Наврӯз
Наврӯз оғози сол нави ҳиҷрии шамсӣ ва баробар бо аввали фарвардин аст, ки эрониён онро ҷашн мегиранд.
Дар манобеи ривоии шиа, ҳадисҳое дар рад ва таъйиди наврӯз нақл шудааст. Дар ривояте, ки аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, одоб ва аъмоли хоссе барои наврӯз нақл шудааст. Бархе уламои шиа ҳамчун: Аллома Маҷлисӣ ин ривоятро таъйид намуда ва бархеи дигар: ҳамчун Сайид Муҳаммадҳусайни Теҳронӣ онро напазируфта ва санадашро заъиф медонанд.
Ҷашни наврӯзро куҳантарин намоди фарҳангии Эрон медонанд. Ин ҷашн бо маҷмӯае аз одоб ва анъанаҳои миллӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ ҳамроҳ аст. Ҷашни наврӯз дар кишварҳои дигар низ баргузор мегардад ва дар бархе кишварҳо аз ҷумла, Эрон ин рӯз таътили расмӣ аст.
Ҳамчунин дар манотиқе аз Афғонистону Покистон, бар асоси эътиқод ба инки Имом Алӣ (а) дар ин рӯз ба хилофат расидааст, маросими хоссе баргузор мешавад. Дар Эрон гуруҳе аз мардум ҳангоми таҳвили сол дар ҳарами имомону имомзодагон ҳозир мешаванд.
Муаррифӣ ва аҳамият
Нахустин рӯзи фарвардинро, ки мусодиф бо оғози соли нави ҳиҷрии хуршедӣ ва бо аввали баҳор[1] аст,[2] наврӯз хондаанд. Бархе пайдоиши наврӯзро ба аввалин подшоҳони эронӣ нисбат дода ва иддае онро аз эътиқодоти дини зартушт донистаанд;[3] ба ҳамин ҷиҳат онро ҷашни зартуштиён низ муаррифӣ мекунанд.[4] Дар муқобил, иддае наврӯзро ҷашни миллӣ ва оини куҳани эронӣ медонанд, ки куҳантарин намоди фарҳангии Эрон[5] ва бузургтарин ҷашни миллии эрониён аст.[6]
Дар манобеи ҳадисии шиа, аҳодисе дар таъйиди наврӯз ва аъмоле барои ин рӯз баён шудааст.[7] Наврӯзро нишоне аз фарҳангҳои мутанаввеъи эронӣ ва заминаи ҳамзистии онон муаррифӣ кардаанд[8] ба тавре, ки дар як замон, афроди мухталиф аъам аз зартуштӣ, шиа, аҳли суннат, масеҳӣ ва ғ. бо муқаддасот, китобҳо ва алоиқи мутафовит дар он саҳим мешаванд.[9] Ҳамчунин гуфта шудааст, ҳокимон дар айёми наврӯз, ҳадяҳо[10] ва хароҷро аз мардум мегирифтанд[11] ва дар бархе давронҳо, интисоби коргузорони давлатӣ тавассути подшоҳ дар ин айём анҷом мешуд.[12]
Наврӯз дар миёни кишварҳо ва миллатҳои мухталиф ҷашн гирифта мешавад ва дар бархе кишварҳо низ таътили расмӣ аст.[13] Ҳамчунин Маҷмаъи умумии созмони милал, наврӯзро бо решаи эронӣ дар тақвими худ ҷой додааст.[14]
Оинҳо
Наврӯз аз қадим бо суннатҳое ҳамроҳ будааст.[15] Омодагӣ барои баргузории ҷашни наврӯз аз муддатҳо қабл,[16] хонатаконӣ (тоза кардани хона)[17] пӯшидани либоси нав,[18] коштани сабзаи ид,[19] андохтани суфраи ҳафтсин,[20] ва қарор додани Қуръон бар сари суфра,[21] идӣ додан[22] ва зиёрати қубур ва додани хайрот барои шодии онон дар панҷшанбеи охири сол,[23] аз ҷумлаи ин русуму анъанаҳост. Аз дигар суннатҳои роиҷ дар наврӯз, дидубоздид ва силаи арҳом аст.[24]
