Калимуллоҳ (лақаб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Калимуллоҳ)

Мақолаи Калимуллоҳ бо мақолоти сухан гуфтани Худо бо Мӯсо ва ояти 164-уми сураи Нисо иртибот дорад.

Калимуллоҳ (арабӣ:کَلیم‌ُالله) (ба маънои касе ки Худо бо ӯ сухан гуфт) лақаби махсуси ҳазрати Мӯсо (а) буда[1] ва ӯро ба хотири ин ки Худованд бевосита бо ӯ сухан гуфт, Калимуллоҳ хондаанд.[2] Махсуси Мӯсо (а) будани ин лақабро ба унвони фазилате барои он кас баршумурдаанд.[3]

Тибқи ояти 164-уми сураи Нисо, Худованд бо Мусо (а) сухан гуфт: «کَلَّمَ الله مُوسی تَکْلیماً; Худованд бо Мусо сухан гуфт».[4] Дар ояти 144-уми сураи Аъроф низ сухан гуфтани Худованд бо Мусо зикр шудааст.[5] Ин навъ гуфтугуро бархе олимони мусулмон[6] ва яҳудӣ[7] махсуси ҳазрати Мусо(а) баршумурдаанд.[8] Яҳудиёнро ки худро пайрави ҳазрати Мусо медонанд, ба хотири сифати калимуллоҳи ҳазрати Мусо, «калимӣ» хондаанд.[9]

Бархе олимони мусулмон муътақиданд, Худованд дар Меъроҷ бо Пайғамбари Ислом низ сухан гуфт ва ривоёт бар ин сухан гуфтан далолат доранд.[10] Инҳо муътақиданд, сухан гуфтани бевосита бо Худованд, махсуси Пайғамбари Ислом (с) ва Мусо (а) будааст.[11] Сухан гуфтани Худовандро сухан гуфтани бидуни доштани ҷисм донистаанд; зеро сухан гуфтан бо забон, нишонаи ҷисм доштан аст, дар ҳоле ки Худованд ҷисм надорад.[12]

Бурусавӣ - муфассири асри дувоздаҳум, иллати ихтисоси Мусо (а) ба ин навъ сухан гуфтанро дар кӯдакии Мусо (а) донистааст, ки забонаш сӯхт. Худованд дар ивази он сӯхтан бо вай сухан гуфта ӯро Калимуллоҳ хонд.[13] Ин муфассир дар идома бо шеъре ба ин воқеа ишора кардааст:

Ҳар меҳнате муқаддимаи роҳате бувад,
Шуд ҳамзабони Ҳақ чу забони Калим сӯхт.[14]

Бархе муфассирон тақрири дигаре аз иллати лақаб Калимуллоҳ овардаанд, ба ин наҳв, ки Худованд дар аввалин таҷаллӣ бар Мусо (а) худро «إِنِّی أَنَا رَبُّک; ин манам Парвардигори ту» муаррифӣ карда, набуввати Мусо (а) бо каломи Худованд оғоз шудааст, ба ҳамин ҷиҳат ӯро «Калимуллоҳ» номиданд.[15]

Эзоҳ

  1. Фазлуллоҳ, Тафсири Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.202
  2. Таййиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.3.
  3. Зуҳайлӣ, ат-Тафсир-ул-мунир, 1418ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.35.
  4. Сураи Нисо, ояти 164.
  5. Таййиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.453.
  6. Шайх Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.3, саҳ.394; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.267.
  7. لقب حضرت موسی به فارسی چه می‌باشد و نبوت ایشان چگونه بود؟”, анҷумани калимиёни Теҳрон.
  8. Қаршӣ, Тафсири Аҳсан-ул-ҳадис, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.470; Рашид Ризо, ал-Минор, 1990м., ҷ.3, саҳ.4.
  9. لقب حضرت موسی به فارسی چه می‌باشد و نبوت ایشان چگونه بود؟”, анҷумани калимиёни Теҳрон.
  10. Бону Амин, Махзан-ул-ирФон, 1361ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.379.
  11. Буруҷердӣ, Тафсири ҷомеъ, 1366ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.462.
  12. Макорими Шерозӣ, Яксаду ҳаштод пурсишу посух, 1386ҳ.ш., саҳ.75.
  13. Бурусевӣ, тафсири Руҳ-ул-баён, Бейрут, ҷ.5, саҳ.372.
  14. Бурусевӣ, тафсири Руҳ-ул-баён, Бейрут, ҷ.5, саҳ.372.
  15. Қироатӣ, Тафсири Нур, 1383ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.328.

Сарчашма

  • Бону Амин, Махзан-ул-ирфон дар тафсири Қуръон, Теҳрон, Наҳзати занони мусулмон, 1361ҳ.ш.
  • Бурусевӣ, Исмоил, Тафсири Руҳ-ул-баён, Дорул-фикр, Бейрут, бе то.
  • Буруҷердӣ, Сайид Муҳаммадиброҳим, Тафсири ҷомеъ, Теҳрон, интишороти Садр, чопи шашум, 1366ҳ.ш.
  • Зуҳайлӣ, Ваҳба ибни Мустафо, ат-Тафсир-ул-мунир фи-л-ақидати ва-ш-шариъати ва-л-манҳаҷ, Дорул-фикрил-муъоср, Бейрут, Димишқ, чопи дувум, 1418ҳ.қ.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири Нур, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, Теҳрон, чопи ёздаҳум, 1383ҳ.ш.
  • "Лақаби ҳазрати Мусо ба форсӣ чӣ мебошад ва набуввати эшон чигуна буд?", вебгоҳи анҷумани калимиёни Теҳрон, таърихи боздид: 1 исфанди 1402ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Яксаду ҳаштод пурсишу посух, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1386ҳ.ш.
  • Рашид Ризо, тафсири ал-Минор, Миср, ал-Ҳайатул-мисрийятил-оммати лил-китоб, 1990м.
  • Таййиб, Сайидабдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Ислом, чопи дувум, 1378ҳ.ш.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, тафсири Мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-милок лил-табоъати вал-нашр, чопи дувум, 1419ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Шайх Оқобузурги Теҳронӣ, таҳқиқ: Аҳмад Қусайр Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.