Исломҳаросӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ислом-ҳаросӣ)
карикатураи талош барои ба тасвир кашидани чеҳраи манфие аз Ислом

Исломҳаросӣ эҷоди тарс ва бадбинии барномарезишуда аз Ислом ва зуҳуроти исломӣ аст.

Исломҳаросӣ раво донистани навъҳои гуногуни табъиз, хушунат ва эъмоли маҳрумият алайҳи мусулмонон, ниҳодҳо ва созмонҳои исломиро ба дунбол дорад.

Исломҳаросиро як падидаи динӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие медонанд, ки бо вуҷуди доштани заминаҳои таърихӣ, бештар дар охирҳои асри бистуми мелодӣ ва ба хусус баъд аз ҳамлаи ёздаҳи сентябр ривоҷ ёфтааст.

Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, шуморе аз заминаҳои густариши Исломҳаросӣ иборат аст аз: носозгориҳои таърихии байни давлатҳои исломӣ ва ғарбӣ, таноқузҳои мавҷуд дар арзишҳои аврупоӣ ва исломӣ, ноогоҳии ғарбиён аз моҳияти Ислом, зуҳури бунёдгароии исломӣ ва анҷоми иқдомоти хашин аз сӯи бунёдгароҳо, фазосозии манфӣ ва шаклдиҳии афкори умумӣ тавассути расонаҳои ғарбӣ.

Дар мувоҷиҳа бо густариши исломҳаросӣ, роҳи ҳаллҳое пешниҳод шудааст: рушди расонаҳои муштараки исломӣ барои нишон додани мусбати чеҳраи ҷаҳони Ислом, роҳандозии иртиботи муназзам ва густурда бо марказҳои мазҳабии ғарбӣ, тақвияти мубодилоти дарунтамаддунӣ барои заъиф кардани ҷараёнҳои ифротию бундгаро ва тақриби мазҳабҳои исломӣ.

Дар ин замина вокунишҳое ҳам сурат гирифтааст, ки аз ҷумлаи онҳо паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҷавонони Аврупо ва Амрикои шимолӣ мабнӣ бар муроҷиа ба мутуни исломӣ барои шинохти Ислом аст.

Ҷойгоҳ

Имрӯза, падидаи исломҳаросиро яке аз муҳимтарин ва роҳбурдитарин дағдағаҳои ҷаҳони ғарб ва масеҳият дар муқобили ҷаҳони Ислом медонанд.[1] Гуфта мешавад, зуҳури ин падида дар ҷаҳони муосир бар асари ихтилофот ва бархӯрдҳои ҷаҳони Ислом ва ҷаҳони ғарб дар гузаштаҳои дуру наздик будааст.[2] Бархе далелҳои аҳамияти баррасии ин падида ба ин шарҳ аст: муваффақияти нисбии ҷаҳони ғарб дар ривоҷи проектҳои исломҳаросӣ ва ба табаъи он, афзоиши раванди исломситезӣ ва ташдиди фазои бе эътимодии байни мусулмонону ғарбиён.[3]

Вожаи «исломҳаросӣ», бо вуҷуди ҳузури масодиқи он дар таърихи тӯлонии таҳаввулоти сиёсӣ- иҷтимоии ҷомеъаи ҷаҳонӣ,[4] аз истилоҳоти тозае аст, ки дар даҳаи 1980 мелодӣ шакл гирифт ва бо ҳамалоти ёздаҳи сентябр, бисёр ривоҷ ёфт.[5] Дар ин даврон, аз Ислом ба унвони императории шайтонӣ ба ҷои коммунизм ном бурданд ва онро хатаре барои сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ ба шумор оварданд.[6]

Таъриф

Исломҳаросӣ (ба англисӣ: islamophobia)-ро тарс, нафрати шадид ва ғайримантиқие дар қиболи Ислому мусулмонон таъриф мекунанд.[7] Дар гузорише бо унвони «Исломҳаросӣ: чолише алайҳи тамомии мо» омадааст, ки Исломҳаросӣ тарсу нафрат аз мусулмонон аст, ки боиси тарди онон аз зиндагии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва умумии кишварҳои ғайриисломӣ ва табъизи алайҳ онҳо мешавад.[8]

