Ҷашни Мелоди Пайғамбар (с)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Мавлуд)

Ҷашни Мелоди Пайғамбар (с) (форсӣ: جشن میلاد پیامبر (ص)) ба маросимҳое ишора дорад, ки дар солрӯзи вилодати Пайғамбари Ислом баргузор мегардад. Шиаён ва аҳли суннат, рӯзи мелоди Пайғамбар (с)-ро ҷашн мегиранд, аммо ваҳҳобиҳо онро бидъат медонанд; чароки дар замони Пайғамбар (с) ва саҳоба чунин ҷашнҳое баргузор нашудааст. Олимони мусулмон дар посухи ваҳҳобиён гуфтаанд, ҳарчанд дар замони Пайғамбар (с) ва саҳоба ҷашни мелоди Пайғамбар (с) баргузор нашудааст, аммо дар шаръ аз он наҳй нашудааст, аз ин рӯ, барпоии ҷашни мелод барои Пайғамбар натанҳо бидъат нест, балки барои бузургдошти он ҳазрат (с) матлуб ҳам хоҳад буд. Ҳамчунин барои машруъияти барпоии ҷашни мелод-ун-набӣ ба оёте аз Қуръон ва низ мафоҳими қуръонӣ истинод шудааст, ки ба бузургдошти Пайғамбар ва муҳаббат ба ӯ супориш кардааст.

Гузоришҳои таърихӣ аз қарни чаҳоруми қамарӣ ва баъд аз он вуҷуд дорад, ки мусулмонон рӯзи мелодро ҷашн мегирифтанд. Ҳамчунин аҳолии Макка дар солрӯзи вилодати Пайғамбар дар маҳали вилодати ӯ таҷаммуъ мекарданд ва ба дуою зикр пардохта, ба ӯ табаррук меҷустанд, то ин ки дар ҳукумати Оли Саъуд ин макон тахриб шуд.

Шиаён, 17 рабиъулаввал ва аҳли суннат, 12 рабиъулаввалро рӯзи вилодати Пайғамбари Ислом медонанд. Уламои шиа садақа додан, анҷоми умури хайр, шод кардани муъминон ва монанди онро дар ин рӯз мустаҳаб медонанд. Аҳли суннат низ ҳадя додан ва итъоми фуқароро барои бузургдошти Пайғамбари Ислом дар ин рӯз супориш кардаанд. Аз ин рӯ, мусулмонон дар кишварҳои мухталиф дар рӯзи мелоди Пайғамбар ҷашн барпо мекунанд. Ин рӯз дар Эрон, Афғонистон, Ироқ, Ҳиндӯстон, Покистон, Индонезия ва Миср таътили расмӣ аст.

Аҳамият ва таърихча

Ҷашни Мелод-ун-набӣ ба маросимҳое ишора дорад, ки дар солрӯзи вилодати Пайғамбари Акрам баргузор мешавад. Ҷоиз будан ё ҷоиз набудани барпоии ҷашни Мелод-ун-набӣ аз ихтилофоти мусулмонон бо ваҳҳобиён аст. Аз назари мусулмонон, барпоии ҷашни Мелод-ун-набӣ ҷоиз аст. Аз ин рӯ, мусулмонон дар кишварҳои мухталиф, бо барпоии оинҳо ва маросимҳое рӯзи мелоди Пайғамбарро гиромӣ медоранд.[1] Ҳамчунин рӯзи мелоди Пайғамбари Ислом дар бархе кишварҳо аз ҷумла Индонезия, Эрон,[2] Ҳиндӯстон,[3] Покистон,[4] Миср[5] ва ғ...[6] таътили расмӣ аст. Аммо ваҳҳобиён барпоии ҷашни Мелод-ун-набиро бидъат ва ҳаром медонанд.[7]

Таърихчаи баргузории ҷашн дар солрӯзи Мелоди Пайғамбар ба қарнҳои чаҳорум ва панҷуми қамарӣ бармегардад. Аҳмад ибни Алии Мақризӣ, таърихнигори қарни нуҳуми қамарӣ аз ривоҷи ҷашни Мелод-ун-набӣ дар ҳукумати Фотимиён (297 - 567ҳ.қ.) дар Миср ёд кардааст.[8] Ҳамчунин ба гузориши манобеи таърихӣ, Музаффариддини Кавкубро (ваф. 630ҳ.қ.) фармондеҳи Салоҳиддини Айюбӣ ва ҳокими Ирбил дар моҳи рабиулаввал ҷашни Мелод-ун-набӣ баргузор мекард.[9]

Оё ҷашни Милод-ун-набӣ бидъат аст?

