Истеҳлол

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Истеҳлоли моҳ)
Ин мақола дар бораи мафҳуми истеҳлол аст. Барои ошноӣ бо дидани ҳилоли аввали моҳи қамарӣ ва аҳкоми марбут ба он, мадхали руъяти ҳилолро бубинед.
Дар ҷустуҷӯи ҳилоли аввали моҳ

Истеҳлол ҷустуҷӯи ҳилол дар шаби аввали моҳи қамарист. Истеҳлол мустаҳаб ва дар мавориде воҷиби кифоӣ аст. Бархе аз ибодоти фардӣ ва иҷтимоии мусулмонон аз ҷумла оғоз ва поёни моҳи Рамазон, анҷоми бархе аз маносики ҳаҷ ва таъини моҳҳои ҳаром бар ташхиси оғози моҳҳои қамарӣ вобаста аст. Дар бархе кишварҳои исломӣ ситоде барои истеҳлол ташкил шудааст.

Бештари фақиҳон дидани ҳилол бо чашми ғайримусаллаҳ(бидуни истифода аз дурбин)-ро меъёри исботи аввали моҳи қамарӣ медонанд, аммо аз назари Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, руъят бо чашми мусаллаҳ (дидан бо дурбин) низ муътабар аст.

Мафҳумшиносӣ

Нигоҳ кардан ба осмон барои дидани ҳилол дар шаби аввали моҳи қамариро истеҳлол гӯянд.[1] Истеҳлол дар луғат ба маънои баланд кардани садост.[2] Ба гуфтаи Шайхи Муфид ҳилоли моҳро ба ин хотир чунин ном гузоштаанд, ки мардум ба ҳангом дидани он барои гуфтани такбир ва низ ишора ба он садои худро баланд мекарданд, яъне баъди дидани ҳилоли моҳ бо садои баланд Аллоҳу акбар мегуфтанд.[3]

Аҳамият

Бархе аз маносик ва ибодоти мусулмонон бар асоси моҳҳои қамарӣ аст ва яке аз роҳҳои ташхис ва исботи оғози моҳи қамарӣ, руяти ҳилол аст.[4]

Истеҳлол амали мустаҳаб ва гоҳе воҷиби кафоӣ аст.[5] Бар пояи ривоёт, вуҷуби рӯза дар моҳи Рамазон ва поёни он дар иди Фитр, ба руяти ҳилол вобаста аст[6] ҳамчунин дар фиқҳ, таъини замони анҷоми маносики ҳаҷ ва вуқуф дар Арафот, Машъар ва Мино, ба субути ҳилоли моҳи зилҳаҷҷа аст.[7] Бар ин асос бархе аз фақиҳони шиа ва аҳли суннат ба вуҷуби кафоии истеҳлол дар моҳҳои Рамазон, шавол ва зилҳаҷҷа бовар доранд.[8]

Истеҳлол бо чашми мусаллаҳ ва ғайримусаллаҳ

Фақиҳон дар бораи чигунагии истеҳлол ихтилоф назар доранд.[9] Иддае аз фуқаҳои шиа муътақиданд руяти ҳилол бояд бо чашми ғайримусаллаҳ бошад, бо истифода аз дурбину телескоп муътабар нест.[10] Оятуллоҳ Хоманаӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа ва раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, руят бо чашми мусаллаҳ(истифода аз абзор)-ро низ муътабар медонад. Аз ин рӯ дар Эрон барои истеҳлоли моҳ аз дурбинҳои оптикӣ истифода мешавад.[11] Аз ин рӯ дар мавориде ки ҳилол бо чашми мусаллаҳ дида шавад, аммо бо чашми ғайримусаллаҳ дида нашавад, дар эъломи оғоз ё поёни моҳи қамарӣ аз ҷумла рӯзи иди Фитр миёни мароҷеъи тақлид ихтилофи назарҳое дида мешавад.[12] Ҳамчунин фуқаҳои аҳли суннат дар бархе аз кишварҳо монанди Арабистон ва кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс руъят бидуни абзорро меъёр медонанд.[13]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Амид, Фарҳанги форсӣ, зайли вожаи “истеҳлол”
  2. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1375ҳ.ш., саҳ.499
  3. Муфид, Ҷавоботу аҳл-ил-Мусили фи-л-адади ва-р-руъят, 1413ҳ.қ., саҳ.16
  4. Ҷалилӣ, «Баррасии фиқҳии истеҳлол дар назд фариқайн», саҳ.97
  5. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.493; Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.17
  6. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.77
  7. Хуросонӣ ва Мухторӣ, «Истеҳлол», саҳ.389
  8. Хуросонӣ ва Мухторӣ, «Истеҳлол», саҳ.389
  9. Ҷалилӣ, «Баррасии фиқҳии истеҳлол дар назд фариқайн», саҳ.103
  10. Ҷалилӣ, «Баррасии фиқҳии истеҳлол дар назд фариқайн», саҳ.103
  11. Ҳилоли моҳи нав чӣ гуна руят мешавад? пойгоҳи Дафтари нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  12. Ҷалилӣ, «Баррасии фиқҳии истеҳлол дар назд фариқайн», саҳ.99
  13. Ҷалилӣ, «Баррасии фиқҳии истеҳлол дар назд фариқайн», саҳ.100

Сарчашма

  • Амид, Ҳасан, Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, нашри Ашҷаъ, 1389ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, мусаҳҳеҳ Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ҷавоботу аҳл-ил-Мусили фи-л-адади ва-р-руъят, таҳқиқи Маҳдии Наҷаф, Қум, ал-Муътамар-ул-оламийи ли алфияти аш-Шайх ал-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Ҷаъфар ибни Хизр, Кашф-ул-ғитои ан мубҳамот-иш-шариат-ил-ғаррои, Қум, Дафтари таблиғот, 1422ҳ.қ.
  • Турайҳӣ, Фахриддин ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, Теҳрон, Муртазавӣ, чопи сеюм, 1375ҳ.ш.
  • Хуросонӣ, Ҳамидризо; Мухторӣ, Ризо, «Истеҳлол» дар Донишномаи ҳаҷ ва ҳарамайни шарифин, Қум, Машъар, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.388 то 400.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийяти ало мазҳаб-ил-имомийяти, Қум, муассисаи Имом Содиқ, 1420ҳ.қ.
  • Ҷалилӣ, Аббос, «Баррасии фиқҳии истеҳлол дар назд фариқайн», дар маҷаллаи Ҳаблулмтин, №1, вижаномаи моҳи Рамазон, 1391ҳ.ш.