Пажӯҳишгарони сиёсӣ мазмуни исломҳаросиро он донистаанд, ки дунёи Ислом ва ба вижа мусулмонони муқими кишварҳои ғарбӣ, маншаи таҳдид ва хатар барои мардум, фарҳанг ва тамаддуни ғарбӣ талаққӣ шаванд.[9] Аз дигар шохисҳо, ки дар шинохти исломҳаросӣ ироа шудааст, мавориде чун талаққии ақибмондагӣ, хушунатварзӣ ва тероризм ба унвони хусусияти мусулмонон аст.[10]

Шеваҳои бурузи исломҳаросӣ

Тибқи матлабҳое ки дар пажӯҳишҳои муртабит бо исломҳаросӣ омадааст, ин падида дар чаҳор сатҳи фазои умумии ҷомеъа, гуруҳҳо, ҳизбҳо, расонаҳо ва давлат бо шеваҳое чун хушунат, табъиз, пешдоварӣ (тасвирсозӣ) ва тард алайҳи мусулмонон эъмол мешавад.[11]

  • Хушунат: ҳамалоти физикӣ, тахриб ва осебрасонӣ ба амвол ва низ ҳамалоти лафзӣ;
  • Табъиз: табъиз дар ҳуқуқи шаҳрвандӣ; масалан дар ҷои кор ва дар ироаи хадамоти беҳдоштӣ ва омӯзишӣ;
  • Пешдоварӣ: пешдоварӣ дар ду ҳавзаи расонаҳо ва бархӯрдҳои рӯзмарра, монанди интишори карикатура алайҳи Ислом ва тавҳин ба муқаддасоти исломие монанди Қуръон;
  • Тард: рондани мусулмонон аз сиёсат, ҳукумат, иштиғол, мудирият ва масъулият.[12]

Таърихчаи густариши исломҳаросӣ дар ғарб

Ба гуфтаи пажӯҳишгарони сиёсӣ, шаклгирии ҷунбишҳои исломӣ дар даҳаҳои 50 то 70-и қарни бистуми милодӣ бо аҳдофи истеъморситезона ва тарҳи фикри ҳукумати ҷаҳонӣ[13] ва ҳамчунин муаррифии Ислом ба унвони муҳимтарин ҷараёни зиддиғарби пас аз фурӯпошии Шуравӣ[14] боис шуд, қудратҳои мусаллати ҷаҳонӣ барои тазъиф ва хориҷ кардани Ислом аз муодилоти қудрат, аз роҳбурдҳое чун проектҳои исломҳаросӣ дар муқобили роҳбурди «даъвати исломӣ» истифода кунанд.[15]

Ҳамчунин гуфта шудааст, назарияпардозони сиёсии ғарбӣ, ҳамчун Самуел Ҳантингтон ва Бурноди Луис, бо баҳрагирӣ аз мафоҳиме чун исломгароӣ, бунёдгароӣ ва суннатгароӣ, дар пайи илқои исломҳаросӣ баромадаанд. Ин талош, бо вуҷуди бархе аз заминаҳо дар кишварҳои исломӣ, монанди фаъолиятҳои хушунатбори гуруҳҳои тундрав, бо муваффақият ҳамроҳ будааст.[16]

Заминаҳо ва омилҳо

Эдвард Саид:

Се амр боис шудааст, ки ҳатто содатарин тасаввур дар мавриди арабҳо ва Ислом ба сурати як мавзӯи комилан сиёсӣ ва тақрибан ноҳанҷор дарояд:

Аввал: таърихчаи таассуби ҳамагонӣ ва машҳури зиддиараб ва зидди Ислом дар ғарб;

Дувум: мунозиъаи байни арабҳо ва саҳюнизми исроилӣ ва таъсири он бар фарҳанги либералӣ ва умумии ғарб;

Сеюм: фиқдони комили ҳаргуна замина ва мавқеияти фарҳангие, ки аз тариқи он битавон бо арабҳо ва Ислом, эҳсоси ҳамагонӣ намуда ё бидуни ҳеҷгуна эҳсоси манфӣ, онҳоро мавриди баҳс қарор дод.[17]

