Мағриби шаръӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Мағриб)

Мағриби шаръӣ оғози замони хондани намози шом аст, ки дар бархе аз абвоби фиқҳ аз он баҳс мешавад. Мағриби шаръӣ дар масоиле ҳамчун поёни вақти намози аср, оғози вақти намози мағриб, поёни рӯза (вақти ифтор) ва ҳамчунин вуқуфи ихтиёрӣ дар Арафот корбурд дорад. Аз ин рӯ, дар бахшҳои мухталифи фиқҳ монанди намоз, рӯза ва ҳаҷ мавриди баҳс қарор мегирад.[1]

Дар бораи замони мағриби шаръӣ, байни фуқаҳо ихтилоф аст. Бархе аз фуқаҳо ғуруби офтобро мағриби шаръӣ медонанд,[2] аммо ба гуфтаи соҳиби Ҷавоҳир, бисёре аз фуқаҳо, зиҳоби ҳумраи машриқия (аз байн рафтани сурхӣ дар уфуқи шарқии осмон)-ро мағриби шаръӣ медонанд.[3] Дар ин дидгоҳ ғуруби офтоб ва мағриби шаръӣ ду замони ҷудогонае ҳастанд. Ғуруби офтоб, поёни вақти намози аср аст, аммо аз байн рафтани ҳумраҳи машриқия, замони ифтор ва воҷиб шудани намози шом аст.[4]

Эзоҳ

  1. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.413.
  2. Баҳҷат, Истифтоот, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.348.
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.108 - 109.
  4. Нигоҳ кунед ба Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1431ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.345, понависи 3.

Сарчашма

  • Баҳҷати Фуманӣ, Муҳаммадтақӣ, Истифтоот, Қум, дафтари Оятуллоҳ Баҳҷат, 1428ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, таълиқаи Сайид Абдукарим Мӯсавии Ардабилӣ, Қум, муассисаи ан-Нашр лиҷомеъатил-Муфид раҳимаҳуллоҳ, 1431ҳ.қ.
  • Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1385ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, таҳқиқи Иброҳим Султонӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1362ҳ.қ.