Масҷиди ҷомеи Басра

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Масҷиди ҷомеъи Басра)
Масҷиди ҷомеи Басра

Масҷиди ҷомеъи Басра қадимитарин масҷид дар Ироқ аст, ки дар шаҳри Басра ҷойгир аст.

Ин масҷид ба хотири ҳузури имоми аввали шиаён дар он, ба "Масҷиди хутваи Имом Алӣ (а)" (қадамгоҳи Имом Алӣ) низ шӯҳрат дорад. Имом Алӣ (а) баъд аз поёни ҷанги Ҷамал, дар ин масҷид ҳозир шуда, барои мардум хутба хонд.

Масҷиди ҷомеъи Басра дар тӯли солҳо таъмиру мараммату бозсозӣ шуд. Аз масҷиди қадим ба ғайр аз манора, ҳеҷ чизи дигаре боқӣ намондааст ва дар канори он, як масҷиди нав бо меъмории замонавӣ сохта шудааст.

Масҷиди Басра аз ҳамон ибтидо макони маҳфилҳои маърифатӣ, барпоии ҳалқаҳои дарсӣ ва ҳузури мактабҳои фикрӣ будааст. Бисёре аз мардуми Ироқ, дар муносибатҳои мазҳабӣ бо пои пиёда ба ин макон мераванд.

Муаррифии куллии масҷид ва аҳамияти он

Масҷиди ҷомеъи Басра, аз ибодатгоҳҳои машҳур дар Ислом[1] ва аввалин масҷиди ҷомеъи сохташуда дар Ироқ ва сеюмин масҷид дар Ислом аст.[2] Ончӣ дар тӯли таърих бар масҷиди ҷомеъи Басра гузашта ва онро муҳим кардааст, коркардҳои мухталифи сиёсӣ, қазоӣ, таълимотӣ, тарбиятӣ ва иҷтимоӣ аст.[3] Аз ҷомеъи Басра ба унвони аввалин мадрасаи фиқҳ, ҳадис, усул ва фалсафа ном бурда мешавад, ки дар давронҳои мухталиф, макони мубоҳисот ва мунозироти наҳвӣ, адабӣ, каломӣ ва мазҳабии байни шахсиятҳои илмӣ буд[4] ва ба далели ҷомеъияти ин масҷид дар ташкили ҳалқаҳои дарсӣ ва вуҷуди мактабҳои фикрӣ, ба Басра лақаби «хазонаи Ислом»-ро дода буданд.[5]

Гуфта шудааст, масҷиди ҷомеъи Басра, пойгоҳе барои шиаён буд ва тамоми фаъолиятҳои шиаён алайҳи Банӣ Умайя аз ин масҷид нашъат мегирифт ва онро конуне барои мубориза ва эҳқоқи ҳуқуқи Аҳли Байт (а) қарор дода буданд.[6] Тавба ва эъломи рӯйгардонии Абулҳасани Ашъарӣ аз муътазила[7] ва мунозираи Ҳишом ибни Ҳакам бо Амр ибни Убайд - мутакаллими аҳли суннат,[8] аз дигар вақоеъе аст, ки дар ин масҷид рух додааст.

Бино бар назари бархе фақеҳони шиа, эътикоф фақат дар Масҷидулҳаром, Масҷидуннабӣ, масҷиди ҷомеъи Куфа ва масҷиди ҷомеъи Басра саҳеҳ аст ва дар дигар масҷидҳо, ба қасди раҷо (ба умеди қабулӣ) ишкол надорад.[9] Ба гуфтаи Шайх Садуқ, иллати ҷоиз будани эътикоф дар масҷидҳои чаҳоргона ин аст, ки имоми одиле дар он намози ҷумъа хонда бошад ва ҳазрати Алӣ (а) дар масҷиди Басра, намози ҷумъа иқома кардааст.[10]

Ҳузури Имом Алӣ (а) дар масҷид

Бино бар гузориши таърихӣ, Имом Алӣ (а) пас аз поёни ҷанги Ҷамал, ба масҷид ворид шуд ва бар болои минбар барои мардуми Басра, хутба хонд.[11] Дар Доиратулмаорифи ташайюъ омадааст, ки пас аз суханони тунду мукаррари Имом Алӣ (а) алайҳи мардуми Басра, тӯле накашид, ки ин шаҳр ба яке аз марокизи муҳими шиаён табдил шуд.[12] Ба хотири ҳузури Имом (а), ин макон ба «масҷиду хутвати Имом Алӣ (а)»[13] ё «масҷиди Имом Алӣ (а)»[14] машҳур аст. Дар китоби ал-Ишорот ило маърифат-из-зиёрот ин гуна омадааст, ки манора ва меҳроби масҷидро Имом Алӣ (а) сохтааст.[15]

Хутбаи Имом Алӣ (а) барои мардуми Басра дар масҷиди ҷомеъ:

Эй мардуми Басра! Эй сипоҳиёни зан (Оиша) ва пайравони он чаҳорпо (шутури Ҷамал)! Дар бораи ман чӣ фикр мекунед? То ҳангоме, ки шутур наъра мезад пайкор мекардед ва чун аз пой даромад, гурехтед. Ахлоқи шумо паст ва паймони шумо нопойдор ва оби шумо шӯру талх аст. Сарзамини шумо ба об наздику аз осмон дур аст ва ба Худо савганд, рӯзе хоҳад расид, ки ин шаҳрро чунон об фурӯ гирад, ки фақат конгураҳои масҷиди он чун синаи киштӣ аз дарё дида шавад. Акнун ба хонаҳои худ бозгардед.

