Мақтал

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Мақталнависӣ)
Мақтал

Мақтал (форсӣ: مَقْتَل) ё мақталнависӣ як навъи таърихнигорие аст, ки чигунагии кушта шудан ё чигуна шаҳид шудани шахсиятҳои муҳим мепардозад.

Мақталнигорӣ байни шиаён бештар барои шарҳи шаҳодати Имомони маъсум (а) ва шахсиятҳои барҷастаи шиа буда аст, аммо ба далели ривоҷи мақталнависӣ дар бораи ҳодисаи Карбало, истифода аз ин истилоҳ барои нақли руйдодҳои марбут ба шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш ихтисос пайдо кардааст.

Мақталҳои Имом Ҳусайн (а) маъмулан дарбардорандаи ривоятҳое аз Пайғамбари Ислом (с) ва Имом Алӣ (а) дар бораи пешбинии воқеаи Ошуро, номаҳо ва суханони Имом Ҳусайн (а), матолибе аз ҳамроҳони Имом Ҳусайн (а), ки дар воқеаи Карбало кушта нашуданд, хутбаҳои ва мавъизаҳои Имом Саҷҷод (а) ва ҳазрати Зайнаб (с) пас аз Ошуро, ривоятҳои Имомони шиа дар бораи шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва нуктаҳое душманони Имом Хусайн (а) дар бораи вокеаи Ошуро аст.

Асбағ ибни Нуботаи Муҷошиъиро аввалин мақталнависи ҳодисаи Ошуро донистаанд. Мақтал-ул-Ҳусайн (а) навиштаи Абумихнаф ҳам аз мақталҳои қадимӣ дар ин замина аст.

Авҷи мақталнигорӣ дар садаҳои 3 ва 4-уми қамарӣ аст, вале баъд аз он, то ба қудрат расидани сулолаи Сафавӣ, давраи таназзули мақталнависӣ аст ва осори ин давра бо гузоришҳои номуътабару бедалел омехта шудааст, ки нақши муҳиме дар таҳрифи ҳодисаҳои Ошуро доштаанд, монанди китоби «Равзат-уш-шуҳадо», навиштаи Муллоҳусайн Кошифӣ.

Ба расмият даровардани маросими Ошуро ҳамзамон бо ҳукумати Сафавиён боиси таълифи макталҳои ҷадиде шуд, ки манобеъи саҳеҳ надоштанд ва ҳодисаи Ошуро бештар бо ҳадафи истифода дар маҷлизсҳои равзахонӣ, сӯгворӣ ва азодорӣ ва фароҳам сохтани замина барои гиря навишта шуд. Китобҳое чун “Ибтило-ул-авлиё”, “Иксир-ул-ибодат фӣ асрор-иш-шаҳодат” ва “Муҳриқ-ул-қулуб” аз ин дастаанд.

Нафас-ул-маҳмум ва Мақтали ҷомеи Сайидуш-шуҳодо аз мақталҳои муҳими асри ҳозир аст.

Мафҳумшиносӣ

Гузоришҳои мактубе, ки дарбардорандаи матолибе дар бора қатл ё шаҳодати шахсиятҳои матраҳи таърих бошанд, мақтал хонда мешаванд.[1] Мақтал, ҳосили навъе таърихнависӣ бар асоси такнигорӣ аст. Такнигории ҳодисаҳо, гунае аз навиштаҳои торихие аст, ки дар сабти вақоеъи муҳим истифода мешавад. Чунин навиштаҳое ғолибан дар заминаи вақоеъи пурҳодисаву сарнавиштсоз шакл мегиранд ва онҳоро бо тамоми ҷузъиёт нақл мекунанд.[2]

Мақтал дар луғат ба маънои макони қатл ё ҳамон қатлгоҳ аст.[3]

Пешинаи мақталнигорӣ

Мақтали Имом Алӣ (а) асари Ибни Абидунё

Аввалин мақталҳои навишташуда тавассути шиаён, умдатан дар бораи шаҳодати Имом Алӣ (а) ҳастанд.[4] Бархе манобеъ, аз чаҳордаҳ мақтал бо унвони муштарак «Мақталу Амир-ил-муъминин» (а) аз олимоне монанди Абулҳасани Бикрӣ, Ҷобири Ҷуъфӣ, Яҳё Баҳронии Яздӣ ва Ибни Абидунё ном бурдаанд.[5]

Пас аз шаҳодати Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а), мақталнигорӣ байни шиаён равнақ ёфт. Албатта имрӯза аз таълифоти мутақаддим бо унвони «Мақтал-ул-Ҳусайн», ё фақат номе дар феҳристнигориҳо боқист ё бахше аз онҳо ба сурати пароканда дар матнҳои мутааххир нақл шудааст.[6]

