Ал-Муроҷаъот (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Китоби Муроҷаъот)
Ал-Муроҷаъот

Ал-Муроҷаъот (арабӣ: المُراجَعات) китобе аст ба забони арабӣ дар бораи исботи ҳаққонияти шиа ва ҷонишинии Имом Алӣ (а) баъд аз Пайғамбар (с) ба қалами Сайид Абдулҳусайн Шарафиддин (ваф.1377ҳ.қ.) – олими шиаи Лубнон.

Мазмуни китоб, маҷмӯаи номаҳои мубодилашуда байни Сайид Абдулҳусайн Шарафиддин ва Шайх Салим Бишрӣ - раиси вақти донишгоҳ Алазҳар аст. Ин китоб дар Лубнон, Миср, Ироқ ва Эрон чоп шудааст ва ба забонҳои форсӣ, англисӣ, испанияӣ ва ғ. тарҷума шудааст.

Истидлоли қавӣ, баёни шево, истифода аз манобеи муътабар ва мавриди қабули аҳли суннат ва риояти инсофро аз вижагиҳои ин китоб медонанд.

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Сайид Абдулҳусайн Шарафиддин

Сайид Абдулҳусайн Шарафиддин Мусавии Омилӣ (1290 - 1377ҳ.қ.) аз муҷтаҳидони шиаи лубнонӣ ва мудофеъи тақриби мазоҳиби исломӣ ва аз раҳбарони наҳзати истиқлоли Лубнон будааст.[1] Вай аз шогирдони Охунди Хуросонӣ ва Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ ба шумор меравад.[2] Ибтидо дар ҳавзаи илмияи Сомирро машғул ба таҳсил гардид ва пас аз ҳиҷрати уламо аз Сомирро ба Наҷаф, вориди ҳавзаи илмияи Наҷаф шуд.[3]

Шарафиддин дар авохири соли 1329ҳ.қ., бо ҳадафи коҳиши таниш байни мусулмонон ва эҷоди ваҳдат, ба Миср сафар кард.[4] Вай дар Қоҳира бо Шайх Салим Бишрӣ - раёсати донишгоҳи Алазҳари Миср[5] ва аввалин раиси ҳайъати киборул-уламои Миср, дидор ва гуфтугӯ кард.[6] Гуфтугӯҳои ин ду олим, аз тариқи номанигорӣ идома пайдо кард ва таҳти унвони китоби ал-Муроҷаъот ба чоп расид.[7]

Муаррифӣ ва ҷойгоҳ

Китоби ал-Муроҷаъот (ё ал-Мунозирот-ул-азҳарийя ва-л-мубоҳисот-ул-мисрийя), бо ҳадафи исботи эътиқодоти шиаи имомия дар бораи имомат ва хилофати баъд аз Пайғамбар (с) таълиф шудааст.[8] Ин китоб дар зумраи осоре чун Абақот-ут-анвор, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва китоби ал-Ғадир дар исботи ҳаққонияти шиа ва имомат ва ҷонишинии бевоситаи Имом Алӣ (а) қарор дода шудааст.[9] Мегӯянд, дар ин китоб барои исботи ақоиди шиа аз муътабартарин манобеъ истифода шудааст.[10] Истидлоли қавӣ, таъбирҳои равон ва баёни шево, аз ҷумлаи хусусиёти ин китоб унвон шудааст.[11] Аз ин китоб ба унвони муфидтарин китоб дар заминаи ҷонишинии Пайғамбар ном бурда шуда[12] ва ба гуфтаи бархе аз уламои аҳли суннат, аз осори таъсиргузор дар байни ақшори мухталифи мардум маҳсуб мешавад.[13]

Аз китоби ал-Муроҷаъот ба унвони яке аз манобеи муътабар дар назди мусулмонон, ҳатто бархе аз уламои аҳли суннат ном бурда шудааст.[14] Ҳанафии Довуд - устоди донишгоҳи Айнушшамси Қоҳира аз ҷумлаи фоидаҳои ин китобро даъвати мусулмонон ба иттиҳод, бародарӣ ва муҳаббат ба якдигар ва унс гирифтан бо ахлоқи Пайғамбар (с) унвон кардааст.[15] Гуфта мешавад, мунозироти мавҷуд дар ин китоб, бидуни иҳонат ва бо инсофи мутақобил анҷом шудааст.[16]

