Ал-Ҳақиқату камо ҳия (китоб)
Ал-Ҳақиқату камо ҳия (арабӣ:الحَقیقَةُ کَمَا هِيَ), китоби мухтасаре дар табйини андешаи шиаи имомия аз Ҷаъфарулҳодӣ (ваф.1399ҳ.ш.) - рӯҳонии шиа аст.
Нависанда дар ин китоб бо истифода аз оятҳои Қуръону ҳадис ва новобаста аз истидлол, шиаро муаррифӣ кардааст.
Ал-Ҳақиқату камо ҳия ба забони арабӣ навишта шудааст. Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт ин китобро дар соли 2005 чопу мунташир ва то октябри 2023 ба 33 забон тарҷума кардааст. Тарҷумаи форсии он, "Ҳақиқат; онгуна ки ҳаст" ном дорад.
Нусхаи аудиоии ин китоб низ бо забонҳои испанӣ, фаронсавӣ ва индонезӣ таҳия шудааст.
Муаррифӣ
Ал-Ҳақиқату камо ҳия (ҳақиқат онгуна ки ҳаст), китобе ба забони арабӣ дар муаррифии боварҳои шиаёни имомия бо истифода аз оёту ривоёт аст.[1] Нависандаи китоб, Ҷаъфарулҳодӣ (ваф.1399ҳ.ш.) - рӯҳонии шиаи аҳли Ироқ ва аз аъзои шӯрои китоби Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) буд.
Дар ин китоб, талош шудааст, новобаста аз ҳаргуна истидлол ва ишора ба шубҳаҳо, иттиҳомот ва ихтилофҳои мавҷуди байни фирқаҳои исломӣ, таъриф ва табйини мухтасаре аз чорчӯби андешаҳои ташайюъ ироа шавад.[2] Нависанда дар чиҳил мавзӯъ бар он будааст то ба мавориди тамоюзи боварҳои шиа бо ақоиди соири фирқаҳои исломӣ ишора кунад.[3] Ал-Ҳақиқату камо ҳия ба 33 забон тарҷума, чоп ва мунташир шудааст.[4]
Сохтор ва мазмун
Ал-Ҳақиқату камо ҳия, китоби мухтасар, шомили муқаддимае аз ношир, муқаддимае аз нависанда, матни китоб ва фоқиди феҳристу фаслбандӣ аст.[5] Мазмуни китоб дар қолаби чиҳил мавзӯъ шуморагузорӣ шуда ва ба муаррифии шиа ва боварҳои ӯ мепардозад.[6] Муҳтавои китоб бар асоси феҳристи матн ба таври хулоса чунин аст:
- Ниёзи ҳамаи пайравони мазоҳиби исломӣ ба ҳамшиносӣ ва зиндагонии мусолиматомез
- Мухолифати шиа бо мазоҳиби истиъморӣ монанди баҳоият, бобия ва қодиёния
- Муаррифии боварҳои шиаи исноъашарӣ ба тавҳид, адл, набувват, маъод ва имомат
- Бовари шиаён ба исмати аимма, вуҷуди Имом Маҳдӣ (аҷ) ва интизори фараҷ ва ниёбати оммаи фақеҳон аз Имоми Замон дар асри Ғайбат
- Боварҳои амалии мазҳаби шиа ба вуҷуби намоз, рӯза, ҳаҷ, закот, хумс, ҷиҳод, тавалло ва табарро ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар
- Эътиқод ба ҷавоз ва сиҳҳати издивоҷи муваққат ва низ ҳаром будани зино, ливот, рибо, шаробхорӣ, қатли нафс, қимор, эҳтикор, ғасб, туҳмат, ғайбат, носазо, дурӯғ ва буҳтон ба унвони гуноҳони кабира
- Аҳамият додани мазҳаби шиа ба макорим ва фазоили ахлоқӣ ва талош дар ҷиҳати худсозии маънавӣ ва тавваҷуҳ ба дуоҳои маъсур аз Аҳли Байт (а)
- Эҳтироми шиаёни дувоздаҳ имомӣ ба қабрҳои паёмбарон, Паёмбар (с), имомони маъсум (а) ва имомзодагон
- Посух ба шубаҳот ва иттиҳомоти мухолифони мазҳаби шиа дар бораи зиёрат, шафоат, тавассул, азодорӣ, тақлид, бузургдошти маъсумон, сабб ва лаъни хулафо ва ғ.
