Кифоят-ул-усул (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Кифоятул-усул)
Кифоят-ул-усул
НависандаМуҳаммадкозими Хуросонӣ
МавзуъУсули фиқҳ
Забонарабӣ
Ба тасҳеҳиМуассисаи Олулбайт
Теъдоди саҳифа554
Тарҷума ба забонҳои дигар
  • форсӣ
  • англисӣ
  • урду
  • ҷопонӣ
НоширМуассисаи Олулбайт
Маҳалли нашрҚум
Санаи нашр1409ҳ.қ.
Навбати чопаввал
Тарҷумаи форсӣ
Номи китоб ба хатти ниёгонکِفایةُ الاُصول


Кифоят-ул-усул (арабӣ: کِفایةالاصول) китобе аст, навиштаи Охунди Хуросонӣ (ваф.1329ҳ.қ.), шомили як давра усули фиқҳ, ба забони арабӣ. Охунди Хуросонӣ аз шогирдони Муллоҳодии Сабзаворӣ, Шайх Ансорӣ ва Мирзои Шерозӣ ва аз мароҷеи тақлид будааст.

Кифоя аз замони таълиф то кунун, матни дарсии дар сатҳи олӣ ва низ меҳвари баҳси дарсҳои хориҷи усули фиқҳи ҳавзаҳои илмия будааст. Аз ин рӯ, ҳудуди 200 шарҳ, ҳошия ва таълиқа бар он навишта шудааст. Матолиби китобро бисёр дақиқу муназзам тавсиф кардаанд. Корбурди иборатҳои кӯтоҳ барои баёни мафоҳимро ҳам аз вижагиҳои адабии Кифоя донистаанд.

Кифоят-ул-усул дар замони ҳаёти муаллиф ва пас аз он борҳо чоп ва мунташир шудааст. Ҳамчунин нусхае аз он ба хатти Охунди Хуросонӣ дар китобхонаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон нигаҳдорӣ мешавад. Ин китоб дар соли 1409 қамарӣ, бо тасҳеҳи муассисаи Олулбайт дар 554 саҳифа мунташир шудааст.

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Муҳаммадкозими Хуросонӣ

Муҳаммадкозими Хуросонӣ (1255 - 1329ҳ.қ.) маъруф ба Охунди Хуросонӣ, марҷаъи тақлиди муқими Наҷаф ва аз ҳомиёни наҳзати машрута дар Эрон буд.[1] Муллоҳодии Сабзаворӣ, Шайхи Ансорӣ ва Мирзои Шерозӣ аз устодон ӯ буданд.[2] Ӯ осоре дар илмҳои усули фиқҳ, фиқҳ ва фалсафа навиштааст.[3] Машҳуртарини онҳо китоби Кифоят-ул-усул аст, ки ба сабаби навиштани он, ба соҳиби Кифоя лақб гирифтааст.

Аҳамият

Кифоят-ул-усул, матни дарсии усули фиқҳи ҳавзаҳои илмия буда ва шарҳҳову ҳошияҳои бисёре бар он навишта шудааст.[4] Дар мақолаи “Китобшиносии кутуби дарсии ҳавза - Кифоятулусул”, ҳудуди 200 шарҳ, ҳошия ва таълиқа бар Кифоя ном бурда шудааст.[5]

Ба гуфтаи Аҳмади Обидӣ, устоди дарси хориҷи ҳавзаи илмияи Қум, то кунун китобе ба диққат, назм ва шевоии баёни Кифоят-ул-усул навишта нашудааст. Аз ин рӯ, ин китоб меҳвари дарсҳои хориҷи усули фиқҳи ҳавзаи илмия қарор гирифта ва ҳар китобе, ки баъд аз он навишта шудааст, аз равиш, тартиб ва назми мабоҳиси он мутаассир аст.[6]

Гуфтаанд, Охунди Хуросонӣ Кифояро аз соли 1321 қамарӣ ба баъд навиштааст.[7] Кифоя маъруфтарин асари Охунди Хуросонӣ аст ва чун дарбардорндаи охирин назарот ва мабонии усулии ӯ ва низ асоситарин мабоҳиси илми усул аст, нисбат ба дигар осораш аҳамияти бештаре дорад.[8] Ҳамчунин ҳадаф аз навиштани Кифояро перостани илми усули фиқҳ аз матолиби зоид донистаанд;[9] бо ин ҳама мегӯянд ин китоб, як давраи комили илми усулро дарбар дорад.[10]

