Ҳомидот

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Мақосири Қуръон)

Ҳомидот ба сураҳои Фотиҳа, Анъом, Каҳф, Сабаъ ва Фотир гуфта мешавад, ки бо калимаи "алҳамду лиллоҳ/الحَمدُلِلّه" оғоз шудаанд.[1] Ба ин сураҳо «Ҳоъот», «Ҳамд» ва «мақосири Қуръон» [Ёддошт 1] ҳам мегӯянд.[2]

Гуфта шудааст, меҳвари муштараки ин сураҳо тавҳид, набувват, маъод аз усули дини Ислом аст.[3] Суютӣ дар китоби "ал-Итқон" аз китоби "Ҷамол-ул-қурроъ" нақл кардааст, ки дар Қуръон маёдин (ҷамъи майдон), басотин (ҷамъи бустон муарраби бӯстон ба маънои боғ), мақосир, ароис (ҷамъи арус), даёбиҷ (ҷамъи дибоҷ ба маънои ҳарир ва муарраби дебо) ва риёз (ҷамъи равза ба маънои боғу бӯстон) маёдини Қуръон, сураҳое аст, ки бо «алиф-лом-мим/ الم» оғоз мешавад.

Басотини Қуръон, сураҳое аст, ки бо «алиф-лом-ро/ الر» оғоз мешавад. Мақосири Қуръон, сураҳои Ҳомидот ва ароиси Қуръон, сураҳои мусаббиҳот ва даёбиҷи Қуръон сураҳои Ҳомимот ва риёзул-Қуръон сураҳои Муфассалотанд.[4]

Эзоҳ

  1. Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доиратулмаорифи Қуръони Карим, ҷ.8, саҳ.418
  2. Суютӣ, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, 1394ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.201; Ҳуҷҷатӣ, Пажуҳише дар таърихи Қуръони Карим, 1395ҳ.ш., саҳ.105.
  3. Акбарзода, Таносуби сувари Ҳомидот.
  4. Суютӣ, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, 1394ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.201.

Ёддошт


Сарчашма

  • Акбарзода, Фотима, Таносуби сувари Ҳомидот, поённомаи коршиносии аршад, донишгоҳи Аз-Заҳро, 1392ҳ.ш.
  • Дафтари таблиғоти исломӣ, «Фарҳангномаи улуми Қуръон», бе то.
  • Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доиратулмаорифи Қуръони Карим, Қум, Бӯстони китоб, чопи сеюм, 1382ҳ.ш.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, ал-муҳақққиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, ал-ношир: ал-Ҳайатул-мисрийятил-оммати лил-китоб, ал-табъа: 1394ҳ.қ., 1974м.
  • Ҳуҷҷатӣ, Сайид Муҳаммадбоқир, Пажуҳише дар таърихи Қуръони Карим, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1395ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found