Маросими парчам боло кардан
Дар Афғонистон ва Порочанори Покистон мардум бо истинод ба ривоёте аз маъсумон (а)[25] бар ин боваранд, ки Имом Алӣ (а) дар наврӯз ба хилофат расидааст, ба ҳамин далел ҷашни хилофати Имом Алӣ (а)-ро бо афроштани байрақ дар ин рӯз гиромӣ медоранд.[26] Ин маросим дар зиёратгоҳи Имом Алӣ (а) дар Мазори Шарифи Афғонистон[27] ва дар зиёратгоҳе мансуб ба Имом Алӣ (а) дар Порочанори Покистон баргузор мегардад.[28]
Ҳузури мардум дар амокини мазҳабӣ
Гуруҳе аз мардум ҳангоми таҳвили сол дар ҳарами имомон ё имомзодагон ҳозир мешаванд.[29] Дар давраи Ҷумҳурии Исломии Эрон, раҳбари ин кишвар ба муносибати наврӯз, паёме содир мекунад.[30] Ҳамчунин Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳарсола рӯзи наврӯз дар ҳарами Имом Ризо (а) суханронӣ мекунад. [Ниёзманди манбаъ]
Аҳодис дар таъйид ё радди Наврӯз
Дар манобеи ривоии шиа ду даста ҳадис дар бораи наврӯз нақл шудааст. Бар пояи ривояте, ки Муъалло ибни Хунайс аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст, ки Имом иди наврӯзро таъйид мекунад ва тавсия ба ғусл, пӯшидани беҳтарин либос, рӯза ва намози хоссе дар ин рӯз дорад.[31] Аллома Маҷлисӣ низ ривоятеро нақл кардааст, ки бар асоси он Имом Содиқ (а) воқеаҳои муҳимми диние ҳамчун Ғадир [Ёддошт 1] ва ҳодисаҳое ҳамчун аввалин рӯзе ки хуршед тулӯъ кардро дар наврӯз донистааст.[32] Дар муқобил, ривояте аз Имом Мусои Козим (а) нақл шудааст, ки наврӯзро аз суннатҳои мавриди қабули Ислом надониста ва аз эҳёи он ибо доштааст.[33] Бархе аз нависандагон, ин ду даста аз ривоётро мавриди баррасии санадӣ ва муҳтавоии худ қарор додаанд.[34] Аллома Маҷлисӣ ривояти таъйиди наврӯзро қавитару машҳуртар медонад ва эҳтимол медиҳад, ки ривояти мухолиф бо наврӯз аз боби тақия бошад.[35] Имом Хумайнӣ низ ғусл[36] ва рӯзаро[37] дар иди наврӯз мустаҳаб донистааст. Албатта Сайид Муҳаммадҳусайни Теҳронӣ (1345 - 1416ҳ.қ.) муътақид аст, ончи роҷеъ ба иди наврӯз шӯҳрат ёфтааст, ки Ислом онро имзо карда ва ғусл, намоз ва дуоро дар ҳангоми таҳвили шамс ба бурҷи ҳамл, марғуб дониста, дуруст нест. Ӯ ҳамчунин гирифтани идро ба унвони суннати миллӣ ва одоби қавмӣ бидъат шуморида ва ривояте, ки дар ин боб аз Муъалло ибни Хунайс ворид шударо заъифул-санад донистааст.[38]
Дар миёни аҳли суннат, бархе аз уламои он, бузургдошти наврӯз[39] ва ҳадя додан дар онро ҳаром медонанд.[40] Ба эътиқоди иддае аз онон агар шахсе панҷоҳ сол ибодати худоро анҷом диҳад сипас дар бузургдошти наврӯз ҳадя диҳад, кофир шуда ва аъмолаш барои ӯ фоидае надорад.[41] Гуруҳи Толибон дар давраи аввали ҳукумат бар Афғонистон, наврӯзро бархилофи Ислом ва бидъат дониста ва баргузории онро ҳаром ва мамнуъ карданд.[42]
Ривояти Носириддиншоҳ аз ҳамзамонии шаби Қадр бо таҳвили соли 1274ҳ.ш.
