Қатли Ҳобил

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Кушта шудани Ҳобил)
Тасвири минётурии саргардонии Қобил барои пинҳон кардани ҷасади Ҳобил дар дастнависи (нигориш: асри 10ҳ.қ.) «Китоби Қасас-ул-анбиё»-и Нишобурӣ.[1]

Қатли Ҳобил яке аз қиссаҳои Қуръон аст, ки ба кушта шудани яке аз ду писари Одам аз ҷониби писари дигараш ишора мекунад.

Дар манобеъи динӣ ин куштор нахустин куштори инсонӣ дар сайёра маҳсуб мешавад ва гуфта мешавад, ки Қобил ба ҷонишинии Ҳобил ба унвони васийи Одам (а) эътироз кардааст ва барои поён додан ба ин низоъ ҷониби Худованд ваҳй омад, ки ҳаркадомашон ба даргоҳи Худо як қурбонӣ биёрад. Тибқи ривоятҳо, қурбонии Қобилро Худо қабул накард.

Аз ин рӯ, ҳангоми таъйини ҷонишини ҳазрати Одам, Қобил ба Ҳобил ҳасад бурда, ӯро кушт. Тибқи ояти 31-и сураи Моида, Худованд ба василаи зоғе, равиши дафн кардани Ҳобилро ба Қобил ёд додааст.

Аввалин қатл дар замин

Қатли Ҳобилро нахустин қатл дар сайёраи замин донистаанд.[2] Оёти 27 то 31-и сураи Моида ба моҷарои қатли Ҳобил пардохтааст. Худованд дар ин оёти ингуна баён мекунад, ки ду писари ҳазрати Одам, барои тақарруб ба Худо, амале анҷом доданд, ки аз якто қабул шуд ва аз дигаре қабул нашуд. Бародаре, ки амалаш қабул нашуда буд, он дигарро ба куштан таҳдид кард ва қасам хӯрд, ки ӯро бикушад, саранҷом ӯро кушт.[3] Бинобар гуфтаи муфассирон, номи бародаре, ки муртакиби қатл шуд, Қобил ва касе ки кушта шуд, Ҳобил буд.[4]

Ангеза ва сабабҳои куштан

Дар аҳодис, иллати қатли Ҳобил, ҳасодати бародараш ба ӯ бар сари моҷарои таъйини ҷонишини ҳазрати Одам (а) муаррифӣ шудааст.[5] Ба гуфтаи бархе пажӯҳишгарон, вақте Худованд ба ҳазрати Одам (а) чунин ваҳй кард, ки исми аъзамро ба Ҳобил ба унвони васии баъдӣ бигӯяд, Қобил эътироз кард; чароки фарзанди калонтар буд ва эътиқод дошт ҷонишинӣ ва висоят бояд барои ӯ бошад; аз тарафи дигар, салиқаи шахсӣ ва алоқаи ҳазрати Одам (а) ба Ҳобилро далели интихоб медонист, на фармони Худованд; ба ҳамин далел барои поён ёфтани ин низоъ ваҳй омад, ки ҳар яктои онҳо ба даргоҳи Худо қурбонӣ оваранд.[6]

Тафсилоти қурбонии Ҳобил ва Қобил

Тибқи ривоятҳо, Қобил деҳқон буд ва яке аз зироатҳои бадтарини худ ва Ҳобил, ки чорво дошт, яке аз беҳтарин гӯсфандонро барои қурбонӣ оварданд. Оташ гирифтани қурбонӣ нишонаи қабули он назди Худо буд ва ба ин тартиб, қурбонии Ҳобил қабул шуд, аммо қурбонии Қобил қабул нашуд.[7]

Ҳасад, сабаби қатли Ҳобил

Бар пояи аҳодиси исломӣ, баъд аз қабул шудани қурбонии Ҳобил, Қобил ба ӯ ҳасад кард ва савганд хӯрд, ки Ҳобилро мекушад.[8] Бинобар оёти Қуръон, Ҳобил зимни ишора ба тақвои Илоҳӣ ва инки Худованд қурбонии аҳли тақворо қабул мекунад, хитоб ба Қобил гуфт, агар ту қасди куштани маро дошта бошӣ, ман ҳаргиз иқдом ба куштани ту намекунам ва муртакиби ин гуноҳ намешавам; ҳамчунин ба Қобил ҳушдор дод агар муртакиби қатл шавад, дар зумраи ситамгарон хоҳад буд ва мустаҳаққи ҷаҳаннам аст.[9] Бинобар нақли Таърихи Табарӣ (таълиф.303ҳ.қ.), замоне, ки Ҳобил барои чарондани гӯсфандони худ ба кӯҳе рафта буд, дар ҳоле ки машғули истироҳат буд, мавриди ҳамлаи Қобил қарор гирифт ва бо партоби санге ба сараш кушта шуд.[10]