Равиши илмӣ ва шеваи нигориш

Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ, Охунди Хуросонӣ беш аз Шайхи Ансорӣ, Соҳиби Фусул ва Соҳиби Қавонин, масоили фалсафиро вориди усул кардааст.[11] Гуфтаанд, ӯ дар Кифоя аз ҳафтод қоидаи фалсафаи исломӣ истифода кардааст.[12]

Аз вижагиҳои нигоришии Кифоя, истифода аз иборатҳои кӯтоҳ ва калимаҳои андак аст. Ба гуфтаи Кафоии Хуросонӣ, Охунд дар Кифоя бо иборатҳои кӯтоҳ орои усулиёни гузаштаро нақл карда, сипас ба баёни нуқоти қувват ва нуқоти заъфи онҳо пардохта ва пас аз он, бо зикри далел, дидгоҳи худро баён кардааст.[13]

Мазмун

Кифоят-ул-усул, як давраи комил аз мабоҳиси усули фиқҳро дар канори ҷадидтарин ороъи усулии то асри муаллиф ва нақду баррасии онҳоро дарбар гирифтааст.[14]

Ин китоб аз як муқаддима, ҳашт мақсад (бахш) ва як хотима (бахши поёнӣ) ташкил шудааст:

  • Муқаддима: шомили мавзӯъоте чун илм, мавзӯи илми усули фиқҳ, чигунагӣ ва анвоъи вазъи луғатҳо ва маъонӣ, истеъмоли ҳақиқӣ ва маҷозӣ, иштирок ва тародуф, ҳақиқати шаръия, саҳеҳ ва аъам ва муштақи усулӣ.
  • Мақсади аввал: овомир (мабоҳисе монанди инки оё ҳақиқати амри мутлақ талаб аст, ё талаби вуҷубӣ?)
  • Мақсади дувум: навоҳӣ (мабоҳисе, аз ҷумла оё анҷом додани амале, ки дар як ибодат, ё ақди шаръӣ наҳй шудааст, мӯҷиби бутлони кулли он ибодат ё муомила мешавад?)
  • Мақсади сеюм: мафоҳим (монанди мафҳуми шарт, мафҳуми васф, мафҳуми ғоят, мафҳуми истисно ва мафҳуми адад дар ҷумла).
  • Мақсади чаҳорум: ом ва хос.
  • Мақсади панҷум: мутлақу муқайяд, муҷмал ва мубайин.
  • Мақсади шашум: амороти мӯътабари шаръию ақлӣ (монанди аҳкоми қатъу занн (гумон), иҷмоъ, хабари воҳид, қиёс).
  • Мақсади ҳафтум: усули амалия (бароат, тахйир, эҳтиёт ва истисҳоб).
  • Мақсади ҳаштум: таорузи адиллаи шаръия (таъодул ва тароҷиҳ).
  • Хотима: иҷтиҳод ва тақлид.[15]

Интишор

Ҳамакнун нусхаи аслии Кифоятул-усул ба хатти Охунди Хуросонӣ мавҷуд аст, ки дар китобхонаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон нигаҳдорӣ мешавад.[16] Нусхае аз он дар замони ҳаёти нависанда низ чоп шудааст. Ин нусхаро фарзанди Охунд бар асоси нусхае, ки Охунд тадрис мекард, тасҳеҳ кардааст.[17]

Ҳамчунин Кифоят-ул-усул борҳо ҳам ба сурати ҷудо ва ҳам ҳамроҳ бо шарҳҳо ва ҳошияҳое чоп шудааст.[18] Ин китоб ба форсӣ, урдӯ, англисӣ ва ҷопонӣ низ тарҷума шудааст.[Ниёзманди манбаъ]

Муассисаи Олулбайт дар соли 1409 қамарӣ, Кифояро дар 554 саҳифа тасҳеҳ кардааст. Дар ин тасҳеҳ, оёт, ривоёт ва ороъи усулиён мустанадсозӣ шудааст. Ҳамчунин Сайид Ҷаводи Шаҳристонӣ, муқаддимаи 34-саҳифаие бар он навишта ва дар он, аз таърихчаи илми усул дар ҳавзаҳои илмия, китоб ва муаллифи он сухан гуфтааст.[19]