Ваҳҳобиён баргузории ҷашни Мелод барои Пайғамбари Исломро бидъат медонанд.[10] Абдулазиз ибни Боз аз ваҳҳобиён, ҷашн гирифтан барои мелоди Пайғамбари Исломро бидъат талаққӣ кардааст.[11] Олимони салафӣ, ширкат дар ин ҷашнҳо, нишастан дар маҳали баргузории ҷашн ва ё хӯрдани шириниҳои онро ҳаром медонанд.[12] Ҳамчунин бархе аз нависандагони онҳо ба баргузоркунандагони ҷашни Мелоди Пайғамбар нисбати фисқ, бедин ва монанди он медиҳанд.[13] Далели ваҳҳобиён дар бидъат донистани ҷашни Милод-ун-набӣ ин аст, ки чунин маросиме дар замони Пайғамбари Ислом ва саҳоба баргузор нашудааст.[14]

Посухи олимони шиа ва суннӣ

Аз назари мухолифон агарчӣ мустақиман дар бораи Мелоди Пайғамбар матлабе дар шаръ наёмадааст, аммо оёти Қуръон, баргузории ин ҷашнро таъйид мекунад.[15] Онон аз мафоҳими куллии Қуръон ҳамчун лузуми меҳрварзӣ ба Пайғамбар (с)[16] ва зарурати бузургдошти ӯ[17] бар машруъияти баргузории ҷашни Мелоди Пайғамбар истифода кардаанд.[18] Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ - олими шиа, баргузории ҷашни Мелоди Пайғамбар (с) ибрози муҳаббат ба ӯст; муҳаббате, ки Қуръон ба он дастур додааст.[19] Ҳамчунин бо истинод ба оёти поёнии сураи Моида, ки бар асоси он ҳазрати Исо (а) рӯзеро, ки моидаи осмонӣ бар ҳавориюн нозил шуд, ҷашн гирифт ва ҳамчунон масеҳиён он рӯзро ҷашн мегиранд, муътақид аст, ки рӯзи Мелоди Пайғамбарро бояд ҷашн гирифт; чароки Пайғамбар, дунёро аз бутпарастӣ ва ҷаҳолат наҷот дод ва ин неъмат болотар аз моидаи осмонӣ барои ҳавориюн аст.[20]

Бузургони аҳли суннат монанди Сарийи Сақатӣ (ваф.253), Ҷунайди Бағдодӣ (ваф.297), имом Ёфиъӣ (ваф.768ҳ.қ.), Ҳасан ибни Умар ибни Ҳабиб (ваф.779ҳ.қ.), ҳар як бо таъбирҳои гуногуне изҳори шодмонӣ ва баргузории ҷашн барои Мелоди Пайғамбар (с)-ро кори некӯ, роҳе барои расидан ба имон ва баҳрамандӣ аз неъматҳои биҳишт ва ғ... донистаанд.[21]

Юсуфи Қарзовӣ (ваф.1444 ҳ.қ.) - аз олимони муосири аҳли суннат, бо истидлол ба оёти Қуръон,[22] баргузории ҷашни Мелоди Пайғамбарро ҷоиз донистааст.[23] Ӯ муътақид аст, баргузории маросим барои Мелоди Пайғамбар ва воқеъаҳои дигари исломӣ, дар ҳақиқат ёдоварии неъматҳое аст, ки Худованд ба мусулмонон ато карда ва ин ёдоварӣ, натанҳо бидъат ва ҳаром нест, балки матлуб низ ҳаст.[24] Ба гуфтаи Тоҳири Қодирӣ - аз олимони аҳли суннат, анҷоми ҳар амали мубоҳе, ки дар шариат манъ нашуда ва табдил ба фарҳанги ҷомеа шуда ва ҳадафи он низ изҳори хушҳолӣ ба муносибати вилодати Пайғамбари Ислом бошад, ҳеҷ боке надорад.[25]