Мақталҳое низ таълиф шудаанд, ки вафоти шахсиятҳои дигаре ғайр аз Аҳли Байт (а)-ро шарҳ додаанд. Мақтали Умар ибни Хаттоб аз Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Меҳрон,[7] мақтали Абдуллоҳ ибни Зубайр ва мақтали Ҳиҷр ибни Адӣ аз Абумихнаф (вафоти 157ҳ.қ.), ду мақтали дигар бо ҳамин унвони ахир аз Наср ибни Музоҳими Кӯфӣ (вафоти 212ҳ.қ.) ва Ҳишоми Калбӣ (вафоти 204 ё 209ҳ.қ.), мақтали Рашид ва Майсам ва Ҷувайрия ибни Мусаҳҳар аз Ҳишоми Калбӣ ва мақтали Муҳаммад ибни Абибакр аз Абдулазиз Ҷалудӣ (вафоти 330 ё 332ҳ.қ.) аз он ҷумлаанд.[8]

Мақталҳои Имом Ҳусайн (а)

Бино бар назари машҳур, Мақталу Абиабдиллоҳи-л-Ҳусайн, асари Асбағ ибни Нуботаи Муҷошиъӣ қадимитарин мақтал дар заминаи ҳаводиси шаҳодати Имом Ҳусайн (а) аст.[9] Албатта бар пояи ривояте дар китоби Савоб-ул-аъмол, навиштаи Шайхи Садуқ, Асбағ ибни Нубота шаҳодати Имом Ҳусайн (а)-ро дарк кард,[10] вале ҳеҷ ҷузъиёте дар бораи воқеаи Ошуро аз ӯ нақл нашудааст. Бо ин ҳама, бархе муҳаққиқон муътақиданд, фарзанди ӯ Қосим, мақтале дар бораи воқеаи Ошуро навиштааст.[11]

Авҷи мақталнигорӣ, дар қарнҳои сеюм ва чаҳоруми қамарӣ гузориш шуда ва гуфтаанд, баъд аз қарни чаҳорум, рӯ ба коҳиш гузоштааст.[12] Бархе аз ин мақталҳо чоп шудаанд, бархе дар теъдоде аз китобхонаҳои ҷаҳон дар дастрасанд, ва бархеи дигар аз байн рафтаанд.[13] Бархе аз муҳаққиқон муътақиданд, мақталҳои зиёде вуҷуд доштааст, ки ба мурури замон аз байн рафтаанд ва номи 14 мақталро низ зикр кардаанд.[14]

Се қарни ҳаштум, нуҳум ва даҳуми қамарӣ, давраи уфули мақталнависӣ гузориш шудааст.[15] Осоре ҳам, ки дар ин давра навишта шудааст, баргирифта аз гузоришҳои аввалия аз воқеаи Карбало буда ё бо гузоришҳои номуътабару бидуни санад омехта шудааст.[16] Бархе аз ин осор нақши муҳимме дар таҳрифи вақоеъи Ошуро доштаанд;[17] монанди китоби Равзат-уш-шуҳадо таълифи Муллоҳусайни Кошифӣ (820 - 910ҳ.қ.) ки дар авоили қарни даҳуми қамарӣ навишта шудааст.[18]

Бо ба қудрат расидани давлати сафавӣ, маросими Ошуро ҷойгоҳи расмитаре ёфт ва мақталҳои ҷадиде нигошта шуд, ки манобеи дақиқе надоштанд ва воқеаи Ошуроро бештар аз зовияи андуҳ ва мусибату бало ривоят мекарданд. Бештари ин осор, бо ҳадафи истифода дар маҷлисҳои равзахонӣ ва сӯгворӣ ва фароҳам сохтани замина барои гиря навишта шудаанд. Осоре чун Ибтило-ул-авлиё, Изолат-ул-авҳом фи-л-буко, Иксир-ул-ибодат фи асрор-иш-шаҳодат ва Муҳриқ-ул-қулуб аз ин дастаанд.[19]

Китоби Қамқоми заххор ва самсоми баттор, ба маънои дарёе оканда ва шамшере бурранда, навиштаи Фарҳод Мирзо Муътамадуддавлат (1233 - 1305ҳ.қ.), аз пуровозатарин мақталҳои навишташуда дар чанд садаи ахир дониста шудааст.[20] Муҳайиҷ-ул-аҳзон ва мувқид-ун-нирон фи қулуби аҳли-л-имон, Мулло Муҳаммадҳусайн ибни Муҳаммадалӣ Яздии Ҳоирии қарни 13 низ аз мақталҳои маъруфу муътабар аст.[21]