Шарҳ, ҳошия ва таълиқа

Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ, китобшиноси шиа дар қарни чордаҳум, Кифоя матни дарсии ҳавзаи илмияи Наҷаф буда ва аз ин рӯ, шарҳҳо ва ҳошияҳои зиёде бар он навишта шудааст. Бархе аз онҳо чоп нашуда ва шиносоии бархе аз онҳо ҳам мумкин нест.[20] Дар китоби ал-Муслиҳ-ул-муҷоҳид, ки дар бораи Охунди Хуросонӣ навишта шудааст, аз 60 ҳошия бар Кифоя ёд шудааст.[21] Ҳамчунин Носир Боқирии Ҳиндӣ дар мақолаи “Китобшиносии кутуби дарсии ҳавза - Кифоятулусул” ҳудуди 200 шарҳ, ҳошия ва таълиқа бар Кифояро муаррифӣ кардааст.[22] Бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Таълиқат-ул-Қучонӣ ала Кифоят-ил-усул, асари Алии Қучонӣ, шогирди Охунди Хуросонӣ
  • Ал-Ҳошияту ала-л-кифоя, асари Абулҳасан Мишкинии Ардабилӣ (ваф.1358ҳ.қ.), аз шогирдони Охунди Хуросонӣ ва Алии Қучонӣ
  • Шарҳи Кифоят-ул-усул, асари Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, ба забони форсӣ дар панҷ ҷилд
  • Ҳошият-ул-кифоя, асари Аллома Таботабоӣ
  • Иноят-ул-усул фи шарҳи Кифоят-ул-усул, асари Сайид Муртазо Фирӯзободӣ (ваф.1409ҳ.қ.), аз шогирдони Мирзо Абулҳасани Мишкинӣ

Афзун бар ин, Оқобузурги Теҳронӣ Сайид Иброҳим Ҳусайнии Наҷафӣ (тав.1308ҳ.қ.), Муҳаммадиброҳими Калбосӣ (тав.1322ҳ.қ.), Мирзо Аҳмад фарзанди Охунди Хуросонӣ ва Сайид Аҳмад ибни Сайид Алиасғари Шаҳристониро дар шумори касоне ном бурдааст, ки бар Кифоя ҳошия навиштаанд.[23]

Кифояи манзум

Ба навиштаии китоби Адаб-ут-Тафф, Шайх Алӣ ал-Ҷушшӣ аз олимони Қатиф, Кифояро ба шеър даровардааст.[24]

