Мадрасаи илмияи Ҳуҷҷатия (Қум)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Мадрасаи Ҳуҷҷатияи Қум)
Мадрасаи Ҳуҷҷатия

Мадрасаи илмияи Ҳуҷҷатия (форсӣ: مَدرسه عِلمیه حُجَّتیه) (таъсис дар соли 1324 шамсӣ) яке аз мадрасаҳои бузурги улуми динӣ дар Қум аст, ки ба дасти Сайид Муҳаммад Ҳуҷҷати Куҳкамрӣ таъсис шудааст ва дар наздикии Ҳарами ҳазрати Маъсума қарор дорад.

Мадрасаи номбурда дорои беш аз 100 ҳуҷра барои истиқомати толибъилмон ва ҳамчунин дорои масҷид ва китобхона мебошад. Китобхонаи мадрасаи Ҳуҷҷатия 90 ҳазор китоби чопӣ ва беш аз ҳазор унвон нусхаи хаттӣ дорад.

Мадрасаи Ҳуҷҷатия, макони таълимии бархе аз чеҳраҳои ҳавзавие монанди Сайидкозим Шариатмадорӣ ва Сайид Муҳаммадҳусейн Таботабоӣ будааст. Ҳамчунин олимоне чун Сайидалии Хоманаӣ, Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ва Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ низ дар он сокин будаанд.

Мадрасаи номбурда дар соли 1999 ба донишҷӯёни ғайриэронӣ ихтисос дода шуда ва ҳоло яке аз марказҳои таълимии вобаста ба Донишгоҳи Ал-Мустафо ал-Оламия аст.

Таъсис

Хато дар эҷоди ангуштдона:
Ифтитоҳияи мадрасаи Ҳуҷҷатияи Қум

Мадрасаи илмияи Ҳуҷҷатия ки то пеш аз 1364ҳ.қ., моликияти шахсии Комрони Мирзо, писари Носириддиншоҳи Қоҷор буд, аз ҷониби Сайид Муҳаммадҳуҷҷати Куҳкамарӣ харидорӣ шуд ва дар маросими ҷашне ба муносибати мелоди ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), дар 20-уми ҷамодиссонӣ, дар ихтиёри толибъилмони ҳавзаи илмияи Қум қарор гирифт.[1]

Оятуллоҳ Ҳуҷҷат бо илова кардани заминҳое аз атрофи мадраса, дар соли 1366 ҳиҷрӣ қамарӣ ба сохти шаш бинои дуошёна шурӯъ кард, ки дар маҷмӯъ 126 ҳуҷраро дарбар мегирифт.[2] Баъд аз марги Сайид Муҳаммад Ҳуҷҷат биноҳои дигаре ҳам дар онҷо сохта шуд.[3] Масоҳати ин мадраса ҳоло 15 ҳазор метри мураббаъ аст.[4]

Ин мадраса ба номи созандаи он (Сайид Муҳаммад Ҳуҷҷат) ба мадрасаи Ҳуҷҷатия маъруф шудааст.[5] Сайидмуҳаммади Ҳуҷҷат дар ҳамин мадраса ба хок супорида шудааст.[6]

Мадрасаи Ҳуҷҷатия аз ибтидои сохт то муддатҳо бузургтарин мадрисаи илмия дар Қум буда, ва бо сохта шудани мадрасаҳои илмияи бузурги дигар, ҳамчунон яке аз мадрасаҳои илмияи бузурги Қум шинохта мешавад.[7] Ин мадраса дар маркази шаҳри Қум ва дар наздикии Ҳарами ҳазрати Маъсума ҷойгир буда, аз соли 2006 ба унвони яке аз ёдгориҳои миллии Эрон сабт шудааст.[8]

Ба гуфтаи Муҳаммадҳусейн Носирушшариъа – нависандаи китоби “Таърихи Қум”, суқути Ризошоҳи Паҳлавӣ дар соли 1320 шамсӣ, ва дар пайи он, шукуфоии минбаъдаи ҳавзаи илмияи Қум ва ҳамчунин омадани Оятуллоҳ Боруҷердӣ ба Қум боис шуд, ки мадрасаҳои мавҷуда, ғунҷоиши лозим барои толибъилмонро надошта бошанд. Аз ҳамин рӯй, Сайидмуҳаммади Ҳуҷҷат - яке аз бузургони ҳавза, ин биноро харид ва онро барои будубоши толибъилмон васеъ кард.[9]

