Исмати пайғамбарон

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Исмати паёмбарон)

Ин мақола дар бораи исмати пайғамбарон аст. Барои ошноӣ бо мафҳуми исмат ва исмати имомон мадхали исмат ва исмати имомонро бибинед.

Исмати пайғамбарон, покии пайғамбарон аз иртикоби ҳаргуна гуноҳ, зиштӣ ва бадӣ аст.

Исмати пайғамбаронро аз усули муштараки ҳамаи адён донистаанд, аммо дар бораи чистӣ ва маротиби он ихтилофи назар вуҷуд дорад. Олимони мусулмон дар бораи масунияти пайғамбарон аз ширк, куфр ва хато накардан дар дарёфт ва иблоғи ваҳй, иттифоқи назар доранд, аммо дар бораи масунияташон аз дигар гуноҳон ва ҳамчунин масуният аз хато дар умури рӯзмарра дучори ихтилофи назар шудаанд. Ба бовари бештари онҳо, пайғамбарон дар ин ду замина ҳам маъсум ҳастанд.

Маншаи исмати пайғамбаронро ношӣ аз лутфи Худованд ё илми росихи онон дар бораи тоъат ва гуноҳ донистаанд, ки аввалан қобили таълим нест ва сониян мағлуби шаҳватҳо намешавад.

Дар Қуръон аз исмати пайғамбарон, ба сароҳат, сухан гуфта нашудааст, аммо муффасирон зайли оёте монанди ояти 36 сураи Бақара дар бораи ихроҷи Одаму Ҳавво аз биҳишт, дар бораи исмат сухан гуфтаанд. Мутакаллимони мусулмон барои исботи исмати пайғамбарон, аз далоили ақлие ҳамчун далели эътимод истифода кардаанд. Онҳо дар ин замина, ба оёте аз Қуръон, аз ҷумла ояти ҳафтуми сураи Ҳашр низ истинод мекунанд.

Мухолифони исмати пайғамбарон ба оёте аз Қуръон истинод кардаанд, ки исмати ҳамаи пайғамбарон ё бархе аз ононро зери суол бурда аст. Дар посух гуфта шудааст ин оёт, муташобиҳ буда ва бояд бо ирҷоъ ба оёти муҳкам, таъвил ва тафсир шавад. Ҳамчунин оёти носозгор бо исмати пайғамбарон, бар тарки авло ҳамл шуда аст, ки бо маънои мутаораф аз хатову гуноҳ мутафовит аст.

Мафҳумшиносӣ

Мақолаи аслӣ: Исмат

Исмати пайғамбарон, ба маънои покии пайғамбарон аз иртикоб ҳар гуна зиштиву бадӣ аст.[1] Исмати анбиёро хусусияти даруние донистаанд, ки сабаб мешавад онон аъмоли нодурустро аз аъмоли дуруст ба равшанӣ ташхис диҳанд.[2]

Дар фарҳанги Исломӣ барои баёни мафҳуми исмати пайғамбарон аз калимоте монанди танзиҳ [ёддошти 1], тавфиқ, сидқ ва амонат низ истифода шудааст.[3]

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Исмати пайғамбарон дар заминаи ваҳйро аз усули муштарак ва мавриди иттифоқи ҳамаи адёни илоҳӣ медонанд,[4] ҳарчанд дар бораи чистӣ ва маротиби он, байни илоҳидонони адён, аз ҷумла мутакаллимони мусулмон ихтилофи назар вуҷуд дорад.[5]

Бархе мӯътақиданд исмати пайғамбарон аз ибтидои зуҳури Ислом байни мусулмонон ривоҷ ёфтааст. Барои мисол гузориш кардаанд, ки халифаи аввал дар таҷлил аз Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), ӯро маъсум аз хато донистааст.[6] Ҳамчунин нақл кардаанд, ки Имом Алӣ (а) барои табйини мақоми анбиё, аз калимаи исмат истифода кардааст.[7] Бо ин ҳол бархе аз андешмандон бар ин ақидаанд ки корбурди истилоҳи исмат, ҳамчун дигар истилоҳоти каломӣ, марбут ба баъд аз пайдоиши илми калом ва ҳамзамон бо имомати Имом Содиқ (а) будааст.[8]

Дар Қуръон ба таври сариҳу ошкор аз исмати пайғамбарон сухан наёмада аст,[9] вале муффасирон дар тафсири оёте аз Қуръон ба он пардохтаанд. Оёти 36 сураи Бақара,[10] 23 сураи Аъроф ва 121 сураи Тоҳо дар бораи достони Одаму Ҳавво ва бархӯрди онҳо бо шайтон, ояти 33 сураи Оли Имрон дар бораи баргузидагии бархе пайғамбарон ва ҳамчунин оёти 3 то 5 сураи Наҷм дар бораи инки Пайғамбари Ислом (с) бо такя бар ваҳй сухан мегӯяд, на аз рӯи ҳавову ҳавас аз ҷумлаи ин оёт аст.[11]

