Забур

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Китоби Забур)
Тасвире аз қадимитарин нусхаи Мазомири Довуд, мутааллиқ ба қарни чаҳоруми мелодӣ, нигаҳдоришуда дар музейи Қибтии Миср[1]
Ин мақола дар бораи Забур - китоби Довуди набӣ аст. Барои гирифтани маълумот дар бораи Забури Оли Муҳаммад, мадхали Саҳифаи саҷҷодияро бубинед.

Забур (форсӣ:زَبور) китоби осмоние аст, ки ба ҳазрати Довуд (а) нозил шудааст. Забур аҳком ва шариъати навро дарбар намегирад, аммо дарбардорандаи насиҳатҳо, дуоҳо ва муноҷот мебошад.

Тибқи оятҳои Қуръон, ҳазрати Довуд ба хотири доштани Забур, бар бархе паёмбарон бартарӣ дошт. Мутобиқи бархе ривоятҳо, Забур аз вадоеъи имомат аст ва дар он ба Пайғамбари Ислом (с) ишора шудааст.

Ба эътиқоди баъзе пажӯҳишгарон, мазомири мавҷуд дар Аҳди Атиқ, ҳамон Забури ҳазрати Довуд аст, ки аз таҳриф дар амон намондааст. Мазомири Таврот аз муътабартарин манобеи динӣ ва фарҳангии яҳуд ба шумор меравад. Дар маҷмӯъ панҷ китоб ва 150 мазмур дорад, ки 73 мазмури онро ба ҳазрати Довуд нисбат додаанд.

Гуфта шудааст, мазмуни ояти 105-и сураи Анбиё танҳотарин нақли қавли мустақими Қуръон аз Таврот аст, ки акнун низ дар мазомир вуҷуд дорад.

Муаррифӣ ва аҳамият

Бар асоси бархе ривоёт, Забур яке аз 104 саҳифаи осмоние аст,[2] ки дар 18-уми Рамазон бар ҳазрати Довуд (а) нозил шуд.[3] Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ - муаллифи Тафсири Намуна, мазмуни Забур, насиҳатҳо, дуоҳо ва муноҷот буд ва аҳкому шариъати тозае надошт.[4] Тибқи бархе ривоёт, Забур яке аз вадоеъи имомат аст ва дар Ҷафри абяз нигаҳдорӣ мешавад.[5]

Бар асоси ривояте аз ҳазрати Муҳаммад (с), номи Пайғамбари Ислом дар Забур бо унвони «Моҳӣ» ба маънои маҳвкунандаи замин аз бутпарастӣ зикр шудааст.[6] Дар баъзе аҳодис низ аз зикр шудани номи Имом Алӣ (а) дар Забур сухан ба миён омадааст.[7] Дар ҳадисе омадааст, Худованд ба ҷои Забур, сураҳои Масониро ба Пайғамбари Ислом додааст.[8] Бархе китобҳо монанди Саҳифаи саҷҷодия ва бархе маснавиҳои Аттори Нишобурӣ) ба далели доштани мазмунҳои ниёишӣ ва зебо, Забур номида шудаанд.[9] Забур дар луғат ба маънои «навишташуда» аст.[10]

Оятҳои муртабит бо Забур дар Қуръон

Катибаи сафолӣ аз ояти 105-и сураи Анбиё дар Ҳарами Имом Ҳусайн(а)

Калимаи Забур се бор дар Қуръон зикр шудааст. Дар оёти 163-и сураи Нисо ва 55-и сураи Исро ба унвони мавҳибате барои ҳазрати Довуд муаррифӣ шудааст.[11] Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ - муаллифи ал-Мизон, бо истинод ба ояти 163-и сураи Нисо, бар ин бовар аст, ки иллати бартарии ҳазрати Довуд бар бархе паёмбарон, нозил шудани Забур бар вай будааст.[12] Дар ояти 196-и сураи Исро, Забур ба, ки бар паёмбарони пеш аз ӯ нозил шудааст, на хусуси китоби нозилшуда бар ҳазрати Довуд.[13]

Дар ояти «وَلَقَدْ کتَبْنَا فِی الزَّبُورِ مِن بَعْدِ الذِّکرِ أَنَّ الْأَرْضَ ی یرِثُهَا عِبَادِی الصَّالِحُونَ»[14] низ гарчӣ калимаи «Забур» зикр шудааст, аммо эҳтимолҳои мухталифе дар бораи он матраҳ шудааст; бо ин ҳол, Аллома Таботабоӣ бо истинод ба оёти дигар онро ҳамон китоби ҳазрати Довуд медонад.[15]

Бархе муҳаққиқон, мазмуни ояти 105-и сураи Анбиёро танҳотарин нақли қавли мустақими Қуръон аз Аҳди Қадим донистаанд.[16] Муҳаммад Содиқии Теҳронӣ ва Носир Макорими Шерозӣ - муфассирони қарни понздаҳум, бо баррасии мазомири Таврот, ба ин натиҷа расидаанд, ки мазмуни ин оят дар мазомири Таврот низ вуҷуд дорад.[17]

