Феҳристи кунияҳо ва лақабҳои ҳазрати Фотима (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Кунияҳои Фотимаи Заҳро)

Феҳристи кунияҳо ва лақабҳои ҳазрати Фотима (а) Ин мақола дар бораи феҳристи кунияҳо ва лақабҳои ҳазрати Фотима аст. Барои ошноӣ бо ҳазрати Фотима, ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳоро бибинед.

Қитъаи хушнивисӣ: Туффоҳатулфирдавс (тарҷума: себи биҳиштӣ) яке аз лақабҳои ҳазрати Фотима (а); ба хати девонӣ, асари Аднон.

Феҳристи кунияҳо ва лақабҳои ҳазрати Фотима (а) маҷмӯаи лақабҳо ва кунияҳое аст, ки дар ривоёт ва зиёратномаҳо, барои ишора ба ҳазрати Фотима (а) истифода шудааст. Заҳро, Батул, Саййидату нисоилъоламин ва Кавсар лақаб, ва Уммуабиҳо кунияи машҳури ӯст.

Номҳо

Фотима (аз решаи фатама) ба маънои ҷудо кардан ва буридани чизе аз чизи дигар аст ва дар ривоёт чанд иллат барои номидани ҳазрати Фотима (с) ба ин ном гуфта шудааст. [Ёддошт 1] Аз Имом Содиқ (а) ривоят шудааст: «Фотима (с) дар назди Худованд 9 исм дорад: Фотима, Сиддиқа, Муборака, Тоҳира, Закия, Розия, Марзия, Муҳаддаса ва Заҳро»[1] ба назар мерасад, мурод аз ном дар ин ривоят, аъам аз ному лақаб бошад.

Кунияҳо

Маноқиби ибни Шаҳрошӯб чанд куния барои ҳазрати Фотима (с) зикр кардааст:[2]

Уммулҳасан Уммулҳусайн Уммулмуҳсин Уммулаимма Уммуабиҳо

Лақабҳо

Дар манобеи ҳадисӣ ва зиёрот, лақабҳои мутааддиде барои ҳазрати Фотима (с) шуморида шудааст:[3]

Шумора лақаб маъно
1 Заҳро дурахшону нуронӣ
2 Азро покдоман
3 Маъсума масун аз гуноҳ
4 Ҳавроулинсия ҳурияе ба чеҳари инсон
5 Ҳурра озод
6 Муборака пурбаракат
7 Батул ҷудо ва мумтоз аз дигарон, бурида аз мардум ва мутаваҷҷеҳ ба сӯи Худо, зане, ки одати моҳиёна набинад [Ёддошт 2]
8 Тоҳира пок
9 Ҳассон покдоман, зани порсо ва боиффат
10 Закия покиза (аз зиштиҳои ахлоқӣ)
11 Марями кубро Марями бузург
12 Розия хушнуд (ба тақдири Илоҳӣ)
13 Сиддиқа бисёр ростгӯй
14 Марзия касе ки Худо аз ӯ розӣ ва хушнуд аст
15 Нурия нуронӣ
16 Разия мавриди ризояту хушнудӣ
17 Самовия бонуи осмонӣ
18 Сайидату нисоилъоламин сарвари занони ҷаҳон
19 Ҳония бисёр меҳрубон
20 Мансура ёришуда
21 Муҳаддаса касе ки фариштагон бо ӯ сухан гӯянд
22 Зоҳида порсо
23 Тайиба нек, зулол, пок
24 Уммуабиҳо модари падараш [Ёддошт 3]
25 Тақия парҳезкор
26 Барра некӯкор
27 Мутаҳҳара пок
28 Шаҳида бонуи шаҳид
29 Содиқа ростгӯ
30 Рашида фаҳмида ва хирадманд
31 Фозила бофазилат
32 Нақия холису ноб
33 Олима доно
34 Маҳдия ҳидоятёфта
35 Сафия софу холис
36 Обида ибодаткунанда
37 Мутаҳаҷҷида шабзиндадор
38 Қонита пайваста дар ҳоли итоат аз Худо

Дар бархе манобеи мутааххир лақабҳои дигаре низ барои ҳазрати Фотима (с) зикр шудааст аз ҷумла:

Сайида, Мусаллия, Қоима, Шоҳида, Соима, Валия, Зокия, Салима, Ҳалима, Ҳабиба, Ҷамила, Ҳафифа, Солеҳа, Муслеҳа, Сабиҳа, Муҳаммада, Насиба, Муҷиба, Шарифа, Мукаррама, Олима, Фотиҳа, Мунъима, Доия, Муаллама, Шофиа, Мушфиқа, Ҷоҳида, Носиҳа, Муҷтаҳида, Роқия, Носия, Ҳозира, Вофия.[4] Кавсар низ яке дигар аз лақабҳои ҳазрати Заҳро аст, ки аз сураи Кавсаргирифта шудааст.[5] Аҳмад Раҳмонии Ҳамадонӣ (зодаи 1314ҳ.ш.) дар китоби Фотимат-уз-Заҳро баҳҷату қалб-ил-Мустафо аз китоби «Зайнаб-ул-Кубро»-и Нақдӣ, «Хасоис-ул-Зайнабия»-и Ҷазоирӣ, девони «ал-Анвор-ул-қудсия»-и Муҳаммадҳусайн Ғаравии Исфаҳонӣ ва «Ақилат-ул-ваҳй»-и Сайид Абдулҳусайни Шарафиддин, 49 лақаб барои ҳазрати Фотима (с) нақл кардааст.[6]

Ҷусторҳои вобаста

Феҳристи кунияҳо ва лақабҳои Пайғамбар (с)

Феҳристи кунияҳо ва лақабҳои Имом Алӣ (а)

Феҳристи кунияҳо ва лақабҳои Имом Ҳасани Муҷтабо (а)

Эзоҳ

  1. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1363ҳ.ш., ҷ.43, саҳ.10.
  2. Ибни Шаҳрошӯб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.357.
  3. Ибни Шаҳрошӯб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.357; Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, фи зиёрат ас-Сайидат-уз-Заҳро, 1417ҳ.қ., саҳ.112.
  4. Ансории Занҷонӣ, ал-Мавсуъат-ул-кубро, 1428ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.346 ба нақл аз Муҳаммад ал-Амин, ал-Фотимийя фи зикри асмои Фотима алайҳассалом.
  5. Ансории Занҷонӣ, ал-Мавсуъат-ул-кубро, 1428ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.25.
  6. Раҳмонии Ҳамадонӣ, Фотимат-уз-Заҳроъ баҳҷату қалб-ил-Мустафо (с), 1378ҳ.ш, 636 - 637.

Ёддошт

Сарчашма

  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Маноқиб, Қум, нашри Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Қум, Разӣ, 1421ҳ.қ.
  • Ансории Занҷонӣ, Исмоил, ал-Мавсуъат-ул-кубро ан Фотимат-из-Заҳро саломуллоҳи алайҳо, Қум, Далели мо, 1428ҳ.қ.
  • Раҳмонии Ҳамадонӣ, Аҳмад, Фотимат-уз-Заҳроъ саломуллоҳи алайҳо баҳҷату қалб-ил-Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи, Теҳрон, Маркази фарҳангии интишоротии мунир, 1378ҳ.ш.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол-ул-аъмол, таҳқиқи Ҳусайн ал-Аъламӣ, Бейрут, Муассисатул-аъламӣ лилматбуъот, 1417ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Теҳрон, Исломия, чопи дувум, 1363ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found