Густара

Исмати пайғамбарон дар чанд марҳалаю маротиба тасвир шудааст, ки ба тартиб иборатанд аз: исмат аз ширку куфр, масуният дар дарёфт ва иблоғи ваҳй, масуният аз гуноҳи кабираву сағира ва масуният аз хато дар умури рӯзмарра. Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, мутакаллимони мусулмон дар хусуси маротибаи аввалу дувум, иттифоқи назар доранд.[12] ҳама бар ин боваранд, ки пайғамбарон, қабл ва баъд аз набувват муртакиби ширк ё куфр нашуда ва намешаванд.[13] Ҳамчунин мутакаллимони шиаву суннӣ бар онанд, ки анбиё дар дарёфт, ҳифз ва иблоғи ваҳй аз хиёнати амдӣ,[14] саҳв (фаромӯшӣ) ва хато[15] масун ҳастанд. Албатта дар ин миёни Қозӣ Абдулҷаббор, пешвои мӯътазилиёни қарни панҷуми қамарӣ, дурӯғи саҳвиро дар таблиғи рисолат ҷоиз дониста аст.[16]

Дар хусуси мартабаи сеюм ҳам байни мутакаллимони шиа иттифоқи назар ҳаст;[17] яъне ба бовари онон, пайғамбарон аз ҳар гуна гуноҳи кабираву сағира маъсум ҳастанд.[18] Танҳо Шайхи Муфид анҷом додани гуноҳи сағираи саҳвиро, ки ҳокӣ аз хифти табъ набошад, барои пайғамбарон пеш аз беъсаташон мумкин дониста аст.[19]

Мартабаи чаҳорум, яъне масуният аз хато дар умури рӯзмарраро ҳам бештари олимони шиа пазируфтаанд ва мегӯянд гуфтору кирдори пайғамбарон дар умури фардӣ ва иҷтимои рӯзмарра низ масун аз хатост.[20] Шайхи Садуқ бо истинод ба ривояти Зушшимолайн,[21] саҳвуннабиро пазируфта ва эътиқод ба исмати пайғамбарон аз иштибоҳро ғулув ва тафвиз дониста аст.[22] Дар бораи саҳви Пайғамбар (с), дар китоби Усули Кофӣ низ ривоёте нақл шудааст.[23]

Алломаи Таботабоӣ ҳам мӯътақид аст мавориде, ки бо ваҳй ва ҳидояти мардум иртибот надорад, хориҷ аз баҳси исмат аст. Ӯ мегӯяд ба истиснои Пайғамбари Ислом (с) ба далели фазилати хосси илоҳиаш, бино бар бархе аз оёти Қуръон, пайғамбарон дар умури рӯзмарра дучори иштибоҳу нисён шудаанд, ки бархе мавориди он иборатанд аз: нисёни ҳазрати Одам дар бораи аҳдаш, дархости ҳазрати Нӯҳ мабнӣ бар наҷоти фарзанди гунаҳкораш аз тӯфон, хуруҷи ғазабноки ҳазрати Юнус аз қавмаш ва қазовати иштибоҳи ҳазрати Мусо дар бораи ҳазрати Ҳорун пас аз гӯсолапарастии Банӣ Исроил.[24]

Зиддият надоштани исмати пайғамбарон бо ихтиёр

Гурӯҳе бар ин боваранд, ки исмату ихтиёр бо ҳам зиддият доранд. Бархеҳо тибқи ин мабно, исмати пайғамбаронро инкор кардаанд ва бархеи дигар ҷабрӣ будани исмати пайғамбаронро натиҷа гирифтаанд.[25] Аз истидлолҳои гурӯҳи ахир, ин аст, ки инсон мулозим бо хатову гуноҳ аст ва ҳар андоза талош кунад, дар бархе мавқеиятҳо, муртакиби хато мешавад. Бинобар ин, замоне, ки инсоне ба мақоми исмат дастрасӣ пайдо мекунад, қатъан дар асари ҷабри авомили берунист. Инҳо барои исботи ҷабрӣ будани исмати пайғамбарон ба оёти Қуръон ҳам тамассук кардаанд.[26]

Аз ҷумлаи ин оёт, ояти 46 сураи Сод аст, ки дар он иборати «اخلصناهم» (онҳоро холис кардем), дар хусуси пайғамбарон ба кор рафта аст. Ҳамчунин аст ояти Татҳир, ки тибқи он, Худованд танҳо бархе аз инсонҳоро аз гуноҳон пок кардааст.[27]

Дар муқобили ин назар, Аллома Таботабоӣ гуфтааст, Худо ба пайғамбарон илм додааст, то ботини гуноҳро дарк кунанд. Бинобарин, онҳо ба иллати огоҳӣ аз зиштии гуноҳ, муртакиби он намешаванд, на аз рӯи ҷабр. Ӯ илми анбиё ба гуноҳонро ба илми инсонӣ ба заҳролуд будан як ғизо ташбеҳ кардааст, ки дар натиҷаи он аз хӯрдани ғизои заҳролуд дурӣ мекунад.[28]