Эзоҳ

  1. Боқирии Бидҳиндӣ, “Китобшиносии кутуби дарсии ҳавза (2) - Кифоятул-усул”, саҳ.39.
  2. Боқирии Бидҳиндӣ, “Китобшиносии кутуби дарсии ҳавза (2) - Кифоятул-усул”, саҳ.38.
  3. Нигоҳ кунед ба Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1409ҳ.қ., муқаддимаи Шаҳристонӣ, саҳ.22.
  4. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.186 - 188.
  5. Боқирӣ, “Китобшиносии кутуби дарсии ҳавза (2) Кифоят-ул-усул”, шумораи 32, саҳ.40 - 47.
  6. Обидӣ, “Ҳошияе дигар бар Кифоят-ул-усул”, саҳ.48.
  7. Кифоии Хуросонӣ, “Баён ва шарҳе мухтасар аз ҳаёт ва шахсияти Охунд Мулломуҳаммадкозими Хуросонӣ (1255 - 1329ҳ.қ.)”, саҳ.40.
  8. Кифоии Хуросонӣ, “Баён ва шарҳе мухтасар аз ҳаёт ва шахсияти Охунд Мулломуҳаммадкозими Хуросонӣ (1255 - 1329ҳ.қ.)”, саҳ.40.
  9. Маҳдавирод, “Тасҳеҳи тозаи Кифоят-ул-усул”, саҳ.35.
  10. Муҳаммадӣ, Шарҳи Кифоят-ул-усул, 1385ҳ.ш., ҷ.1, муқаддима, саҳ.4.
  11. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.186.
  12. Интизом, Пешфарзҳои фалсафӣ дар улуми усул, саҳ.2, ба нақл аз Мӯсавӣ, “Густараи нуфузи фалсафа дар усули фиқҳи шиа (бо такя бар Кифоят-ул-усули Охунди Хуросонӣ)”, саҳ.149.
  13. Кифоии Хуросонӣ, “Баён ва шарҳе мухтасар аз ҳаёт ва шахсияти Охунд Мулломуҳаммадкозими Хуросонӣ (1255 - 1329ҳ.қ.)”, саҳ.40.
  14. Муҳаммадӣ, Шарҳи Кифоят-ул-усул, 1385ҳ.ш., ҷ.1, муқаддима, саҳ.4.
  15. Нигоҳ кунед ба Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1409ҳ.қ., феҳристи китоб, саҳ.521 - 550.
  16. Маҳдавирод, “Тасҳеҳи тозаи Кифоят-ул-усул”, саҳ.35.
  17. Маҳдавирод, “Тасҳеҳи тозаи Кифоят-ул-усул”, саҳ.35.
  18. Маҳдавирод, “Тасҳеҳи тозаи Кифоят-ул-усул”, саҳ.35.
  19. Маҳдавирод, “Тасҳеҳи тозаи Кифоят-ул-усул”, саҳ.35.
  20. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.186 - 188.
  21. Мишкинӣ, Ҳавошӣ-л-Мишкинӣ ала-л-Кифоя, ҷ.1, саҳ.26.
  22. Боқирӣ, “Китобшиносии кутуби дарсии ҳавза (2) Кифоят-ул-усул”, шумораи 32, саҳ.40 - 47.
  23. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.186 - 188.
  24. Шуббар, Адаб-ут-Тафф, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.123.

Сарчашма

  • Боқирии Бидҳиндӣ, Носир, “Китобшиносии кутуби дарсии ҳавза (2) Кифоят-ул-усул”, Нури илм, шумораи 30, фарвардини 1368ҳ.ш.
  • Боқирии Бидҳиндӣ, Носир, “Китобшиносии кутуби дарсии ҳавза (2) Кифоят-ул-усул”, Нури илм, шумораи 32, шаҳривари 1368ҳ.ш.
  • Кифоии Хуросонӣ, Абдурризо, «Баёни шарҳе мухтасар аз ҳаёт ва шахсияти Охунд Мулломуҳаммадкозими Хуросонӣ (1255 - 1329ҳ.қ.)», мутолиоти исломӣ, шумораи 34 - 36, баҳор ва тобистони 1376ҳ.ш.
  • Маҳдавирод, Муҳаммадалӣ, “Тасҳеҳи тозаи Кифоят-ул-усул”, шумораи 51, фарвардин ва урдибиҳишти 1368ҳ.ш.
  • Мишкинӣ, Мирзо Абулҳасан, Ҳавошӣ-л-Мишкинӣ ала-л-Кифоя.
  • Муҳаммадӣ, Алӣ, Шарҳи Кифоят-ул-усул, Қум, интишороти Имом Ҳасан ибни Алӣ (а), чопи чаҳорум, 1385ҳ.ш.
  • Мӯсавӣ, Сайидазизуллоҳ, «Густараи нуфузи фалсафа дар усули фиқҳи шиа (бо таъкид бар Кифоят-ул-усули Охунди Хуросонӣ)», Кавсари маориф, шумораи 9, баҳори 1388ҳ.ш.
  • Обидӣ, Аҳмад, «Ҳошияе дигар бар Кифоят-ул-усул», нашри Дониш, шумораи 74, баҳман ва исфанди 1371ҳ.ш.
  • Охунди Хуросонӣ, Муҳаммадкозим, Кифоят-ул-усул, муқаддимаи Сайидҷаводи Шаҳристонӣ, тасҳеҳи муассисаи Олулбайт, Қум, муассисаи Олулбайт, 1409ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Дорулазвоъ, 1403ҳ.қ.
  • Шуббар, Сайидҷавод, Адаб-ут-Тафф ав шуъаро-ул-Ҳусайн мин-ал-қарн-ил-аввал-ил-ҳиҷрӣ ҳатто-л-қарн-ир-робеъ ашар, Бейрут, Дорул-Муртазо, чопи дувум, 1409ҳ.қ./1988м.