Татбиқи Забур бар бахшҳое аз Таврот

Бархе муфассирон, монанди Макорими Шерозӣ ва Содиқии Теҳронӣ, Забури ҳазрати Довудро бар бахшҳое аз Таврот (мазомири Таврот) татбиқ карда, аммо муътақиданд, дар ин бахш аз Таврот низ таҳрифҳое сурат гирифтааст.[18] Албатта Содиқии Теҳронӣ бар ин бовар аст, ки баъд аз Қуръон, ҳеҷ китоби осмоние, монанди Забур аз таҳриф масун намонда ва таҳрифоти суратгирифта дар он бисёр ночиз аст.[19] Ба гуфтаи бархе пажӯҳишгарон, байни Қуръону мазомир, монандиҳое вуҷуд дорад, монанди бархе тамсилиҳои яксон ва ё бархе калимот ё ҳарфҳои мубҳам, ки аз манбаи воҳиди он ду ҳикоят дорад.[20] Мазмури 45 дар бораи Пайғамбари Ислом ва асҳоби ӯ сухан гуфтааст.[21]

Мазомир дар маҷмӯъ панҷ китоб[22] ва 150 мазмур дорад,[23] ки 73 мазмури он ба ҳазрати Довуд,[24] баъзе мазмурҳо ба ҳазрати Сулаймон ва бархе аз онҳо ба афроди шинохташуда ё ношиноси дигар нисбат дода шудааст.[25] Мазомири Таврот сохтори шеъргуна дорад[26] ва аз муътабартарин манобеи динӣ ва фарҳангии яҳуд ба шумор меравад.[27] Бахши бисёре аз дуоҳои рӯзона, ҳафтагӣ, идҳо ва маросими дигари яҳудиён аз мазомир аст[28] ва ҳечяк аз асфори Китоби Муқаддас ба ҷуз Аноҷил ба андозаи мазомир хонда намешаванд.[29]

Ҷусторҳои вобаста

Қуръон

Таврот

Инҷил

Эзоҳ

  1. Фараҳот, “Мазомири Довуд”.
  2. Ниг.: Шайх Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.524.
  3. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.157.
  4. Макорими Шерозӣ ва дигарон, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.348.
  5. Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.186.
  6. Шайх Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.128.
  7. Ниг.: Шайх Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.59; Ибни Шозони Қумӣ, ал-Фазоил, 1363ҳ.ш., саҳ.175.
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.601.
  9. Иронлӯ ва Хандақободӣ, «Забур», саҳ.254.
  10. Асадӣ, “Забур”, саҳ.288.
  11. Ниг.: сураи Нисо, ояти 163; ва сураи Исро, ояти 55.
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.120.
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.320.
  14. Сураи Анбиё, ояти 105.
  15. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.329.
  16. Иронлӯ ва Хандақободӣ, “Забур”, саҳ.251.
  17. Содиқии Теҳронӣ, ал-Фурқон, 1406ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.379 - 382; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.566.
  18. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.520; Содиқии Теҳронӣ, ал-Фурқон фи тафсир-ил-Қуръон, 1365ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.230.
  19. Содиқии Теҳронӣ, ал-Фурқон фи тафсир-ил-Қуръон, 1365ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.230.
  20. Хазоилӣ, Аъломи Қуръон, 1371ҳ.ш., саҳ.346.
  21. Балоғӣ, Қасаси Қуръон, 1381ҳ.ш., саҳ.375.
  22. Мистер Ҳокс, Қомуси Китоби Муқаддас, 1377ҳ.ш., саҳ.796.
  23. Балоғӣ, Қасаси Қуръон, 1381ҳ.ш., саҳ.375.
  24. Хазоилӣ, Аъломи Қуръон, 1371ҳ.ш., саҳ.347.
  25. Мистер Ҳокс, Қомуси Китоби Муқаддас, 1377ҳ.ш., саҳ.797.
  26. Иронлӯ ва Хандақободӣ, “Забур”, саҳ.249.
  27. Асадӣ, “Забур”, саҳ.291.
  28. Асадӣ, “Забур”, саҳ.291.
  29. Мистер Ҳокс, Қомуси Китоби Муқаддас, 1377ҳ.ш., саҳ.799.

Сарчашма

  • Асадӣ, Алӣ, “Забур”, дар Доиратулмаорифи Қуръони Карим, ҷ.14, Қум, Бустони китоб, 1395ҳ.ш.
  • Балоғӣ, Садриддин, Қасаси Қуръон, Теҳрон, Амир Кабир, 1381ҳ.ш.
  • Ибни Шозони Қумӣ, ал-Фазоил, 1363ҳ.ш., саҳ.175.
  • Иронлӯ, Рамазонъалӣ, ва Ҳусайни Хандақободӣ, “Забур”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.21, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1395ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қуръони Карим.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, ва дигарон, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1386ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Мистер Ҳокс, Қомуси Китоби Муқаддас, Теҳрон, Асотир, 1377ҳ.ш.
  • Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Фурқон фи тафсир-ил-Қуръон би-л-Қуръони ва-с-суннат, Қум, Интишороти фарҳанги исломӣ, 1365ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Фараҳот, Фотима, “Мазомири Довуд”, дар сайти маҷаллаи Ҳофн, таърихи дарҷ: 31 октябри 2019м., таърихи боздид: 10 дейи 1402ҳ.ш.
  • Хазоилӣ, Муҳаммад, Аъломи Қуръон, Теҳрон, Амир Кабир, 1371ҳ.ш.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайх Муфид (раҳ), 1413ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1362ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароиъ, Қум, Доварӣ, 1385ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1403ҳ.қ.