Кофири зиммӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Кофири китобӣ)
Рисолаи амалия
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Кофири зиммӣ он даста аз аҳли китоб ҳастанд, ки дар кишвари исломӣ зиндагӣ мекунанд ва тибқи аҳкоми Ислом, бояд ҷизя бидиҳанд.

Бар асоси шариъати Ислом, кофирони зиммӣ барои зиндагӣ дар сарзамини исломӣ ва бархӯрдорӣ аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ бояд бо ҳокими исломӣ шартномаи зимма имзо кунанд. Манзур аз аҳли китоб яҳудиён, насрониён ва зартуштиён ҳастанд.

Тибқи фатвои фақеҳон, аҳли китоб дар шартномаи зимма бояд ба ин мавридҳо тааҳҳуд диҳанд: ҷизя додан, ҷанг накардан бо мусулмонон ва ёрӣ накардан ба душманонашон, озор нарасондан ба мусулмонон (бо корҳое монанди дуздию ҷосусӣ барои душманон), муҳаррамоти исломиро ошкоро анҷом надодан, насохтани маъбад монанди калисо ва ноқус назадан, иҷрои аҳкоми исломӣ бар онҳо.

Ҳукумати исломӣ бошад, дар иваз, моликияти онҳо бар молу мулкашонро ба расмият мешиносад ва аз ҳуқуқашон дар ҷомеаи исломӣ ҳимоят мекунад.

Таърифи фиқҳӣ ва мисдоқҳо

Кофири зиммӣ дар муқобили кофири ҳарбӣ, ба он даста аз аҳли китоб гуфта мешавад, ки дар сарзаминҳои исломӣ зиндагӣ мекунанд ва бо ҳокими исломӣ қарордоди «зимма» бастаанд.[1] Зимма қарордоде аст, ки дар он, аҳли китоб иҷоза пайдо мекунанд дар ивази пардохти ҷизя, бар дини худ боқӣ бимонанд ва дар амони ҳукумати исломӣ бошанд.[2]

Фақеҳон, пайравони адёни яҳудият, масеҳият ва зартуштиро аҳли китоб маҳсуб мекунанд.[3]

Муқаррароти шартномаи зимма

Ба фатвои фақеҳон, дар қарордоди зимма, аҳли китоб бояд ба шаш чиз пойбанд бошанд: пардохти ҷизя, адами ҷанг бо мусулмонон ва кумак ба душманонашон, озор нарасондан ба мусулмонон (бо корҳое мисли дуздӣ ва ҷосусӣ барои душманон), тазоҳур накардан ба муҳаррамоти исломӣ, адами эҳдоси маъбад монанди калисо ва ноқус назадан, иҷрои аҳкоми исломӣ бар онҳо.[4] Дар муқобил, давлати исломӣ иҷоза медиҳад бар динашон боқӣ бимонанд, дар сарзамини исломӣ зиндагӣ кунанд ва масуният дошта бошанд.[5]

Имрӯза, бо тавваҷуҳ ба мафҳуми ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар қавонини кишварҳо, қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон нисбат ба қарордоди зимма маскут аст ва ин қарордод иҷро намешавад.[6]

Аҳкоми фиқҳӣ

Бархе аз аҳкоми марбут ба кофири зиммӣ ба шарҳи зер аст:

  • Кофири зиммӣ ҳақ надорад вориди масҷиди мусулмонон шавад.[7]
  • Кофири зиммӣ метавонад аъмолеро, ки дар динаш ҷоиз аст, аммо дар Ислом ҷоиз нест анҷом диҳад, аммо набояд ин аъмолро аланӣ анҷом диҳад.[8]
  • Дар сурате ки кофири зиммӣ муҳаррамоти исломиро аланӣ анҷом диҳад, бар асоси қавонини исломӣ муҷозот мешавад.[9]
  • Агар кофири зиммӣ амале анҷом диҳад, ки дар динаш ҷоиз нест, ҳокими исломӣ метавонад бар асоси аҳкоми Ислом муҷозоташ кунад ё инки ӯро ба аҳли динаш вогузорад то муҷозот шавад.[10]
  • Дар сурате ки ду кофири зиммӣ назди ҳокими исломӣ, аз ҳам шикоят кунанд, ҳокими исломӣ метавонад тибқи аҳкоми исломӣ бо онҳо рафтор кунад ё инки онҳоро ба маҳокими худашон ирҷоъ диҳад.[11]
  • Агар мусулмоне кофири зиммиеро қасдан бикушад, қисос намешавад, магар инки он мусулмон ба ин кор одат пайдо карда бошад. Дар ин сурат, пас аз пардохти мо биҳиттафовути дияи кофири зиммӣ ва мусулмон қисос мешавад.[12]
  • Агар кофири зиммӣ мусулмонеро аз рӯи амд бикушад, ҳамроҳи амволаш, дар ихтиёри соҳиби хун қарор мегирад ва онҳо мухайяранд ки ӯро бикушанд ё ба бардагӣ гиранд.[13]
  • Кофири зиммӣ наметавонад дар сарзамини исломӣ ибодатгоҳ бино кунад, аммо ибодатгоҳе ки аз қабл буда бошад, аз байн намеравад ва метавонад аз он истифода кунад.[14]