Бархе далели ҳасодат ва арзаи қурбонӣ ба Худоро ҳамсаргузинӣ барои ду бародар баён кардаанд ва чунин гуфтаанд, ки Ҳобил ба фармоне ки Худо ба Одам (а) дода буд, маъмур ба издивоҷ бо хоҳари дугоники Қобил шуд; Қобил ҳам муваззаф шуд бо хоҳари дугоники Ҳобил издивоҷ кунад. Қобил ба сабаби онки хоҳараш зеботар аз хоҳари Ҳобил буд, ба дастури падараш эътироз кард; ба дунболи он, Худованд дастур дод ду бародар қурбонӣ арза кунанд, то қурбонии ҳаркас қабул шуд бо хоҳари Қобил издивоҷ кунад ва чун қурбонии Ҳобил қабул шуд, қобил ба ӯ ҳасад кард ва бо зарбаи санге ӯро кушт.[11]

Моҷарои арзаи қурбонии Ҳобилу Қобил ба даргоҳи Худо ва қатли Ҳобил, дар Таврот низ омадааст.[12]

Дафни Ҳобил

Ба гузориши Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ - таърихнигори қарни сеюми қамарӣ, ҷасади Ҳобил ба далели дармондагии Қобил аз наҳваи пинҳон кардани он ва надонистан аз чигунагии дафни ҷасади инсон, дар маърази хатари дарида шудан тавассути ҳайвоноти даранда қарор гирифт.[13] Бинобар ояти 31-и сураи Моида, Қобил барои онки дафн кардани ҷасадро фаро бигирад, Худованд зоғеро фиристод, ки хокҳои заминро канор занад ва бо пинҳон кардани ҷасади бе ҷони зоғи дигар ё бо пинҳон кардани қисмате аз туъмаи худ, ба Қобил нишон диҳад, ки чигуна ҷасади бародари худро ба хок супорад.[14]

Дафни Ҳобил дар шеъри форсӣ

Мавлавӣ дар китоби Маснавии маънавӣ дар бахше бо унвони «омухтани пешаи гӯркании Қобил аз зоғ пеш аз онки дар олами илми гурканӣ ва гӯр буд» ба моҷарои чигунагии дафни ҷасади Ҳобил тавассути Қобил пардохтааст; бахше аз ин байтҳо иборатанд аз:

Кандани гӯре, ки камтар пеша буд

Кай зи фикру ҳилаю андеша буд

Гар будӣ ин фаҳм мар Қобилро

Кай ниҳодӣ бар сари ӯ Ҳобилро

Ки куҷо ғоиб кунам ин куштаро

Ин ба хуну хок дароғиштаро[15]

Мавлавӣ дар идома ишора мекунад, ки як зоғ равиши дафн карданро ба Қобил омухт:

Дид зоғе зоғи мурда дар даҳон

Баргирифта тез меомад чунон

Аз ҳаво зер омаду шуд ӯ ба фан

Аз пайи таълим ӯро гӯркан[16]

Эзоҳ

  1. Нишобурӣ, Қасас-ул-анбиё, нусхаи хаттӣ.
  2. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.345.
  3. Ниг.: сураи Моида, оёти 27 - 31.
  4. Шайх Тусӣ, ат-Тибён, бе то, ҷ.3, саҳ.492; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.315; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.348.
  5. Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.312.
  6. Содиқии Фадакӣ, Иртидод; бозгашт ба торикӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.270.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.113.
  8. Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.312.
  9. Сураи Моида, ояти 29.
  10. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.138.
  11. Тусӣ, ат-Тибён, бе то, ҷ.3, саҳ.493; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.138.
  12. Таврот, китоби таквин, боби 4, ояти 3 - 8.
  13. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.86.
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.351.
  15. Мавлавӣ, Маснавии маънавӣ, дафтари чаҳорум, абёти 1301 то 1303.
  16. Мавлавӣ, Маснавии маънавӣ, дафтари чаҳорум, абёти 1303 ва 1304.

Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, ат-Тафсир (Тафсир-ул-Айёшӣ) таҳқиқ: Ҳошими Расулӣ, чопи аввал, Теҳрон, Мактабатул-илмийятил-исломия, 1380ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Мавлавӣ, Ҷалолиддин Муҳаммад, Маснавии маънавӣ, Теҳрон, интишороти Пажӯҳиш, 1371ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Нишобурӣ, Абуисҳоқ, Қасас-ул-анбиё (нусхаи хаттӣ).
  • Содиқии Фадакӣ, Ҷаъфар, Иртидод, бозгашт ба торикӣ; нигарише ба мавзӯи иртидод аз нигоҳи Қуръони Карим, чопи аввал, Қум, Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1388ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, чопи дувум, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, чопи дувум, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, ‏ 1390ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.