- Муаррифии муҳимтарин манобеи ривоии шиа аз қабили кутуби арбаъа, Наҳҷулбалоға ва Саҳифаи саҷҷодия
- Эътиқоди шиаи Ҷаъфарӣ ба ҳаққи мусулмонон барои баҳрамандӣ аз ҳукуматҳои исломӣ бар асоси китоби Худо ва суннат ба манзури ҳифзи ҳуқуқи мусулмонон ва барқарории равобити одилонаю солим бо дигар давлатҳо ва посдорӣ аз марзҳои ҷаҳони Ислом ва тазмини истиқлоли фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии мусулмонон барои дастёбӣ ба иззати мавриди интизори Қуръон.[7]
Чоп, нашр ва тарҷума
Ин китоб дар соли 1426ҳ.қ. (1383 - 1384ҳ.ш.) тавассути Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт дар шаш ҳазор нусха ба чоп расид.[8] Дар соли 2009 низ тарҷумаи форсии он бо номи «Ҳақиқат; онгуна ки ҳаст» дар 63 саҳифа чоп ва мунташир шуд. Ҳамчунин ба 32 забони дигар низ тарҷума шудааст:
- Албанияӣ
- Олмонӣ
- Урду
- Испанӣ
- Инданезӣ
- Англисӣ
- Италияӣ
- Бермаӣ
- Булғорӣ
- Банголӣ
- Бусниёӣ
- Португалӣ
- Пашту
- Тоголуг (Филипинӣ)
- Тойландӣ
- Туркии истанбулӣ
- Чичвоӣ
- Даниявӣ
- Рувандаӣ
- Русӣ
- Румонёӣ
- Ҷопонӣ
- Синдӣ
- Савоҳилӣ
- Фаронсавӣ
- Фавлонӣ
- Қирғизӣ
- Хамр (Камбоҷаӣ)
- Курдии Курмонҷӣ
- Лазгӣ
- Полшавӣ
- Ҳусоӣ[9]
Китоби гӯёи китоби ал-Ҳақиқату камо ҳия, ба забонҳои испанӣ, фаронсавӣ ва инданезӣ тавассути муовинати илмӣ ва фарҳангии Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), тавлид шудааст.[10]
Эзоҳ
- ↑ Китоби гуёи “Ҳақиқат онгуна ки ҳаст” ба се забон тавлид шуд хабаргузории АБНО.
- ↑ Кирмонӣ ва Рузбеҳ, Оинаи осор, 1401ҳ.ш., саҳ.339.
- ↑ Кирмонӣ ва Рузбеҳ, Оинаи осор, 1401ҳ.ш., саҳ.339.
- ↑ Кирмонӣ ва Рузбеҳ, Оинаи осор, 1401ҳ.ш., саҳ.18.
- ↑ Ал-Ҳодӣ, ал-Ҳақиқату камо ҳия, 1426ҳ.қ.
- ↑ Ал-Ҳодӣ, ал-Ҳақиқату камо ҳия, 1426ҳ.қ.
- ↑ Китоби “Ҳақиқат; онгуна ки ҳаст” аз сӯи муовинати умури фарҳангии Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) мунташир шуд., Ҳавзанет.
- ↑ Ал-Ҳодӣ, ал-Ҳақиқату камо ҳия, 1426ҳ.қ.
- ↑ Кирмонӣ ва Рузбеҳ, Оинаи осор, 1401ҳ.ш., саҳ.18.
- ↑ Китоби гуёи “Ҳақиқат онгуна ки ҳаст” ба се забон тавлид шуд, хабаргузории АБНО.
Сарчашма
- Ал-Ҳодӣ, Ҷаъфар, ал-Ҳақиқату камо ҳия, маркази чоп ва нашри Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
- Кирмонӣ, Абдукарим ва Сайидалӣ Рузбеҳ, Оинаи осор: корномаи тарҷумаи Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) - 1369 - 1399 ), Қум, интишороти Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, 1401ҳ.ш.
- Китоби «Ҳақиқат онгуна ки ҳаст» аз сӯи муовинати умури фарҳангии Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) мунташир шуд. Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, таърихи дарҷи матлаб: 29 исфанди 1388ҳ.ш., таърихи боздид: 8 обони 1402ҳ.ш.
- Китоби гуёи “Ҳақиқат онгуна ки ҳаст” ба се забон тавлид шуд, хабаргузории АБНО, таърихи дарҷи матлаб: 28 озари 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 8 обони 1402ҳ.ш.