Бар пояи ривояте, ки дар китоби Иқбол-ул-аъмол нақл шудааст, рӯза гирифтан дар рӯзи вилодати Пайғамбари Ислом, савоби яксола рӯзаро дорад.[26] Ҳамчунин уламои шиа садақа додан, зиёрати зиёратгоҳҳо[27] анҷоми умури хайр, шод кардани муъминон ва монанди онро низ дар ин рӯз мустаҳаб медонанд.[28] Дар ривоёти шиа, намози хоссе барои рӯзи Мелоди Пайғамбар (с) нақл шудааст.[29] Аҳли суннат, суханронӣ дар бораи Пайғамбар (с), тиловати Қуръон, силаи раҳим, ҳадя додан ва итъоми фуқароро барои бузургдошти Пайғамбари Ислом дар ин рӯз супориш кардаанд.[30]

Замон ва макони вилодат

Дар бораи рӯзи вилодати Пайғамбар ихтилоф вуҷуд дорад.[31] Маъруф байни уламои шиа, 17 рабиулаввал ва машҳур байни аҳли суннат, 12 рабиулаввал аст.[32] Фосилаи ин ду сана ба ҳафтаи Ваҳдати байни шиа ва суннӣ номгузорӣ шудааст.[33]

Пайғамбари Ислом (с) дар хонае воқеъ дар Шиъби Абитолиб ба дунё омад.[34] Ба гуфтаи Муҳаммад ибни Умари Баҳрақ (ваф. 930ҳ.қ.) - олими шофеӣ, аҳолии Макка дар шаби Мелоди Пайғамбар дар макони вилодати ӯ ҷамъ мешуданд ва ба зикру дуо мепардохтанд ва ба ӯ табаррук меҷустанд.[35] Ҳамчунин Аллома Маҷлисӣ - муҳаддиси қарни ёздаҳум, нақл мекунад, ки дар замони ӯ маконе ба ин ном дар Макка вуҷуд дошта ва мардум онро зиёрат мекарданд.[36] Ин бино то замони оғози ҳукумати Оли Сауд бар Ҳиҷоз, боқӣ буд. Онҳо ба хотири эътиқодоти мазҳаби ваҳҳобият мабнӣ бар мамнуъияти табаррук ҷустан ба осори пайғамбарону солеҳон, он ҷоро тахриб карданд.[37]

Такнигорӣ

Дар бораи исботи машруияти ҷашни Мелоди Пайғамбар (а) китобҳое навишта шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • ал-Баён-ун-набавӣ ан фазл-ил-эҳтифол би мавлид-ин-набавӣ, асари Маҳмуд Аҳмад Аззайн аст, ки бо ҳадафи исботи машруъияти ҷашни Мелоди Пайғамбар ва дафъи шубаҳоти перомуни он ба забони арабӣ навишта шудааст. Нависанда дар ин китоб ба ин натиҷа расидааст, ки фақеҳон ва муҳаддисони аҳли суннат ҷашни Мелодун-набиро мустаҳаб медонанд. Интишороти Дорулбуҳуус лиддиросотул-исломияи Дубай ин китобро дар соли 1426 қамарӣ, чоп ва мунташир кардааст.[38]
  • Ҷашни Мелоди Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, асари Абдурраҳими Мӯсавӣ бо ҳадафи исботи машруъияти ҷашни Мелоди Пайғамбар ва нақди дидгоҳи мухолифон ба забони форсӣ навишта шудааст. Аз назари нависанда, барпоии ҷашни Мелод аз масодиқи вуҷуби эҳтиром ба Пайғамбар аст. Ин китоб, ҷилди 25 аз маҷмӯаи дар мактаби Аҳли Байт аст, ки интишороти маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт онро дар соли 1390 шамсӣ, дар 57 саҳифа чоп ва мунташир кардааст.[39]

