Имони Абутолиб (китоб)
- Ин мақола дар бораи китоби Имони Абутолиб аст. Барои итилоъ аз мабҳаси каломӣ бо ҳамин унвон, мадхали Имони Абутолибро бибинед.
Имони Абутолиб рисолае аст, каломӣ, ба забони арабӣ, навиштаи Шайхи Муфид (ваф.413ҳ.қ.).
Мавзӯи ин рисола, исботи имони Абутолиб - падари Имом Алӣ (а) аст ва дар он ба шеърҳо ва ҳимоятҳои Абутолиб аз Пайғамбар (с) ва низ рафтору гуфтори Пайғамбар (с) дар бораи ӯ истинод шудааст.
Ҳадафи нависанда аз нигориши китоб, ҳимоят аз Имом Алӣ (а) дар муқобили ин нақд, ки Абутолиб имон наёварда буд, аст.
Ҳамакнун нусхаҳои хаттии китоби Имони Абутолиб дар даст аст ва ин асар чанд бор ба таври мустақил ё зимни маҷмӯаҳое чоп шудааст.
Аҳамият
Китоби Имони Абутолиб замоне таълиф шуд, ки масъалаи имони Абутолиб аз масоили баҳсбарангез байни олимони шиа ва суннӣ буд.[1] Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ, ин китоб аз масдарҳои Биҳор-ул-анвор будааст.[2] Ҳамчунин мавриди таваҷҷуҳи олимони шиа қарор доштааст. Гуфтаанд, Фихор ибни Маъади Мусавӣ дар китоби ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб ило такфири Абитолиб айни алфоз ва ибороти Шайхи Муфид дар ин рисоларо нақл кардааст.[3]
Нависанда
Мақолаи аслӣ: Шайхи Муфид
Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон машҳур ба Шайхи Муфид (ваф.413ҳ.қ.) - мутакаллими бузурги имомия будааст.[4] Бархе аз китобҳои ӯ дар илми калом, иборатанд аз: Авоил-ул-мақолот, Тасҳеҳ-ул-эътиқодот, ал-Ифсоҳ фи-л-имомия, Тафзилу Амирилмуъминин. Ӯ дар ал-Фуссул-ул-мухтора ба дифоъ аз имони Абутолиб пардохтааст.[5]
Устодон ва шогирдони ӯ, аз олимони барҷастаи шиа будаанд. Шайхи Садуқ, Ибни Ҷунайди Искофӣ ва Ибни Қулавайҳ аз устодони ӯ будаанд.[6] Бархе аз шогирдонаш низ иборатанд аз: Шайхи Тусӣ, Сайиди Муртазо ва Сайиди Разӣ.[7]
Ангезаи нигориш
Шайхи Муфид, китоби Имони Абутолибро барои исботи имони Абутолиб ва дар ҳимоят аз Имом Алӣ (а) навиштааст; зеро бархе дар нақди шахсияти ӯ, имони падараш - Абутолибро инкор кардаанд.[8] Шайхи Муфид чунонки худаш гуфтааст, дар дигари осораш,[9] дар бораи ин матлаб сухан гуфта буд, аммо ба хотири дархости дигарон ва Муфидтар будани таълифи мустақил дар ин замина, тасмим гирифт як китоби мустақил бо ин мавзӯъ бинависад.[10] Дар он давра, имони Абутолиб аз масоили ихтилофии байни шиа ва суннӣ буд ва китобҳои зиёде дар ин хусус навишта мешуд.[11]
Муҳтаво ва шеваи нигориш
Шайхи Муфид дар имони Абутолиб бо далоили қуръонӣ, таърихӣ ва ҳадисӣ ба исботи имони Абутолиб пардохтааст.[12] Ӯ нахустин далел бар Исломи Абутолибро, сарпарастӣ ва ҳимояташ аз Пайғамбар (с) зикр кардааст.[13] Ҳамчунин барои исботи имони Абутолиб ба оёти Қуръон,[14] шеърҳояш[15] ва амалкардаш дар ҳимоят аз Пайғамбар (с)[16] ва низ рафтору гуфтори Пайғамбар (с) дар бораи ӯ[17] истинод кардааст.
