Масҷиди Саъсаъа ибни Суҳон

Аз wikishia
Масҷиди Саъсаъа ибни Суҳон дар Куфа

Масҷиди Саъсаъа ибни Суҳон (ҷомеъи Саъсаъа ибни Суҳон) яке аз масҷидҳои таърихии Куфа аст, ки дар наздикии масҷиди Саҳла қарор дорад.

Бар асоси ривояте, ки Сайид ибни Товус - олими қарни ҳафтуми қамарӣ ва дигарон нақл кардаанд, гуруҳе Имоми Замон (аҷ)-ро дар масҷиди Саъсаъа дар ҳоли ибодат мушоҳида кардаанд, аз ин рӯ дар бархе аз китобҳои дуо, аъмоли махсусе барои он зикр шудааст.

Саъсаъа ва ҷойгиршавии масҷид

Мақолаи аслӣ: Саъсаъа ибни Суҳон

Бинои имрӯзии масҷиди Саъсаъа

Масҷиди Саъсаъа, масҷиде аст дар Куфа, ки дар фосилаи ҳудуди сад метрии масҷиди Саҳла қарор дорад.[1] Ин масҷид мансуб ба Саъсаъа ибни Суҳон – яке аз асҳоби Имом Алӣ (а), имоми аввали шиаён аст.[2]

Саъсаъа як инсони хатибу суханваре будааст, ки суханрониҳои мухталифе дар дифоъ аз Имом Алӣ (а) анҷом додааст. Имом Алӣ (а) ӯро аз бузургони асҳоби худ муаррифӣ карда ва Имом Содиқ (а) низ ӯро аз маъдуд касоне медонад, ки Имом Алӣ (а)-ро онгуна ки шоистааш аст, шинохт.[3]

Масҷид ва қабри мансуб ба Саъсаъа дар Баҳрайн

Ҳамчунин дар шаҳри Аскари Баҳрайн, қабре ба Саъсаъа мансуб аст, ки онро низ масҷиди Саъсаъат-ибни Суҳон меноманд.[4]

Ҷойгоҳ

Шайх Аббоси Қумӣ дар китоби Мафотиҳ-ул-ҷинон, масҷиди Саъсаъаро аз масоҷиди шарифаи Куфа муаррифӣ кардааст, ки дар наздикии масҷиди Зайд ибни Суҳон қарор дорад ва ҷамоате Имоми Замон (аҷ) (дувоздаҳумин имоми шиаён, ки дар ғайбат ба сар мебарад)-ро дар он мушоҳида кардаанд, ки намоз хондааст.[5]

Ибни ал-Машҳадӣ дар ал-Мазор-ул-кабир[6] ва Шаҳиди Аввал дар китоби ал-Мазор,[7] фаслеро ба фазилати масҷид ва аъмоли махсуси он ихтисос додаанд. Масҷиди Саъсаъа дар соли 1387ҳ.қ., бозсозӣ шуда ва 160 метри мураббаъ масоҳат дорад.[8]

Аъмол

Сайид ибни Товус дар китоби Иқбол,[9] аз Муҳаммад ибни Абиррувод Равосӣ ва Шаҳиди Аввал[10] ва Ибни ал-Машҳадӣ[11] аз Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Тастарӣ ривояте нақл кардааст, ки Имоми Замон (аҷ)-ро дар моҳи Раҷаб дар он масҷид мушоҳида кардааст, ки ду ракъат намоз хонда, ин дуоро хондааст:

Матни тарҷума

Худоё, эй соҳиби неъматҳои фаровон ва атоҳои тақсимшуда ва раҳмати густарда ва қудрати фарогир ва неъматҳои барҷаста ва мавҳибатҳои бузург ва бахшишҳои зебо ва иноятҳои дархур!

Эй он ки ба шабоҳат бо чизе васф нашавад, ва ба мисолу намунае масалаш назананд, ва аз сӯи ҳеҷ панҷае мағлуб нагардад,

Эй он ки офариду ризқ дод, ва илҳом намуду ба сухан овард, ва навоварӣ намуду оғоз кард, ва бартар шуду боло рафт, ва андоза доду некӯ андоза дод, ва шакл доду устувор намуд ва ҳуҷҷат оварду расонд, ва неъмат бахшиду фаровон гардонд ва бахшиду афзун сохт, ва ато фармуду фузунӣ бахшид,

Эй ки дар иззат боло, пас аз дидгоҳи дидаҳо даргузашт, ва дар лутф наздик шуд пас аз дағдағаи афкор берун рафт,