Густариши исломҳаросӣ, ба хусус дар кишварҳои ғарбиро маълули заминаҳо ва муносиботи таърихии байни мусулмонон ва кишварҳои ғарбӣ ва таҳти таъсири авомили мутааддиди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ медонанд.[18]

Авомили мутааддидеро дар густариши исломҳаросӣ муассир донистаанд; азҷумла: таъорузи манофеъ ва хостгоҳҳои арзишии мухталифи ҷаҳони Ислом ва ғарб, иқдомоти хушунатбори гуруҳҳои тундрави исломӣ, низоъҳои таърихии исроилӣ - арабӣ, ҷаҳл ва адами шинохти Ислому мусулмонон, тарси ғарбиён аз таҳдиди ҷамъиятӣ ва фарҳангии мусулмонон, ва фазосозӣ ва шаклдиҳӣ ба афкори умумӣ тавассути расонаҳои ғарбӣ.[19]

Заминаҳои таърихӣ

Бисёре аз андешмандони заминаҳои тарс ва танаффури ғарб аз Исломро на ба иттифоқот ва ҳаводиси даврони муосир, балки ба носозгориҳои таърихии байни давлатҳои исломӣ ва ғарбӣ ва таноқузҳои мавҷуд дар арзишҳои аврупоӣ ва исломӣ бозмегардонанд.[20] Ин гуруҳ ба сайри мушаххас ва мудовиме аз носозгориҳо монанди зуҳури Ислом ва тақобул бо императории Рум ва масеҳият,[21] фатҳи Анделус, ҷангҳои салибӣ дар асрҳои миёна,[22] даргириҳои императории усмонӣ бо аврупоиён ва истеъморгарии милали аврупоӣ дар қуруни 18 ва 19 милодӣ дар ҷаҳони Ислом ишора мекунанд.[23]

Заъфҳои дарунии ҷаҳони Ислом

Вуҷуди нуқоти заъфи зиёде дар ҷаҳони Ислом аз муҳимтарин заминаҳо дар ростои тақвияти проекти исломҳаросӣ маҳсуб шудааст; монанди иншиқоқи мазҳабӣ ва заъфи инсиҷоми байни кишварҳои исломӣ, тараққинаёфтагӣ ва фақр, заъфи мардумсолорӣ ва адами машруияти ҳукумат дар бисёре аз кишварҳои исломӣ, вуҷуди хушунатҳои қабилаӣ ва қавмӣ, заъфи ҳуқуқи башар ва тазйиъи ҳуқуқи занон ва ҳамчунин заъфи фанновариҳои расонаӣ дар ҷаҳони Ислом дар муқоиса бо ҷаҳони ғарб.[24]

Огоҳӣ надоштани ғарбиён аз моҳияти Ислом

Эдвард Саид:

Ончи саранҷом печидагии бештаре пайдо мекунад ҳамон ҷаҳл ва адами итилоъи мағрибзамин нисбат ба Ислом аст ва на маҷмӯае аз маърифати мусбат, ки бар ҳаҷм ва диққати он афзуда шавад.[25]

Ноогоҳӣ ба моҳияти Ислом ва мусулмононро аз муҳимтарин авомили исломҳаросӣ муаррифӣ кардаанд.[26] Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, ин ноогоҳӣ ба андозае аст, ки бисёре аз ғарбиён гумон мекунанд, ҳамаи мусулмонон араб ҳастанд. Ҳамчунин гуфта шудааст, дар бовари ғарбиён, ҳеҷ вожае беш аз вожаи ҷиҳод, бо номи Ислом гиреҳ нахурдааст; вожае, ки дар бовари онҳо, намоди хушунату террор аст.[27]

Тарс

Аз дигар далелҳои эҳсосоти манфӣ ба мусулмононро ба тарси решаӣ аз Ислом дар ғарб бозгардондаанд. Ин тарсро ба ду дастаи «тарси таърихӣ» ва «тарси муосир» дастабандӣ кардаанд. Тарси таърихӣ ё талаққии Ислом ба унвони хатари мазҳабиро мубаллиғони масеҳӣ дар бораи даврони рақобати ду дини масеҳият ва Ислом дар фатҳи сарзаминҳои мухталиф аз лиҳози динӣ матраҳ мекарданд. Тарси муосир ё талаққии Ислом ба унвони хатари сиёсӣ, ба қобилияти табдил шудани Ислом ба як қудрати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар муқобили ҳежмунӣ ишора дорад. Ин рӯйкард ба Ислом тавассути сиёсатмадорони ғарбӣ ривоҷ ёфтааст.[28]