Муборизоти сиёсии Аллома Шарафиддин ва ишғоли Лубнон тавассути Фаронса ва ба оташ кашида шудани китобхонаи шахсии ӯ, тадвини китобро ба таъхир андохт ва мӯҷиби аз байн рафтани аснод шуд.[17] Шарафиддин бо навиштани мазмуни саволу ҷавобҳо, китоби ал-Муроҷаъотро сомон дод.[18] Бархе олимони аҳли суннат дар дифоъ аз мазҳаби худ ин китобро мавриди нақд қарор доданд, ки аз сӯи олимони шиа ба онҳо ҷавоб дода шуд. Китоби Ташйид-ул-муроҷаъот ва тафнид-ул-мукобарот, навиштаи Сайидалӣ Ҳусайнии Милонӣ муҳимтарини ин дифоияҳо аст.[19]

Мазмун ва муҳтаво

Китоби ал-Муроҷаъот муташаккил аз 112 нома аст, ки байни Сайид Абдулҳусайн Шарафиддин ва Шайх Салим Бишрӣ раду бадал шудааст.[20] Матолиби ин китоб дар ду бахш ироа шудааст:[21]

Бахши аввали китоб

Дар бахши аввали китоб, имомату мазҳаб дар қолаби 16 нома мавриди баҳс қарор мегирад. Дар ин қисмат ба ин мавзуъот пардохта шудааст:

  • Иллати адами пайравии шиа аз мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва табаъияти онҳо аз мазҳаби Аҳли Байт
  • Адами тарҷеҳи дидгоҳҳои уламои аҳли суннат бар мазҳаби шиа
  • Ҷойгоҳи Аҳли Байт дар Ислом
  • Роҳи ҳали ихтилофоти байни шиаю суннӣ
  • Далелҳои қуръонӣ ва ривоии бартарии мазҳаби Аҳли Байт
  • Ҳадиси Сақалайн ва тавотури он
  • Баёни ривоёте аз Пайғамбар (с) аз ҷумла ҳадиси Сафина дар баёни ҷойгоҳи Аҳли Байт
  • Манзур аз Аҳли Байт дар оёту ривоёт
  • Эҳтиҷоҷи 12 нафар аз аҳли суннат ба риҷоли шиа дар сиҳоҳи аҳли суннат (муҳимтарин манобеи ривоии аҳли суннат)
  • Муаррифии яксад нафар аз риҷоли шиа, ки дар санади ривоёти мавриди қабули аҳли суннат воқеъ шудаанд
  • Эътирофи Шайх Салим ба кифояти табаъият аз мазҳаби Аҳли Байт дар канори мазоҳиби аҳли суннат[22]

Бахши дувуми китоб

Дар бахши дувуми китоб, мабоҳиси имомат ва ҷонишинии Пайғамбар (с) дар зимни 93 нома мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад:

  • Ривоёти фаровоне аз аҳли суннат аз ҷумла ҳадиси оғози таблиғ (ҳадиси Инзор), ҳадиси Манзалат, паймони бародарии аввалу дувум, моҷарои сади абвоб (бастани дарби манзили ҳамаи асҳоб ба Масҷидун-набӣ ба ғайри дарби манзили Алӣ (а))
  • Ривоёте, ки бартарии ҳазрати Алӣ (а) бар дигаронро исбот мекунад
  • Ояти Вилоят ва манзур аз лафзи «валӣ» дар оёти Қуръону ривоёт
  • Ҳадиси Ғадир ва тавотури он
  • Чиҳил ҳадис аз тариқи шиа ва иллати инки чаро аҳли суннат онҳоро нақл накардаанд
  • Алӣ (а) ворис ва васии Пайғамбар
  • Баҳси ҳамсарони Пайғамбар ва иллати напазируфтани аҳодиси Оиша ва пазириши аҳодиси Уммисалама
  • Адами иҷмоъи асҳоб бар ҷонишинии ғайри Алӣ ибни Абитолиб
  • Иллати инки Имом Алӣ баъд аз муддате аз мутолибаи ҳаққи хеш сукут ихтиёр кард.
  • Ҳадиси Қиртос ва нисбати нораво додани баъзе асҳоб ба Пайғамбар дар рӯзҳои поёни умри эшон
  • Тахаллуфи баъзе асҳоб аз сипоҳи Усома ва лаънат фиристодани Пайғамбар бар онҳо
  • Баъид донистани инки саҳоба баъд аз реҳлати Пайғамбар тасреҳоти ӯ ба ҷонишинии Алӣ (а)-ро раҳо карда бошанд ва ҷавоби он
  • Эҳтиҷоҷоти Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) ва бархе аз саҳоба баъд аз ғасби хилофат
  • Тақаддуми шиа дар тадвини улум.[23]