Эй он ки дар фармонравоӣ ягона аст, пас барои Ӯ дар арсаи салтанаташ ҳамтое нест, ва ба неъматҳою бузургманешӣ танҳост, пас барои Ӯ дар азамати ҷойгоҳаш зидде нест,

Эй он ки дар шукуҳи ҳайбаташ дақоиқу латоифи андешаҳо саргардон шуда, ва дар баробари дарки азаматаш дидагони тезбини халоиқ вомондааст,

Эй он ки рухсора дар баробари ҷалолаташ ба хорӣ афтода ва гарданҳо дар баробари бузургиаш фурӯтан гашта ва дилҳо аз тарсаш ҳаросон шудааст, аз Ту мехоҳам ба ҳаққи ин ситоиш, ки ҷуз барои Ту шоиста нест, ва ба он ваъдае ки барои хонандагонат аз муъминин, худро ба он пойбанд кардаӣ ва ба ончи иҷобати онро барои дуокунандагон бар худат замонат намудаӣ!

Эй шунавотарини шунавоён, эй бинотарини биноён, эй чобуктарин ҳисобрасон, эй соҳиби неруи устувор, бар Муҳаммади хотами паёмбарон ва бар Аҳли Байташ дуруд фирист, ва дар ин моҳ беҳтарин чизеро ки қисмат кардаӣ насиби ман кун ва беҳтарин чизе ки дар қазои худ ҳатм намудаӣ, бар ман ҳатм кун, ва онро барои ман ба хушбахтӣ хатм кун, дар зумраи онон ки корашонро ба хушбахтӣ хатм намудӣ, ва то зиндаам зиндагии ҳамроҳ бо иноятҳои фаровон рӯзиам кун ва бимирон хушҳолу бахшидашуда, ва аз пурсишу посухи барзах раҳоиям бахш ва накиру мункир - ду фириштаи маъмур бар суоли мурдагонро аз ман дур кун ва мубашширу баширро ки муждадиҳандагони саодатанд ба ман бинамоён ва бароям ба ҷониби хушнудӣ ва биҳишт роҳи ҳамворе қарор деҳ ва зиндагии хушу фармонравоии бузурге бароям муқарар фармо, ва бар Муҳаммаду хонадонаш дуруди бисёр фирист!.

Ҷусторҳои вобаста

Масҷиди Зайд ибни Суҳон

Масҷиди Саҳла

Масҷиди Куфа

Эзоҳ

  1. “Масҷидҳои машҳури Куфа”, пойгоҳи иттилоърасонии Шамсо.
  2. Алавӣ, Амокини зиёратӣ ва саёҳатии Ироқ, 1389ҳ.ш., саҳ.230.
  3. Ибни Довуд, ар-Риҷол, 1342ҳ.ш., саҳ.187.
  4. “Масҷиду Саъсаъа ибни Суҳон фи Аскар”, ал-Авқофул-Ҷаъфарийя.
  5. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, саҳ.409.
  6. Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.124.
  7. Шаҳиди Аввал, ал-Мазор, 1410ҳ.қ., саҳ.264.
  8. “Масҷидҳои машҳури Куфа”, пойгоҳи иттилоърасонии Шамсо.
  9. Ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.212.
  10. Шаҳиди Аввал, ал-Мазор, 1410ҳ.қ., саҳ.264.
  11. Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.124.

Сарчашма

  • Алавӣ, Сайидаҳмад, Роҳнамои мусаввари сафари зиёратии Ироқ, Қум, Маъруф, 1389ҳ.ш.
  • Ал-Авқофул-Ҷаъфарийя, “Масҷиду Саъсаъа ибни Суҳон фи Аскар”, таърихи мушоҳида: 20 хурдоди 1398ҳ.ш.
  • Ибни Довуди Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Алӣ ибни Довуд, ар-Риҷол, донишгоҳи Теҳрон, чопи аввал, 1342ҳ.қ.
  • Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, ал-Мазор-ул-кабир, таҳқиқи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Қайюм, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо; ал-Иқболу би-л-аъмол-ил-ҳасана, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1376ҳ.ш.
  • Муҳаддиси Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Усва, Қум. Бе то.
  • Пойгоҳи иттилоърасонии Шамсо, “Масҷидҳои машҳури Куфа”, таърихи мушоҳида: 20 хурдоди 1398ҳ.ш.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Мазор, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Муҳаммадбоқир Муваҳҳид Абтаҳии Исфаҳонӣ, Қум, мадрасаи Имом Маҳдӣ алайҳис-салом, 1410ҳ.қ.