Муҳоҷират ва афзоиши ҷамъияти мусулмонон дар Аврупо

Муҳоҷирати гуруҳҳои мутааддиди мусулмонон ба Аврупо баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувум барои кор ва рушди ҷамъияти мусулмонон дар кишварҳои аврупоӣ яки дигар аз омилҳои густариши исломҳаросӣ дар Аврупо дониста шудааст.[29] Гуфта шудааст, тӯлонӣ шудани замони ин муҳоҷиратҳо мунҷар ба шаклгирии ҷомеаҳо ва ақалиятҳои мусулмон ва зуҳури наслҳои дувум ва сеюми ин муҳоҷирон дар кишварҳои ғарбӣ шуд ва ба тадриҷ Исломро ба яке аз динои аслӣ дар Аврупо ва дар бархе кишварҳо, ба дуюмин дини бузург табдил кард.[30] Ба бовари пажӯҳишгарон, густариши ҷамъияти мусулмонон дар Аврупо боис шуд, ғарбиҳо ва ба вижа расонаҳои онон нигарони тағйири таркиби ҷамъиятӣ ва чашмандози фарҳангии ношӣ аз он шаванд.[31]

Зуҳури бунёдгароии исломӣ

Ривоҷи идеологияҳои муртабит бо Исломи сиёсӣ, ба вижа дар қолаби зуҳури гуруҳҳои тундрав ва иқдомоти ононро аз муҳимтарин далоили ривоҷи исломҳаросӣ аз даруни ҷаҳони Ислом шуморидаанд.[32] Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, шаклгирии созмонҳои салафӣ, монанди Ихвонул-муслимин, Ҷамоатул-муслимин, гуруҳи ал-Такфирул-ҳиҷрат, созмони ал-Ҷиҳод, гуруҳи ал-Қоъида, Толибон ва ДИИШ[33] ва анҷоми иқдомоти террористие монанди ҳодисаи ёздаҳи сентябр,[34] кушторҳои беравия дар Ироқу Сурия ва анҷоми амалиётҳои интиҳории тавассути онон[35] дар саросари дунё, боиси қудратёбии ҳизбҳои рости ифротӣ дар Аврупо шуд. Ин аҳзоб дар Аврупо бо пайванд задани ноамниҳои Аврупо ба мусулмонони муҳоҷир тавонистанд, гуфтимони исломҳаросиро ривоҷи бештаре диҳанд ва қонунҳои табъизомезе алайҳи мусулмонон тасвиб кунанд.[36]

Фаъолияти расонаҳо

Баҳрагирӣ аз зарфиятҳои гуногуни расонаҳои ҷамъӣ ва таъсири шигарфи онҳо дар фазосозӣ ва шаклдиҳӣ ба афкори умумиро аз муҳимтарин авомили ривоҷи падидаи исломҳаросӣ донистаанд;[37] то ҷое ки баъзеҳо, расонаҳои ғарбиро маншаи аслии исломҳаросӣ медонанд.[38]

Роҳбурдҳои муқобила бо проекти исломҳаросӣ

Дар мувоҷиҳа бо проекти исломҳаросӣ ва нозир ба заминаҳо ва авомили густариши он, пажӯҳишгарон ва сиёсатмадорони ҷаҳони Ислом роҳбурдҳоеро пешниҳод додаанд; аз ҷумла:

  • Тавсеаи расонаҳои муштараки Ислом дар ҷиҳати бознамоии мусбат аз чеҳраи ҷаҳони Ислом;
  • Эҷоди иртиботи мустақим байни мусулмонони сокин дар ғарб аз роҳи созмонҳо ва анҷуманҳои мардумниҳод;
  • Барқарории иртибототи низомманду густарда бо марокизи мазҳабии ғарбӣ;
  • Тақвияти мубодилоти дарунтамаддунӣ, ҷиҳати тазъифи ҷараёнҳои ифротӣ ва бунёдгаро;
  • Эҷоди тасҳилоти лозим (мутолиъотӣ ва гардишгарӣ) барои муаррифии воқеии Ислом;[39]
  • Тавваҷуҳ ба мабонии Ислом дар парҳез аз ихтилофоти дарунии ҷаҳони Ислом (тақриби байни мазоҳиби исломӣ);
  • Зарурати нақшофаринии мардум дар мудирияти кишварҳои исломӣ бо тақвияти низоми мардумсолорӣ;[40]
  • Мубориза бо намодҳои тундравии динӣ;
  • Эҷоди марзбандӣ байни ифротгароён ва дигар мусулмонон.[41]

Вокунишҳо ба ривоҷи исломҳаросӣ

Дар вокуниш ба густариши исломҳаросӣ дар ғарб, иқдомоте аз сӯи раҳбарон ва андешмандони ҷаҳони Ислом анҷом шуд, ки аз онҳо номаи Оятуллоҳ Сайидалӣ Хоманаӣ - Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 2014 хитоб ба ҷавонони Аврупо ва Амрикои шимолӣ аст. Ӯ, баъд аз вуқуъи воқеаи террористӣ дар Фаронса тавассути гуруҳҳои ифротии мусулмонон, паёме хитоб ба ҷавонони Аврупо ва Амрикои шимолӣ содир кард ва дар он, аз ҷавонон хост, ки барои шинохти Ислом, ба ҷои такя бар расонаҳо, ба матни аслии Ислом, яъне Қуръон ва зиндагии Паёмбари Ислом (с) муроҷиа кунанд.[42]