«Чун имшаб шаби иди Наврӯз аст ва ғ. шаби 23-уми рамазон ва эҳё аст ва шаби Қадр; мардум машғули намозу дуо ҳастанд. Мо машғул шудем сураи Рум ва сураи Анкабут ва сураи Духон ҳам Духонро мехондем. Дар васати хондан будем, ки ноибуссалтана ба ҳузур омад. Баъд ки тамом кардем рафтем ба утоқи музей».[43]
Ба гуфтаи нависандаи мақолаи «Бозхонии санади наврӯз дар ривоёти исломӣ», иди Наврӯз ба далели ҳамроҳ будан бо аъмоле монанди ҳадя додан, силаи раҳм, эҳтиром ба бузургтарҳо, меҳрубонӣ бо кучактарҳо, покизагию оростагӣ ки мавриди писанди ақл ва шаръ аст, бояд гиромӣ дошта шавад.[44]
Одоби динӣ
Дар китоби Васоил-уш-шиъа, ба аҳодиси марбут ба наврӯз, боби ҷудогонае ихтисос дода шудааст.[45] Дар ин боб ривоёте дар бораи одоби ин рӯз ҳамчун ғусл кардан, рӯза гирифтан, пӯшидани либоси тоза ва хушбӯӣ нақл шудааст.[46] Аллома Маҷлисӣ барои таҳвили сол, дуои «يَا مُقَلِّبَ الْقُلُوبِ وَ الْأَبْصَارِ يَا مُدَبِّرَ اللَّيْلِ وَ النَّهَارِ يَا مُحَوِّلَ الْحَوْلِ وَ الْأَحْوَالِ حَوِّلْ حَالَنَا إِلَى أَحْسَنِ الْحَال»-ро нақл кардааст.[47] Ӯ ҳамчунин дуои дигареро низ барои наврӯз овардааст: «اللَّهُمَّ هَذِهِ سَنَةٌ جَدِيدَةٌ وَ أَنْتَ مَلِكٌ قَدِيمٌ أَسْأَلُكَ خَيْرَهَا وَ خَيْرَ مَا فِيهَا وَ أَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّهَا وَ شَرِّ مَا فِيهَا وَ أَسْتَكْفِيكَ مَؤُنَتَهَا وَ شُغْلَهَا يَا ذَا الْجَلَالِ وَ الْإِكْرَامِ».[48] [Ёддошт 2] Ду намози ду ракъатӣ бо одоби хоссе низ дар манобеъ барои иди наврӯз нақл шудааст.[49] Бархе эҳтимол додаанд, ки наврӯз дорои хусусият ва имтиёзи хоссе нест, ки одоб ва аъмоли ихтисосие барои он ворид шуда бошад, балки тавсия ба намозу рӯза дар рӯзи наврӯз бо ҳадафи рӯйгрдонии мардум аз корҳои ҳарзаю беҳадаф анҷом шудааст.[50]
Наврӯз дар ашъор
Шоирони форсизабон, ашъоре дар бораи Наврӯз сурудаанд. Аз ҷумла:
Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.[51]
Одаме нест ки ошиқ нашавад вақти баҳор
Ҳар гиёҳе ки ба наврӯз наҷунбад ҳатаб аст.[52]
Наврӯзи рахт дидам хуш ашк биборидам
Наврӯз ва чунин борон борида муборак бод.[53]
Наврӯз менавозад рӯҳ аз насими асҳор
Хуршед медурахшад бар чашмаҳои куҳсор[54]
Наврӯз дар ашъори арабӣ низ табалвур ёфтааст.[55]
Эзоҳ
- ↑ Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, вожаи «наврӯз».
- ↑ Таҳмосбӣ, Наврӯз, пири барнои ҷовид, 1384ҳ.ш., саҳ.5.
- ↑ Афшор, Ҷашни наврӯз, 1382ҳ.ш., саҳ.22.
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.154.
- ↑ Амин Бидухтӣ ва Шарифӣ, Сармояи иҷтимоӣ дар иди наврӯз ва пеш аз он, 1393ҳ.ш., саҳ.649
- ↑ Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, вожаи «наврӯз».
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.172.
- ↑ Таботабоӣ, “Наврӯз; намоде аз тасоҳулу тасомуҳ”.
- ↑ Таботабоӣ, “Наврӯз; намоде аз тасоҳулу тасомуҳ”.
- ↑ Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1420.
- ↑ Ҷаъфариён, “Наврӯз дар фарҳанги шиа”
- ↑ Доробӣ, Наврӯз аз диди сафарноманависони давраи Сафавия ва Қоҷория, 1395ҳ.ш., саҳ.104.
- ↑ Нафар, “Ошноӣ бо маросими наврӯз дар ҳашт кишвари ҷаҳон”
- ↑ UNITED NATIONS
- ↑ Доробӣ, Наврӯз аз диди сафарноманависони давраи Сафавия ва Қоҷория, 1395ҳ.ш., саҳ.113.