Китобхона

Феҳристи нусхаҳои хаттии китобхонаи мадрасаи Ҳуҷҷатия

Китобхонаи мадрасаи Ҳуҷҷатия, дар соли 1331 шамсӣ, дар мадрасаи Ҳуҷҷатия ба кор шурӯъ кард.[10] Аввалин китобҳои ин китобхона аз ҷониби муассиси он ҳадя шуда, сипас Оятуллоҳ Буруҷердӣ ба китобхона китоб ҳадя кардааст.[11]

Бино бар феҳристнависии Ризо Устод, дар соли 1975 дар китобхонаи макдрасаи Ҳуҷҷатия 720 нусха дастхат мавҷуд будааст.[12] Мувофиқи маълумоти соли 2017 дар китобхонаи мазкур 90 ҳазор китоби чопӣ, 3500 китоби литографӣ ва 1040 номгӯ дастхат мавҷуд буд.[13] Китобе, ки дар он феҳристи дастхатҳои китобхонаи мадрасаи Ҳуҷҷатия аст, дар ду ҷилд чоп ва нашр шудааст.[14]

Рӯйдодҳо

Мадрасаи Ҳуҷҷатия, дар ҷараёни тазоҳуроти 19 дайи 1356 шамсӣ (1976), ба нишони эътироз алайҳи мақолаи таҳқиромези рӯзномаи “Иттилоот” дар бораи имом Хумайнӣ[15] яке аз ҷойҳое буд, ки афсарони режими паҳлавӣ бо толибъилмони ҳавзаи илмияи Қум задухӯрд карданд.

Бар асоси гузоришҳо, бештари задухӯрдҳо байни неруҳои низомӣ ва интизомӣ ва толибъилмон, дар атрофи мадрасаи Ҳуҷҷатия ва мадрасаи Хон рух дода буд, ки сабаби кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз толибъилмон низ шудааст.[16]

Масҷиди мадрасаи Ҳуҷҷатия, макони тадриси Сайидкозими Шариатмадорӣ[17] ва ҳамчунин макони баргузории дарси тафсири Сайид Муҳаммадҳусайн Таботабоӣ будааст.[18]

Бархе аз чеҳраҳои ҳавзавие, ки дар мадрасаи Ҳуҷҷатия сокин будаанд, иборатанд аз: Сайидалии Хоманаӣ, Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, Муҳаммадризо Маҳдавии Канӣ, Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Сайидҳодӣ Хисравшоҳӣ,[19] Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ[20] ва Сайидмуҳаммад Ҳусайнии Биҳиштӣ.[21]

Ихтисос ба толибъилмони ғайриэронӣ

Мадрасаи Ҳуҷҷатия, дар соли 1979 ба толибъилмони ғайриэронӣ ихтисос ёфт.[22] Ин мадраса ҳамакнун яке аз марказҳои вобаста ба Ҷомеъат-ул-Мустафо ал-олмия аст ва аз соли 2009 муҷтамаъи омӯзиши олии фиқҳ хонда мешавад.[23]

Эзоҳ

  1. Носирушшариа, Таърихи Қум, 1383ҳ.ш., саҳ.411.
  2. Носирушшариа, Таърихи Қум, 1383ҳ.ш., саҳ.412.
  3. Носирушшариа, Таърихи Қум, 1383ҳ.ш., саҳ.412 - 413.
  4. Маҳмудӣ, Манбаи шинохт, 1396ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.699.
  5. Носирушшариа, Таърихи Қум, 1383ҳ.ш., саҳ.411.
  6. Носирушшариа, Таърихи Қум, 1383ҳ.ш., саҳ.412.
  7. Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Ошноӣ бо ҳавзаҳои илмияи шиа дар тӯли таърих, 1365ҳ.ш., саҳ.333.
  8. “Мадрасаи Ҳуҷҷатияи Қум таъйини ҳарим шуд”, сайти Мероси Ориё.
  9. Носирушшариа, Таърихи Қум, 1383ҳ.ш., саҳ.411.
  10. Шарифи Розӣ, Ганҷинаи донишмандон, 1352ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.210.
  11. Носирушшариа, Таърихи Қум, 1383ҳ.ш., саҳ.423.
  12. Толеъӣ, “Феҳристи нусхаҳои хаттии китобхонаи мадрасаи Ҳуҷҷатияи Қум...”, саҳ.83.
  13. Толеъӣ, “Феҳристи нусхаҳои хаттии китобхонаи мадрасаи Ҳуҷҷатияи Қум...”, саҳ.83 - 84.
  14. Толеъӣ, “Феҳристи нусхаҳои хаттии китобхонаи мадрасаи Ҳуҷҷатияи Қум...”, саҳ.83 - 84.
  15. Шерхонӣ, “Ҷойгоҳи қиёми 19 дай дар раванди пирӯзии Инқилоби Исломӣ”, саҳ.161.
  16. Шерхонӣ, “Ҷойгоҳи қиёми 19 дай дар раванди пирӯзии Инқилоби Исломӣ”, саҳ.179.
  17. “Оятуллоҳ Мусавии Ардабилӣ: имом мегуфт, наҳзати озодӣ одамҳои мусулмони хубе ҳастанд...”, сайти Таърихи эронӣ.
  18. Хисравшоҳӣ, “Чӣ бояд кард? дахолате дар маъқулот”, саҳ.6.
  19. Хисравшоҳӣ, “Чӣ бояд кард? дахолате дар маъқулот”, саҳ.6.
  20. Ширвонӣ, Барномаи сулук дар номаҳои соликон, 1386ҳ.ш., саҳ.395.
  21. Навоиёни Рӯдсарӣ, “Улгӯи таҳаззубу мудоро”, саҳ.10.
  22. Маҳмудӣ, Манбаи шинохт, 1396ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.699.
  23. Маҳмудӣ, Манбаи шинохт, 1396ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.699 - 701.