Эзоҳ

  1. Носирии Тоҳирӣ, “Мабонӣ ва решаҳои таърихии исломҳаросии ғарб; баррасии мавридии ҷангҳои салибӣ”, саҳ.123.
  2. Қанбарлӯ, “11-уми сентябр ва густариши падидаи исломҳаросӣ дар ғарб”, саҳ.104 - 105.
  3. Ниг.: Шерғуломӣ, “Исломҳаросӣ ва исломситезӣ: даҳ соли баъд аз ҳодисаи 11-и сентябр”, саҳ.996; Алипур ва Ҳамкорон, “Роҳбурдҳои пешгирӣ ва муқобила бо исломҳаросӣ”, саҳ.101; Ифтихорӣ, “Ду чеҳраи исломҳаросӣ: салбӣ ва эҷобӣ дар таблиғоти ғарб”, саҳ.29.
  4. Ифтихорӣ, “Ду чеҳраи исломҳаросӣ: салбӣ ва эҷобӣ дар таблиғоти ғарб”, саҳ.31.
  5. Муршидизода ва Ғаффорӣ, “Исломҳаросӣ дар Аврупо, решаҳо ва авомил”, саҳ.114.
  6. Алипур ва Ҳамкорон, “Роҳбурдҳои пешгирӣ ва муқобила бо исломҳаросӣ”, саҳ.99.
  7. Маҷидӣ ва Содиқӣ, Исломҳаросии ғарбӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.20 - 21; Алипур ва Ҳамкорон, “Роҳбурдҳои пешгирӣ ва муқобила бо исломҳаросӣ”, саҳ.104; Ализода ва ҳамкорон, “Баррасии падидаи исломҳаросӣ ва роҳкорҳои қуръонии муқобила бо он”, саҳ.381.
  8. Муслимӣ, “Гузориши Ронимд Трос/ исломҳаросӣ: чолише дар баробари ҳамаи мо”, саҳ.39.
  9. Сайид Имомӣ ва Ҳусайнии Фоиқ, “Заминаҳои рушди исломҳаросии сохтманд дар Британия”, саҳ.101.
  10. Муслимӣ, “Гузориши Ронимд Трос/ исломҳаросӣ: чолише дар баробари ҳамаи мо”, саҳ.38 - 41; Исозода ва ҳамкорон, “Роҳбурдҳои фаҳми падидаи исломҳаросӣ бар пояи шарқшиносӣ”, саҳ.134.
  11. Саббоғиён ва Хоксор, “Намудҳои иҷтимоии исломҳаросӣ ва исломситезӣ дар Англия”, саҳ.144 - 150.
  12. Муршидизода ва Ғаффорӣ, “Исломҳаросӣ дар Аврупо, решаҳо ва авомил”, саҳ.124
  13. Ифтихорӣ, “Ду чеҳраи исломҳаросӣ: салбӣ ва эҷобӣ дар таблиғоти ғарб”, саҳ.30.
  14. Алипур ва Ҳамкорон, “Роҳбурдҳои пешгирӣ ва муқобила бо исломҳаросӣ”, саҳ.99.
  15. Ифтихорӣ, “Ду чеҳраи исломҳаросӣ: салбӣ ва эҷобӣ дар таблиғоти ғарб”, саҳ.30.
  16. Назарӣ, “Фарояндҳои ҳувиятӣ дар ғарб ва бознамоии сиёсатгузории мубтанӣ бар ҳарос: дарки заминаҳои исломҳаросӣ”, саҳ.120; Дугамҷиён, Ислом дар инқилоб: ҷунбишҳои исломӣ дар ҷаҳони араб, 1377ҳ.ш., саҳ.19 - 29.
  17. Саид, Шарқшиносӣ, 1382ҳ.ш., саҳ.55.
  18. Муршидизода ва Ғаффорӣ, “Исломҳаросӣ дар Аврупо, решаҳо ва авомил”, саҳ.125.
  19. Исозода ва ҳамкорон, “Решаҳои торихӣ ва илали исломҳаросии муосир”, саҳ.115 - 116.