Ҷаъфари Субҳонӣ ҳам навиштааст, мақоми исмат ба иродаи Худо насиби маъсум мешавад ва бархе оёт бар мавҳибатӣ будани он таъкид доранд, вале муқаддимоти касби мақоми исмат, бо талош ва мубориза бо хостаҳои нафсонӣ муҳаққақ мешавад. Бинобарин, бо ихтиёр қобили ҷамъ аст.[29]

Далоил

Далоили исмати пайғамбаронро ба ду дастаи далоили ақлӣ ва нақлӣ тақсим кардаанд:

Далоили ақлӣ

Муҳимтарин далели ақлӣ бар исмати пайғамбаронро ҷалби эътимоди мардум ба онҳо донистаанд.[30] Бар асоси ин далел, ки онро «далели эътимод» ном ниҳодаанд,[31] агар амали пайғамбарон бо гуфторашон мутобиқ набошад, мардум раҳбариашонро нахоҳанд пазируфт.[32]

Дигар далели ақлӣ, нақзи ғарази рисолат аст. Гуфтаанд бо тавваҷуҳ ба вуҷуби итоат аз пайғамбарон, агар онҳо гуноҳе анҷом диҳанд, оё бояд аз онҳо пайравӣ кунем ё хайр? Агар пайравӣ кунем нақзи ғараз пеш меояд; зеро пайғамбарон барои ҳидоят омадаанд. Пайравӣ накардан ҳам ба таҳқири шаъни рисолати пайғамбарон мунҷар хоҳад шуд.[33]

Далоили нақлӣ

Далоили нақлӣ шомили оёти Қуръон ва ривоёт аст. Ба гуфтаи муффасирон оёте чанд аз Қуръон бар исмати пайғамбарон далолат доранд. Аллома Таботабоӣ оёти 64, 69 ва 165 сураи Нисо, ояти 90 сураи Анъом ва ояти 17 сураи Каҳфро аз ҷумлаи ин оёт медонад.[34]

Дар ояти 17 сураи Каҳф омадааст: «Ҳар касеро Худо ҳидоят кунад, ӯ ҳидоят ёфтааст». Ба бовари Аллома Таботабоӣ, ин оят ҳаргуна гумроҳиеро аз ҳидоятёфтагон нафй мекунад ва аз онҷо, ки ҳар гуноҳе навъӣ гумроҳист, далолат мекунад, ки пайғамбарон ҳеҷ гуноҳе муртакиб намешаванд.[35]

Дар ривоёти мутааддиде бар қатъӣ будани исмати анбиё таъкид шудааст.[36] Аз ҷумлаи онҳо ривояте аст аз Имом Боқир (а) ки дар он омада аст: «анбиё гуноҳ намекунанд; чун ҳамагӣ маъсуму поканд ва онон муртакиби гуноҳи сағира ва ё кабира намешаванд!».[37]

Ишколот ва посухҳо

Мухолифони исмати пайғамбарон бо истинод ба бархе аз оёти Қуръон ва ривоёт исмати пайғамбаронро инкор кардаанд.

Ноумедӣ ва бадгумонӣ ба ваъдаи илоҳӣ

Мункирони исмати пайғамбарон, бар асоси ояти «حَتَّیٰ إِذَا اسْتَیأَسَ الرُّ‌سُلُ وَظَنُّوا أَنَّهُمْ قَدْ کُذِبُوا جَاءَهُمْ نَصْرُ‌نَا فَنُجِّی مَن نَّشَاءُ...; то ҳангоме ки фиристодагони [мо] ноумед шуданд ва [мардум] пиндоштанд, ки ба онон воқеан дурӯғ гуфта шуда, ёрии мо ба онон расид... »[38] ба ноумедӣ ва бадгумонии пайғамбарон ба ваъдаи илоҳӣ истидлол карда ва онро далел бар инкори исмати онҳо донистаанд; зеро лозимаи ҷумлаи «وَظَنُّوا أَنَّهُمْ قَدْ کُذِبُوا» ин аст, ки пайғамбарон гумон карданд, Худованд ба онҳо дар бораи нусрат дурӯғ гуфтааст.[39]

Дар ҷавоби ин шубҳа, Аллома Таботабоӣ мақсуд аз замир дар «وَظَنُّوا أَنَّهُمْ قَدْ کُذِبُوا»-ро мардум донистааст, на, пайғамбарон. Дар ин сурат маънои оят чунин мешавад: лаҷоҷати мардум дар иҷобат накардани даъвати пайғамбарон, боиси маъюс шудани пайғамбарон шуд ва мардум гумон карданд ваъдаи азоб дурӯғ аст.[40] [ёддошти 2] Оятуллоҳ Субҳонӣ ҳамаи замоир дар ояро ба пайғамбарон ирҷоъ дода ва мӯътақид аст пайғамбарон гумон накарданд, ки Худо ба онҳо дурӯғ гуфта бошад, балки вазъ ва ҳоли онон ба гунае шуда буд, ки дигарон чунин тасаввуре дар бораи он пайғамбарон доштанд.[41]

