Кутуби арбаа

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Кутуби арбаъаи шиа)
Кутуби арбаа

Кутуби арбаа (арабӣ: الكتب الأربعة) ё усули арбаа (арабӣ: الأصول الأربعة) чор китоби ҳадисие аст, ки шиаён онҳоро муътабартарин манобеи ҳадисии худ медонанд. Кутуби арбаа иборатанд аз: ал-Кофӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Таҳзиб-ул-аҳком ва ал-Истибсор. Китоби "Кофӣ" навиштаи Кулайнӣ ва "Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ" таълифи Шайхи Садуқ аст. "Таҳзиб-ул-аҳком" ва "Истибсор"-ро ҳам Шайхи Тӯсӣ нигоштааст.

Нахустин бор Шаҳиди Сонӣ дар як иҷозаи ривоят аз истилоҳи кутуби арбаа барои ишора ба ин чаҳор китоб истифода кард. Пас аз он ин истилоҳ дар мутуни фиқҳӣ ба кор рафт ва ба тадриҷ ривоҷ ёфт. Бархе аз уламои шиа ҳамаи аҳодиси кутуби арбааро муътабар медонанд, аммо бештари онҳо он даста аз аҳодиси онҳоро мепазиранд, ки ё мутавотир ё дорои санади муътабаре бошад.

Ҷойгоҳ

Шиаён, чаҳор китоби Кофӣ, Таҳзиб, Истибсор ва Ман ло яҳзуруро муътабартарин манобеи ҳадисии худ медонанд ва аз онҳо бо унвони «Кутуби арбаъа» (китобҳои чаҳоргона) ёд мекунанд,[1] албатта бештари уламои шиа, амал ба ҳамаи ривоёти ин китобҳоро воҷиб намедонанд ва барои амал ба онҳо санадҳо ва далолатҳои ривоётро баррасӣ мекунанд.[2]

Пешинаи истилоҳ

Шаҳиди Сонӣ нахустин олиме аст, ки истилоҳи кутуби арбааро барои ин чаҳор китоб ба кор бурдааст. Ӯ дар соли 950 қамарӣ, дар иҷозати ривоятӣ, истилоҳи «кутуб-ул-ҳадис-ил-арбаъа»-ро ба кор бурд. Сипас дар чанд иҷозаи ривояти дигар аз ин иборат ва иборати «ал-кутуб-ул-арбаа» истифода кард.[3]

Ҳудудан се даҳа баъд аз ин таърих, Муҳаққиқи Ардабилӣ ин истилоҳро дар китоби фиқҳии худ, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон, ки оғози нигориши он соли 977 қамарӣ ва поёни он 985 қамарӣ, буд ба кор бурд ва ба ин тартиб ин истилоҳ аз фазои ҳадисӣ ба кутуби фиқҳӣ низ роҳ ёфт. Пас аз он ба тартиб дар китобҳои Зубдат-ул-баён (навишташуда дар 989ҳ.қ.), Мунтақо-л-ҷумон (навишта шуда дар 1006ҳ.қ.) ва ал-Вофия (навишташуда дар 1059ҳ.қ.) ба кор рафт.[4]

Эътибори кутуби арбаа

Фуқаҳои шиа, эътибори куллии кутуби арбааро пазируфтаанд. Шайхи Ансорӣ баид надониста, ки бовар ба эътибори кутуби маъруф аз ҷумла ин китобҳо, аз заруриёти мазҳаб бошад.[5] Бо ин ҳол, дар миёни олимони шиа, дар бораи қатъият ё адами қатъияти судур ва пас аз он дар бораи эътибор ва сиҳҳати тамоми ривоёт ихтилоф аст. Дар ин бора метавон ба се дидгоҳ ишора кард:

  • Қатъияти судур ва эътибори тамоми ривоёт: ахбориён, тамоми ривоёти кутуби арбаъаро муътабар дониста ва интисоби ҳамаи ривоёти ин кутубро ба маъсумон қатъӣ медонанд.[6] Дидгоҳи Сайиди Муртазо ба назари ахбориён наздик аст. Ӯ аксари ахбори ин китобҳоро мутавотир ё қатъиюссудур медонад.[7]
  • Сиҳҳати ҳамаи ривоёт ва адами қатъият: бархе аз фуқаҳо монанди Фозили Тунӣ қатъияти ҳамаи ривоёти кутуби арбааро напазируфтаанд, аммо ба эътибори ривоёти он раъй додаанд.[8]
  • Заннӣ будани аксар ва ҳуҷҷияти мавсуқуссанадҳо: раъйи роиҷи фақиҳони усулии шиа ин аст, ки ғайр аз ахбори маъдуди мутавотир, дигар ахбори китоби Кофӣ заннианд ва танҳо он даста, ки аз назари санад воҷиди шароити эътиборанд, ҳуҷҷатанд. Агарчӣ дар бораи шароити эътибори хабар ихтилоф аст.[9]

ал-Кофӣ

Мақолаи аслӣ: ал-Кофӣ

Китоби "Кофӣ"-ро Шайх Абуҷаъфари Кулайнӣ (ваф. 329ҳ.қ.) дар замони ғайбати суғро навиштааст.[10] Китоб шомили ҳудуди 16000 ҳадис аст ва се бахши куллӣ дорад: усул, фуруъ ва равза.[11] Усули Кофӣ аҳодиси ақидатиро дар бар мегирад, фуруи Кофӣ ба ривоёти фиқҳӣ мепардозад, равзаи Кофӣ ҳам шомили маҷмуае аз аҳодиси мутафарриқа аст.[12]

Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ

Мақолаи аслӣ: Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ

Ин китоб навиштаи Шайхи Садуқ (ваф. 381ҳ.қ.) аст. Ҳудуди 6000 ҳадисро шомил мешавад ки мавзӯи онҳо мабоҳиси фиқҳӣ ва аҳкоми амалист. Шайхи Садуқ дар ин китоб, аҳодисиро оварда ки саҳиҳ медониста ва худ бар асоси онҳо фатво медодааст.[13]

Таҳзиб-ул-аҳком

Мақолаи аслӣ: Таҳзиб-ул-аҳком

Таҳзиб-ул-аҳком навиштаи Шайхи Тӯсӣ (ваф. 460ҳ.қ.) аст. Ин китоб 393 бахш ва 13590 ҳадис дорад ва мавзуи он фиқҳ аст. Шайхи Тӯсӣ ин китобро дар шарҳ ва тавзеҳи ал-Муқниа асари Шайхи Муфид ва ба дастури ӯ нигоштааст.[14]

ал-Истибсор фи махталафа мин-ал-ахбор

Мақолаи аслӣ: ал-Истибсор фи махталафа мин-ал-ахбор

Шайхи Тӯсӣ ин китобро пас аз Таҳзиб-ул-аҳком ва ба тақозои бархе аз шогирдонаш навиштааст. Ӯ дар ин китоб танҳо ривоёти мутаориз дар мабоҳиси гуногуни фиқҳиро ҷамъ кардааст. Ба ин ҷиҳат, китоб шомили ҳамаи мабоҳиси фиқҳӣ нест.[15]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.383 - 384.
  2. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.383 - 384.
  3. Боқирӣ, “Чаҳор китоби ҳадисии имомия ва ривоҷи истилоҳи “ал-кутуб-ул-арбаа”: нақде бар дидгоҳи Андру Нюман", сомонаи Тумори андеша.
  4. Боқирӣ, “Чаҳор китоби ҳадисии имомия ва ривоҷи истилоҳи “ал-кутуб-ул-арбаа”: нақде бар дидгоҳи Андру Нюман", сомонаи Тумори андеша.
  5. Ниг.: Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239.
  6. Астарободӣ, ал-Фавоид-ул-мадания, саҳ.112; ал-Каракӣ, Ҳидоят-ул-аброр, 1396ҳ.қ., саҳ.17.
  7. Ба нақл аз Ҳасани Омилӣ, Маолим-ул-усул, саҳ.157.
  8. Фозили Тунӣ, ал-Вофия фи усул-ил-фиқҳ, 1415ҳ.қ., саҳ.166
  9. Сайид Абулқосими Хуӣ, Мӯъҷаму риҷол-ил-ҳадис, ҷ.1, саҳ.87–97.
  10. Мудир Шоначӣ, Илм-ул-ҳадис, 1381ҳ.ш., 96
  11. Мудир Шоначӣ, Илм-ул-ҳадис, 1381ҳ.ш., 96 ва 97
  12. Мудир Шоначӣ, Илм-ул-ҳадис, 1381ҳ.ш., 96 ва 97.
  13. Ниг.: Мудир Шоначӣ, Таърихи ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.130 ва 135
  14. Ниг.: Мудир Шоначӣ, Таърихи ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.138 ва 140
  15. Ниг.: Мудир Шоначӣ, Таърихи ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.148 ва 150

Сарчашма

  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-китоби ва-с-суннати ва-л-адаб, Қум, маркази ал-Ғадир лиддеросотилисломия, 1416ҳ.қ./1995м.
  • Ансорӣ, Муртазо, Фароид-ул-усул, Қум, маҷмаъи ал-Фикрулисломӣ, 1428ҳ.қ.
  • Астарободӣ, Муҳаммадамин ибни Муҳаммадшариф, ал-Фавоид-ул-мадания, Табрез, бе но, 1321ҳ.қ.
  • Боқирӣ, Ҳамид, “Чаҳор китоби ҳадисии имомия ва ривоҷи истилоҳи “ал-кутуб-ул-арбаъа”: нақде бар дидгоҳи Андру Нюман”, вебгоҳи Тумори андеша, дидашуда дар 16 дайи 1402ҳ.ш.
  • Каракӣ, Ҳусайн Ибни Шаҳобиддин, Ҳидоят-ул-аброр ило тариқ-ил-аиммат-ил-атҳор, таҳқиқи Рауф Ҷамолиддин, Наҷаф, муассисаи эҳё-ил-эҳё, 1396ҳ.қ.
  • Мудир Шоначӣ, Козим, Илм-ул-ҳадис, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи шонздаҳум, 1381ҳ.ш.
  • Мудир Шоначӣ, Козим, Таърихи ҳадис, Теҳрон, интишороти самт, 1377ҳ.ш.
  • Фозили Тунӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Вофия фи усул-ил-фиқҳ, таҳқиқи Разавии Кашмирӣ, Қум, маҷмаъи ал-Фикрулисломӣ, 1415ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис ва тафсилу табақот-ир-рувот, Қум, маркази нашр-ус-сақофат-ил-исломия фи-л-олам, 1372ҳ.ш.