Ҳуқуқи кофирони зиммӣ дар ҷомеъаи исломӣ

Мақолаи аслӣ: Ҳуқуқи ақаллиятҳои динӣ

Кофири зиммӣ дар қиболи тааҳҳуд ва қарордоде ки дар ҷомеъаи исломӣ вуҷуд дорад аз ҳуқуқе бархӯрдор аст. Бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Масуният ва муҳтарам будани амвол: ҷон, мол, номус, маъбад, шахсият ва обрӯи ғайримусулмонон дар сарзамини исломӣ масуният дорад.[15] Ҳатто чизҳое монанди шаробу хук, ки дар Ислом арзиши молӣ надоранд, то замоне ки дар дасти онҳост, молият дорад ва агар мусулмоне онҳоро аз байн бибрад ё ба онҳо хасорат ворид кунад, бояд ҷуброн кунад.[16]
  • Ҳуқуқи қазоӣ: дар ҷомеъаи исломӣ, ҳуқуқи қазоии ғайримусулмонон ба расмият шинохта мешавад. Онон мухайяранд дар шикоятҳои ҳуқуқишон, ба додгоҳе бар асоси аҳкоми диниашон ё ба маҳокими мусулмонон руҷӯъ кунанд.[17]
  • Дияи ғайри мусулмон: тибқи фатвои машҳури фақеҳон, дияи кофири зиммӣ камтар аз дияи мусулмон аст.[18] Албатта дар муқобил, Шайх Садуқ - олими қарни чаҳоруми қамарӣ бар ин назар будааст, ки агар кофири зиммӣ шароити зиммаро риоят кунад ва дар амони ҳокими исломӣ бошад, дияаш бо дияи мусулмон баробар аст.[19] Имрӯза ҳам бархе аз фақеҳон, аз ҷумла Оятуллоҳ Хоманаӣ,[20] Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ[21] ва Оятуллоҳ Маърифат[22] онро бо дияи мусулмон баробар медонанд.[23]

Дар қавонини Ҷумҳурии Исломии Эрон, дияи ақаллиятҳои динӣ бо дияи мусулмон баробар аст.[24]

Ҷусторҳои вобаста

Кофири ҳарбӣ

Аҳли китоб

Эзоҳ

  1. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.470.
  2. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.280 - 281.
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.227, 228; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.298; Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.470.
  4. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.300 - 301.
  5. Муғния, Фиқҳ-ул-Имом-ис-Содиқ, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.262.
  6. Носирии Муқаддам, “Таҳаввулпазирии қарордоди зимма бо пайдоиши ҳуқуқи шаҳрвандии модерн”.
  7. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.303; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.286.
  8. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.305; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.317.
  9. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.305; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.317.
  10. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.305; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.318.
  11. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.110, саҳ.157 - 158; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.67.
  12. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.151; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.196.
  13. Сайиди Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.547; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.196.
  14. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.280 - 282.
  15. Азизон, “Ҳуқуқ ва таколифи шаҳрвандони ғайри мусулмон дар ҷомеъаи исломӣ”, саҳ.172.
  16. Алишоҳии Қалъаҷуқӣ, “Пажуҳише дар ибоҳаи амволи кофирони ҳарбӣ аз нигоҳи фиқҳи шиъа”, саҳ.89.
  17. Азизон, “Ҳуқуқ ва таколифи шаҳрвандони ғайри мусулмон дар ҷомеъаи исломӣ”, саҳ.174 - 175.
  18. Азизон, “Ҳуқуқ ва таколифи шаҳрвандони ғайри мусулмон дар ҷомеъаи исломӣ”, саҳ.176.
  19. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.123.
  20. Вебгоҳи маркази пажӯҳишҳои маҷлиси шӯрои исломӣ, “Қонуни илҳоқи як табсира ба модаи (297) қонуни муҷозоти исломии мусавваби 1370”.
  21. Макорими Шерозӣ, Истифтоъоти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.3, 453.
  22. Маърифат, “Дияи аҳли китоб”, саҳ.6.
  23. Азизон, “Ҳуқуқ ва таколифи шаҳрвандони ғайри мусулмон дар ҷомеъаи исломӣ”, саҳ.177.
  24. Азизон, “Ҳуқуқ ва таколифи шаҳрвандони ғайри мусулмон дар ҷомеъаи исломӣ”, саҳ.177.

Сарчашма

  • Азизон, Маҳдӣ, “Ҳуқуқ ва таколифи шаҳрвандони ғайримусулмон дар ҷомеъаи исломӣ”, фаслномаи Ҳукумати исломӣ, № 67, 1392ҳ.ш.
  • Алишоҳии Қалъаҷуқӣ, Абулфазл, “Пажуҳише дар ибоҳаи амволи кофирони ҳарбӣ аз нигоҳи фиқҳи шиъа”, фаслномаи Пажӯҳишҳои фиқҳ ва ҳуқуқи исломӣ, соли даҳум, № 34, зимистони 1392ҳ.ш.
  • Вебгоҳи маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ, “Қонуни илҳоқи як табсира ба модаи (297) қонуни муҷозоти исломии мусавваби 1370”, таърихи боздид: 8 тири 1400ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Истифтоъоти ҷадид, Қум, интишороти мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб, чопи дувум, 1427ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, “Дияи аҳли китоб”, моҳномаи Додрасӣ, № 11, 1377ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фиқҳ-ул-Имом-ис-Содиқ, Қум, муассисаи Ансориён, чопи дувум, 1421ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммадалии Баққол, Қум, Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Носирии Муқаддам, Ҳусайн, “Таҳаввулпазирии қарордоди зимма бо пайдоиши ҳуқуқи шаҳрвандии модерн”, маҷаллаи Фиқҳу усул, № 105, 1395ҳ.ш.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Интисор фи инфиродот-ил-имомия, тасҳеҳ ва таҳқиқи гуруҳи пажӯҳиши дафтари интишороти исломӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароиъ-ил-Ислом, таҳқиқи гуруҳи пажӯҳиши муассисаи маорифи исломӣ, Қум, муассисаи маорифи исломӣ, чопи аввал, 1413ҳ.қ.