Роҳёбии илқооти шайтонӣ бар пайғамбарон

Аз зоҳири ояти «وَمَا أَرْ‌سَلْنَا مِن قَبْلِک مِن رَّ‌سُولٍ وَلَا نَبِی إِلَّا إِذَا تَمَنَّیٰ أَلْقَی الشَّیطَانُ فِی أُمْنِیتِهِ فَینسَخُ الله مَا یلْقِی الشَّیطَانُ...; ва пеш аз ту [низ] ҳеҷ расулу паёмбареро нафиристодем, ҷуз инки ҳар гоҳ чизе тиловат менамуд, шайтон дар тиловаташ илқои [шубҳа] мекард. Пас Худо ончиро шайтон илқо мекард маҳв мегардонд... »[42] барои инкори исмат ва салби эътимод аз пайғамбарон истифода шудааст;[43] зеро тибқи мазмуни оят шайтон дар андеша, забон ва хостаҳои пайғамбарон мудохила мекард, вале Худованд ончиро ки шайтон илқо карда буд, маҳву нобуд мекард.[44] Афсонаи ғарониқ муаййиде бар ин дидгоҳ дониста шудааст.[45]

Чунин тафсире аз мазмуни оятро мухолифи дигари оёти Қуръон[46] донистаанд, ки шайтон дар ирода ва тасмимоти бандагони Худо ҳеҷ дахолате надорад ва қатъан равшантарин мисдоқи бандагони Худо пайғамбарон ҳастанд.[47] Бархе чигунагии мудохилаи шайтонро васвасаи мардум, шӯриш ва мухолифати онҳо бар алайҳи пайғамбарон донистаанд, ки пайғамбаронро дар дастёбӣ ба нақшаҳову таманниёташон (густариши дини илоҳӣ ва ҳидояти мардум) ноком месозад.[48] Маҳви осори мудохилаи шайтонро низ ҳамон нусратҳои илоҳӣ муаррифӣ кардаанд.[49]

Гуноҳкор будани ҳамаи мардум, ҳатто пайғамбарон

Гуфта шуда аст дар ояти «وَلَوْ یؤَاخِذُ اللَّهُ النَّاسَ بِظُلْمِهِم مَّا تَرَ‌ک عَلَیهَا مِن دَابَّةٍ...; ва агар Худованд мардумро ба [сазои] ситамашон муохиза (азоб) мекард, ҳеч ҷунбндае дар рӯи замин боқӣ намегузошт... »[50] зулм ба тамоми мардум нисбат дода шуда ва мурод аз зулм, маъсият аст; пас оят далолат дорад, ки тамоми мардум аз ҷумла пайғамбарон гуноҳкоранд.[51]

Фахри Розӣ дар посух гуфтааст бо истинод ба оёте ҳамчун ояти 32 сураи Фотир, ҳамаи мардум золим нестанд, балки мурод аз калимаи «الناس/ ал-нос» дар оят ё ҳамаи золимини мустаҳаққи азоб ҳастанд, ё мушриконе, ки дар оёти пешин аз онҳо сухан гуфта шуда буд.[52] Аз назари Аллома Таботабоӣ, мурод аз зулм дар оят аъам аз маъсият ва тарки авло аст ва мумкин аст тарки авло аз пайғамбарон содир мешавад.[53]

Оёти носозгор бо исмати бархе аз пайғамбарон

Зоҳири бархе аз оёти Қуръонро носозгор бо исмати иддае аз пайғамбароне ҳамчун Одам (а),[54] Нӯҳ (а),[55] Иброҳим (а),[56] Мусо (а),[57] Юсуф (а),[58] Юнус (а)[59] ва Пайғамбари Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)[60] муаррифӣ кардаанд.[61]

Оятуллоҳ Субҳонӣ муҳимтарин шубаҳот ва дастовези мункирони исмати анбиёро ҳамин оёт дониста аст.[62] Аҳмад Амини мисрӣ, бо истинод ба ҳамин оёт[63] исмати пайғамбарон аз гуноҳи кабираву сағираро қабл ва баъд аз набувват, ғулув ва мухолифи сариҳи оёти Қуръон шуморида аст.[64]

Посухҳои куллӣ

Муффасирон, якояки оёти носозгор бо исмати пайғамбаронро мавриди баррасӣ қарор дода, шубаҳоти марбутаро нақд кардаанд,[65] аммо посухҳои куллие низ ироа шуда аст, аз ҷумла:

  • Оёти нозир бар исмати анбиё, оёти муҳкамот ва оёти дар зоҳир мухолифи исмати пайғамбарон, оёти муташобиҳ ҳастанд, ки бояд бо ирҷоъ ба оёти муҳкамот тафсир ва маъно шаванд.[66]
  • Агар далеле бархилофи муқтазои далоили қатъӣ вуҷуд дошт, ё бояд онро канор гузошт, ё ба таъвил бурд; бинобар ин, оёте, ки дар зоҳир бо исмати пайғамбарон носозгор аст, бояд таъвил бурда шаванд.[67]
  • Агар тарки авлоро бар пайғамбарон ҷоиз бидонем, дар ин сурат тамоми оёте, ки бо исмати пайғамбарон носозгор аст, бар тарки авло ҳамл мешавад, вале агар тарки авлоро ҷоиз ндонем, бояд гуфт он қазоё дорои маслиҳате будаанд, ки мо онро дарк намекунем, монанди достони ҳазрати Мусо (а) ва Хизр (а).[68]