Эътибори мақталҳои Имом Ҳусайн (а)

Ба бовари Расули Ҷаъфариён, аз мобайни мақталҳои навишташуда дар қарнҳои дувум то чаҳоруми қамарӣ, танҳо панҷ асар муътабаранд:[22]

  • Мақтал-ул-Ҳусайн (а), аз Абумихнаф Лут ибни Яҳёи Аздӣ (вафоти 157ҳ.қ.),
  • Тарҷимат-ул-Ҳусайн алайҳиссалом ва мақталуҳ, аз китоби ал-Табақот-ул-кубро асари Ибни Саъд (168–230ҳ.қ.),
  • Тарҷума ва мақтали Имом Ҳусайн (а), аз Ансоб-ул-ашроф асари Аҳмад ибни Яҳёи Балозурӣ (садаи дувум ва сеюм қамарӣ),
  • Гузориши қиёми Карбало дар китоби ал-Ахбор-ут-тивол, таълифи Динаварӣ (222 - 282ҳ.қ.),
  • Футуҳ аз Ибни Аъсам (вафот: баъд аз 320ҳ.қ.).[23]

Ӯ навиштааст: мақталҳое, ки аз қарни панҷуми қамарӣ ба баъд, навишта шудаанд, ҳамагӣ ё эътибори чандоне надоранд, ё дарбардорандаи матолибе ҳастанд, ки дар панҷ манбаи мазкур омадааст. Барои намуна матолибе, ки Табарӣ дар Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Шайхи Муфид дар Иршод ва Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар Мақотил-ут-толибин овардаанд, каму беш баргирифта аз Мақтали Абумихнаф аст ва ончи Хоразмӣ дар Мақтал-ул-Ҳусайн (а) овардааст, ба таври умда баргирифта аз китоби Футуҳи навиштаи Ибни Аъсам аст.[24] Ҳамчунин Сайид ибни Товус дар китоби Луҳуф, бештар, аз Мақтали Хоразмӣ гузориш кардааст.[25]

Матолиби мақталҳои Имом Ҳусайн

Бархе аз матолиби мақталҳои Имом Ҳусайн (а), иборат аст аз:

  • Ривоёте аз Пайғамбари Ислом (с) ва Имом Алӣ (а) дар бораи пешбинии воқеаи Ошуро
  • Номаҳо ва суханони Имом Ҳусайн (а) аз оғози ҳаракат то шаҳодат
  • Матолибе, ки тавассути он даста аз ҳамроҳони Имом Ҳусайн (а) нақл шудааст, ки дар воқеаи Карбало ҳузур доштаанд, аммо кушта нашудаанд.[26]
  • Хутбаҳои Имом Саҷҷод (а) ва ҳазрати Зайнаб (с) дар тӯли сафар дар Кӯфа, Шом ва Мадина
  • Ривоёти мансуб ба Имомони шиа дар бораи шаҳодати Имом Ҳусайн (а)
  • Нукоте, ки аз мухолифон ва душманони Имом Ҳусайн (а) дар бораи воқеаи Ошуро нақл шудааст.[27]

Мақталҳои муҳими муосир

Китоби Мақталу ҷомеъи Сайид-уш-шуҳадо

Бархе аз мақталҳои муҳим дар даврони муосир (қарнҳои чаҳордаҳуму понздаҳуми қамарӣ) иборатанд аз:

  • Нафас-ул-маҳмум фи мусибати Сайидино-л-Ҳусайн-ил-мазлум; Шайх Аббоси Қумӣ
  • Мақтал-ул-Ҳусайн (а); Абдурразоқ Мусавии Муқаррам
  • Лавоъиҷ-ул-ашҷон фи мақтал-ил-Ҳусайн (а); Муҳсин Амин Омилӣ
  • Абарот-ул-Мустафайн фи мақтал-ил-Ҳусайн (а); Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ
  • Мақталу ҷомеъи Сайид-уш-шуҳадо; гуруҳе аз таърихпажӯҳон зери назари Маҳдии Пешвоӣ[28]
  • Ламаъот-ул-Ҳусайн, Сайид Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии Теҳронӣ