Чоп, тарҷума ва таҳқиқ

Чоп, тарҷума ва таҳқиқ Китоби ал-Муроҷаъот дар соли 1355ҳ.қ., дар Сайдои Лубнон чоп шуд. Сипас дар кишварҳои дигаре ҳамчун Эрон, Миср ва Ироқ низ ба чоп расид.[24]

Тарҷумаҳои форсӣ

Тасвири рӯи ҷилди асли китоб ва бархе тарҷумаҳо

Барои китоби ал-Муроҷаъот, ки ба забони арабӣ таълиф шудааст, чандин тарҷумаи форсӣ нигошта шудааст:

  • Мунозироти шиаю суннӣ; таълифи Сардор Кобулӣ.[25]
  • Тарҷумаи ал-Муроҷаъот; навиштаи Абулфазл Наҷмободӣ, ки тавассути интишороти Оятуллоҳ Буруҷердӣ ба чоп расидааст.[26]
  • Мунозираи илмӣ; таълифи Муҳаммадсодиқи Наҷмӣ.[27]
  • Раҳбарии Имом Алӣ дар Қуръону суннат; асари Муҳаммадҷаъфар Имомӣ.[28] Алиасғар Мураввиҷи Хуросонӣ бо ҳазфи қисматҳои фаннӣ ва гузиниши бахшҳои муҳимтари ин тарҷума, онро таҳти унвони «Ҳақҷӯ ва ҳақшинос» мунташир кардааст, ки понавиштҳои таҳқиқии Ҳусайни Розиро низ ба ҳамроҳ дорад.[29]
  • Мазҳаб ва раҳбари мо, асари Мустафо Замонӣ

Соири тарҷумаҳо

Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт ин китобро ба забонҳои испанияӣ, рувандаӣ, русӣ, фаронсавӣ, урду, тоҷикӣ, туркӣ, фавлонӣ ва курдии суронӣ тарҷума ва чоп кардааст.[30] Тарҷумаҳои дигаре низ барои ин китоб вуҷуд дорад, монанди тарҷумаи англисӣ: Al - Muraja'at тавассути Ёсин ал-Ҷибурӣ,[31] тарҷума ба забони испонюлӣ тавассути Файсал Мурҳел бо номи Al - Muraya‘ât[32] Олмонӣ бо номи Die Konsultation[33] ва андунизиёӣ бо номи Dialog Sunnah Syi'ah.[34]

Таҳқиқҳо

  • Таҳқиқи Ҳусайни Розӣ: дар ин таҳқиқ шумораи ҷилд ва саҳифаи манобеъ зикр шудааст, ҳамчунин манобеи таърихӣ ва ҳадисии дигаре аз кутуби шиа ва аҳли суннати зикр шудааст. Чопи Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) бо ин таҳқиқ аст.[35]
  • Таҳқиқи Муҳаммад Ҷамил Ҳаммуд бар баъзе матолиби китоб ҳошия зада шудааст.[36]
  • Таҳқиқи Мансур Иброҳимӣ дар Маркази таҳқиқоти дафтари таблиғоти исломии Қум сурат гирифтааст.[37]