Шайхи Муфид дар нигориши ин рисола, аз китобҳои «Фазоилу Абитолиб ва Абдулмуталлиб ва Абиннабӣ (с)» асари Саъд ибни Абдуллоҳи Ашъарӣ (ваф.299 - 301ҳ.қ.) ва низ китобҳои Имони Абутолиб аз Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аммор (ваф. 346ҳ.қ.), Саҳл ибни Аҳмади Дибоҷӣ ва Алӣ ибни Ҳамзаи Басрии Тамимӣ (ваф. 375ҳ.қ.) истифода кардааст.[18]
Нусхаҳои хаттӣ
Аз китоби Имони Абитолиб нусхаҳои хаттӣ мавҷуд аст:
- Нусхае ба таърихи 986ҳ.қ., ва ба хати Тоҷиддини Соид, ки дар китобхонаи умумӣ ва марказии Машҳад нигаҳдорӣ мешавад[19]
- Нусхае дар китобхонаи Маҷлиси шӯрои исломӣ
- Нусхаи китобхонаи Оятуллоҳи Ҳаким дар Наҷаф
- Нусхаи китобхонаи Малик дар Теҳрон.[20]
Интишор
Китоби Имони Абутолиб борҳо чоп шудааст. Бархе аз чопҳои он иборатанд аз:
- Чопи соли 1372ҳ.қ., зимни маҷмӯае бо таҳқиқи Муҳаммадҳасан Оли Ёсин дар Ироқ.[21]
- Чопи соли 1413ҳ.қ., ба таҳқиқи Муассисатул-беъсат тавассути интишороти конгресси ҷаҳонии Шайхи Муфид дар Қум, дар 41 саҳифа.
- Чопи соли 1414ҳ.қ., тавассути интишороти Дорул-Муфиди Бейрут.
Ҷусторҳои вобаста
Ал-Ҳуҷҷату ала-з-зоҳиб ило такфири Абитолиб
Феҳристи китобҳои дар бораи Абутолиб
Эзоҳ
- ↑ Шайхи Муфид, Имони Абутолиб, 1413ҳ.қ., саҳ.5 - 8.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Дорул-азвоъ, ҷ.2, саҳ.513 - 514.
- ↑ Ҳусайнии Ҷалолӣ, “Диранге дар рисолаи Шайхи Муфид дар бораи имони Абутолиб (а)”, саҳ.35.
- ↑ Ибни Надим, ал-Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.244.
- ↑ Ниг.: Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.282 - 286.
- ↑ Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш., саҳ.143.
- ↑ Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1385ҳ.ш., саҳ.143.
- ↑ Аҳмадӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1389ҳ.ш., саҳ.284.
- ↑ Барои намуна ниг.: Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.282 - 286.
- ↑ Ниг.: Шайхи Муфид, Имони Абутолиб, 1413ҳ.қ., саҳ.17 - 18.
- ↑ Шайхи Муфид, Имони Абутолиб, 1413ҳ.қ., саҳ.5 - 8.
- ↑ Ҳусайнии Ҷалолӣ, “Диранге дар рисолаи Шайхи Муфид дар бораи имони Абутолиб (а)”, саҳ.35.
- ↑ Муфид, Имони Абутолиб, 1413ҳ.қ., саҳ.18.
- ↑ Шайхи Муфид, Имони Абутолиб, 1413ҳ.қ., саҳ.27.
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, Имони Абутолиб, 1413ҳ.қ., саҳ.21 - 22.
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, Имони Абутолиб, 1413ҳ.қ., саҳ.23.
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, Имони Абутолиб, 1413ҳ.қ., саҳ.26 - 27.
- ↑ Ҳусайнии Ҷалолӣ, “Диранге дар рисолаи Шайхи Муфид дар бораи имони Абутолиб (а)”, саҳ.38.
- ↑ Муфид, Имони Абутолиб, 1414ҳ.қ., саҳ.14.
- ↑ Аҳмадӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1389ҳ.ш., саҳ.284.
- ↑ Аҳмадӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1389ҳ.ш., саҳ.283 ва 284.
Сарчашма
- Аҳмадӣ, Маҳдӣ, Таърихи ҳадиси шиа дар садаҳои чаҳорум то ҳафтуми ҳиҷрӣ, Қум, Дорул-ҳадис, 1389ҳ.ш.
- Гурҷӣ, Абулқосим, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, Теҳрон, Самт, 1385ҳ.ш.
- Ибни Надим, Муҳаммад ибни Исҳоқ, ал-Феҳрист, таҳқиқи Иброҳим Рамазон, Бейрут, Дорул-маърифат, 1417ҳ.қ./1997м.
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило-т-тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, бе то.
- Ҳусайнии Ҷалолӣ, Сайид Муҳаммадризо, «Нақд ва муаррифии китоб: дирангӣ дар рисолаи Шайхи Муфид дар бораи имони Абутолиб (а)», тарҷумаи Ҷӯё Ҷаҳонбахш, Оинаи мерос, № 16, баҳори 1381ҳ.ш.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-мухтора, Қум, ал-Муътамарул-оламӣ ли-ш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Имони Абутолиб, Бейрут, Дорул-Муфид, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Имони Абутолиб, таҳқиқи Муассисаи беъсат, Қум, ал-Муътамарул-оламӣ ли алфиятиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.