Нигорхона

Эзоҳ

  1. «کشورهای عربی میلاد پیامبر(ص) را چگونه جشن می‌گیرند؟»«Кишварҳои арабӣ, Мелоди Пайғамбар (с)-ро чигуна ҷашн мегиранд?», хабаргузории Икно.
  2. Time.ir
  3. Holidays
  4. Public Holidays in Pakistan 2018
  5. «عيد المولد النبوى الشريف»،Идул-мавлидин-набавӣ-ш-шариф.
  6. «روز میلاد پیامبر اعظم در تمامی کشورهای اسلامی به جز عربستان تعطیل رسمی است»«Рӯзи Мелоди Пайғамбари аъзам дар тамомии кишварҳои исломӣ ба ҷуз Арабистон таътили расмӣ аст», Қудс онлайн.
  7. Аддавиш, Фатово-л-луҷнат-ид-доима, Риёз, ҷ.3, саҳ.29.
  8. Мақризӣ, ал-Мавоъиз ва-л-эътибор, 1418ҳ.қ. ҷ.2, саҳ.436.
  9. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.137; Мақризӣ, ас-Сулук лимаърифати дувал-ил-мулук, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.368.
  10. Аддувиш, Фатово-л-луҷнат-ид-доима, Риёз, ҷ.3, саҳ.29.
  11. «الإمام ابن تیمیة لم یستحسن الاحتفال بالمولد النبوی»«Ал-Имом Ибн Таймия лам ястаҳсин-ил-эҳтифола би-л-мавлид-ин-набавӣ», сайти Ибни Боз.
  12. Шаҳота, ал-Мавлид-ун-набавӣ.., Искандария, саҳ.116.
  13. Дабирӣ, Ҷашни Мелоди Расулуллоҳ (с), 1437ҳ.қ., саҳ.9.
  14. «الإمام ابن تیمیة لم یستحسن الاحتفال بالمولد النبوی»«Ал-Имом Ибн Таймия лам ястаҳсин-ил-эҳтифола би-л-мавлид-ин-набавӣ», сайти Ибни Боз.
  15. Каримии Салимӣ, «Ҷашну сурур дар Мелоди Пайғамбари гиромӣ (с) аз дидгоҳи Қуръон ва суннат», саҳ.126.
  16. Сураи Тавба, ояти 23.
  17. Сураи Аъроф, ояти 157.
  18. Каримии Салимӣ, «Ҷашну сурур дар Мелоди Пайғамбари гиромӣ (с) аз дидгоҳи Қуръон ва суннат», саҳ.127 - 132.
  19. «برگزاری جشن میلاد پیامبر اسلام(ص) محبت عملی به ایشان و انجام دستور قرآن است»«Баргузории ҷашни Мелоди Пайғамбари Ислом (с) муҳаббати амалӣ ба эшон ва анҷоми дастури Қуръон аст», сайти Шафақно.
  20. «برگزاری جشن میلاد پیامبر اسلام(ص) محبت عملی به ایشان و انجام دستور قرآن است»«Баргузории ҷашни Мелоди Пайғамбари Ислом (с) муҳаббати амалӣ ба эшон ва анҷоми дастури Қуръон аст», сайти Шафақно.
  21. https://www.hawzahnews.com/news/402680 хабаргузории расмии Ҳавза
  22. الاحتفال بمولد النبی والمناسبات الإسلامیةАл-Эҳтифол би мавлид-ин-набӣ ва-л-муносибот-ул-исломия, сайти Юсуф Қарзовӣ.
  23. [1]«القرضاوی: الاحتفال بالمولد النبوی لیس بدعة»«Ал-Қарзовӣ: ал-Эҳтифол би-л-мавлид-ин-набавӣ лайса бидъат», Салом унлойн.
  24. الاحتفال بمولد النبی والمناسبات الإسلامیةАл-Эҳтифол би мавлид-ин-набӣ ва-л-муносибот-ул-исломия, сайти Юсуф Қарзовӣ.
  25. Қодирӣ, Киё Мелод-ун-набӣ маноно бидъат, 2008м, саҳ.15 ва 17.
  26. Сайиди ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.603.
  27. Шайхи Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Теҳрон, ҷ.2, саҳ.791.
  28. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.95, саҳ.359.
  29. Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.611 - 612.
  30. «مولد النبی»«Мавлид-ун-набӣ», сайти Баввобат-ул-азҳар.
  31. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.362.
  32. Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151.
  33. Нигоҳ кунед ба имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1378ҳ.ш., ҷ.15, саҳ.440 ва 455.
  34. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.6.
  35. Баҳрақ, Ҳадоиқ-ул-анвор, 1409ҳ.қ., саҳ.150.
  36. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.174.
  37. Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набӣ, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.147.
  38. «البیان النبوی عن فضل الاحتفال بمولد النبوی»«Ал-Баён-ун-набавӣ ан фазл-ил-эҳтифол би мавлид-ин-набавӣ», пойгоҳи тахассусии ваҳҳобиятпажӯҳӣ ва ҷараёнҳои салафӣ.
  39. «در مکتب اهل بیت علیهم السلام - ج۲۵- جشن میلاد پیامبر صلی الله علیه و آله و سلم»«Дар мактаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, ҷ.25, ҷашни Мелоди Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам». Сайти маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт.