Дар баъзе ривоёт низ ба оёти дарбардорандаи исмат надоштани пайғамбарон ишора ва ба онҳо посух дода шудааст;[69] аз ҷумла дар ривояте аз Имом Ризо (а) нақл шудааст дар маҷлиси Маъмун бо ҳузури уламои адён ва фирақи мухталиф, шахсе ба номи Алӣ ибни Ҷаҳм пурсид, оё шумо мӯътақид ба исмати пайғамбарон ҳастед? Имом Ризо (а) фармуд: бале. Сипас Алӣ ибни Ҷаҳм дар бораи чигунагии тафсири оёте ҳамчун ояти 121 сураи Тоҳо, ояти 87 сураи Анбиё ва ояти 24 сураи Юсуф суол кард, ки Имом Ризо (а) зимни наҳй аз нисбат додани зиштиҳо ба пайғамбарон ва тафсири ба раъйи оёти Қуръон, тафсири саҳеҳи якояки оётро фармуданд.[70]

Куштани қибтӣ тавассути ҳазрати Мусо

Мақолаи аслӣ: Исмати Мусо (а) ва куштани қибтӣ

Мусо (а) бо ду мард (яке аз пайравонаш ва дигаре мисрӣ) мувоҷеҳ шуд, ки бо якдигар даргир буданд. Он ки аз пайравонаш буд аз ӯ дархости кумак кард, Мусо барои раҳоии ӯ, бо мушт зарбае бар қибтӣ зад, ки мунҷар ба марги ӯ шуд.[71] Пас аз он, Мусо (а) гуфт: «ин аз амали шайтон аст»[72] ва «Худоё, ман ба худам ситам кардам, мағфирататро насиби ман фармо!».[73]

Бархе мӯътақиданд ин достон, нишонаи маъсум набудани Мусо (а) аст; зеро агар қибтӣ мустаҳаққи қатл набуда бошад, Мусо (а) бо куштани ӯ маъсият карда аст[74] ва агар қибтӣ, мустаҳаққи қатл буда бошад, Мусо (а) гуноҳ карда ва бар асоси оёти Қуръон аз Худованд талаби бахшиш кардааст.[75] Дар муқобил, муффасирон мӯътақиданд марди қибтӣ мустаҳаққи қатл буд ва куштани ӯ гуноҳ маҳсуб намешуд. Ҳарчанд беҳтар буд, ки Мусо (а) куштани ӯро ба таъхир меандохт; зеро ин кор, мӯҷиби ба заҳмат афтодани ӯ ва хуруҷаш аз Миср шуд. Ин тарки авлои Мусо (а) буда ва истиғфори ӯ низ барои ҳамин тарки авло будааст.[76] Бархе муффасирони аҳл суннат мӯътақиданд, куштани қибтӣ, қатли хатоӣ будааст, ки қатли хатоӣ аз гуноҳони сағира аст ва Мусо (а) ба хотири иртикоби ин сағира, истиғфор кардааст.[77]

Китобшиносӣ

Дар бораи исмати пайғамбарон дар бештари китобҳои каломӣ баҳсу гуфтугӯ шудааст.[78] Афзун бар ин, китобҳои мустақилле ҳам дар ин бора ба нигориш даромада аст, аз ҷумла:

  • Танзиҳ-ул-анбиё, асари Сайид Муртазо (355 - 436ҳ.қ.), фақеҳ ва мутакаллими имомии қарни чаҳоруму панҷум, ба баррасии исмати анбиё ва Имомон (а) пардохта ва ба шубаҳот ва оёту ривоёте, ки дар зоҳир зидди исмати анбиё ҳастанд, посух дода аст.[79] Ин китоб бо унвони «Танзиҳ-ул-анбиё: Пажӯҳиши қуръонӣ дар бораи исмати паёмбарону имомон (а)» ба форсӣ тарҷума шудааст.
  • Исмат-ул-анбиё, ба қалами Фахриддини Розӣ (вафот 606ҳ.қ.), фақеҳ, мутакаллим ва муффасири аҳли суннат. Ин китоб, ки бо ангезаи дифоъ аз соҳати пайғамбарони илоҳӣ дар муқобили шубаҳот ва тӯҳматҳо ба нигориш даромада,[80] пас аз ишора ба дидгоҳҳои гуногун дар бораи исмати анбиё ва адиллаи исмати онҳо,[81] ба баррасӣ ва нақди шубаҳоти мухолифини исмат мепардозад[82] ва дар фусули мухталифи шубаҳоти ворида бар пайғамбароне чун Одам, Нӯҳ, Иброҳим, Мусо, Довуд, Сулаймон ва ҳазрати Муҳаммад (с) тарҳ ва нақд мекунад.[83]
  • Танзиҳ-ул-анбиё ан мо насабат илайҳим ҳусолат-ул-ағбиё, таълифи Алӣ ибни Аҳмад маъруф ба Ибни Хумайр (вафот 640ҳ.қ.) аз олимони қарни шашум ва ҳафтуми қамарӣ. Ин китоб низ дар посух ба шубаҳоти исмати пайғамбарон ба нигориш даромада[84] ва шубаҳот дар бораи бархе аз пайғамбарон (а) ҳамчун Одам, Довуд, Сулаймон, Мусо, Юнус ва ҳазрати Муҳаммад (с)-ро баррасӣ кардааст.[85]