Сарчашма

  • Ақиқии Бахшоишӣ, Абдураҳим, Мадориси ҳавзаи илмияи Қум ё маҳди парвариши шахсиятҳои бузург, дарсҳое аз мактаби Ислом, тири 1360.
  • Аминии Гулистонӣ, Муҳаммад, наводир ва мутафарриқот.
  • «Мадрасаи Ҳуҷҷатияи Қум таъйини ҳарим шуд», сайти Мероси Ориё, таърихи дарҷи матлаб: 1 тири 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 16 урдибиҳишти 1398ҳ.ш.
  • Маҳмудӣ, Акбар, Манбаи шинохти нақши шиа дар пайдоиш ва густариши улуми исломӣ, ҷ.2, Қум, конгресси байналмилалии нақши шиа дар пайдоиш ва густариши улуми исломӣ, баҳори 1396ҳ.ш.
  • Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Сайидҳуҷҷат, Ошноӣ бо ҳавзаҳои илмияи шиа дар тӯли таърих, Исфаҳон, ҳавзаи илмияи Исфаҳон, 1365ҳ.ш.
  • Навоиёни Рӯдсарӣ, Ҷавод, “Улгӯи таҳаззубу мудоро”, рӯзномаи Хуросон, 7 тири 1397ҳ.ш., № 2, 1985.
  • Носирушшариа, Муҳаммадҳусайн, Таърихи Қум: ё ҳарами мутаҳҳари бонуи олиқадри Аҳли Байти исмату таҳорат ҳазрати Фотимаи Маъсума, тасҳеҳи Алии Давонӣ, Теҳрон, интишороти Раҳнамун, 1383ҳ.ш.
  • «Оятуллоҳ Мусавии Ардабилӣ: имом мегуфт, наҳзати озодӣ одамҳои мусулмони хубе ҳастанд/ имом ба иддаои мулоқот бо Имоми Замон эътиное надошт”, ба кӯшиши Муҳаммад Сурӯш Маҳаллотӣ, дар сайти Таърихи эронӣ, таърихи дарҷи матлаб: 11 хурдоди 1390ҳ.ш., таърихи боздид: 15 урдибиҳишти 1398ҳ.ш.
  • Толеъӣ, Абдулҳусайн, «Феҳристи нусхаҳои хаттии китобхонаи мадрасаи Ҳуҷҷатияи Қум дар остонаи ҳафтод солагии он», дар маҷаллаи Мерос, № 9 ва 10, баҳор ва тобистони 1395ҳ.ш.
  • Хисравшоҳӣ, Сайидҳодӣ, «Чӣ бояд кард? дахолате дар маъқулот!», дар рӯзномаи Иттилоот, 8 хурдоди 1392ҳ.ш.
  • Ҳуҷраҳои талабагӣ», дар маҷаллаи Шаҳри қонун, № 3, поизи 1391ҳ.ш.
  • Шарифи Розӣ, Муҳаммад, Ганҷинаи донишмандон, Теҳрон, китобфурушии Исломия, 1352ҳ.ш.
  • Шерхонӣ, Алӣ, “Ҷойгоҳи қиёми 19 дай дар раванди пирӯзии Инқилоби Исломӣ”, дар маҷаллаи Пажуҳишномаи Инқилоби Исломӣ, донишгоҳи Исфаҳон, пешшумораи 3, поизи 1378ҳ.ш.
  • Ширвонӣ, Алӣ, Барномаи сулук дар номаҳои соликон, Қум, Дорул-фикр, 1386ҳ.ш.