Сарчашма

  • «ал-Имом Ибн Таймия лам ястаҳсин-ил-эҳтифола би-л-мавлид-ин-набавӣ», сайти расмии Бен Боз, санаи боздид: 12 даймоҳи 1397ҳ.ш.
  • «ал-Қарзовӣ: ал-Эҳтифол би-л-мавлид-ин-набавӣ лайса бидъат», сайти Асом онлайн, санаи боздид: 12 даймоҳи 1397ҳ.ш.
  • «ал-Эҳтифол би мавлид-ин-набӣ ва-л-муносбот-ил-исломия», сайти расмии Юсуф ал-Қарзовӣ, санаи дарҷи матлаб: 2018 - 11 - 20, санаи боздид: 12 даймоҳи 1397ҳ.ш.
  • «Баргузории ҷашни Мелоди Пайғамбари Ислом (с) муҳаббати амалӣ ба эшон ва анҷоми дастури Қуръон аст», сайти Шафақно, санаи дарҷи матлаб: 17 даймоҳи 1393ҳ.ш., санаи боздид: 12 даймоҳи 1397ҳ.ш.
  • «Дар мактаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, ҷ.25, ҷашни Мелоди Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам», сайти Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, мушоҳида 27 меҳри 1400ҳ.ш.
  • «Идул-мавлидин-набавӣ-л-шариф», санаи боздид: 20 даймоҳи 1397ҳ.ш.
  • «Кишварҳои арабӣ Мелоди Пайғамбар (с)-ро чӣ гуна ҷашн мегиранд?», хабаргузории Икно, санаи нашр: 5 даймоҳи 1394ҳ.ш., санаи боздид: 30 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Мавлид-ун-набӣ», сайти бавобатул-азҳар, санаи дарҷи матлаб: 19 ноябри 2018, санаи боздид: 12 даймоҳи 1397ҳ.ш.
  • Holidays.
  • Public Holidays in Pakistan 2018.
  • Time.ir.
  • Аддавиш, Аҳмад ибни Абдурразоқ, Фатово-л-луҷнат-ид-доима, Риёз, Риёсату идорат-ил-буҳус-ил-ъилмияти ва-л-ифтоъ, бе то.
  • Баҳрақ, Муҳаммад ибни Умар, Ҳадоиқ-ул-анвор ва матолиъ-ул-асрор фи сират-ин-набий-л-мухтор, таҳқиқи Муҳаммад Ғассоқ Насуҳ Азқул, Ҷадда, Доруминҳоҷ, 1419ҳ.қ.
  • Дабирӣ, Ҷашни Мелоди Расулуллоҳ (с), китобхонаи ақида, 1437ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ./1986м.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1378ҳ.ш.
  • Каримии Салимӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, «Ҷашну сурур дар Мелоди Пайғамбари гиромӣ (с) аз дидгоҳи Қуръон ва суннат», маҷаллаи Каломи исломӣ, шумораи 69, баҳори 1388ҳ.ш.
  • Қодирӣ, Муҳаммадтоҳир, Киё мелод-ун-набӣ маноно бидъат-ҳе, Лоҳур, минҳоҷ-ул-Қуръон, 2008м.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Мавоъиз ва-л-эътибор би зикр-ил-хутати ва-л-осор, ҳавошии Халил ал-Мансур, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1418ҳ.қ./1998м.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ас-Сулук ли маърифати дувал-ил-мулук, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1418ҳ.қ./1997м.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-набии мин-ал-аҳволи ва-л-маволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқ: Муҳаммад Абдулҳамид Намисӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқ: Асъад Доғир, Қум, Дор-ул-ҳиҷра, чопи дуввум, 1409ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуввум, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Олир-Расул, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Сайид Ҳошими Расулӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи дуввум, 1404ҳ.қ.
  • Олишшайх, Уюн-ур-расоил ва-л-аҷвибат ала-л-масоил, муҳаққиқ: Ҳусайн Муҳаммад Баво, Риёз, бе то.
  • Омилӣ, Сайидҷаъфар Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, муассисаи илмӣ ва фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1385ҳ.ш./1426ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, ал-Иқболу би-л-аъмол-ил-ҳасана, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи дуввум, 1409ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фурӯғи абадият, Қум, Бӯстони китоб, 1380ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид ва силоҳ-ул-мутаъаббид, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-исломия, бе то.
  • Шаҳота, Муҳаммад Сақр, ал-Мавлид-ун-набавӣ.. ҳал наҳтафил?, Искандария, Дор-ул-хулафо-ир-рошидин, бе то.