- ↑ Доробӣ, Наврӯз аз диди сафарноманависони давраи Сафавия ва Қоҷория, 1395ҳ.ш., саҳ.110.
- ↑ Доробӣ, Наврӯз аз диди сафарноманависони давраи Сафавия ва Қоҷория, 1395ҳ.ш., саҳ.110.
- ↑ Афшор, Ҷашни наврӯз, 1382ҳ.ш., саҳ.23.
- ↑ Афшор, Ҷашни наврӯз, 1382ҳ.ш., саҳ.23.
- ↑ Доробӣ, Наврӯз аз диди сафарноманависони давраи Сафавия ва Қоҷория, 1395ҳ.ш., саҳ.114.
- ↑ Афшор, Ҷашни наврӯз, 1382ҳ.ш., саҳ.23.
- ↑ Раҳимӣ, “Ҷашнии таърихӣ дар дили мардум”
- ↑ Афшор, Ҷашни наврӯз, 1382ҳ.ш., саҳ.23.
- ↑ Фаҷрӣ, Фурсатҳои тиллои наврӯз, 1386ҳ.ш., саҳ.38.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.56, саҳ.91.
- ↑ “Оғози ҷашни наврӯз дар Афғонистон бо барафроштани алами ҳазрати Алӣ (а)” хабаргузории Эрно.
- ↑ “Оғози ҷашни наврӯз дар Афғонистон бо барафроштани алами ҳазрати Алӣ (а)” хабаргузории Эрно.
- ↑ «پاکستان میں نوروز "عالم افروز" اور "ایران صغیر" کی کہانی» ایرنا نیوز ایجنسی
- ↑ Фаҷрӣ, Фурсатҳои тиллои наврӯз, 1386ҳ.ш., саҳ.37.
- ↑ Ниг.: “Бозхонии паёмҳои наврӯзии имом Хумайнӣ (раҳ)” ва “Бозхонии паёмҳои наврӯзии раҳбари инқилоб аз соли 69 то 97”
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.172.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.56, саҳ.92 - 100.
- ↑ Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.319.
- ↑ Фозили Астарободӣ, Маҷмӯаи мақолот дар заминаи Ошуро, Арбаъин ва Наврӯз, 1392ҳ.ш., саҳ.112 - 120.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.56, саҳ.101.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.82
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.237
- ↑ Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, ҷ.6, саҳ.215.
- ↑ Ал-Миновӣ, Файз-ул-қадир шарҳ-ул-ҷомеъ-ис-сағир, 1356ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.511.
- ↑ Абулбаракот ан-Насафӣ, Канз-уд-дақоиқ, 2011м., ҷ.1, саҳ.695
- ↑ Ат-Тақӣ ал-Ғаззӣ, ат-Табақот-ус-сунийя фи тароҷим-ил-ҳанафийя, саҳ.343.
- ↑ Ҷаъфариён, “Наврӯз дар фарҳанги шиа”
- ↑ “Ривояти Носириддиншоҳ аз ҳамзамонии шаби Қадр бо таҳвили соли 1274”, сайти Хабаронлайн.
- ↑ Замонии Маҳҷуб, “Бозхонии санади наврӯз дар ривоёти исломӣ; мутолиаи мавридӣ: ривояти Муъалло ибни Хунайс”, саҳ.41.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.172.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.172.
- ↑ Маҷлисӣ, Зод-ул-маъод, 1423ҳ.қ., саҳ.328.
- ↑ Маҷлисӣ, Зод-ул-маъод, 1423ҳ.қ., саҳ.328.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Ҳидоят-ул-уммат, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.316.
- ↑ Фозили Астарободӣ, “Маҷмӯаи мақолот дар заминаи Ошуро, Арбаъин ва Наврӯз”, саҳ.119.
- ↑ Ҳофиз, Ғазалиёт, ғазали 454.
- ↑ Саъдӣ, Ғазалиёт, ғазали 51.
- ↑ Мавлавӣ, Девони Шамс, ғазали 597.
- ↑ Девони Шаҳриёр, нашри Нигоҳ, 1389ҳ.ш.
- ↑ Барои намуна руҷуъ кунед ба: Ибни Фавтӣ, Маҷмаъ-ул-одоб фи муъҷам-ил-алқоб, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.380.
Ёддошт
Сарчашма
- UNITED NATIONS таърихи дарҷи матлаб: 23 February 2010, таърихи боздид: 18 марти 2018.