  20. Тупрок, Муҳаммад, Чаро онҳо аз Ислом мутанаффиранд ё метарсанд? маҷмӯаи мақолоти ҳамоиши исломҳаросии пас аз 11 сентябр: илал, равандҳо ва роҳи ҳалҳо.
  21. Тавассулӣ, “Шарқшиносии Ҳегелӣ ва сиёсати расонаии мубтанӣ бар исломҳаросӣ”, саҳ.59.
  22. Носирӣ, “Мабонӣ ва решаҳои таърихии исломҳаросии ғарб; баррасии мавридии ҷангҳои салибӣ”, саҳ.124.
  23. Исозода ва ҳамкорон, “Решаҳои торихӣ ва илали исломҳаросии муосир”, саҳ.105.
  24. Алипур ва Ҳамкорон, “Роҳбурдҳои пешгирӣ ва муқобила бо исломҳаросӣ”, саҳ.110.
  25. Саид, Шарқшиносӣ, 1382ҳ.ш., саҳ.112.
  26. Шерғуломӣ, “Исломҳаросӣ ва исломситезӣ: даҳ соли баъд аз ҳодисаи 11-и сентябр”, саҳ.999.
  27. Исозода ва ҳамкорон, “Решаҳои торихӣ ва илали исломҳаросии муосир”, саҳ.109 - 112.
  28. Исозода ва ҳамкорон, “Решаҳои торихӣ ва илали исломҳаросии муосир”, саҳ.112 - 114.
  29. Муршидизода ва Ғаффорӣ, “Исломҳаросӣ дар Аврупо, решаҳо ва авомил”, саҳ.118; Исозода ва ҳамкорон, “Решаҳои торихӣ ва илали исломҳаросии муосир”, саҳ.113 - 114.
  30. Нақибзода, Ниёз ба душман, ин бори Ислом, саҳ.401
  31. Исозода ва ҳамкорон, “Решаҳои торихӣ ва илали исломҳаросии муосир”, саҳ.113 - 114.
  32. Сайфӣ, “Ифротгароии навсалафӣ дар ҷаҳони Ислом: осор ва равишҳои мувоҷиҳа бо он”, саҳ.133; Ифтихорӣ, “Ду чеҳраи исломҳаросӣ: салбӣ ва эҷобӣ...”, саҳ.38; Муршидизод ва дигарон, Исломҳаросӣ дар Аврупо; решаҳо ва авомил, саҳ.127 - 131.
  33. Муршидизод ва дигарон, Исломҳаросӣ дар Аврупо; решаҳо ва авомил, саҳ.130 - 131.
  34. Шерғуломӣ, “Исломҳаросӣ ва исломситезӣ: даҳ соли баъд аз ҳодисаи 11-и сентябр”, саҳ.1003.
  35. Зореъ ва Рустамӣ, “Паёмадҳои зуҳури тероризм дар ғарби Осиё бар кишварҳои аврупоӣ”, саҳ.57 - 61.
  36. Туробӣ ва Фақиҳ Абдуллоҳӣ, “Таъсири зуҳури бунёдгароии исломӣ дар ғарби Осиё бар қудратёбии аҳзоби рости ифротӣ дар Аврупо”, саҳ.40 - 41.
  37. Исозода ва Шарафиддин, “Исломҳаросӣ дар расонаҳои тасвирии ғарб”, саҳ.51 - 52.
  38. Маҷидӣ ва Содиқӣ, Исломҳаросии ғарбӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.49.
  39. Алипур ва Ҳамкорон, “Роҳбурдҳои пешгирӣ ва муқобила бо исломҳаросӣ”, саҳ.111 - 114.
  40. Ализода ва ҳамкорон, “Баррасии падидаи исломҳаросӣ ва роҳкорҳои қуръонии муқобила бо он”, саҳ.397 - 400.
  41. Сайфӣ, “Ифротгароии навсалафӣ дар ҷаҳони Ислом: осор ва равишҳои мувоҷиҳа бо он”, саҳ.134 - 137.
  42. Номае барои ту, сайти Оятуллоҳ Хоманаӣ.