Таърихчаи сохт ва бозсозиҳо

Масҷиди ҷомеъи Басра дар чанд марҳала сохта шуда ва дучори тағйироти сохтмонӣ шудааст.[16]

Ин масҷид, ибтидо ҳамзамон бо таъсиси шаҳри Басра дар соли 14-и қамарӣ, дар аҳди хилофати Умар ибни Хаттоб тавассути Утба ибни Ғазвон - фармондори Басра бо най, қамиш ва пояи гиёҳон бино шуд. Ба ҳамин иллат, баъдҳо дар оташсӯзӣ аз байн рафт ва дар замони Муовия, Зиёд ибни Абиҳ - ҳокими Басра, онро бо хишту гач ва сутунҳои сангӣ мустаҳкам кард.[17] Дар давраи умавиён ва замони ҳукумати Убайдуллоҳ ибни Зиёд низ аз нав сохта шуд ва рушд кард.[18] Пас аз он, бузургтарин тавсеаи масҷид дар соли 160-и қамарӣ, дар замони ҳукумати Маҳдии Аббосӣ сурат гирифт ва Ҳоруни Аббосӣ ҳам Дорул-Имораро ба саҳни масҷид изофа кард.[19] Гуфта шудааст, дар ин даврон, ҳудуди бист ҳазор нафар дар масҷид, намоз мехондаанд.[20]

Сохтмони нав

Масҷиди қадими Басра аз байн рафта[21] ва аз он, танҳо як манора боқӣ мондааст.[22] Дар соли 2000 мелодӣ, сохти масҷиди нав, дар берун аз маҳдудаи масҷиди қадим поён ёфт.[23] Масоҳати сохтмони он 200 метр аст ва як саҳни калон дорад.[24] Албатта гуфтаанд, сохтмони нав бо ҷойгоҳ ва аҳамияти масҷид таносубе надорад ва сабки меъмории он бо таърихчаи масҷид ҳамоҳанг нест.[25] Ҳамчунин гуфтаанд, шиаёни Ироқ дар муносибатҳои мухталифе, монанди рӯзи Ошуро, вафоти Пайғамбар (с), шаҳодати Имом Алӣ (а) ва вилодати Имом Маҳдӣ (аҷ) бо пои пиёда аз Басра ва дигар шаҳрҳо ба ин масҷид мераванд.[26]

Нигорхона

Тасвири қадимӣ аз масҷиди Басра


Манораи боқимонда аз масҷиди қадимии ҷомеъи Басра


Тасвири қадимӣ аз масҷиди Басра


Дурнамое аз манораи масҷиди ҷомеъи қадим


Намои берунӣ аз масҷиди ҷадид


Тасвири ҳавоӣ аз манораи масҷиди қадим ва бинои масҷиди ҷадид
Намои дарунии масҷиди ҷадид