Аз дигар осори мустақил дар бораи исмати анбиё метавон ин маворидро ном бурд: «Исмат-ул-анбиё фи-л-Қуръон-ил-Карим»-и Ҷаъфари Субҳонӣ, «Исмат-ул-анбиё ва-р-русул»-и Сайид Муртазо Аскарӣ, «Исмат-ул-анбиёъ фи-л-Қуръон; мадхали ила-н-нубувват-ил-омма»-и Сайидкамоли Ҳайдарӣ, «Исмат-ул-анбиё»-и Зайнулъобидин Абдуъалӣ Тоҳир ал-Каъбӣ, «Исмат-ул-анбиё байн-ал-яҳудияти ва-л-масеҳияти ва-л-Ислом»-и Маҳмуди Мозӣ, «Муроҷиъот фи исмат-ил-анбиё мин манзури қуръонӣ»-и Абдусалом Зайнулъобидин, «Нури исмат бар симои набувват; посух ба шубаҳоти қуръонии исмат»- Ҷаъфари Анворӣ.

Эзоҳ

  1. Маърифат, “Исмати паёмбарон”, саҳ.7.
  2. Тамимии Омадӣ, Ғурар-ул-ҳикам, 1390ҳ.ш., саҳ.672/ Маърифат, “Исмати паёмбарон”, саҳ.6.
  3. Юсуфиён ва Шарифӣ, Пажӯҳише дар исмати маъсумон (а), 1388ҳ.ш., саҳ.27 - 30.
  4. Анворӣ, Нури исмат бар симои набувват, 1397ҳ.ш., саҳ.52.
  5. Содиқии Ардаконӣ, Исмат, 1388ҳ.ш., саҳ.19.
  6. Юсуфиён ва Шарифӣ, Пажӯҳише нав дар исмати маъсумон (а), 1388ҳ.ш., саҳ.26.
  7. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.200 ва 164.
  8. Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, ҷ.2, саҳ.113 – 167/ Музаффар, Далоил-ус-сидқ, ҷ.1, саҳ.432 - 552 ба нақл аз Юсуфиён ва Шарифӣ, Пажӯҳише нав дар исмати маъсумон (а), 1388ҳ.ш., саҳ.26.
  9. Юсуфиён ва Шарифӣ, Пажӯҳише дар исмати маъсумон (а), 1388ҳ.ш., саҳ.41.
  10. Муғния, Тафсири ал-Кашшоф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.98.
  11. Нақӣ Пурфар, Пажӯҳише перомуни тадаббур дар Қуръон, 1381ҳ.ш., саҳ.339 - 345.
  12. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.31.
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.313/ Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1412ҳ.қ, ҷ.5, саҳ.50.
  14. Иҷӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.263.
  15. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1412ҳ.қ, ҷ.5, саҳ.50.
  16. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.31.
  17. Муфид, ан-Нукат-ул-эътиқодия, 1413ҳ.қ., саҳ.37 ; Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.155 ; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.31.
  18. Барои намуна нигоҳ кунед ба Муфид, ан-Нукат-ул-эътиқодия, 1413ҳ.қ., саҳ.37/ Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.155.
  19. Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.62.
  20. Муфид, Адаму саҳв-ин-набӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.29 ва 30/ Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.155 - 157.
  21. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.358 ва 359.
  22. Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.359.
  23. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.164; ҷ.3, саҳ.294 ва саҳ.355 - 356.
  24. Фориёб, “Исмати пайғамбарон дар манзумаи фикрии Аллома Таботабоӣ”, саҳ.24 - 28.
  25. Юсуфиён ва Шарифӣ, Пажӯҳише дар исмати маъсумон (а), 1388ҳ.ш., саҳ.39.
  26. Юсуфиён ва Шарифӣ, Пажӯҳише дар исмати маъсумон (а), 1388ҳ.ш., саҳ.39 - 41.
  27. Юсуфиён ва Шарифӣ, Пажӯҳише дар исмати маъсумон (а), 1388ҳ.ш., саҳ.39 - 41.
  28. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.354.
  29. Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё фи-л-Қуръон-ил-Карим, 1420ҳ.қ., саҳ.29/ Мисбоҳи Яздӣ, Омӯзиши ақоид, 1367ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.161.
  30. Нигоҳ кунед ба Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.155.
  31. Ашрафӣ ва Ризоӣ, “Исмати пайғамбарон дар Қуръон ва Аҳдайн”, саҳ.86.
  32. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1382ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.37/ Сайиди Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё, 1380ҳ.ш., саҳ.5.
  33. Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, 1374ҳ.ш., саҳ.602.
  34. Нигоҳ кунед ба Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135 - 138.
  35. Нигоҳ кунед ба Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135.
  36. Нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.202 – 203/ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.103; ҷ.12, саҳ.348 ; ҷ.4, саҳ.45/ Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.192 - 204.
