи имомат”, Пажӯҳишҳои эътиқодӣ - каломӣ, соли сеюм, № 9, баҳори 1392.
  • Тақуш, Муҳаммад Суҳайл, Давлати Аббосиён, тарҷумаи Ҳуҷҷатуллоҳ Ҷудакӣ, Қум, Пажӯҳишкадаи ҳавза ва донишгоҳ, 1383ҳ.ш.
  • Умар, Форуқ, “Фарҳанги Маҳдавият дар лақабҳои хулафои Аббосӣ”, тарҷумаи Ғуломҳасан Муҳаррамӣ, маҷаллаи Таърихи Ислом дар оинаи пажӯҳиш, № 1, баҳори 1383ҳ.ш.
  • Хизрӣ, Сайидаҳмад Ризо, Таърихи хилофати Аббосӣ, Теҳрон, Самт, 1383ҳ.ш.
  • Ҳусайн, Ҷосим, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, тарҷумаи Сайид Муҳаммадтақӣ Оятуллоҳӣ, Теҳрон, Амиркабир, 1376ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found