Ҷусторҳои вобаста

Шабҳои Пешовар

Ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод

Эзоҳ

  1. «Ас-Сайид Абдулҳусайн Шарафиддин ал-Мусавӣ ал-Омилӣ», вебгоҳи Мактабатур-равзатул-Ҳайдарийя.
  2. Ҳакимӣ, Шарафиддин, 1383ҳ.ш., саҳ.51.
  3. Қубайсӣ, Ҳаёат-ул-имом Шарафиддин, 1400ҳ.қ., саҳ.32.
  4. Шарафиддин, ал-Муроҷаъот, 1422ҳ.қ., саҳ.39.
  5. Зириклӣ, ал-Аълом, 2002м., ҷ.3, саҳ.119.
  6. «Аш-Шайх Салим ал-Бишрӣ аввалу раисин ли ҳайъат Кибор-ил-уламо би-л-Азҳар-иш-шариф, туърафу алайҳ», вебгоҳи ал-Ҷумҳурийя.
  7. Ҳусайнии Милонӣ, Ташйид-ул-муроҷаъот ва тафнид-ул-мукобарот, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.15.
  8. Ҳусайнии Милонӣ, Ташйид-ул-муроҷаъот ва тафнид-ул-мукобарот, 1384, ҷ.1, саҳ.18.
  9. Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1381ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.175.
  10. Иброҳимӣ, “ал-Муроҷаъот, чигунагии тадвин ва китобшиносии он”, саҳ.29.
  11. Ҳусайнии Милонӣ, Ташйид-ул-муроҷаъот, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.7.
  12. Мураввиҷи Хуросонӣ, Ҳақҷӯ ва ҳақшинос, 1373ҳ.ш., саҳ.8.
  13. Ҳусайнии Милонӣ, Ташйид-ул-муроҷаъот, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.23.
  14. Ҳусайнии Милонӣ, Ташйид-ул-муроҷаъот, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.25.
  15. Иброҳимӣ, “ал-Муроҷаъот, чигунагии тадвин ва китобшиносии он”, саҳ.29 - 30.
  16. Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли-л-Байт, «Муқаддима», дар ал-Муроҷаъот, 1422ҳ.қ., саҳ.6.
  17. Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, 1393ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.478.
  18. Шубайрии Занҷонӣ, Ҷуръае аз дарё, 1393ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.478.
  19. Ҳусайнии Милонӣ, Ташйид-ул-муроҷаъот, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.5.
  20. Ҳусайнии Милонӣ, Ташйид-ул-муроҷаъот, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.19.
  21. Иброҳимӣ, “ал-Муроҷаъот, чигунагии тадвин ва китобшиносии он”, саҳ.33.
  22. Шарафиддин, ал-Муроҷаъот, 1422ҳ.қ., саҳ.51 - 243.
  23. Шарафиддин, ал-Муроҷаъот, 1422ҳ.қ., саҳ.247 - 623.
  24. Иброҳимӣ, “ал-Муроҷаъот, чигунагии тадвин ва китобшиносии он”, саҳ.30.
  25. Иброҳимӣ, “ал-Муроҷаъот, чигунагии тадвин ва китобшиносии он”, саҳ.32.
  26. Наҷмободӣ, “Илали тарҷумаи китоби нафиси ал-Муроҷаъот”, саҳ.42.
  27. Наҷмободӣ, “Илали тарҷумаи китоби нафиси ал-Муроҷаъот”, саҳ.42.
  28. Иброҳимӣ, “ал-Муроҷаъот, чигунагии тадвин ва китобшиносии он”, саҳ.33.
  29. Иброҳимӣ, “ал-Муроҷаъот, чигунагии тадвин ва китобшиносии он”, саҳ.33.
  30. Кирмонӣ, Корномаи тарҷумаи Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли-л-Байт, 1401ҳ.қ., саҳ.20.
  31. «Al - Muraja'at», вебгоҳи al - islam.
  32. “Al - Muraya‘ât “, вебгоҳи al - islam.
  33. “Die Konsultation [al - muradschaat]”, вебгоҳи eslam.
  34. “Dialog Sunnah Syiah”, вебгоҳи goodreads.
  35. Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳла-л-Байт, «Муқаддима», дар ал-Муроҷаъот, 1422ҳ.қ., саҳ.6.
  36. Иброҳимӣ, “ал-Муроҷаъот, чигунагии тадвин ва китобшиносии он”, саҳ.37.
  37. Иброҳимӣ, “ал-Муроҷаъот, чигунагии тадвин ва китобшиносии он”, саҳ.37.