  37. Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., саҳ.399.
  38. Сураи Юсуф, ояти 110.
  39. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.52/ Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.52.
  40. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.279.
  41. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.55 - 59. Барои огоҳӣ аз посухҳои дигар нигоҳ кунед ба: Анворӣ, Нури исмат бар симои набувват, 1397ҳ.ш., саҳ.109 - 115.
  42. Сураи Ҳаҷ, ояти 52.
  43. Фахри Розӣ, Исмат-ул-анбиё, 1409ҳ.қ., саҳ.122.
  44. Фахри Розӣ, Исмат-ул-анбиё, 1409ҳ.қ., саҳ.122/ Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.60.
  45. Фахри Розӣ, Исмат-ул-анбиё, 1409ҳ.қ., саҳ.122.
  46. Нигоҳ кунед ба: сураи Ҳиҷр, ояти 42; сураи Исро, ояти 65; сураи Сод, ояти 82 ва 83.
  47. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.60 - 62.
  48. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.391 ; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.62.
  49. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.63.
  50. Сураи Наҳл, ояти 61.
  51. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.227.
  52. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.227.
  53. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.281.
  54. Сураи Бақара, ояти 35 - 37; сураи Тоҳо, ояти 115 ва 121.
  55. Сураи Ҳуд, ояти 45 - 47.
  56. Сураи Соффот, ояти 88 ва 89; сураи Шуаро, ояти 82.
  57. Сураи Аъроф, ояти 150; сураи Қасас, ояти 15 ва 16; сураи Тоҳо, ояти 94.
  58. Сураи Юсуф, ояти 24.
  59. Сураи Анбиё, ояти 87; сураи Соффот, оёти 139 - 148.
  60. Сураи Бақара, ояти 120; сураи Нисо, ояти 105 ва 106; сураи Тавба, ояти 43; сураи Муҳаммад, ояти 19; сураи Фатҳ, ояти 1 – 3/ сураи Абас, ояти 1 - 10.
  61. Нигоҳ кунед ба: Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё фи-л-Қуръон-ил-Карим, 1420ҳ.қ., саҳ.91 – 229/ Ҷаводии Омулӣ, Ваҳй ва набувват дар Қуръон, 1392ҳ.ш., саҳ.246 – 286/ Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.101 - 160.
  62. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.152.
  63. Аҳмад Амин, Зуҳо-л-Ислом, 2003м., ҷ.3, саҳ.228.
  64. Аҳмад Амин, Зуҳо-л-Ислом, 2003м., ҷ.3, саҳ.235.
  65. Ба унвони намуна нигоҳ кунед ба: Сайиди Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё, саҳ.9 – 131/ Субҳонӣ, Исмат-ул-анбиё фи-л-Қуръон-ил-Карим, 1420ҳ.қ., саҳ.91 – 229/ Ҷаводии Омулӣ, Ваҳй ва набувват дар Қуръон, 1392ҳ.ш., саҳ.246 – 286/ Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.101 - 160.
  66. Милонӣ, Исмат аз манзари фариқайн, 1394ҳ.ш., саҳ.102 ва 103.
  67. Милонӣ, Исмат аз манзари фариқайн, 1394ҳ.ш., саҳ.100.
  68. Милонӣ, Исмат аз манзари фариқайн, 1394ҳ.ш., саҳ.101 - 102.
  69. Ба унвони намуна нигоҳ кунед ба: Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.192 - 204.
  70. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.192 - 204.
  71. Сураи Қасас, ояти 15.
  72. Сураи Қасас, ояти 15.
  73. Сураи Қасас, ояти 16.
  74. Сайиди Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё, аш-Шариф-ир-Разӣ, саҳ.67.
  75. Фозили Миқдод, Лавомеъу илоҳия, 1380ҳ.ш., саҳ.259.
  76. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳёиттурос-ил-арабӣ, ҷ.8, саҳ.137.
  77. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.398.
  78. Ба унвони намуна нигоҳ кунед ба: Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.155 – 157/ Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.49 – 60/ Иҷӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.ш., саҳ.263 - 280.
  79. Ҳайдарии Фитрат, “Китобшиносии тавсифии танзиҳ-ул-анбиё ва аимма (а)”, саҳ.103 ва 104.
  80. Фахри Розӣ, Исмат-ул-анбиё, 1409ҳ.қ., саҳ.25.
  81. Фахри Розӣ, Исмат-ул-анбиё, 1409ҳ.қ., саҳ.26 - 34.
  82. Фахри Розӣ, Исмат-ул-анбиё, 1409ҳ.қ., саҳ.35.
  83. Фахри Розӣ, Исмат-ул-анбиё, 1409ҳ.қ., саҳ.3.
  84. Ибни Хумайр, Танзиҳ-ул-анбиё ан мо насаба илайҳим хуссолат-ул-ағбиё, саҳ.18 ва 19.
  85. Ибни Хумайр, Танзиҳ-ул-анбиё, саҳ.5 ва 6.