Эзоҳ

  1. Соҳибӣ, Мақтал ва мақталнигорон, 1373ҳ.ш., саҳ.31.
  2. Ёварӣ, “Мақталнигории шиаён”, саҳ.10.
  3. Муин, Фарҳанги форсӣ.
  4. Ёварӣ, “Мақталнигории шиаён”, саҳ.11.
  5. Оқобузурги Теҳронӣ, ал-Зариъа, Дорул-азвоъ, ҷ.22, саҳ.29 - 31.
  6. Ёварӣ, “Мақталнигории шиаён”, саҳ.11.
  7. Оқобузург, ал-Зариъа, Дорул-азвоъ, ҷ.22, саҳ.22.
  8. Оқобузург, ал-Зариъа, Дорул-азвоъ, ҷ.22, саҳ.31 - 35.
  9. Оқобузурги Теҳронӣ, ал-Зариъа, Дорул-азвоъ, ҷ.22, саҳ.23 ва 24.
  10. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1403ҳ.қ., саҳ.260.
  11. Гуруҳе аз таърихпажӯҳон, Мақтали ҷомеъи Сайид-уш-шуҳадо (а), 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.46.
  12. Гуруҳе аз таърихпажӯҳон, Мақтали ҷомеъи Сайид-уш-шуҳадо (а), 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.44 ва 45.
  13. Гуруҳе аз таърихпажӯҳон, Мақтали ҷомеъи Сайид-уш-шуҳадо (а), 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.44 ва 45.
  14. Андалеби Ҳамадонӣ, Сор-ул-лоҳ, 1389ҳ.ш., саҳ.141
  15. Ранҷбар, “Сайре дар мақталнависӣ”, саҳ.84.
  16. Ранҷбар, “Сайре дар мақталнависӣ”, саҳ.84; гуруҳе аз таърихпажӯҳон, Мақтали ҷомеъи Сайид-уш-шуҳадо (а), 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.105 - 112.
  17. Гуруҳе аз таърихпажӯҳон, Мақтали ҷомеъи Сайид-уш-шуҳадо (а), 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.105 - 112.
  18. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.252 ва 220.
  19. Ҷаъфариён, “Дар бораи манобеи таърихи Ошуро”, 1380ҳ.ш., саҳ.51 ва 52.
  20. Раҳимӣ, “Қамқоми заххор дар таърихи воқеаи Карбало”, саҳ.28.
  21. https: //www. ibna. ir/fa/report/309384/
  22. Ҷаъфариён, “Дар бораи манобеи таърихи Ошуро”, саҳ.42.
  23. Ҷаъфариён, “Дар бораи манобеи таърихи Ошуро”, саҳ.42.
  24. Ҷаъфариён, “Дар бораи манобеи таърихи Ошуро”, саҳ.42.
  25. Гуруҳе аз таърихпажӯҳон, Мақтали ҷомеъи Сайид-уш-шуҳадо (а), 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.102.
  26. Ҷамъе аз нависандагон, Пажуҳише дар мақталҳои форсӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.21 - 27.
  27. Ҷамъе аз нависандагон, Пажуҳише дар мақталҳои форсӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.21 - 27.
  28. Гуруҳе аз таърихпажӯҳон, Мақтали ҷомеъи Сайид-уш-шуҳадо (а), 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.139 - 149.

Сарчашма

  • Гуруҳе аз таърихпажӯҳон, Мақтали ҷомеъи Сайид-уш-шуҳадо (а), зери назари Маҳдии Пешвоӣ, Қум, интишороти муассисаи Имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.
  • Ёварӣ, Муҳаммадҷавод, «Мақталнигории шиаён аз оғоз то поёни қарни панҷуми ҳиҷрӣ», дар маҷаллаи Таърихи Ислом, № 3, 2 1386ҳ.ш.
  • Муин, Муҳаммад, Фарҳанги форсӣ.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), Қум, созмони чоп ва нашри Дорул-ҳадис, 1388ҳ.ш.
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Луълуъ ва марҷон, Теҳрон, нашри Офоқ, 1388ҳ.ш.
  • Ранҷбар, Муҳсин «Сайре дар мақталнависӣ ва таърихнигории Ошуро аз оғоз то асри ҳозир (3)», дар маҷаллаи Таърихи Ислом дар оинаи пажӯҳиш, № 16, зимистони 1376ҳ.ш.
  • Раҳимӣ, Абдурофеъ, “Қамқоми заххор дар таърихи воқеаи Карбало”, дар маҷаллаи китоби моҳи таъриху ҷуғрофиё, № 79, урдибиҳишти 1383ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, 1403ҳ.қ.
  • Соҳибӣ, Муҳаммадҷавод, «Мақтал ва мақталнигорон», дар маҷаллаи Кайҳони фарҳангӣ, № 111, тири 1373ҳ.ш.
  • Теҳронӣ, Оқобузург, ал-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Пажуҳише дар мақталҳои форсӣ, Қум, Замзами ҳидоят, 1386ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, “Дар бораи манобеи таърихи Ошуро”, дар маҷаллаи Оинаи пажӯҳиш, № 71 ва 72, 1380ҳ.ш.