Эзоҳ

  1. Ҳеравӣ, ал-Ишорот ило маърифат-из-зиёрот, 1423ҳ.қ., саҳ.72.
  2. Шонвоз ва Мантешлӯ, “Баррасии ҷойгоҳи масҷиди ҷомеъи Басра аз таъсис то поёни умавиён”, саҳ.70.
  3. Шонвоз ва Мантешлӯ, Баррасии ҷойгоҳи масҷиди ҷомеъи Басра аз таъсис то поёни умавиён, саҳ.79.
  4. Шонвоз ва Мантешлӯ, “Баррасии ҷойгоҳи масҷиди ҷомеъи Басра аз таъсис то поёни умавиён”, саҳ.90.
  5. Шонвоз ва Мантешлӯ, “Баррасии ҷойгоҳи масҷиди ҷомеъи Басра аз таъсис то поёни умавиён”, саҳ.90.
  6. Шонвоз ва Мантешлӯ, “Баррасии ҷойгоҳи масҷиди ҷомеъи Басра аз таъсис то поёни умавиён”, саҳ.79.
  7. Субҳонӣ, Мадхали “аҳли суннат”, донишномаи каломи исломӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.581 ва 582.
  8. “Мунозираи Ҳишом ибни Ҳакам ва Амр ибни Убайд”, пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза.
  9. Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.322; Фаллоҳзода, Аҳкоми масҷид, 1378ҳ.ш., 57 ва 58.
  10. Садуқ, ал-Муқниъ, 1373ҳ.ш., саҳ.209.
  11. Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1373ҳ.ш., саҳ.151.
  12. Ҳоҷи Сайидҷаводӣ ва дигарон, Доиратулмаорифи ташайюъ, 1380ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.262.
  13. “Масҷиду хутвати Имом Алӣ (а) маъруф ба масҷиди ҷомеъи Басра дар Ироқ”, хабаргузории Садо ва симо.
  14. Муқаддас, Роҳнамоии амокини зиёратӣ ва саёҳатӣ дар Ироқ, 1387ҳ.ш., саҳ.280.
  15. Ҳеравӣ, ал-Ишорот ило маърифат-из-зиёрот, 1423ҳ.қ., саҳ.72.
  16. “Масҷиду хутвати Амирилмуъминин ал-Имом Алӣ (алайҳис-салом)”, шабакат ал-Имом Алӣ (а).
  17. Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.564.
  18. Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.564.
  19. Шонвоз ва Мантешлӯ, “Баррасии ҷойгоҳи масҷиди ҷомеъи Басра аз таъсис то поёни умавиён”, саҳ.72.
  20. “Ҷомеъ-ул-Басра..аввалу масҷид фи-л-Ислом хориҷа Макка ва-л-Мадина ал-мунаввара”, вебгоҳи ал-Баён.
  21. “Масҷиду хутвати Имом Алӣ (а)” маъруф ба масҷиди ҷомеъи Басра дар Ироқ”, хабаргузории Садо ва симо.
  22. Шонвоз ва Мантешлӯ, “Баррасии ҷойгоҳи масҷиди ҷомеъи Басра аз таъсис то поёни умавиён”, саҳ.72.
  23. “Масҷиду хутвати Амирилмуъминин ал-Имом Алӣ (алайҳис-салом)”, шабакат ал-Имом Алӣ (а).
  24. “Нахустин масҷид дар Ироқ”, вебгоҳи Шианюз.
  25. “Масҷиду хутвати Амирилмуъминин ал-Имом Алӣ (алайҳис-салом)”, шабакат ал-Имом Алӣ (а).
  26. “Масҷиду хутвати Амирилмуъминин ал-Имом Алӣ (алайҳис-салом)”, шабакат ал-Имом Алӣ (а).

Сарчашма

  • Динаварӣ, Аҳмад ибни Довуд, Ахбор-ут-тивол, тарҷума: Маҳмуд Маҳдавӣ Домғонии Теҳрон, Нашри нав, 1371ҳ.ш.
  • Динаварӣ, Аҳмад ибни Довуд, Ахбор-ут-тивол, таҳқиқ: Муҳаммад Абдулмунъим Омир ва Ҷамолиддин Шаёл, Қум, Маншуроти ал-Шариф ар-Разӣ, 1373ҳ.ш.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маъориф, Қоҳира, ал-Ҳайатул-мисрийятил-омма лил-китоб, 1992м.
  • "Масҷиду хутвати Амирилмуъминин ал-Имом Алӣ (алайҳис-салом)", шабакат ал-Имом Алӣ (а), таърихи боздид: 3 меҳри 1402ҳ.ш.
  • "Масҷиду хутвати Имом Алӣ (а) маъруф ба масҷиди ҷомеъи Басра дар Ироқ", хабаргузории Садо ва симо, таърихи интишор: 31 мурдоди 1400, таърихи боздид: 3 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Муқаддас, Эҳсон, Роҳнамоии амокини зиёратӣ ва саёҳатӣ дар Ироқ, Машъар, 1387ҳ.ш.
  • "Мунозираи Ҳишом ибни Ҳакам ва Амр ибни Убайд", пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, таърихи боздид: таърихи интишор: 7 исфанди 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 3 меҳри 1402ҳ.ш.
  • "Нахустин масҷид дар Ироқ", вебгоҳи Шианюз, таърихи боздид: 3 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Муқниъ, Қум, Муассисатул-Имомил-Ҳодӣ, 1373ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Аҳли суннат», дар донишномаи каломи исломӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ, 1387ҳ.ш.
  • Фаллоҳзода, Муҳаммадҳусайн, Аҳкоми масҷид, Нурул-Саҷҷод, 1378ҳ.ш.
  • Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Таҳрирул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1392ҳ.ш.
  • Ҳеравӣ, Алӣ ибни Абубакр, ал-Ишорот ило маърифат-из-зиёрот, Қоҳира, Мактабатус-сақофатид-динийя, 1423ҳ.қ.
  • Ҳоҷи Сайидҷаводӣ ва дигарон, Доиратулмаорифи ташайюъ, нашри Шаҳид Саид Муҳиббӣ, 1380ҳ.ш.
  • "Ҷомеъ-ул-Басра...аввалу масҷид фи-л-Ислом хориҷа Макка ва-л-Мадина ал-мунаввара", вебгоҳи ал-Баён, таърихи боздид: 3 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Шонвоз, Билол; Мантешлӯ, Ҷамшед, “Баррасии ҷойгоҳи масҷиди ҷомеъи Басра аз таъсис то поёни умавиён”, Таърихи фарҳанг ва тамаддуни исломӣ, соли шашум, зимистони 1394ҳ.ш., № 21.