Сарчашма

  • “Al - Muraja'at», вебгоҳи al - islam, таърихи боздид: 17 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • “Al - Muraya‘ât”, вебгоҳи al - islam, таърихи боздид: 17 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • “Dialog Sunnah Syiah”, вебгоҳи goodreads, таърихи боздид: 17 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • “Die Konsultation [al - muradschaat]», вебгоҳи eslam, таърихи боздид: 17 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • «Ас-Сайд Абдулҳусайн Шарафиддини ал-Мусавӣ ал-Омилӣ», вебгоҳи Мактабатур-равзатул-Ҳайдарийя, таърихи боздид: 8 мурдоди 1402ҳ.ш.
  • «Аш-Шайх Салим ал-Бишрӣ, аввалу раисин ли ҳайъату Киборил-уалмо би-л-Азаҳриш-шариф. Туърафу алайҳ», вебгоҳи ал-Ҷумҳурийя, таърихи дарҷи матлаб: 12 тири 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 18 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • Зириклӣ, Маҳмуд ибни Муҳаммад, ал-Аълом, Бейрут, Дорул-илми лил-малоин, чопи понздаҳум, 2002м.
  • Иброҳимӣ, Мансур, “ал-Муроҷаъот, чигунагии тадвин ва китобшиносии он”, фаслномаи Китобҳои исломӣ, № 17, 1383ҳ.ш.
  • Кирмонӣ, Абдукарим, Корномаи тарҷумаи Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли-л-Байт (1369 - 1399), Теҳрон, идораи кули хадамоти фарҳангӣ ва интишороти Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳла-л-Байт, 1401ҳ.қ.
  • «Китоби Ҳақҷӯ ва ҳақшинос», Мазҳаббук, таърихи боздид: 10 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • Қубайсӣ, Шайх Аҳмад, Ҳаёт-ул-имом Шарафиддини фи сутур, Бейрут, Дорул-тавҳидил-исломӣ, 1400ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи ҳафтум, 1381ҳ.ш.
  • Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳла-л-Байт, «Муқаддима», дар ал-Муроҷаъот, Теҳрон, Марказул-табоъати ван-нашр лил-Маҷмаъил-оламӣ ли Аҳли-л-Байт, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Мураввиҷи Хуросонӣ, Алиасғар, Ҳақҷӯ ва ҳақшинос, Қум, Бунёди маорифи исломӣ, 1373ҳ.ш.
  • Наҷмободӣ, Абулфазл, “Илали тарҷумаи китоби нафиси ал-Муроҷаъот”, бузургдошти марҳум Оятуллоҳ Ҳоҷимирзо Абулфазл Наҷмободӣ, 1387ҳ.ш.
  • Ҳакимӣ, Муҳаммадризо, Шарафиддин, Қум, Далели мо, 1383ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Милонӣ, Алӣ, Ташйид-ул-муроҷаъот ва тафнид-ул-мукобарот, Қум, ал-Ҳақоиқ, чопи сеюм, 1384ҳ.ш.
  • Шарафиддин, Абдулҳусайн, ал-Муроҷаъот, тарҷумаи Сардор Кобулӣ, Теҳрон, нашри Соя, чопи аввал, 1380ҳ.ш.
  • Шарафиддин, Абдулҳусайн, ал-Муроҷаъот, Теҳрон, Марказул-табоъати ван-нашри лил-Маҷмаъил-оламӣ ли Аҳли-л-Байт, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Сайид Мусо, Ҷуръае аз дарё; мақолот ва мабоҳис, шахсиятшиносӣ ва китобшиносӣ (ҷилди 3), Қум, китобшиносии шиа (вобаста ба муассисаи фарҳангии китобшиносии бузурги шиа), 1393ҳ.ш.