Сарчашма

  • Ибни Хумайр, Алӣ ибни Аҳмад, Танзиҳ-ул-анбиё ан мо насаба илайҳим хуссолат-ул-ағбиё, Димишқ, Дорулфикр, чопи дувум, 1420ҳ.қ.
  • Аҳмад Амин, Зуҳо-л-Ислом, Қоҳира, мактабатулусра, 2003м.
  • Ашрафӣ, Аббос, Ризоӣ, Уммулбанин, “Исмати пайғамбарон дар Қуръон ва Аҳдайн”, дар фаслномаи пажуҳишномаи маорифи қуръонӣ, шумораи 12, 1392ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорулазвоъ, 1403ҳ.қ.
  • Акрамӣ, Айюб, Набувват (пажӯҳише дар набуввати омма ва хосса), Теҳрон, ҷиҳоди донишгоҳии донишгоҳи тарбияти муаллим, 1383ҳ.ш.
  • Анворӣ, Ҷаъфар, Нури исмат бар симои набувват: посух ба шубаҳоти қуръонӣ, Қум, муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1397ҳ.ш.
  • Иҷӣ, Мир Сайидшариф, Шарҳ-ул-мавоқиф, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1325ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Ибни Майсам, ан-Наҷоту фи-л-қиёмат фи таҳқиқи амр-ил-имомат, Қум, Маҷмаъулфикр-ил-исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Тафтозонӣ, Саъдуддин, Шарҳ-ул-мақосид, Қум, аш-Шариф-ир-Разӣ, 1412ҳ.қ.
  • Тамимии Омадӣ, Абдулвоҳид ибни Муҳаммад, Ғурар-ул-ҳикам ва дурар-ул-калим, мусаҳҳеҳ: Сайид Маҳдии Раҷоӣ, Қум, Дорулкитоб-ил-исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Ваҳй ва набувват дар Қуръон (тафсири мавзӯии Қуръони Карим, ҷ.3), Қум, нашри Исро, 1392ҳ.ш.
  • Милонӣ, Сайидалӣ, Исмат аз манзари фариқайн (шиа ва аҳли суннат), Қум, марказулҳақоиқ-ил-исломия, 1394ҳ.ш.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, қисми илоҳиёт, таълиқаи Ҷаъфари Субҳонӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1382ҳ.ш.
  • Ҳайдарии Фитрат, Ҷамолиддин, “Китобшиносии тавсифии танзиҳ-ул-анбиё ва аимма (а)”, маҷаллаи ҳадиси ҳавза, шумораи 1, пойиз ва зимистони 1389.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил ва уюн-ул-ақовил фи вуҷуҳ-ит-таъвил, Бейрут, Дорулкутубилъарабӣ, чопи сеюм, 1407ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Исмат-ул-анбиё фи-л-Қуръон-ил-Карим, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1420ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1383ҳ.ш.
  • Содиқии Ардаконӣ, Муҳаммадамин, Исмат, Қум, интишороти ҳавзаи илмия, 1388ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, интишороти Исломӣ, 1362ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризои алайҳиссалом, мусаҳҳеҳ: Маҳдии Лоҷавардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, интишороти Исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатулаъламӣ, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Хоҷа Насируддин, Таҳсил-ул-муҳассал, Бейрут, Дорулазвоъ, 1405ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, аз-Захира фи илм-ил-калом, Қум, нашри Исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё, Теҳрон, чопи Фотима Қозӣ Шиор, 1380ҳ.ш.
  • Фориёб, Муҳаммадҳусайн, “Исмати пайғамбарон дар манзумаи фикрии Аллома Таботабоӣ”, дар маҷаллаи Маърифат, шумораи 214, 1394ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дору эҳёиттуросилъарабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Исмат-ул-анбиё, Бейрут, Дорулкутубилисломия, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёиттуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Омӯзиши ақоид, Теҳрон, созмони таблиғоти Исломӣ, 1367ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, “Исмати паёмбарон”, дар маҷаллаи пажӯҳишҳои иҷтимоии Исломӣ, шумораи 8, 1376ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омӯзиши улуми Қуръон, Теҳрон, маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти Исломӣ, 1374ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Қум, Дорулкитобилисломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, ан-Нукат-ул-эътиқодия, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, Авоил-ул-мақолот, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, Тасҳеҳ-ул-эътиқодот-ил-имомия, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, Адаму саҳв-ин-набӣ, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дорулкутуб-ил-исломия, 1386ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутуб-ил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Муллосадро, Муҳаммад ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, мусаҳҳеҳ: Муҳаммади Хоҷавӣ, Қум, интишороти Бедор, 1361ҳ.ш.
  • Нақӣ Пурфар, Валиюллоҳ, Пажӯҳише перомуни тадаббур дар Қуръон, Теҳрон, Усва, 1381ҳ.ш.
  • Юсуфиён, Ҳасан ва Аҳмадҳусайни Шарифӣ, Пажӯҳише дар исмати маъсумон алайҳимуссалом, Қум, пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи Исломӣ, 1388ҳ.ш.