Маҳаллаи Банӣ Ҳошим

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Кучаи Банӣ Ҳошим)
Тасвире мансуб ба хонаи Имом Содиқ (а) дар маҳаллаи Банӣ Ҳошим[1]

Маҳаллаи Банӣ Ҳошим (форсӣ:مَحلّه بَنی‌هاشم), ҷои зиндагии Банӣ Ҳошим дар Мадина, ки байни Масҷидун-набӣ то қабристони Бақиъ ҷойгир буд. Хонаи Имом Саҷҷод (а) ва Имом Содиқ (а) дар ҳамин маҳалла воқеъ шуда буд.

Дар оини сӯгворӣ ва азодории шиаён, аз ин маҳалла ва кӯчаҳои он, ба хотири воқеаи Кӯчаи Банӣ Ҳошим, ки сабаби шаҳодати ҳазрати Заҳро (с) шуд, ёд мешавад.

Боқимондаҳои ин маҳалла то соли 1985 вуҷуд дошт, аммо ба дасти ваҳҳобиён тахриб шуд.

Ҷойгиршавӣ

Маҳаллаи Банӣ Ҳошим, хонаҳо ва кӯчаҳое дар рӯбарӯи Боби Ҷабраил ва Бобул-нисои Масҷидун-набӣ буд, ки то қабристони Бақиъ идома дошт.[2] Хонаи Имом Саҷҷод (а)[3] ва Имом Содиқ (а)[4] ва Абуайюби Ансорӣ, ки Пайғамбар (с) пас аз ҳиҷрат ба Мадина, ҳафт моҳ дар он зиндагӣ кард,[5] дар ҳамин маҳалла ҷойгир буд. Дар манобеи шиа хондани намоз дар хонаи Имом Саҷҷод (а) ва Имом Содиқ (а) супориш шудааст.[6]

Тағирот

Яке аз аввалин тағироте, ки дар маҳаллаи Банӣ Ҳошим ба вуқӯъ пайваст, ба соли 91-и қамарӣ марбут буд, ки бо фармони Валид ибни Абдулмалик - халифаи Умавӣ, хонаҳои Пайғамбар (с) ба хотири васеъкунонии Масҷидул-набӣ тахриб шуд. Ин кор бо вокуниши манфии мардуми Мадина рӯбарӯ шуд. Сабаби ғамгинии мардум ин буд, ки мехостанд осори Пайғамбар (с) дар миёни онҳо ҳифз шавад, то наслҳои оянда бидонанд, ки ӯ чӣ андоза сода зиндагӣ мекардааст.[7]

Дар солҳои 1985 то 1987, маҳаллаи Банӣ Ҳошим аз ҷониби Оли Сауд комилан хароб карда шуд ва фазои он то қабристони Бақиъ ба нақшаи васеъкунонӣ ва рушди ҳавлиҳои Масҷидун-набӣ дохил карда шуд.[8] То қабл аз тахриби комил, хонаи Имом Саҷҷод (а) ва хонаи Имом Содиқ (а) маъруф будааст.[9]

Воқеаи Кӯчаи Банӣ Ҳошим

Мақолаи аслӣ: Воқеаи Кӯчаи Банӣ Ҳошим

Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, пас аз баҳс ва мунозираи Абубакр ва ҳазрати Фотима (с) дар бораи Фадак, Фотима (с) назди Абубакр баргашт, Абубакр дар коғазе баргардондани Фадакро барои Фотима (с) навишт. Пас аз баромадани Фотима (с) аз назди Абубакр, Умар ибни Хаттоб ӯро дар кӯча дид ва баъд аз насупоридани санади Фадак ба Умар, Умар ҳазрати Фотимаро латукӯб кард ва шаҳодатномаи Фадакро аз дасташ бо зӯр гирифту пора кард. Дар пайи ин ҳодиса ҳазрати Заҳро (с) бистарӣ шуда, 75 рӯз баъд ба шаҳодат расид.[10]

Дар солҳои ахир, ҳамзамон бо айёми Фотимия, дар бархе шаҳрҳои Эрон ҳамчун Қум ва Теҳрон, намоишгоҳҳо ва макетҳое аз маҳаллаи Банӣ Ҳошим ва хонаи ҳазрати Заҳро сохта мешавад ва мавриди боздиди умумӣ қарор мегирад.[11]

Эзоҳ

  1. Кӯчаи Банӣ Ҳошим ва маҳалли пора шудани қиболаи Фадак, хабаргузории АБНО.
  2. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1386ҳ.ш., саҳ.229.
  3. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1386ҳ.ш., саҳ.406.
  4. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1386ҳ.ш., саҳ.234 ва 406.
  5. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1386ҳ.ш., саҳ.406 ва 407.
  6. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.97, саҳ.225.
  7. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1386ҳ.ш., саҳ.298.
  8. Қоидон, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, 1386ҳ.ш., саҳ.229; Файзи Гелонӣ, “Шуниданиҳои сафари ҳаҷ”, саҳ.158.
  9. Файзи Гелонӣ, “Шуниданиҳои сафари ҳаҷ”, саҳ.158.
  10. Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.185.
  11. Намоишгоҳи Кӯчаҳои Банӣ Ҳошим, хабаргузории Меҳр; намоиши кӯчаҳои Банӣ Ҳошим, хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ.

Сарчашма

  • Кӯчаи Банӣ Ҳошим ва маҳалли пора шудани қиболаи Фадак», хабаргузории АБНО, таърихи дарҷи матлаб: 24 фарвардини 1392ҳ.ш.
  • Қоидон, Асғар, Таърих ва осори исломии Макка ва Мадина, Теҳрон, нашри Машъар, 1386ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Намоишгоҳи кӯчаҳои Банӣ Ҳошим», хабаргузории Меҳр, таърихи дарҷи матлаб: 25 исфанди 1392ҳ.ш.
  • Намоиши кӯчаҳои Банӣ Ҳошим», хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, таърихи дарҷи матлаб: 10 фарвардини 1393ҳ.ш.
  • Файзи Гелонӣ, Муҳаммадалӣ, “Шуниданиҳои сафари ҳаҷ”, маҷаллаи Миқоти ҳаҷ, № 48, тобистони 1383ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Осори исломии Макка ва Мадина, Теҳрон, нашри Машъар, чопи ҳаштум, 1386ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.