- Абулбаракот ан-Насафӣ, Канз-уд-дақоиқ, муҳаққиқ: Соид Бекдош, беҷо, Дорул-башоирил-исломийя, 2011м.
- Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Ағонӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1415ҳ.қ.
- Ал-Миновӣ, Зайниддин, Файз-ул-қадир шарҳ-ул-ҷомеъ-ис-сағир, Миср, ал-Мактабатул-тиҷориятил-кубро, 1356ҳ.қ.
- Амини Бидухтӣ, Алиакбар, Шарифӣ, Навид, Сармояи иҷтимоӣ дар иди наврӯз ва пеш аз он, мутолиъот ва таҳқиқоти иҷтимоӣ дар Эрон, давраи 2, № 4, 1393ҳ.ш.
- Ат-Тақӣ ал-Ғаззӣ, ат-Табақот-ус-сунийя фи тароҷим-ил-ҳанафийя, беҷо, бе то.
- Афшор, Эраҷ, Ҷашни наврӯз, маҷаллаи Кайҳони фарҳангӣ, № 198, 1382ҳ.ш.
- Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо.
- Доробӣ, Алиризо, Наврӯз аз диди сафарноманависони давраи Сафавия ва Қоҷория, фарҳанги мардуми Эрон, № 47, 1395ҳ.ш.
- Замонии Маҳҷуб, Ҳабиб, Бозхонии санади наврӯз дар ривоёти исломӣ; мутолиаи мавридӣ: ривояти Муъалло ибни Хунайс, Таърихи фарҳанг ва тамаддуни исломӣ, № 25, зимистони 1395ҳ.ш.
- Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқ: Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дорул-ҷил, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Ибни Фавтӣ, Абдурразоқ ибни Аҳмад, Маҷмаъ-ул-одоб фи муъҷам-ил-алқоб, муҳаққиқ: Муҳаммад Козим, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1416ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошуби Мозандаронӣ, Маноқибу оли Абитолиби алайҳимус-салом, Қум, интишороти Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1379ҳ.ш.
- Мавлавӣ, Девони Шамс.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Зод-ул-маъод (Мифтоҳ-ул-ҷинон), муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алоуддин Аъламӣ, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
- Нафар, Фотима, “Ошноӣ бо маросими наврӯз дар ҳашт кишвари ҷаҳон”, дар сайти Ҳамшаҳрӣ, таърихи дарҷи матлаб: 28 исфанди 1386ҳ.ш., таърихи боздид: 25 исфанди 1396ҳ.ш.
- Покниёи Табрезӣ, Абдукарим, Нигоҳе нав ба ҷойгоҳи иди наврӯз, Мубаллиғон, № 138, исфанди 1389ҳ.ш.
- Раҳимӣ, Парасту, “Ҷашнии таърихӣ дар дили мардум”, дар сайти маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, таърихи дарҷи матлаб: 23 исфанди 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 27 исфанди 1396ҳ.ш.
- Сайид ибни Товус, Разиюддин Алӣ, ал-Иқбол би-л-аъмол-ил-ҳасана, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
- Саъдӣ, Ғазалиёт.
- Таботабоӣ, Аҳмад, “Наврӯз; намоде аз тасоҳулу тасомуҳ”, дар сайти маркази Доиратулмаъорифи бузурги исломӣ, таърихи дарҷи матлаб: 23 исфанди 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 27 исфанди 1396ҳ.ш.
- Таҳмосбӣ, Туғрул, Наврӯз, пири барнои ҷовид, Ҳофиз, № 26, исфанди 1384ҳ.ш.
- Фаҷрӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Фурсатҳои тиллоии наврӯз, Мубаллиғон, № 101, исфанди 1386ҳ.ш.
- Фозили Астарободӣ, Муҳаммад, Маҷмӯаи мақолот дар заминаи Ошуро, Арбаъин ва Наврӯз, Қум, Шиашиносӣ, 1392ҳ.ш.
- Ҳофиз, Девони Ғазалиёт.
- Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи аввал, 1409ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Ҳидоят-ул-уммат ило аҳком-ил-аимма (а), Машҳад, Остонаи ал-Равзатул-муқаддаса, Маҷмаъул-буҳусил-исломийя, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Имомшиносӣ, пойгоҳи Улум ва маорифи Ислом
- Ҷаъфариён, Расул, “Наврӯз дар фарҳанги шиа”, дар шабакаи иҷтиҳод, таърихи дарҷи матлаб: 8 фарвардини 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 25 исфанди 1396ҳ.ш.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found