Сарчашма

  • Ализода, Заҳро ва Эътимодифар, Аъзам ва Таботабоӣ, Мино Содот, “Баррасии падидаи исломҳаросӣ ва роҳкорҳои қуръонии муқобила бо он”, фаслномаи Мутолиъоти қуръонӣ, № 36, 1397ҳ.ш.
  • Алипур, Аббос ва Муҷаррадӣ, Саид ва Ҳаёт Муқаддам, Амир ва Ализода, Алӣ ва Ҷунайдӣ, Ризо, “Роҳбурдҳои пешгирӣ ва муқобила бо исломҳаросӣ”, фаслномаи Роҳбурди дифоӣ, № 63, 1397ҳ.ш.
  • Дугамҷиён, Ҳароир, Ислом дар инқилоб: ҷунбишҳои исломии муосир дар ҷаҳони араб (баррасии падидаи бунёдгароии исломӣ), мутарҷим: Ҳамиди Аҳмадӣ, Теҳрон, нашри Кайҳон, 1377ҳ.ш.
  • Зореъ, Алӣ ва Рустамӣ, Муҳсин, “Паёмадҳои зуҳури тероризм дар ғарби Осиё бар кишварҳои аврупоӣ”, дар фаслномаи Донишномаи улуми сиёсӣ, № 5, 1400ҳ.ш.
  • Исозода, Аббос ва Шарафиддин, Сайидҳусайн ва Ихвони Алавӣ, Сайид Ҳусайн, “Роҳбурдҳои фаҳми падидаи исломҳаросӣ бар пояи шарқшиносӣ”, дар фаслномаи Роҳбурд, № 87, 1397ҳ.ш.
  • Исозода, Аббос ва Шарафиддин, Сайидҳусайн ва Ихвони Алавӣ, Сайидҳусайн, “Решаҳои торихӣ ва илали исломҳаросии муосир”, дар моҳномаи Маърифат, соли 25, № 230, 1395ҳ.ш.
  • Исозода, Аббос ва Шарафиддин, Сайидҳусайн, “Исломҳаросӣ дар расонаҳои тасвирии ғарб”, дар фаслномаи Мутолиъоти расонаӣ, № 40, 1397ҳ.ш.
  • Ифтихорӣ, Асғар, «Ду чеҳраи исломҳаросӣ; салбӣ ва эҷобӣ дар таблиғоти ғарб», дар фаслномаи Расона, № 79, 1389ҳ.ш.
  • Қанбарлӯ, Абдуллоҳ, “11-уми сентябр ва густариши падидаи исломҳаросӣ дар ғарб”, фаслномаи Ҷусторҳои сиёсии муосир, № 2, 1389ҳ.ш.
  • Маҷидӣ, Муҳаммадризо ва Содиқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Исломҳаросии ғарбӣ, Теҳрон, донишгоҳи Имом Содиқ, 1393ҳ.ш.
  • Муршидизод, Алӣ ва Ғаффории Ҳашҷин, Зоҳид, «Исломҳаросӣ дар Аврупо; решаҳо ва авомил», дуфаслномаи Дониши сиёсӣ, соли сеюм, № 2, 1386ҳ.ш.
  • Муслимӣ, Аҳмад, «Гузориши Ронимд Турост / Исломҳаросӣ: чолише дар баробари ҳамаи мо», дар моҳномаи Китоби моҳи дин, № 161, 1389ҳ.ш.
  • Назарӣ, Алӣ Ашраф, “Фарояндҳои ҳувиятӣ дар ғарб ва бознамоии сиёсатгузории мубтанӣ бар ҳарос: дарки заминаҳои исломҳаросӣ”, фаслномаи Сиёсатгузории умумӣ, давраи 2, № 3, 1395ҳ.ш.
  • Нақибзода, Аҳмад, «Ниёз ба душман, ин бори Ислом», дар фаслномаи Мутолиъоти миёнфарҳангӣ, № 3, 1385ҳ.ш.
  • Номае барои ту, «Номаи раҳбари муаззами инқилоб ба ҷавонони Аврупо ва Амрикои шимолӣ», пойгоҳи итилоърасонии Дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, таърихи нашр: 2 баҳмани 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 29 озари 1401ҳ.ш.
  • Носирии Тоҳирӣ, Абдуллоҳ, “Мабонӣ ва решаҳои таърихии исломҳаросии ғарб; баррасии мавридии ҷангҳои салибӣ”, дар фаслномаи Мутолиъоти таърихи Ислом, № 2, 1388ҳ.ш.
  • Саббоғиён, Алӣ ва Хоксор, Алӣ Муҳаммад, “Намудҳои иҷтимоии исломҳаросӣ ва исломситезӣ дар Англия”, дар дуфаслномаи Ҷомеъашиносии сиёсии ҷаҳони Ислом, давраи 4, № 1, 1395ҳ.ш.
  • Саид, Эдвард, Шарқшиносӣ, тарҷумаи Абдураҳими Гувоҳӣ, Теҳрон: Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Сайид Имомӣ, Ковус ва Ҳусайнии Фоиқ, Сайид Муҳаммадмаҳдӣ, “Заминаҳои рушди исломҳаросии сохтманд дар Британия”, дуфаслномаи Дониши сиёсӣ, № 14, 1390ҳ.ш.
  • Сайфӣ, Абдулмаҷид ва Сайфӣ, Абдурризо, «Ифротгароии навсалафӣ дар ҷаҳони Ислом: осор ва равишҳои мувоҷиҳа бо он», дар фаслномаи Мутолиъоти равобити фарҳангии байналмилалӣ, соли дувум, шумораи аввал, 1396ҳ.ш.
  • Тавассулӣ, Маҷид, “Шарқшиносии Ҳегелӣ ва сиёсати расонаии мубтанӣ бар исломҳаросӣ”, фаслномаи Расона, соли 20, № 2, 1389ҳ.ш.
  • Тупрок, Муҳаммад, «Чаро онҳо аз Ислом мутанаффиранд ё метарсанд?», дар маҷмӯаи мақолоти ҳамоиши исломҳаросии пас аз 11 сентябр: илал, равандҳо ва роҳи ҳалҳо, Теҳрон, Пажӯҳишгоҳи фарҳанг, ҳунар ва иртиботот, 1389ҳ.ш.
  • Туробӣ, Муҳаммад ва Фақиҳ Абдуллоҳӣ, Ҳусайн, «Таъсири зуҳури бунёдгароии исломӣ дар ғарби Осиё бар қудратёбии аҳзоби рости ифротӣ дар Аврупо», дар фаслномаи Дониши тафсири сиёсӣ, № 15, 1402ҳ.ш.
  • Шерғуломӣ, Халил, “Исломҳаросӣ ва исломситезӣ: даҳ соли баъд аз ҳодисаи 11-и сентябр”, дар фаслномаи Сиёсати хориҷӣ, соли 25, № 4, 1390ҳ.ш.